Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Такрори фасли 2

Такрори фасли 2

Саволҳои зеринро ҳамроҳи омӯзгоратон дида бароед:

  1. Худо бо дини дурӯғ чӣ кор мекунад?

    (Нигаред ба дарси 13.)

  2. 2 Мӯсо 20:4–6-ро хонед.

    • Яҳува дар бораи он ки одамон ӯро бо расму дигар ашё парастиш мекунанд, чӣ фикр дорад?

      (Нигаред ба дарси 14.)

  3. Исои Масеҳ кист?

    (Нигаред ба дарси 15.)

  4. Кадом хислатҳои Исо ба шумо маъқул аст?

    (Нигаред ба дарси 17.)

  5. Юҳанно 13:34, 35 ва Корнома 5:42-ро хонед.

    • Пайравони ҳақиқии Масеҳ кистанд ва чӣ шуморо бовар мебахшад, ки онҳо масеҳиёни ҳақиқиянд?

      (Нигаред ба дарсҳои 18 ва 19.)

  6. Сардори ҷамоат кист ва чӣ тавр ӯ ҷамоатро роҳбарӣ мекунад?

    (Нигаред ба дарси 20.)

  7. Матто 24:14-ро хонед.

    • Чӣ тавр ин пешгӯйӣ дар замони мо иҷро шуда истодааст?

    • Шумо хушхабарро ба кӣ расондед?

      (Нигаред ба дарсҳои 21 ва 22.)

  8. Ба фикри шумо, чаро таъмид гирифтан муҳим аст?

    (Нигаред ба дарси 23.)

  9. Чӣ тавр шумо худро аз Шайтону девҳо ҳимоя карда метавонед?

    (Нигаред ба дарси 24.)

  10. Худо барои мо чӣ гуна ҳаётро ният кардааст?

    (Нигаред ба дарси 25.)

  11. Чаро одамон азоб мекашанду мемиранд?

    (Нигаред ба дарси 26.)

  12. Юҳанно 3:16-ро хонед.

    • Яҳува барои моро аз банди гуноҳу марг озод кардан чӣ кор кард?

      (Нигаред ба дарси 27.)

  13. Пандгӯ 9:5-ро хонед.

    • Пас аз марг бо одам чӣ мешавад?

    • Исо барои миллиардҳо мурдагон чӣ кор мекунад?

      (Нигаред ба дарсҳои 29 ва 30.)

  14. Чаро Подшоҳии Худо аз ҳар ҳукумат беҳтар аст?

    (Нигаред ба дарсҳои 31 ва 33.)

  15. Оё шумо бовар доред, ки Подшоҳии Худо ҳукм ронда истодааст? Чаро ин тавр фикр мекунед? Ин Подшоҳӣ ҳукмрониро кай сар кард?

    (Нигаред ба дарси 32.)