Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЗАМИМАИ А

Ҳақиқатҳое, ки дар бораашон гап заданро дӯст медорем

Ҳақиқатҳое, ки дар бораашон гап заданро дӯст медорем

Исо гуфта буд, ки одамони самимӣ ҳангоми шунидани ростӣ онро дарҳол мешиносанд (Юҳ. 10:4, 27). Барои ҳамин, ҳар боре ки бо одамон гап мезанем, мехоҳем ба онҳо ҳақиқатҳои одиро аз Китоби Муқаддас расонем. Пеш аз он ки ҳақиқати Каломро ба касе расонед, аз ӯ пурсед: «Шумо медонед, ки..?» ё «Ягон бор шунида будед, ки..?» Баъд оят(ҳо)-и мувофиқро истифода бурда ин ё он ҳақиқатро фаҳмонед. Ҳатто аз шунидани як таълимоти одӣ донаи ҳақиқат метавонад дар дили шахс ҷо шавад. Худо бошад, метавонад онро сабзонад (1 Қӯр. 3:6, 7).

 ОЯНДА

  1. 1. Рӯйдодҳои ҷаҳон ва рафтори одамон нишон медиҳанд, ки ба наздикӣ дар рӯйи замин дигаргуниҳо мешаванд (Мат. 24:3, 7, 8; Луқ. 21:10, 11; 2 Тим. 3:1–5).

  2. 2. Замин ҳеҷ гоҳ несту нобуд намешавад (Заб. 104:5; Пандгӯ 1:4).

  3. 3. Боду ҳаво муътадил мешавад ва замин ба биҳишт табдил меёбад (Иш. 35:1, 2; Ошкор. 11:18).

  4. 4. Ҳама тансиҳату саломат мешаванд (Иш. 33:24; 35:5, 6).

  5. 5. Дар замин беохир зиндагӣ карда метавонед (Заб. 37:29; Мат. 5:5).

 ОИЛА

  1. 6. Шавҳар бояд «зани худро мисли худ дӯст» дорад (Эфс. 5:33; Қӯл. 3:19).

  2. 7. Зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад (Эфс. 5:33; Қӯл. 3:18).

  3. 8. Зану шавҳар бояд ба якдигар вафодор бошанд (Мал. 2:16; Мат. 19:4–6, 9; Ибр. 13:4).

  4. 9. Фарзандоне, ки падару модарашонро ҳурмат карда ба насиҳаташон гӯш медиҳанд, муваффақ мегарданд (Пнм. 1:8, 9; Эфс. 6:1–3).

NASA, ESA and the Hubble Heritage Team (STScI/AURA)-ESA/Hubble Collaboration. Licensed under CC BY 4.0. Source.

 ХУДО

  1. 10. Худо ном дорад (Заб. 83:18; Ирм. 10:10).

  2. 11. Худо ба мо хабари муҳимро мерасонад (2 Тим. 3:16, 17; 2 Пет. 1:20, 21).

  3. 12. Худо ба ҳама бо як чашм менигарад (5 Мӯсо 10:17; Кор. 10:34, 35).

  4. 13. Худо ба мо ёрдам кардан мехоҳад (Заб. 46:1; 145:18, 19).

 ДУО

  1. 14. Худо мехоҳад, ки мо ба ӯ дуо гӯем (Заб. 62:8; 65:2; 1 Пет. 5:7).

  2. 15. Китоби Муқаддас ба мо мефаҳмонад, ки чӣ хел дуо гӯем (Мат. 6:7–13; Луқ. 11:1–4).

  3. 16. Мо бояд мунтазам дуо гӯем (Мат. 7:7, 8; 1 Тас. 5:17).

 ИСО

  1. 17. Исо Устоди Бузург буд ва панду насиҳатҳояш имрӯз ҳам ба одамон фоида меоранд (Мат. 6:14, 15, 34; 7:12).

  2. 18. Исо воқеаҳои имрӯзаро пешгӯйӣ карда буд (Мат. 24:3, 7, 8, 14; Луқ. 21:10, 11).

  3. 19. Исо Писари Худо аст (Мат. 16:16; Юҳ. 3:16; 1 Юҳ. 4:15).

  4. 20. Исо Худо нест (Юҳ. 14:28; 1 Қӯр. 11:3).

Based on NASA/Visible Earth imagery

 ПОДШОҲИИ ХУДО

  1. 21. Подшоҳии Худо ҳокимияти воқеӣ дар осмон мебошад (Дон. 2:44; 7:13, 14; Мат. 6:9, 10; Ошкор. 11:15).

  2. 22. Подшоҳии Худо ҷойи дигар ҳокимиятҳои инсониро мегирад (Заб. 2:7–9; Дон. 2:44).

  3. 23. Танҳо Подшоҳии Худо тамоми душвориҳои одамизодро ҳал карда метавонад (Заб. 37:10, 11; 46:9; Иш. 65:21–23).

 РАНҶУ АЗОБ

  1. 24. Дарду азоби мо аз Худо нест (5 Мӯсо 32:4; Яъқ. 1:13).

  2. 25. Тамоми ҷаҳон дар таги дасти Шайтон аст (Луқ. 4:5, 6; 1 Юҳ. 5:19).

  3. 26. Худо ранҷу азобатонро мебинад ва ёрдам додан мехоҳад (Заб. 34:17–19; Иш. 41:10, 13).

  4. 27. Худо ба наздикӣ тамоми дарду азобро нест мекунад (Иш. 65:17; Ошкор. 21:3, 4).

 МАРГ

  1. 28. Мурдагон ҳеҷ чизро намефаҳманд ва азоб намекашанд (Пандгӯ 9:5; Юҳ. 11:11–14).

  2. 29. Мурдагон ба мо ёрдам ё зарар расонида наметавонанд (Заб. 146:4; Пандгӯ 9:6, 10).

  3. 30. Наздикони вафоткардаамон зинда мешаванд (Айюб 14:13–15; Юҳ. 5:28, 29; Кор. 24:15).

  4. 31. «Марг дигар намешавад» (Ошкор. 21:3, 4; Иш. 25:8).

 ДИН

  1. 32. На ҳама динҳо ба Худо писанданд (Ирм. 7:11; Мат. 7:13, 14, 21–23).

  2. 33. Худо аз дурӯягӣ нафрат дорад (Иш. 29:13; Мико 3:11; Марқ. 7:6–8).

  3. 34. Пайравони дини ҳақиқиро аз рӯйи муҳаббаташон шинохтан мумкин аст (Мико 4:3; Юҳ. 13:34, 35).