Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мотамзадагӣ

Мотамзадагӣ

Чӣ тавр мисолҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки аз марги касе гиряву нола кардан табиӣ аст?

Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува мотамзадагонро дилбардорӣ кардан мехоҳад?

Чӣ тавр донистани он ки баъди марг бо одам чӣ мешавад, моро тасаллӣ дода метавонад?

Пг 9:5, 10; 1Тс 4:13

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Лқ 20:37, 38. Ба гуфти Исо, Яҳува сахт мехоҳад, ки мурдагонро зинда кунад, барои ҳамин онҳо дар назари ӯ зиндаанд.

    • Юҳ 11:5, 6, 11–14. Вақте дӯсти наздики Исо, Лаъзор, мурд, Исо маргро ба хоб монанд кард.

    • Ибр 2:14, 15. Павлуси расул гуфт, ки мо набояд побанди тарси марг бошем.

Барои чӣ қадру қимати одам бештар дар рӯзи маргаш маълум мешавад, на дар рӯзи таваллудаш?

Китоби Муқаддас дар бораи марг чӣ мегӯяд ва Худо бо он чӣ кор мекунад?

Чаро мо дилпур буда метавонем, ки мурдагон дар оянда зинда мешаванд?

Иш 26:19; Юҳ 5:28, 29; Крн 24:15

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ҳашт нафар баъди марг дар рӯйи замин зинда шудаанду як нафар, яъне Исо, ба ҳаёти осмонӣ. Ба касоне, ки наздиконашонро аз даст додаанд, ин мисолҳо тасаллию умед бахшида метавонанд.

      • 3Пш 17:17–24. Пайғамбар Илёс писари бевазанеро, ки дар Сорефоти Сидӯн зиндагӣ мекард, зинда кард.

      • 4Пш 4:32–37. Пайғамбар Элишоъ писарчаи шунемиро зинда кард.

      • 4Пш 13:20, 21. Мурдае ба устухонҳои Элишоъ расида, зинда гашт.

      • Лқ 7:11–15. Исо дар шаҳри Ноин мардуми бисёреро дид, ки писари бевазанеро дафн мекарданд ва Исо наздик омада, ӯро зинда кард.

      • Лқ 8:41, 42, 49–56. Исо духтари Ёири нозири ибодатхонаро зинда кард.

      • Юҳ 11:38–44. Исо дӯсти азизаш, Лаъзорро, зинда кард ва ӯ боз ба назди хоҳаронаш — Марто ва Марям, баргашт.

      • Крн 9:36–42. Петруси расул Доркасро, ки корҳои неки зиёд мекард, зинда кард.

      • Крн 20:7–12. Павлус Офтихус ном ҷавонеро, ки аз тиреза афтода, мурд, зинда кард.

    • Яҳува Исоро ба ҳаёти осмонӣ зинда карда, исбот намуд, ки дар оянда зиндашавӣ ҳатман мешавад.

    • Исо аввалин шахсе буд, ки бо тани нобуднашаванда ба ҳаёти осмонӣ зинда шуд. Баъди ӯ 144 000 пайрави тадҳиншудааш низ имкон пайдо карданд, ки соҳиби чунин ҳаёт шаванд.

Чӣ тавр мо ба мотамзадагон кумак расонда метавонем?