Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

СУҲБАТРО САР КУНЕД

ДАРСИ 5

Боодобӣ

Боодобӣ

Маслиҳат: «Бигзор суханони шумо ҳамеша форам. . . бошанд» (Қӯл. 4:6).

Павлус чӣ кор кард?

1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Корнома 17:22, 23-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:

  1.   а) Вақте Павлус дар шаҳри Атино сари ҳар қадам бутро дид, чӣ ҳис кард? (Ба Корнома 17:16 нигаред.)

  2.  б) Чӣ тавр Павлус эътиқоди сокинони Атиноро ба назар гирифта эҳтиромона хушхабарро ба онҳо расонд?

Мо аз Павлус чӣ дарс мегирем?

2. Агар мо ба чӣ гуфтан, кай ва бо кадом тарз гап заданамон диққат диҳем, эҳтимоли бештар аст, ки одамон моро гӯш мекунанд.

Мисли Павлус амал кунед

3. Суханони мувофиқро интихоб кунед. Масалан, вақте бо касе, ки масеҳӣ нест, дар бораи Китоби Муқаддас ё Исо гап мезанед, калимаву ибораҳои мувофиқро истифода баред.

4. Шахсро дарҳол ислоҳ накунед. Гузоред, ки ӯ фикрашро бемалол баён кунад. Агар шахс чизе гӯяд, ки зидди гуфтаҳои Китоби Муқаддас аст, баҳс накунед (Яъқ. 1:19). Одамро бодиққат гӯш карда, шумо мефаҳмед, ки ӯ ба чӣ бовар дорад ва барои чӣ (Пнм. 20:5).

5. Агар бамаврид бошад, бо шахс розӣ шавед ва ӯро таъриф кунед. Ӯ метавонад самимона бовар дошта бошад, ки ақидаҳои диниаш дурустанд. Дар аввал дар мавзуъҳое гап занед, ки ҳамфикред ва баъд оҳиста-оҳиста ӯро бо таълимоти Китоби Муқаддас шинос кунед.

ҲАМЧУНИН НИГАРЕД БА