Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Замима

Замима
  1.  Бобили бузург чист?

  2.  Масеҳ бояд кай меомад?

  3.  Амалиёти тиббӣ бо истифодаи хун

  4.  Зиндагии алоҳидаи ҳамсарон

  5.  Ҷашну маросимҳо

  6.  Бемориҳои сироятӣ

  7.  Масъалаҳои пулӣ ва ҳуқуқӣ

 1. Бобили бузург чист?

«Бобили бузург» рамзи тамоми динҳои дурӯғ аст (Ошкорсозӣ 17:5). Мо инро аз куҷо медонем? Биёед баъзе далелҳоро дида бароем:

  • Бобили бузург дар саросари замин реша давондааст. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Бобили бузург бар «халқҳо» нишастааст ва «бар подшоҳони замин ҳукм меронад» (Ошкорсозӣ 17:15, 18).

  • Бобили бузург рамзи сиёсат ё тиҷорат нест. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «подшоҳони замин» ва «савдогарон» ҳангоми нобуд шудани дини дурӯғ нест намешаванд (Ошкорсозӣ 18:9, 15).

  • Бобили бузург Худоро бадном мекунад. Дини дурӯғ «фоҳиша» номида шудааст, чунки барои ба даст овардани пулу мол ё фоидаи дигар бо ҳукуматҳо аҳду паймон мебандад (Ошкорсозӣ 17:1, 2). Он тамоми халқҳоро гумроҳ месозад, инчунин сабаби марги бисёриҳо мегардад (Ошкорсозӣ 18:23, 24).

Баргаштан ба дарси 13, банди 6

 2. Масеҳ бояд кай меомад?

Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки то омадани Масеҳ 69 ҳафта мегузарад. (Дониёл 9:25-ро хонед.)

  • 69 ҳафта кай сар шуд? Ин давра соли 455-и то милод сар шуд. Он вақт Наҳемёи ҳоким барои «барқарор ва бино кардани Ерусалим» ба он ҷо рафт (Дониёл 9:25; Наҳемё 2:1, 5–8).

  • 69 ҳафта чӣ қадар давом кард? Мувофиқи баъзе пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас як рӯз ба як сол баробар аст (4 Мӯсо 14:34; Ҳизқиёл 4:6). Аз ин бармеояд, ки як ҳафта ҳафт солро ташкил медиҳад. Пас, 69 ҳафта 483 сол аст (69 x 7).

  • 69 ҳафта кай ба охир расид? Ҳисоби 483 сол соли 455-и то милод сар шуда, соли 29-и милодӣ ба охир расид a. Ин маҳз ҳамон солест, ки Исо таъмид гирифту Масеҳ шуд (Луқо 3:1, 2, 21, 22).

Баргаштан ба дарси 15, банди 5

 3. Амалиёти тиббӣ бо истифодаи хун

Дар як қатор амалиёти тиббӣ хуни худи бемор истифода мешавад. Ба хизматгорони Худо баъзеи ин амалиёт, масалан, супоридани хун барои дигарон ё захира кардани хунашон барои ҷарроҳӣ, норавост (5 Мӯсо 15:23).

Аммо аз баъзе амалиёти тиббӣ истифода кардан ё накардан ба худи шахс ҳавола карда мешавад. Ба чунин амалиёт ташхиси хун, ҳемодиализ, ҳемодилютсия, реинфузия ва истифодаи таҷҳизоти гардиши сунъии хун дохил мешавад b. Ҳар як масеҳӣ бояд қарор кунад, ки хуни ӯ дар рафти ҷарроҳӣ, ташхис ё амалиёти тиббии дигар чӣ тавр истифода мешавад. Азбаски ҳар духтур амалиётро ба таври гуногун гузаронда метавонад, бохирадона мебуд, ки ҳама ҷузъиёти амалиётро пешакӣ фаҳмем. Барои ин аз худ пурсед:

  • Оё ман розиям, ки ҳангоми амалиёти тиббӣ як қисми хуни ман аз баданам як сӯ бурда шавад ва ҷараёни он ба муддате қатъ гардад? Оё виҷдони ман мебардорад, ки он хунро қисми бадани худ ҳисобам, ва шарт нест, ки онро «ба замин» бирезам? (5 Мӯсо 12:23, 24).

  • Оё ман розиям, ки ҳангоми амалиёти тиббӣ як қисми хунамро гиранд, таркибашро тағйир диҳанд ва баъд боз ба баданам баргардонанд ё онро бо тарзи дигаре дар ҷарроҳӣ истифода баранд? Агар розӣ шавам, виҷдони таълимёфтаам маро азоб медиҳад ё не?

Баргаштан ба дарси 39, банди 3

 4. Зиндагии алоҳидаи ҳамсарон

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки зану шавҳар набояд алоҳида зиндагӣ кунанд. Агар ҳамсарон қарор кунанд, ки ҷудо зиндагӣ мекунанд, онҳо барои бо дигар кас хонадор шудан ҳақ надоранд (1 Қӯринтиён 7:10, 11). Лекин баъзан яке аз ҳамсарон маҷбур мешавад, ки алоҳида зиндагӣ кунад, масалан, бо сабабҳои зерин:

  • Даст кашидан аз таъмини оила: Шавҳар аз дасташ ояд ҳам, намехоҳад, ки оилаашро хӯронаду пӯшонад (1 Тимотиюс 5:8).

  • Муштзӯриву бераҳмӣ: Аз зӯроварӣ саломатии ҳамсар зарар дида метавонад ва ҳатто ҳаёташ зери хатар мемонад (Ғалотиён 5:19–21).

  • Муносибати шахс бо Яҳува сахт зарар мебинад: Зан ё шавҳар чунон ба ҳамсараш зид мебарояд, ки ӯ наметавонад хизмати Яҳуваро ба ҷо орад (Корнома 5:29).

Баргаштан ба дарси 42, банди 3

 5. Ҷашну маросимҳо

Хизматгорони Худо дар иду ҷашнвораҳое, ки ба Худо писанд нестанд, иштирок намекунанд. Лекин онҳо ҳангоми иду маросим бо вазъияти гуногун рӯ ба рӯ шуда метавонанд. Барои ҳамин виҷдони таълимёфтаашонро ба назар гирифта, худашон бояд қарор кунанд, ки чӣ кор мекунанд. Биёед якчанд вазъиятро дида бароем.

  • Шуморо ба муносибати ид табрик мекунанд. Дар чунин маврид шумо «раҳмат» гуфта метавонед. Агар шахс хоҳад, шумо метавонед фаҳмонед, ки чаро идро ҷашн намегиред.

  • Ҳамсаратон, ки Шоҳиди Яҳува нест, мегӯяд, ки дар ид бо хешовандон сари дастархон шинед. Шумо розӣ шавед ҳам, пешакӣ ба ҳамсаратон фаҳмонед, ки дар урфу одатҳои дини дурӯғ иштирок намекунед.

  • Сардори корхона дар арафаи ид мукофотпулӣ медиҳад. Оё онро гирифтан нодуруст аст? На ҳама вақт. Фикр кунед, ки оё сардоратон онро чун идипулӣ доданӣ аст ё ин ки чун миннатдорӣ барои меҳнататон.

  • Ба шумо дар рӯзҳои ид туҳфа медиҳанд. Касе, ки туҳфа медиҳад, шояд, чунин гӯяд: «Медонам, ки ту идро ҷашн намегирӣ, ба ҳар ҳол ба ту туҳфа карданиям». Шояд, ин шахс бо ин роҳ шуморо хурсанд карданӣ аст. Аз дигар тараф, мумкин баъзеҳо санҷиданӣ мешаванд, ки оё шумо дар имону иродаатон устуворед, ё, шояд, мехоҳанд, ки дар ид иштирок кунед. Ҳамаи инро баркашида, шумо метавонед қарор кунед, ки туҳфаро гиред ё не. Бешубҳа, ҳамаи мо мехоҳем виҷдони пок дошта бошем ва ба Яҳува вафодор монем (Корнома 23:1).

Баргаштан ба дарси 44, банди 1

 6. Бемориҳои сироятӣ

Азбаски мо одамонро дӯст медорем, намехоҳем, ки онҳо аз пушти мо касал шаванд. Масалан, вақте касалии гузаранда дорем ё, касал набошем ҳам, хавфи он вуҷуд дорад, ки касалиро ба касе гузаронда метавонем, мо фикри саломатии дигаронро мекунем. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ёри худро мисли худ дӯст дор» (Румиён 13:8–10).

Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ба ин амри Худо итоат мекунем? Биёед якчанд мавридро дида бароем. Шахсе, ки бемории гузаранда дорад, бояд аз наздик шудан ба дигарон худдорӣ намояд, масалан, дастакӣ салом накунад, ба оғӯш нагирад ва бӯса накунад. Вақте баъзеҳо барои сироят наёфтани аҳли оилаашон шахси беморро ба хона даъват намекунанд, ӯ набояд аз ин хафа шавад. Ҳамчунин шахсе, ки таъмид гирифтанӣ асту бемории гузаранда дорад, бояд пешакӣ координатори ҳайати пиронро аз ин хабардор созад. Он гоҳ бародарон чора меандешанд, то дигар таъмидгирандагон аз ин беморӣ сироят наёбанд. Мавриди дигар ин аст, ки шахсе, ки оиладор шуданӣ асту медонад, ки касалии гузаранда доштанаш аз эҳтимол дур нест, пеш аз мулоқотро сар кардан бояд хунашро ташхис кунад. Чунин амал карда, касони бемор нишон медиҳанд, ки «на танҳо дар бораи фоидаи худ, балки дар бораи фоидаи дигарон низ фикр» мекунанд (Филиппиён 2:4).

Баргаштан ба дарси 56, банди 2

 7. Масъалаҳои пулӣ ва ҳуқуқӣ

Мо бояд дар масъалаҳои пулию молӣ бо дигарон, ҳатто агар ҳамимонамон бошад, шартнома бандем, яъне ҳама шарту қарордодамонро хаттӣ тартиб диҳем (Ирмиё 32:9–12). Чунин карда, мо пеши роҳи бисёр душвориҳоро мегирем. Ба ҳар ҳол, азбаски фикру назари ҳамимонон дар масъалаи пулӣ ё аз дигар ҷиҳатҳо метавонад каме фарқ кунад, баъзан нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Дар чунин ҳолат мо бояд нофаҳмиро зуд, оромона ва байни худ ҳал кунем.

Агар душвории ҷиддӣ сар занад, масалан, ба фиребу қаллобӣ ё туҳмат дучор гардем, масъаларо бояд чӣ тавр ҳал кунем? (Матто 18:15–17-ро хонед.) Барои ин мо бояд дастури Исоро қадам ба қадам иҷро намоем:

  1. Кӯшиш кунед, ки масъаларо байни худ ҳал кунед. (Нигаред ба ояти 15.)

  2. Агар масъала бо ин ҳал нашавад, як ё ду ҳамимони баркамолро ҳамроҳатон гирифта, бори дигар бо ӯ гап занед. (Нигаред ба ояти 16.)

  3. Агар ин дафъа ҳам масъала ҳал нашавад, ба пирони ҷамоат муроҷиат кунед. (Нигаред ба ояти 17.)

Дар аксар мавридҳо мо набояд бо ҳамимони худ судкашӣ кунем, зеро ин номи Яҳуваро доғдор месозад ва обрӯйи ҷамоатро мерезонад (1 Қӯринтиён 6:1–8). Лекин дар баъзе ҳолатҳо мо маҷбур мешавем, ки ба суд муроҷиат кунем, масалан, ҳангоми ҷудо шудани ҳамсарон, ба уҳда гирифтани парастории кӯдак, талаб кардани алимент ё суғуртапулӣ, ҳангоми муфлис (банкрот) шудан ё тартиб додани васиятнома. Шахсе, ки ин гуна масъалаҳоро ба воситаи суд бе ҷанҷол ҳал мекунад, қонуни Худоро вайрон намекунад.

Ҳангоми содир шудани ҷиноятҳои вазнин, ба мисли таҷовуз ба номус, таҷовузи кӯдак, ҳамлаю латукӯб, ғорат ё куштор, шахс метавонад ба мақомоти ҳуқуқӣ хабар диҳад. Дар чунин маврид низ ӯ қонуни Худоро намешиканад.

Баргаштан ба дарси 56, банди 3

a Аз соли 455-и пеш аз милод то соли 1-и пеш аз милод 454 сол сипарӣ шуд. Аз соли 1-и пеш аз милод то соли 1-и милодӣ як сол гузашт, зеро соли сифрӣ вуҷуд надорад. Аз соли 1-и милодӣ то соли 29-и милодӣ 28 сол сипарӣ шуд. Агар ҳамаи ин солҳоро ҳисоб кунем, 483 сол мешавад.

b Барои маълумоти бештар гирифтан ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми октябри с. 2000, «Саволҳои хонандагон», нигаред.