Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чизпарастӣ

Чизпарастӣ

Оё Китоби Муқаддас мегӯяд, ки доштани пул ва чизу чора бад аст?

Пг 7:12

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Пш 3:11–14. Яҳува Сулаймони подшоҳро барои хоксорияш баракат дода ба вай боигарӣ ато кард.

    • Аб 1:1–3, 8–10. Айюб хеле бой буд, лекин барои вай на чизу чора, балки муносибаташ бо Яҳува муҳимтар буд.

Чаро пул ва чизу чора ба шахс қаноатмандиву хушбахтӣ намеорад?

Кадом вақт боигариямон ба мо ёрдам карда наметавонад?

Хатари ҷиддитарине, ки боигарӣ меорад, чист?

Чаро боигарӣ фиребанда буда метавонад?

Пнм 11:4, 18, 28; 18:11; Мт 13:22

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Крн 8:18–24. Шимъӯн гумроҳ шуда фикр кард, ки бо пул дар ҷамоат соҳиби ягон мавқеъ шуда метавонад.

Агар пулдӯст бошем, чиро аз даст дода метавонем?

Мт 6:19–21; Лқ 17:31, 32

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Мқ 10:17–23. Ҷавонмарде, ки боигарияшро сахт нағз медид, имконияти пайрави Исо гаштанро аз даст дод.

    • 1Тм 6:17–19. Павлуси расул ба масеҳиёни сарватманд гуфт, ки ҳавобаландӣ накунанд, чунки розигии Худоро аз даст дода метавонанд.

Чӣ тавр пулпарастӣ метавонад имонамонро суст кунаду моро аз розигии Яҳува маҳрум созад?

5Мс 8:10–14; Пнм 28:20; 1Юҳ 2:15–17

Ҳамчунин нигаред ба Зб 52:6, 7; Ом 3:12, 15; 6:4–8

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Аб 31:24, 25, 28. Айюб мефаҳмид, ки, агар ба боигарӣ такя кунад, ба Яҳува хиёнат мекунад, чунки бо ин кораш нишон медиҳад, ки ба ӯ бовар надорад.

    • Лқ 12:15–21. Исо бо мисоли марди сарватманде, ки дар назари Худо бой набуд, шогирдонашро аз пулпарастӣ огоҳ кард.

Чӣ тавр бо он чизе, ки дорем, қаноат карда метавонем?

Кадом ганҷ пурқиматтар аст ва чаро?

Пнм 3:11, 13–18; 10:22; Мт 6:19–21

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Ҳҷ 1:3–11. Яҳува ба воситаи пайғамбар Ҳаҷҷай гуфт, ки, азбаски халқаш аз паси ҳузуру ҳаловати худ шуда ба ибодатгоҳи ӯ бепарвоӣ карданд, ӯ меҳнати дасти онҳоро баракат надод.

    • Ошк 3:14–19. Исо ҷамоати Лудкияро сарзаниш кард, чунки онҳо ба пулу мол дода шуда ғайраташонро дар хизмати Яҳува гум карданд.

Чаро мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува ба мо чизҳои барои ҳаётамон заруриро медиҳад?