Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Маслиҳат

Маслиҳат

Қабул кардани маслиҳат

Барои чӣ мо бояд маслиҳати бар Китоби Муқаддас асосёфтаро ҷӯем?

Чаро беҳтар аст, ки ба маслиҳат гӯш диҳему худро сафед накунем?

Пнм 12:15; 29:1

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 1:23–31; 15:31

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 15:3, 9–23. Яҳува Шоулро рад кард, чунки, вақте пайғамбар Самуил ӯро ислоҳ намуд, подшоҳ худашро сафед карда, маслиҳатро қабул накард.

    • 2Вқ 25:14–16, 27. Амасё ба болои гуноҳаш маслиҳати пайғамбари Яҳуваро рад кард, барои ҳамин аз розигию ҳимояи Яҳува маҳрум шуд.

Чаро бояд бародаронеро, ки ба мо маслиҳат медиҳанд, ҳурмат кунем?

1Тс 5:12; 1Тм 5:17; Ибр 13:7, 17

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Юҳ 9, 10. Юҳаннои солхӯрда Диютрифасро, барои он ки бародаронро писанд намекард, маҳкум кард.

Барои чӣ ба калонсолон гӯш додан лозим аст?

3Мс 19:32; Пнм 16:31

Ҳамчунин нигаред ба Аб 12:12; 32:7; Тит 2:3–5

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 23:16–18. Довуди подшоҳ ба маслиҳати Юнотон, ки тақрибан 30 сол аз худаш калон буд, гӯш дода, қувват гирифт.

    • 3Пш 12:1–17. Шоҳ Раҳабъом маслиҳати пухтаи калонсолонро рад карда, ба маслиҳати ҷавонон гӯш дод ва ба сараш бало овард.

Чӣ нишон медиҳад, ки занони худотарс ва хизматгорони ҷавони Яҳува маслиҳати хуб дода метавонанд?

Аб 32:6, 9, 10; Пнм 31:1, 10, 26; Пг 4:13

Ҳамчунин нигаред ба Зб 119:100

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 25:14–35. Абиҷайл ба шоҳ Довуд маслиҳате дод, ки ҳаёти бисёриҳоро нигоҳ дошт ва пеши роҳи хунрезиро гирифт.

    • 2Пш 20:15–22. Зани бохираде аз Обил бо маслиҳаташ тамоми шаҳрро наҷот дод.

    • 4Пш 5:1–14. Духтараки исроилӣ ба ҷанговари пурзӯре фаҳмонд, ки чӣ тавр аз касалии махав шифо ёфта метавонад.

Чаро набояд ба маслиҳати касоне, ки Яҳува ва Каломашро ҳурмат намекунанд, гӯш кунем?

Зб 1:1; Пнм 4:14

Ҳамчунин нигаред ба Лқ 6:39

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Вқ 10:13, 14. Шоули подшоҳ ба пурсандаи арвоҳ рӯ овард, на ба Яҳува; ӯ барои бевафоияш мурд.

    • 2Вқ 22:2–5, 9. Шоҳ Аҳазё маслиҳатгари бадро интихоб кард ва оқибат мурд.

    • Аб 21:7, 14–16. Айюб мисли шахсоне, ки Яҳуваро эҳтиром намекарданд, фикр кардан намехост.

Маслиҳатдиҳӣ

Чаро пеш аз додани маслиҳат хуб мебуд ҳама далелҳоро ба назар гирем ва ҳама шахсонеро, ки ба масъала вобастаанд, гӯш кунем?

Пнм 18:13, 17

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 25:8

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 1:9–16. Элии коҳин бо асли воқеа шинос нашуда саросемавор ба Ҳанно маслиҳат дод ва ин зани худотарсро дар мастигарӣ айбдор кард.

    • Мт 16:21–23. Петруси расул Исоро сарзаниш кард ва худаш нафаҳмида ба ӯ маслиҳате дод, ки табъи дили Шайтон буд, на Яҳува.

Чаро пеш аз маслиҳатдиҳӣ бояд ба Яҳува дуо гӯем?

Зб 32:8; Зб 73:23, 24; Пнм 3:5, 6

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Мс 3:13–18. Пайғамбар Мӯсо аз Яҳува пурсид, ки, агар исроилиён ба ӯ савол диҳанд, чӣ ҷавоб диҳад.

