Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа


Дастур барои омӯзиш

Дастур барои омӯзиш

Аз ин дастур бо тарзи гузаштани дарсҳо шинос шавед, сипас ВИДЕОРО тамошо кунед.

ҚИСМИ 1

Ҳангоми тайёрӣ аввал қисми якуми дарсро хонед. Саволҳои асосии (А) ин қисми дарс ва оятҳо (Б) фикрҳои асосиро нишон медиҳанд. Аҳамият диҳед, ки дар назди баъзе оятҳо «хонед» навишта шудааст.

ҚИСМИ 2

Аз сарсухани (В) бахши «Бештар фаҳмед» шумо мефаҳмед, ки боз чӣ дида баромада мешавад. Сарлавҳаҳои (Г) ин бахш нишон медиҳанд, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Бо омӯзгоратон оятҳоро хонед, ба саволҳо ҷавоб диҳед ва видеонаворҳои овардашударо тамошо кунед.

Вақте ВИДЕО-ро пахш мекунед, видеонаворе кушода мешавад, ки ба мавзуъ бештар равшанӣ меандозад. Баъзе наворҳо воқеиянд, баъзеи дигар бошанд, саҳначаанд.

Ҳар як расм ва шарҳашро (Ғ) аз назар гузаронед. Саволи бахши «Баъзеҳо мегӯянд»-ро (Д) хонда, фикр кунед, ки чӣ тавр ҷавоб медиҳед.

ҚИСМИ 3

Бахшҳои «Фикрҳои асосӣ» ва «Такрор» (Е) дарсро ҷамъбаст мекунанд. Санаи ба охир расидани дарсро нависед. Бахши «Мақсад» (Ё) кумак мекунад, ки чизҳои фаҳмидаатонро ба кор баред. Дар бахши «Дида бароед» (Ж) ба шумо маълумоти иловагӣ пешкаш мегардад, то онро хонед ё тамошо кунед.

Ёфтани оятҳо аз Китоби Муқаддас

Китоби Муқаддас аз 66 китоби хурд иборат аст. Он ба ду қисм ҷудо мешавад: Навиштаҳои Иброниву Арамӣ (Аҳди Қадим) ва Навиштаҳои Юнонӣ (Аҳди Ҷадид).

Ҳангоми хондани дарсҳо шумо ишора ба оятҳои Китоби Муқаддасро мебинед: дар он аввал номи китоб (А), сипас рақами боб (Б) ва оят ё оятҳо (В) нишон дода шудааст.

Масалан, барои хондани Юҳанно 17:3 аввал китоби Юҳанно, баъд боби 17-и онро кушоед ва дар он боб ояти 3-ро ёбед.