Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Озору азият

Озору азият

Чаро масеҳиён аз озору азият ҳайрон намешаванд?

Чаро ҳангоми озору азият бояд ба Яҳува такя кунем?

Зб 55:22; 2Қр 12:9, 10; 2Тм 4:16–18; Ибр 13:6

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Пш 19:1–18. Ҳангоми озору азият пайғамбар Илёс дилашро ба Яҳува холӣ кард ва рӯҳбаландию тасаллӣ ёфт.

    • Крн 7:9–15. Юсуф аз дасти бародарони худаш азоб кашид, лекин Яҳува бо ӯ буд, ӯро раҳо кард ва барои наҷоти оилааш истифода бурд.

Баъзе аз намудҳои озору азият кадоманд?

Суханони пасту баланд

2Вқ 36:16; Мт 5:11; Крн 19:9; 1Пт 4:4

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 4Пш 18:17–35. Рабшоқе, намояндаи шоҳи Ошур, Яҳуваро паст зада, мардуми Ерусалимро масхара кард.

    • Лқ 22:63–65; 23:35–37. Душманони Исо ӯро ҳангоми дастгир шуданаш ва дар сутуни азобу шиканҷа буданаш мазоқу масхара карданд.

Зиддияти хешу табор

Ҳабс шудану ба ҳокимиятдорон шаҳодат додан

Латукӯб

Ҳамлаи тӯдаи мардум

Куштор

Вақте масеҳиёнро озору азият медиҳанд, онҳо бояд чӣ кор кунанд?

Мт 5:44; Крн 16:25; 1Қр 4:12, 13; 1Пт 2:23

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Крн 7:57–8:1. Истефанус ҳангоми аз дасти тӯдаи мардум ҷон доданаш аз Яҳува хоҳиш кард, ки озордеҳонашро, аз ҷумла Шоули тарсусиро, бахшад.

    • Крн 16:22–34. Ҳарчанд Павлуси расулро химчакорӣ карда, пойҳояшро кунда зада буданд, ӯ нисбати зиндонбонаш меҳрубон буд. Меҳрубонии Павлус ба дили зиндонбон таъсир расонд ва ӯ бо аҳли хонаводааш ба Яҳува имон овард.

Бо баъзе масеҳиёни асри як чӣ рӯй дода буд?

Мо бояд ба озору азият чӣ гуна назар дошта бошем?

Чӣ тавр умеде, ки ба оянда дорем, моро дар вақти озору азият қувват мебахшад?

Барои чӣ мо намегузорем, ки озордеҳонамон моро шарм доронанд, тарсонанд, рӯҳафтода кунанд ва ё аз хизмати Яҳува боздоранд?

Зб 56:1–4; Крн 4:18–20; 2Тм 1:8, 12

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Вқ 32:1–22. Вақте шоҳ Санҳериб бо лашкари бузург бар зидди Ерусалим баромад, шоҳи вафодор, Ҳизқиё, ба Яҳува такя карда, дили халқро қавӣ гардонд. Барои ин кораш Худо ӯро баракат дод.

    • Ибр 12:1–3. Озордеҳони Исо хостанд ӯро шарманда кунанд, аммо Исо роҳ надод, ки душманонаш ӯро рӯҳафтода гардонанд.

Озору азиятҳои мо чӣ натиҷаи хуб оварда метавонад?

Ба озмоишҳо тоб овардани мо ба Яҳува писанд аст ва номи ӯро ҷалол медиҳад

1Пт 2:19, 20; 4:12–16

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Аб 1:6–22; 2:1–10. Ҳарчанд Айюб намедонист, ки аз пушти Шайтон азоб кашида истодааст, аз Яҳува рӯ нагардонд. Ин рафтори ӯ дурӯғгӯ будани Шайтонро исбот карду номи Яҳуваро ҷалол дод.

    • Дн 1:6, 7; 3:8–30. Азбаски Ҳананё, Мишоил ва Азарё (Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу) нахостанд, ки ба Яҳува бевафоӣ кунанд, ба марги даҳшатнок розӣ шуданд. Ин кор бо он анҷомид, ки шоҳ Набукаднесар Яҳуваро ҷалол дод.

Дар натиҷаи озору азиятҳо бисёриҳо хушхабарро мефаҳманд

Лқ 21:12, 13; Крн 8:1, 4

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Крн 11:19–21. Масеҳиёне, ки аз сабаби озору азият пароканда шуда буданд, хушхабарро дар ҳар ҷо паҳн мекарданд.

    • Фп 1:12, 13. Павлуси расул хурсанд буд, ки зиндонӣ буданаш сабаби паҳн гаштани хушхабар гашт.

Ба озору азият тоб овардани мо имони ҳамимононамонро қавӣ карда метавонад

Кадом шахсон одатан сабаби озору азият дидани хизматгорони Яҳува мегарданд?

Ир 26:11; Мқ 3:6; Юҳ 11:47, 48, 53; Крн 25:1–3

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Крн 19:24–29. Дар шаҳри Эфсӯс онҳое, ки ҳайкалчаҳои Артемидаро месохтанд, суханони масеҳиёнро дар бораи бутпарастӣ шунида, тарсиданд, ки аз даромадашон мемонанд, аз ин рӯ аз пайи озори масеҳиён шуданд.

    • Ғл 1:13, 14. Пеш аз масеҳӣ шуданаш Павлус (Шоул) пайрави ашаддии дини яҳудӣ буд, барои ҳамин аҳли ҷамоатро озор медод.

Сабабгори аслии озору азияти хизматгорони Яҳува кист?