    • 3Пш 3:5–12. Сулаймони ҷавон ба ақлу фаҳми худ такя накарда, аз Худо хирад пурсид ва Яҳува ӯро баракат дод.

Чаро маслиҳатҳои мо бояд дар асоси Китоби Муқаддас бошанд?

Зб 119:24, 105; Пнм 19:21; 2Тм 3:16, 17

Ҳамчунин нигаред ба 5Мс 17:18–20

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Мт 4:1–11. Вақте Шайтон Исоро васваса мекард, ӯ аз пеши худ неву аз Каломи Худо ҷавоб медод.

    • Юҳ 12:49, 50. Исо барои мо намуна аст, чунки ҳар чизеро, ки Падараш ба вай ёд дода буд, ҳамонро мегуфт.

Чаро вақти маслиҳатдиҳӣ бояд мулоҳизакор бошем ва кӯшиш намоем, ки шахсро таъриф кунем?

Ғл 6:1; Қл 3:12

Ҳамчунин нигаред ба Иш 9:6; 42:1–3; Мт 11:28, 29

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Вқ 19:2, 3. Яҳува ба воситаи пайғамбар шоҳ Еҳушофотро ислоҳ кард, лекин баъд ӯро барои корҳои хубаш таъриф кард.

    • Ошк 2:1–4, 8, 9, 12–14, 18–20. Исо, пеш аз он ки ба якчанд ҷамоат маслиҳат диҳад, онҳоро таъриф кард.

Агар масеҳӣ фикр кунад, ки ҳамимонаш ӯро фиреб додааст ё туҳмат кардааст, чаро хуб мебуд ба вай маслиҳат диҳем, ки дар ин бора бо худи шахс рӯ ба рӯ гап занад?

Мт 18:15–17; Лқ 17:3

Ҳамчунин нигаред ба 3Мс 19:17

Чӣ тавр ба масеҳии ранҷида кумак карда метавонем, ки раҳмдилу пурсабр ва бахшанда бошад?

Мт 18:21, 22; Мқ 11:25; Лқ 6:36; Эф 4:32; Қл 3:13

Ҳамчунин нигаред ба Мт 6:14; 1Қр 6:1–8; 1Пт 3:8, 9

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Мт 18:23–35. Исо бо мисоли таъсирбахше фаҳмонд, ки чаро бахшанда будан хеле муҳим аст.

Чаро вақте маслиҳат медиҳем, бояд натарсида меъёрҳои Яҳуваро ҳимоя намоем?

Зб 141:5; Пнм 17:10; 2Қр 7:8–11

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 15:23–29. Пайғамбар Самуил аз шоҳ Шоул натарсида ба вай маслиҳат дод.

    • 3Пш 22:19–28. Бо пайғамбар Микойҳу муносибати бад карда ӯро тарсониданӣ шуданд, лекин вай хабареро, ки бояд ба шоҳ Аҳъоб мерасонд, тағйир надод.

Чӣ тавр ба шахс маслиҳат диҳем, ки аз ҳад рӯҳафтода нашавад?

Ибр 12:11–13

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Лқ 22:31–34. Исо нишон дод, ки новобаста ба хатои ҷиддии Петрус аз ӯ дилхунук нашудааст ва бовар дорад, ки расулаш дар оянда дигаронро қавӣ мегардонад.

    • Фм 21. Павлуси расул дилпур буд, ки Филемӯн ба маслиҳати ӯ, ки аз тарафи Худо аст, гӯш медиҳад.

Ба онҳое, ки ғаму ташвиши зиёд доранд ё худро беқадр ҳис мекунанд, чӣ тавр бояд маслиҳат диҳем?

Чӣ тавр ба шахси гуноҳкарда нишон диҳем, ки мехоҳем ба ӯ кумак расонем, то бо Яҳува муносибаташро барқарор созад?

Чӣ тавр ба шахсе, ки маслиҳат медиҳем, новобаста ба синну сол ва ҷинсаш эҳтиром нишон дода метавонем?

Чаро пирон бо шахсе, ки маслиҳати Китоби Муқаддасро борҳо рад мекунад, бояд ҷиддӣ гап зананд?

1Қр 5:9, 11, 13; 1Тм 5:20; Тит 3:10

Ҳамчунин нигаред ба «Хориҷ шудан»