Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Истодагӣ

Истодагӣ

Чаро ба хизматгорони Яҳува истодагӣ даркор аст?

Чаро вақте ба одамон хушхабарро мерасонем, ҳайрон намешавем, ки баъзеяшон моро гӯш намекунанд ё ҳатто ба мо зид мебароянд?

Мт 10:22; Юҳ 15:18, 19; 2Қр 6:4, 5

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Пт 2:5; 1Мс 7:23; Мт 24:37–39. Ҳарчанд Нӯҳ «паёмбари ростӣ» буд, бисёриҳо ба вай гӯш надоданд. Ҳангоми Тӯфон танҳо ӯву оилааш наҷот ёфтанд.

    • 2Тм 3:10–14. Павлуси расул дар бораи пурсабрии худ гап зада, ба Тимотиюс гуфт, ки ӯ низ пурсабр бошад.

Чаро ҳайрон намешавем, ки ҳатто аҳли оилаи худамон ба мо зиддият нишон дода метавонанд?

Мт 10:22, 36–38; Лқ 21:16–19

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 4:3–11; 1Юҳ 3:11, 12. Қобили бадкор бародараш Ҳобилро, ки росткор буд, кушт.

    • 1Мс 37:5–8, 18–28. Вақте Юсуф ба бародаронаш гуфт, ки аз ҷониби Худо хобе дидааст, онҳо ӯро ба чоҳ партофтанд ва баъд ба ғуломӣ фурӯхтанд.

Чаро ҳангоми озору азият набояд аз марг тарсем?

Мт 10:28; 2Тм 4:6, 7

Ҳамчунин нигаред ба Ошк 2:10

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Дн 3:1–6, 13–18. Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу медонистанд, ки, агар ба ҳайкал саҷда набаранд, онҳоро мекушанд. Ба ҳар ҳол ин ҷавонон аз қарорашон нагаштанд.

    • Крн 5:27–29, 33, 40–42. Расулон новобаста ба хатари марг хушхабарро паҳн мекарданд.

Вақте моро сарзаниш мекунанд, чӣ ба мо кумак мекунад, ки ба Яҳува вафодор монем?

Пнм 3:11, 12; Ибр 12:5–7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 4Мс 20:9–12; 5Мс 3:23–28; 31:7, 8. Танбеҳи Яҳува Мӯсоро ғамгин кард, аммо ӯ то охир вафодор монд.

    • 4Пш 20:12–18; 2Вқ 32:24–26. Шоҳ Ҳизқиё барои гуноҳаш танбеҳ гирифт, лекин ӯ хоксорӣ нишон дода ислоҳ шуду хизматашро ба Худо давом дод.

Чаро вақте дигарон ба Худо хизмат карданро бас мекунанд, истодагӣ кардан душвор аст?

Ир 1:16–19; Ҳб 1:2–4

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Зб 73:2–24. Вақте таронанавис дид, ки бадкорон гул-гул шукуфта дар осоиштагӣ зиндагӣ мекунанд, фикр кард, ки беҳуда бо истодагӣ ба Худо хизмат мекунад.

    • Юҳ 6:60–62, 66–68. Бисёриҳо Исоро тарк карда бошанд ҳам, Петруси расул бо имону истодагӣ устодашро пайравӣ менамуд.

Чӣ ба мо кумак мекунад, ки истодагӣ кунем?

Дӯстӣ бо Яҳува

Хониши Калому мулоҳиза дар бораи он

Ҳамеша ба Яҳува дуо гуфта, диламонро ба ӯ холӣ намудан

Рм 12:12; Қл 4:2; 1Пт 4:7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Дн 6:4–11. Пайғамбар Дониёл ҳаёташро зери хатар монда ба Яҳува доимо дуо мегуфт.

    • Мт 26:36–46; Ибр 5:7. Шаби пеш аз маргаш Исо якчанд бор дуо хонд ва ба шогирдонаш гуфт, ки онҳо низ ҳамин тавр кунанд.

Парастиши Худо якҷоя бо ҳамимонон

Ба мукофот назар дӯхтан

Зиёд гардондани муҳаббат ба Яҳува ва бародару хоҳарон

Қавӣ намудани имон

Нигоҳ доштани назари дуруст ба душвориҳо

Баъзе аз фоидаи истодагӣ чист?

Яҳуваро ҷалол медиҳем

Пнм 27:11; Юҳ 15:7, 8; 1Пт 1:6, 7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Аб 1:6–12; 2:3–5. Шайтон гуфт, ки Яҳува одамонро баракат медиҳад, барои ҳамин онҳо ба ӯ хизмат мекунанд. Айюб бошад, бо истодагияш дурӯғгӯ будани Шайтонро исбот кард.

    • Рм 5:19; 1Пт 1:20, 21. Исо то дами марг истодагӣ кард ва ба ин савол ҷавоб дод: «Оё инсони комил дар озмоишҳо ба Яҳува содиқу вафодор монда метавонад?»

Дигаронро ташвиқ мекунем, ки истодагӣ кунанд

Дар хизмат муваффақ мешавем

Ризои Яҳува ва мукофоти ваъдакардаашро соҳиб мешавем