Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бахшандагӣ

Бахшандагӣ

То кадом андоза Яҳува тайёр аст, ки моро бахшад?

Зб 86:5; Дн 9:9; Мик 7:18

Ҳамчунин нигаред ба 2Пт 3:9

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Зб 78:40, 41; 106:36–46. Ҳарчанд исроилиёни худсар гуноҳ карда дили Яҳуваро ғамгин месохтанд, ӯ онҳоро такрор ба такрор мебахшид.

    • Лқ 15:11–32. Исо мисоли падари раҳмдилеро овард, ки писари худсари тавбакардаашро бахшид. Бо ин мисол ӯ бахшанда будани Яҳуваро фаҳмонд.

Дар асоси чӣ Яҳува гуноҳҳоро мебахшад?

Юҳ 1:29; Эф 1:7; 1Юҳ 2:1, 2

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Ибр 9:22–28. Павлуси расул фаҳмонд, ки Яҳува танҳо дар асоси хуни Масеҳ гуноҳҳои моро мебахшад.

    • Ошк 7:9, 10, 14, 15. Юҳаннои расул навишт, ки гуноҳҳои «мардуми сершумор» дар асоси имон ба қурбонии Исо бахшида шудааст.

Агар хоҳем, ки Яҳува моро бахшад, бояд чӣ кор кунем?

Мт 6:14, 15; Мқ 11:25; Лқ 17:3, 4; Яқ 2:13

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Аб 42:7–10. Пеш аз он ки Яҳува ба ранҷу азоби Айюб хотима бахшад ва саломатию сарваташро баргардонад, ӯ аз Айюб хоҳиш кард, ки дар ҳаққи се рафиқаш дуо гӯяд.

    • Мт 18:21–35. Исо гуфт, ки, агар бахшиши Яҳуваро ба даст овардан хоҳем, бояд дигаронро бахшем.

Чаро ба гардан гирифтани гуноҳ ва тавба муҳим аст?

Крн 3:19; 26:20; 1Юҳ 1:8–10

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Зб 32:1–5; 51:1, 2, 16, 17. Аз сабаби гуноҳи ҷиддияш Довуд азоби виҷдон кашида, рӯҳафтода шуд, лекин баъдтар аз таҳти дил тавба кард.

    • Яқ 5:14–16. Яъқуб мегӯяд, ки, агар гуноҳи ҷиддӣ карда бошем, бояд назди пирон равем.

Агар хоҳем, ки Яҳува моро бахшад, бояд кадом қадамҳоро гузорем?

Пнм 28:13; Иш 55:7; Эф 4:28

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Пш 21:27–29; 2Вқ 18:18–22, 33, 34; 19:1, 2. Вақте Аҳъоб фаҳмид, ки Яҳува ӯро ҷазо доданист, зиқ шуд, лекин аз корҳои кардааш тавба накард, барои ҳамин Яҳува ӯро набахшид.

    • 2Вқ 33:1–16. Шоҳ Менашше корҳои бади бисёре кард, лекин, вақте тавба кард, Яҳува ӯро бахшид. Менашше ҳаёташро тағйир дод ва пеши роҳи бутпарастиро гирифта, халқро ба парастиши пок баргардонд.

Вақте мо тавба мекунем, то кадом андоза Яҳува тайёр аст, ки моро бахшад?

Зб 103:10–14; Иш 1:18; 38:17; Ир 31:34; Мик 7:19

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Пш 12:13; 24:1; 3Пш 9:4, 5. Довуд гуноҳи ҷиддӣ карда буд, вале, вақте тавба кард, Яҳува ӯро бахшиду баъдтар марди беайб номид.

Чӣ тавр Исо ба бахшандагии Падараш ба таври беҳтарин пайравӣ мекард?

Зб 86:5; Лқ 23:33, 34

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Мт 26:36, 40, 41. Вақте Исо ба кумаки дӯстони наздикаш муҳтоҷ буд, онҳо бедор монда натавонистанд, лекин Исо мефаҳмид, ки дӯстонаш сахт мондаанд.

    • Мт 26:69–75; Лқ 24:33, 34; Крн 2:37–41. Петруси расул се маротиба Исоро рад намуд, аммо, вақте тавба кард, Исо ӯро бахшид. Баъди зинда шуданаш Исо бо Петрус вохӯрд ва баъдтар ба ӯ дар ҷамоат супориши муҳим дод.

Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува ҳамаро аз як сар намебахшад?

Мт 12:31; Ибр 10:26, 27; 1Юҳ 5:16, 17

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Мт 23:29–33. Исо ба китобдонон ва фарисиёни бадкор гуфт, ки онҳо ба водии Ҳиннӯм партофта мешаванд, яъне абадан нест мегарданд.

    • Юҳ 17:12; Мқ 14:21. Исо Яҳудои хиёнаткорро «писари ҳалокат» номид ва гуфт, ки ба ӯ беҳтар мебуд, ки ба дунё наояд.

Чӣ ба масеҳиён кумак мекунад, ки аз таҳти дил дигаронро бахшанд?