Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё ман тайёрам?

Оё ман тайёрам?

Оё ман тайёрам, ки бо аҳли ҷамоат хизмат кунам?

Барои воизи таъмиднаёфта шудан ба шумо лозим аст, ки...

  • ҳама вақт Китоби Муқаддасро омӯзед, дуо гӯед ва ба ҷамъомадҳо равед;

  • ба чизҳои фаҳмидаатон бовар кунеду онҳоро қадр намоед, ҳамчунин хоҳиш дошта бошед, ки онҳоро ба дигарон нақл кунед;

  • Яҳуваро дӯст доред ва бо онҳое дӯстӣ кунед, ки ӯро дӯст медоранд;

  • дар ягон ташкилоти сиёсӣ ё дини дурӯғ набошед;

  • мувофиқи талаботи Яҳува зиндагӣ кунед ва хоҳиш дошта бошед, ки Шоҳиди Яҳува шавед.

Агар тайёр бошед, ки бо аҳли ҷамоат хизмат кунед, инро ба омӯзгоратон гӯед. Ӯ бо пирони ҷамоат гапзанон мекунад, ки бо шумо суҳбат кунанд.

Оё ба таъмид гирифтан тайёрам?

Барои таъмид гирифтан ба шумо лозим аст, ки...

  • воизи таъмиднаёфта шавед;

  • ба қадри имкон доимо дар паҳн кардани хушхабар иштирок кунед;

  • «ғуломи бовариноку боандеша»-ро дастгирӣ намоед ва дастуроташро ба кор баред (Матто 24:45–47);

  • дуо гуфта, худро ба Яҳува бахшед ва ба ӯ то абад хизмат кардан хоҳед.

Агар ба таъмид гирифтан тайёр бошед, инро ба омӯзгоратон гӯед. Ӯ бо пирони ҷамоат гапзанон мекунад, ки бо шумо суҳбат кунанд.