Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Раҳм

Раҳм

Кадом хислатҳо бо раҳмдилӣ алоқаи зич доранд?

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Зб 51:1, 2. Шоҳ Довуд Яҳуваро зора кард, ки ба вай раҳм зоҳир намуда хатоҳояшро бахшаду аз гуноҳҳояш пок созад.

    • Лқ 10:29–37. Исо бо мисоли марди сомарӣ, ки ба яҳудие ғамхориву меҳрубонӣ нишон дод, дарси раҳмдилиро ёд дод.

Чаро тамоми одамизод муҳтоҷи раҳм аст?

Зб 130:3; Пг 7:20; 1Юҳ 1:8

Ҳамчунин нигаред ба 3Пш 8:46–50

Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува раҳмдил аст?

2Мс 34:6; Нҳё 9:17; Зб 103:8; 2Қр 1:3

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Аб 42:1, 2, 6–10; Яқ 5:11. Яҳува ба Айюб раҳмашро нишон дод ва ба ӯ дарси раҳмдилӣ омӯхт.

    • Лқ 15:11–32. Исо муносибати падарро бо писари саркашаш, ки тавба карда буд, мисол оварда нишон дод, ки Яҳува раҳмдил аст.

Чаро Яҳува ба мо раҳм зоҳир мекунад?

Рум. 5:8; 1 Юҳ. 4:9, 10

Ҳамчунин нигаред ба Тит 3:4, 5

Қурбонии Масеҳ бо бахшиши гуноҳҳо чӣ вобастагӣ дорад?

Чаро бояд аз Худо пурсем, ки гуноҳҳои моро бахшад ва доимо барои ин ато шукргузор бошем?

Лқ 11:2–4; Ибр 4:16

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Зб 51:1–4. Шоҳ Довуд аз гуноҳҳои кардааш азоби виҷдон мекашид ва хоксорона Яҳуваро зора мезад, ки ӯро бахшад.

    • Лқ 18:9–14. Исо бо мисоле нишон дод, ки Яҳува ба касоне, ки хатоҳояшонро хоксорона ба гардан мегиранд, раҳмдилӣ нишон медиҳад.

Чаро ҳатто касе, ки гуноҳи ҷиддӣ кардааст, ба раҳмдилии Яҳува умед баста метавонад?

5Мс 4:29–31; Иш 55:7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Вқ 33:9–13, 15. Менашше ба бадкорӣ ғӯтида буд, лекин баъд тавба кард ва аз Худо илтиҷо намуд, ки ба ӯ раҳм кунад. Ӯ аз нав подшоҳ шуд ва бо корҳояш нишон дод, ки ӯ дар ҳақиқат одами дигар шудааст.

    • Юн 3:4–10. Сокинони Нинве золиму хунхор буданд, лекин баъд аз кардаашон тавба карда, сазовори раҳми Худо шуданд.

Чаро барои бахшиши гуноҳҳо шахс бояд назди Яҳува хатоҳояшро тан гирад ва ҳаёташро тағйир диҳад?

Яҳува моро бахшад ҳам, мо аз оқибати гуноҳамон гурехта наметавонем

Чаро мо бояд раҳмдил бошем?

Агар нисбат ба дигарон раҳмдил набошем, ин ба муносибати мову Яҳува чӣ гуна таъсир мекунад?

Мт 9:13; 23:23; Яқ 2:13

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 21:13

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Мт 18:23–35. Исо бо мисол қайд кард, ки Яҳува ба касоне, ки раҳмдилӣ нишон намедиҳанд, раҳм намекунад.

    • Лқ 10:29–37. Исо бо мисол фаҳмонд, ки ӯву Яҳува аз раҳмдилон розиянду аз бераҳмон не.

Яҳува ба раҳмдилон чӣ гуна муносибат мекунад?