Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ШОГИРД ТАЙЁР КУНЕД

ДАРСИ 12

Ошкоро гап занед

Ошкоро гап занед

Маслиҳат: «Равған ва бухур дилро шод мегардонанд, мисли дӯсте, ки самимона маслиҳат медиҳад» (Пнм. 27:9).

Исо чӣ кор кард?

1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Марқус 10:17–22-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:

  1.   а) Исо ба кадом хислатҳои неки ҷавони сарватманд аҳамият дод?

  2.  б) Чаро ба Исо лозим буд, ки ба ҷавони сарватманд бо меҳрубонӣ ва ошкоро маслиҳат диҳад?

Мо аз Исо чӣ дарс мегирем?

2. Агар хоҳем, ки омӯзанда дар роҳи ростӣ пешравӣ кунад, мо бояд бо меҳрубонӣ, вале ҳамзамон ошкоро гап занем.

Мисли Исо амал кунед

3. Ба омӯзанда ёрӣ диҳед, ки мақсадҳо монда, ба онҳо расад.

  1.   а) Аз бахши «Мақсад», ки дар ҳар як дарси китоби «То абад зинда бошед!» оварда шудааст, истифода баред.

  2.  б) Ба ӯ ёрдам кунед, то фаҳмад, ки барои ба мақсадҳои хурд ва калон расидан ӯ бояд чӣ кор кунад.

  3.  в) Омӯзандаатонро барои пешравиҳояш доимо таъриф кунед.

4. Фаҳмед, ки барои пешравӣ кардани омӯзандаатон чӣ халал мерасонад.

  1.   а) Аз худ пурсед:

    • «Чӣ ба омӯзандаам халал мерасонад, ки таъмид гирад?»

    • «Чӣ хел ман ба вай ёрдам дода метавонам?»

  2.  б) Аз Яҳува хоҳиш кунед, ки ба шумо далерӣ диҳад, то бо меҳрубонӣ ва ошкоро гӯед, ки аз кадом ҷиҳат ӯ бояд пешравӣ кунад.

5. Агар омӯзанда пешравӣ накунад, омӯзишро бас кунед.

  1.   а) Ба худ саволҳои зеринро дода, аниқ кунед, ки омӯзишатон самаранок аст ё не:

    • «Оё омӯзандаи ман чизҳои фаҳмидаашро ба кор мебарад?»

    • «Оё ба ҷамъомадҳо меояд ва ба дигарон хушхабарро мерасонад?»

    • «Агар ӯ муддати дароз омӯзиш карда истода бошад, оё Шоҳиди Яҳува шудан мехоҳад?»

  2.  б) Агар омӯзанда пешравӣ кардан нахоҳад. . .

    • аз ӯ пурсед, ки чӣ пеши роҳашро мегирад,

    • меҳрубонона фаҳмонед, ки барои чӣ шумо омӯзишро бо ӯ бас карданиед,

    • ба ӯ гӯед, ки, агар дар оянда боз омӯзиш кардан хоҳад, бояд чӣ кор кунад.