Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ШОГИРД ТАЙЁР КУНЕД

ДАРСИ 10

Ҷонкану фидокор бошед

Ҷонкану фидокор бошед

Маслиҳат: «Азбаски ба шумо меҳр бастем ва бароямон азиз шудед, тайёр будем, ки на танҳо хушхабари Худоро ба шумо эълон кунем, балки ҷонамонро низ фидо намоем» (1 Тас. 2:8).

Исо чӣ кор кард?

1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Юҳанно 3:1, 2-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:

  1.   а) Чаро, аз афташ, Ниқӯдимус назди Исо шабона омад? (Ба Юҳанно 12:42, 43 нигаред.)

  2.  б) Аз куҷо маълум аст, ки Исо дар тайёр кардани шогирд ҷонкану фидокор буд?

Мо аз Исо чӣ дарс мегирем?

2. Агар мо барои тайёр кардани шогирд ҷон канем, маълум мешавад, ки одамонро дӯст медорем.

Мисли Исо амал кунед

3. Омӯзишро дар вақт ва ҷойи ба омӯзанда қулай гузаронед. Омӯзанда метавонад вақт ва рӯзи омӯзишро интихоб кунад. Шояд, барои ӯ дар ҷойи кор, дар хона ё дар кӯча гузаронидани омӯзиш қулай бошад. Аз ин рӯ, ба қадри имкон ба хотири омӯзанда реҷаи худро тағйир диҳед.

4. Мунтазам омӯзиш гузаронед. Агар шумо аз ягон сабаб омӯзишро гузаронида натавонед, ба омӯзанда нагӯед, ки омӯзиш намешавад. Аввал аз худ пурсед:

  1.   а) Оё ҳамон ҳафта дар дигар рӯз омӯзишро гузаронида метавонам?

  2.  б) Оё онро ба воситаи телефон ё интернет гузаронида метавонам?

  3.  в) Оё аз дигар воиз хоҳиш карда метавонам, ки онро гузаронад?

5. Дуо гӯед, ки некбин бошед. Агар омӯзанда ҳар вақт омӯзиш накунад ё чизҳои фаҳмидаашро зуд ба кор набарад, аз Яҳува хоҳиш кунед, ки дилатон аз ӯ хунук нашавад (Флп. 2:13). Эҳтимол, омӯзандаи шумо бисёр хислатҳои нағз дорад, аз ин рӯ дуо гӯед, ки Худо диққататонро ба ин хислатҳояш равона созад.

ҲАМЧУНИН НИГАРЕД БА