Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Итоаткорӣ

Итоаткорӣ

То чӣ андоза итоаткорӣ муҳим аст?

2Мс 19:5; 5Мс 10:12, 13; Пг 12:13; Яқ 1:22

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 15:17–23. Пайғамбар Самуил шоҳ Шоулро барои беитоатияш сарзаниш кард ва муҳим будани итоаткориро қайд намуд.

    • Ибр 5:7–10. Ҳарчанд Исо пештар ҳам ба Падараш пурра итоат мекард, ҳангоми дар замин буданаш итоаткориро омӯхт. Ӯ мисли дигар одамон саркашӣ намекарду дили Яҳуваро намеранҷонд.

Агар ҳокимиятдорон аз масеҳӣ талаб кунанд, ки ба қонуни Худо беитоатӣ кунад, ӯ бояд чӣ кор кунад?

Крн 5:29

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Дн 3:13–18. Се ҷавони ибрӣ ҷонашонро дар хатар монда, ба ҳайкале, ки шоҳ Набукаднесар монда буд, саҷда набурданд.

    • Мт 22:15–22. Исо ба пайравонаш фаҳмонд, ки, агар ҳокимиятдорон аз онҳо вайрон кардани қонунҳои Яҳуваро талаб накунанд, ба онҳо итоаткор бошанд.

    • Крн 4:18–31. Ҳарчанд ҳокимиятдорон ба расулон мавъиза карданро манъ карда буданд, онҳо далерона корашонро давом медоданд.

Чӣ кор кунем, ки ҳамеша ба Яҳува итоаткор бошем?

5Мс 6:1–5; Зб 112:1; 1Юҳ 5:2, 3

Ҳамчунин нигаред ба Зб 119:11, 112; Рм 6:17

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Эз 7:7–10. Коҳини вафодор, Эзро, дили худро барои ба Шариати Яҳува итоат кардан тайёр карда буд ва онро ба дигарон таълим медод.

    • Юҳ 14:31. Исо мефаҳмонад, ки чаро аз рӯйи амрҳои Яҳува амал мекунад.

Аз кадом сабаб мо ба Яҳуваю Исо итоат мекунем?

Чӣ тавр итоаткорӣ бо имон алоқаманд аст?

Рм 1:5; 10:16, 17; Яқ 2:20–23

Ҳамчунин нигаред ба 5Мс 9:23

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 6:9–22; Ибр 11:7. Нӯҳ айнан ҳамон тавре ки Яҳува фармуд, киштӣ сохт ва бо ин имонашро нишон дод.

    • Ибр 11:8, 9, 17. Иброҳим ба гапи Худо гӯш дода на танҳо Урро тарк кард, балки ҳамчунин писари азизашро ба қурбонӣ пешкаш кард. Ӯ ҳамин тавр нишон дод, ки ба Яҳува имон дорад.

Яҳува ба итоаткорон чӣ ваъда медиҳад?

Ир 7:23; Мт 7:21; 1Юҳ 3:22

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Мс 26:3–6. Яҳува мегӯяд, ки итоаткоронро баракат медиҳад ва ҳимоя мекунад.

    • 4Мс 13:30, 31; 14:22–24. Колеб итоаткор буд, барои ҳамин Яҳува ӯро баракат дод.

Беитоатӣ ба чӣ оварда мерасонад?

Рм 5:19; 2Тс 1:8, 9

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 2:16, 17; 3:17–19. Барои беитоатияшон Одаму Ҳавво Биҳишт, комилият ва ҳаёти абадиро аз даст доданд.

    • 5Мс 18:18, 19; Крн 3:12, 18, 22, 23. Яҳува пешгӯйӣ кард, ки Пайғамбари бузургтар аз Мӯсо ба миён меояд ва ҳар кӣ ба ӯ беитоатӣ кунад, ҷазо меёбад.

    • Яҳ 6, 7. Аз беитоатии фариштагони исёнкор ва сокинони Садӯму Амӯро хашму ғазаби Яҳува аланга зад.

Барои чӣ мо бояд ба Исои Масеҳ итоаткор бошем?

1Мс 49:10; Мт 28:18

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Юҳ 12:46–48; 14:24. Исо фаҳмонд, ки оқибати беитоатӣ ба суханони ӯ бад аст.

Чаро масеҳиён бояд ба пирон итоат кунанд?

Чаро масеҳизан бояд ба шавҳари худ фармонбардор бошад?

Чаро фарзандон бояд ба волидонашон итоат кунанд?

Пнм 23:22; Эф 6:1; Қл 3:20

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 37:3, 4, 8, 11–13, 18. Юсуфи ҷавон ба гапи падараш гӯш дода, ба хабаргирии бародарони бадхоҳаш рафт.

    • Лқ 2:51. Ҳарчанд Исо комил буд, ӯ ба волидони нокомилаш, Юсуфу Марям, итоат мекард.

Чаро масеҳиён ҳатто вақте дигарон онҳоро намебинанд, ба соҳибкорашон итоаткоранд?

Барои чӣ масеҳиён ба ҳокимиятдорон итоат мекунанд?