Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

СУҲБАТРО САР КУНЕД

ДАРСИ 1

Дар бораи одамон фикр кунед

Дар бораи одамон фикр кунед

Маслиҳат: «Муҳаббат фоидаи худро намеҷӯяд» (1 Қӯр. 13:4, 5).

Исо чӣ кор кард?

1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Юҳанно 4:6–9-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:

  1.   а) Пеш аз сар кардани суҳбат Исо ба чӣ аҳамият дод?

  2.  б) Чаро суханони «ба ман каме об деҳ», роҳи беҳтарини сар кардани суҳбат буд?

Мо аз Исо чӣ дарс мегирем?

2. Агар мо мавзуеро кушоем, ки ба шахс шавқовар аст, эҳтимоли зиёд аст, ки суҳбатамон нағз мешавад.

Мисли Исо амал кунед

3. Мулоҳизакор бошед. Шарт нест, ки суҳбатро аз мавзуе, ки ба худатон маъқул аст, сар кунед. Беҳтараш дар бораи чизе гап занед, ки ба дигарон шавқовар аст. Фикр кунед, ки. . .

  1.   а) дар дунё чӣ хату хабар аст?

  2.  б) ҳамсояҳо, ҳамкорон ё ҳамсинфонам дар бораи чӣ гап мезананд?

4. Мушоҳидакор бошед. Аз худ пурсед:

  1.   а) Шахсе, ки бо вай ҳамсуҳбат шуданиям, чӣ кор карда истодааст? Фикраш бо чӣ банд аст?

  2.  б) Сарулибос, афту андом ё хонаи шахс дар бораи эътиқод ё маданияташ чӣ мегӯяд?

  3.  в) Оё ҳозир барои суҳбат вақти мувофиқ аст?

5. Бодиққат гӯш кунед.

  1.   а) Сергапӣ накунед.

  2.  б) Ба шахс имкон диҳед, ки фикрашро баён кунад. Агар бамаврид бошад, савол диҳед.