Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Солхӯрдагон; пиронсолон

Солхӯрдагон; пиронсолон

Пиронсолӣ бо худ чӣ душвориҳо меорад?

Зб 71:9; 90:10

Ҳамчунин нигаред ба «Тасаллӣ. Маҳдудиятҳо аз сабаби бемориву пиронсолӣ»

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Пг 12:1–8. Шоҳ Сулаймон баъзе нишонаҳои пиронсолиро шоирона тасвир кард. Масалан, ӯ хира гаштани чашмонро ба «бонуҳое, ки ба тиреза нигоҳ мекунанд»-у фақат торикиро мебинанд, монанд кардааст, камшунавоиро бошад, ба хомӯш гаштани «занони сароянда».

Оё солхӯрдагон новобаста ба душвориҳо ва маҳдудиятҳо хурсандияшонро нигоҳ дошта метавонанд?

2Қр 4:16–18; Яқ 1:2–4

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 12:2, 23. Самуили пиронсол дар ҳаққи халқи Худо дуо гуфтанро бас намекард, чунки инро муҳим мешуморид.

    • 2Пш 19:31–39. Довуд аз Барзилойи пиронсол барои дастгирияш миннатдор буд ва ӯро ба дарбораш даъват кард. Барзилойи ҳадшинос бошад, ба шоҳ гуфт, ки қуввати ба ӯ дар Ерусалим хизмат карданро надорад.

    • Зб 71:9, 18. Шоҳ Довуд метарсид, ки аз сабаби пиронсолӣ Яҳува ӯро дигар барои иҷрои нияташ истифода намебарад. Барои ҳамин аз Худо илтиҷо кард, ки аз ӯ рӯй нагардонад ва барои таълим додани насли оянда қувват диҳад.

    • Лқ 2:36–38. Ҳаннои набия, бевазани пиронсол, барои парҳезгорӣ ва вафодорияш соҳиби баракат шуд.

Чӣ тавр Яҳува нишон медиҳад, ки пиронсолонро қадр мекунад?

Зб 92:12–14; Пнм 16:31; 20:29; Иш 46:4; Тит 2:2–5

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 12:1–4. Вақте Иброҳим 75-сола буд, Яҳува ба ӯ гуфт, ки зодгоҳашро тарк карда, ба дигар ҷой равад. Ин таъйинот ҳаёти ӯро пурра тағйир дод.

    • Дн 10:11, 19; 12:13. Фаришта Дониёлро, ки синнаш аз 90 гузашта буд, дилпур кард, ки ӯ дар назари Яҳува гаронқадр аст. Ҳамчунин фаришта гуфт, ки Худо ӯро барои вафодорияш мукофот медиҳад.

    • Лқ 1:5–13. Яҳува Закарёву Элисобаи пиронсолро баракат дод ва онҳо ба таври муъҷиза соҳиби писар шуда номашро Яҳё монданд.

    • Лқ 2:25–35. Яҳува ба Шимъӯни солхӯрда имкон дод, ки кӯдакеро, ки бояд дар оянда Масеҳ мегашт, бинад ва дар ҳаққаш пешгӯйӣ кунад.

    • Крн 7:23, 30–36. Вақте Яҳува ба пайғамбар Мӯсо роҳбарӣ кардани халқаш, Исроилро, бовар кард, ӯ 80-сола буд.

Мо бояд ба пиронсолон чӣ тавр муносибат кунем?

3Мс 19:32; 1Тм 5:1

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 45:9–11; 47:12. Юсуф падари пиронсолаш, Яъқубро, назди худ оварда, то охири умраш ӯро нигоҳубин кард.

    • Рт 1:14–17; 2:2, 17, 18, 23. Рут Ноомии пиронсолро ҳам бо суханаш ва ҳам бо рафтораш дастгирӣ намуд.

    • Юҳ 19:26, 27. Вақте Исо дар сутун ҷон медод, ғамхории модарашро ба расули дӯстдоштааш, Юҳанно, супурд.

Баъзе роҳҳое, ки масеҳиён ба пиронсолон кумак карда метавонанд, кадоманд?