Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Расонидани хушхабар

Расонидани хушхабар

Чаро масеҳиёни ҳақиқӣ бояд дар бораи имонашон ба дигарон гап зананд?

Исо дар кори мавъиза ба мо чӣ намуна гузошт?

Лқ 8:1; Юҳ 18:37

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Лқ 4:42–44. Исо гуфт, ки барои расондани хушхабар ба замин фиристода шудааст.

    • Юҳ 4:31–34. Исо ба шогирдонаш фаҳмонд, ки расонидани хушхабар барояш ҳамчун хӯрок аст.

Оё расонидани хушхабар танҳо вазифаи бародарони масъул аст?

Зб 68:11; 148:12, 13; Крн 2:17, 18

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 4Пш 5:1–4, 13, 14, 17. Духтараки исроилӣ ба хӯҷаини арамияш дар бораи пайғамбар Элишоъ гап зад.

    • Мт 21:15, 16. Вақте кӯдакон Исоро дар ибодатгоҳ ҳамду сано гуфтанд, коҳинони калон ва шариатдонон норозигӣ баён карданд, Исо бошад, онҳоро ислоҳ кард.

Пирон дар мавъиза ва таълим додани дигарон чӣ уҳдадорӣ доранд?

Чӣ тавр Яҳува ва Исо ба мо дар кори мавъиза кумак мерасонанд?

2Қр 4:7; Фп 4:13; 2Тм 4:17

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Крн 16:12, 22–24; 1Тс 2:1, 2. Ҳарчанд ба Павлусу ҳамроҳонаш муносибати бад карданд, онҳо бо кумаки Яҳува минбаъд низ далерона расонидани хушхабарро давом доданд.

    • 2Қр 12:7–9. Воизи боғайрат, Павлуси расул, аз «неше дар ҷисм» азоб мекашид, аммо бо дастгирии Яҳува ӯ кори мавъизаро давом дод.

Кӣ ба масеҳиён ҳуқуқи мавъиза карданро додааст?

1Қр 1:26–28; 2Қр 3:5; 4:13

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Юҳ 7:15. Ҳамватанони Исо ҳайрон буданд, ки ӯ ягон мактаби диниро нахонда ин қадар донишро аз куҷо гирифтааст.

    • Крн 4:13. Расулони Исоро одамони одию нохонда меҳисобиданд, аммо онҳо воизони боғайрату ҷасур буданд.

Аз куҷо медонем, ки Яҳува мехоҳад мо ба дигарон мавъиза кардану таълим доданро ёд диҳем?

Мқ 1:17; Лқ 8:1; Эф 4:11, 12

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Иш 50:4, 5. Исо пеш аз замин омаданаш аз худи Яҳува таълим гирифта буд.

    • Мт 10:5–7. Вақте Исо дар замин буд, шогирдонашро пурсаброна таълим медод, то кори мавъизаро пеш баранд.

Мо бояд ба супориши мавъиза кардан чӣ назар дошта бошем?

Вақте мо ба дигарон хушхабарро мерасонем, чӣ ҳис мекунем?

Ҳангоми ба одамон расонидани хушхабар мо дар бораи кадом мавзуъҳо гап мезанем?

Чаро мо таълимоти дурӯғро фош мекунем?

2Қр 10:4, 5

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Мқ 12:18–27. Исо аз рӯйи Навиштаҳо ба саддуқиён фаҳмонд, ки онҳо ба зиндашавӣ бовар накарда хато мекунанд.

    • Крн 17:16, 17, 29, 30. Павлуси расул ба сокинони Атино эҳтиромона фаҳмонд, ки бутпарастӣ дуруст нест.

Мо дар кадом ҷойҳо ба одамон хушхабарро мерасонем?

Барои чӣ мо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мавъиза мекунем?

Юҳ 18:20; Крн 16:13; 17:17; 18:4

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 1:20, 21

Чаро хизмати мо пурсабрӣ ва исроркориро талаб мекунад?

Кори мавъиза чӣ натиҷа оварда метавонад?

Чаро масеҳиён бояд тайёр бошанд, ки дар ҳар вазъият мавъиза кунанд?

1Қр 9:23; 1Тм 2:4; 1Пт 3:15

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Юҳ 4:6, 7, 13, 14. Ҳарчанд Исо хаста буд, ӯ дар назди чоҳ ба зани сомарӣ дар бораи хушхабар гап зад.

    • Фп 1:12–14. Павлуси расул ҳатто ҳангоми дар ҳабс буданаш фурсатро истифода бурда мавъиза мекард ва дигаронро рӯҳбаланд месохт.

Оё мо интизор мешавем, ки ҳама ба хабарамон гӯш медиҳад?

Юҳ 10:25, 26; 15:18–20; Крн 28:23–28

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Ир 7:23–26. Ба воситаи Ирмиё Яҳува фаҳмонд, ки чӣ тавр халқаш ба пайғамбарони ӯ гӯш надод.

    • Мт 13:10–16. Исо гуфт, ки чун дар рӯзҳои пайғамбар Ишаъё бисёриҳо хабари ӯро мешунаванду онро рад мекунанд.

Чаро ҳайрон намешавем, ки бисёриҳо барои шунидани хушхабар вақт надоранд?

Аз куҷо медонем, ки баъзеҳо дар аввал хушхабарро қабул мекунанду баъд аз роҳи ҳақиқат дур мешаванд?

Намунаи кӣ ба мо кумак мекунад, то ба зиддиятҳое, ки дар хизмат рӯ ба рӯ мешавем, тайёр бошем?

Вақте одамон пеши роҳи мавъизаамонро гирифтанӣ мешаванд, мо чӣ кор мекунем?

Барои чӣ мо дилпур буда метавонем, ки баъзеҳо хушхабарро қабул мекунанд?

Худо аз онҳое, ки хушхабарро медонанд, чӣ интизор аст?

Крн 20:26, 27; 1Қр 9:16, 17; 1Тм 4:16

Ҳамчунин нигаред ба Ҳз 33:8

Чаро мо бояд ба одамони дин ва миллату нажодашон гуногун хушхабарро расонем?

Мт 24:14; Крн 10:34, 35; Ошк 14:6

Ҳамчунин нигаред ба Зб 49:1, 2

Оё ҳар рӯз, аз он ҷумла рӯзи шанбе, мавъиза кардан дуруст аст?

Кадом мисол нишон медиҳад, ки мо бояд ба ҳама, ҳатто ба касоне, ки пайрави ягон динанд, мавъиза кунем?