Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Номаи Ҳайати роҳбарикунанда

Номаи Ҳайати роҳбарикунанда

Бародару хоҳарони азиз!

Мо аз муҳаббат ба Худо ва одамон супориши зерини Исоро иҷро кардан мехоҳем: «Биравед ва аз тамоми халқҳо. . . шогирд тайёр кунед. Онҳоро. . . таъмид диҳед» (Мат. 28:19, 20; Марқ. 12:28–31). Муҳаббати фидокорона қувваи бузург дорад. Он метавонад ба дили «онҳое, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ» моиланд, таъсир расонад (Кор. 13:48).

Пеш мақсади мо аз ёд кардани пешниҳод ва ба шахс додани адабиёт буд. Ҳозир бошад, мо кӯшиш мекунем, ки маҳорати суҳбат карданамонро беҳтар созем. Мо мехоҳем ба одамон муҳаббатамонро нишон диҳем ва дар бораи чизҳое гап занем, ки ба онҳо шавқовар аст. Барои ин мо бояд тез ба вазъият мутобиқ шавем ва фаҳмем, ки одамон дар бораи чӣ фикр мекунанду чӣ онҳоро ба ташвиш меорад. Ин китобча барои инкишоф додани чунин маҳорат ба мо ёрдам мекунад.

Он аз 12 дарс иборат аст. Дар ин китобча хислатҳое муҳокима мегарданд, ки ба мо дар одамдӯстиву шогирдсозӣ ёрдам мекунанд. Ҳар як дарс бар воқеаи Китоби Муқаддас асос ёфтааст. Аз он шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр Исо ё дигар воизи асри як ин ё он хислатро дар хизмат зоҳир мекард. Ҳамаи хислатҳо ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Баъзеи онҳо барои сар кардани суҳбат, дигарашон барои бедор кардани шавқи шахс ва боқимондаашон бошанд, барои гузаронидани омӯзиш лозиманд. Албатта ба гурӯҳҳо ҷудо кардани ин хислатҳо маънои онро надорад, мо онҳоро дар дигар соҳаи хизматамон истифода бурда наметавонем. Мақсади мо аз ёд гуфтани пешниҳод нест. Мо мехоҳем роҳу имкониятҳо ҷуста ба одамон муҳаббатамонро нишон диҳем.

Ҳангоми омӯхтани ҳар як хислат, фикр кунед, ки чӣ тавр шумо онро ҳангоми суҳбат бо одамони маҳалатон нишон дода метавонед. Ҳаракат кунед, ки муҳаббататон ба Яҳува ва одамон зиёд шавад, зеро аз дигар маслиҳатҳои ёрирасон муҳаббат ба шумо дар шогирдсозӣ бештар кумак мекунад.

Мо хеле хурсандем, ки паҳлу ба паҳлу бо шумо ба Яҳува хизмат мекунем (Саф. 3:9). Минбаъд низ одамонро дӯст дореду шогирд тайёр кунед! Бигзор Яҳува кӯшишҳои шуморо ба фаровонӣ баракат диҳад!

Бародарони шумо,

Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува