Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Тавба

Тавба

Чаро тамоми одамизод бояд аз гуноҳҳояш тавба карда, аз Яҳува бахшиш пурсад?

Рм 3:23; 5:12; 1Юҳ 1:8

Ҳамчунин нигаред ба Крн 26:20

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Лқ 18:9–14. Исо бо мисол қайд кард, ки мо бояд ба гуноҳҳоямон иқрор шуда, аз Яҳува кумак пурсем.

    • Рм 7:15–25. Ҳарчанд Павлуси расул имони барҷаста дошт, бо майли гунаҳкоронааш мубориза мебурд.

Вақте шахс аз гуноҳаш пушаймон мешавад, Яҳува чӣ ҳис мекунад?

Ҳз 33:11; Рм 2:4; 2Пт 3:9

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Лқ 15:1–10. Исо бо мисол фаҳмонд, ки вақте гунаҳкоре тавба мекунад, Яҳува ва фариштагон дар осмон шодӣ мекунанд.

    • Лқ 19:1–10. Заккайи сардори ҷамъоварони андоз, ки аз мардум бо зӯрӣ пул меканд, тавба намуда, ҳаёташро дигар кард, барои ҳамин сазовори раҳму наҷот гардид.

Чӣ нишон медиҳад, ки тавбаи мо самимӣ аст?

Чӣ тавр дониши ростӣ ба онҳое, ки самимона тавба кардаанд, кумак карда метавонад?

Рм 12:2; Қл 3:9, 10; 2Тм 2:25

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Крн 17:29–31. Чӣ тавр Павлуси расул ба мардуми Атино фаҳмонд, ки бутпарастӣ нишонаи нодонист, ва онҳоро ба тавба даъват кард?

    • 1Тм 1:12–15. Пеш, вақте Павлуси расул дар бораи Исо дониши аниқ надошт, ба гуноҳҳои азим даст мезад.

Чаро тавба кардан хеле муҳим аст?

Чаро дилпур буда метавонем, ки, вақте аз таҳти дил тавба мекунем, Яҳува моро мебахшад, ҳатто агар борҳои зиёд гуноҳ кунем?

Яҳува ба онҳое, ки ба гуноҳҳояшон иқрор мешаванду ҳаёташонро тағйир медиҳанд, чӣ тавр муносибат мекунад?

Зб 32:5; Пнм 28:13; 1Юҳ 1:9

Ҳамчунин нигаред ба «Раҳм»

Чаро тавба кардан танҳо зиқу пушаймон шуданро дар бар намегирад?

2Вқ 7:14; Пнм 28:13; Ҳз 18:30, 31; 33:14–16; Мт 3:8; Крн 3:19; 26:20

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Вқ 33:1–6, 10–16. Шоҳ Менашше солҳои сол корҳои бад мекард, лекин баъд худро хоксор гардонд, пайваста дуо гуфт ва тарзи ҳаёташро дигар кард. Ҳамин тавр ӯ тавбаи самимияшро нишон дод.

    • Зб 32:1–6; 51:1–4, 17. Шоҳ Довуд ба гуноҳҳояш иқрор шуда, дуо гуфт ва бо ин нишон дод, ки сахт пушаймон аст, ки бар зидди Яҳува гуноҳ кард.

Вақте касе, ки бар зидди мо гуноҳ кардааст, тавба мекунад, чаро бояд ӯро бахшем?

Мт 6:14, 15; 18:21, 22; Лқ 17:3, 4

Ҳамчунин нигаред ба «Бахшандагӣ»