Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хирад

Хирад

Барои ба даст овардани хирад чӣ муҳим аст?

Хиради ҳақиқиро аз куҷо ёфтан мумкин аст?

Оё дар дуо аз Худо хирад пурсидан раво аст?

Қл 1:9; Яқ 1:5

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Вқ 1:8–12. Шоҳи ҷавон Сулаймон дар дуо аз Худо хирад пурсид, то барои халқаш роҳбари хуб бошад. Ба Яҳува ин хоҳиши шоҳ хуш омаду хосташро ба вай ато кард.

    • Пнм 2:1–5. Хирад, рамузфаҳмӣ ва фаҳмиш монанди ганҷи пинҳонанд. Вақте онҳоро ҷӯё шавем, Яҳува дар ёфтани ин ганҷҳо ба мо ёрӣ мерасонад.

Бо кадом роҳҳо Яҳува ба мо хирад медиҳад?

Иш 11:2; 1Қр 1:24, 30; 2:13; Эф 1:17; Қл 2:2, 3

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Пнм 8:1–3, 22–31. Хирад дар Каломи Худо ҳамчун шахс тасвир ёфтааст; Навиштаҳо Писари Худо, аввалин офаридаи ӯро, хирад меномад.

    • Мт 13:51–54. Бисёре аз шунавандагони Исо намефаҳмиданд, ки чӣ тавр шахсе, ки дар байни онҳо калон шудааст, соҳиби ин қадар хиради зиёд гаштааст.

Чӣ нишон медиҳад, ки мо хиради Худоро дорем?

Чӣ тавр хирад раҳнамо ва ҳимоягари мо буда метавонад?

Хиради Худо чӣ қадар арзиш дорад?

Пнм 3:13, 14; 8:11

Ҳамчунин нигаред ба Аб 28:18

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Аб 28:12, 15–19. Ҳарчанд Айюб сахт азоб кашид, аз Яҳува барои хиради бебаҳояш миннатдор буд.

    • Зб 19:7–9. Шоҳ Довуд гуфта буд, ки Шариат ва ёдовариҳои Яҳува нодонро доно мекунад.

Чӣ тавр хиради ҷаҳони худобехабар ба мо зарар расонда метавонад?