Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Маълумот барои ҳозирон

Маълумот барои ҳозирон

ТАНЗИМГАРОН Ин шахсон барои он таъйин шудаанд, ки ба шумо ёрдам кунанд. Илтимос, бо онҳо ҳамкорӣ карда ба дастуроташон оиди дар куҷо мондани мошин, ҷамъшавии одамон, ишғол кардани ҷой ва ғайра бодиққат бошед.

ТАЪМИД Барои онҳое, ки таъмид гирифтаниянд, дар толори асосӣ дар қатори якум ҷойи махсус ҷудо карда шудааст (агар дигар дастурот дода нашуда бошад). Таъмидгирандагон бояд ҷойҳои худро рӯзи шанбе пеш аз сар шудани суханронии таъмид ишғол кунанд. Ҳар яки онҳо бояд бо худ барои таъмид либоси хоксорона ва сачоқ биёранд.

ХАЙРИЯ Дар анҷуман барои ҳозирон ба таври кофӣ ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст, таҷҳизот барои баландкунии овоз ва видеонаворҳо дастрас шудаанд, то ки анҷуман нағз гузарад ва муносибатамон бо Яҳува қавӣ гардад. Ҳамчунин шуъбаҳои гуногун барои хизматрасонӣ омода шудаанд. Барои ҳамаи ин маблағ ҷудо карда шудааст. Хайрияи шумо барои рӯпӯш кардани хароҷоти анҷуман ва кори умумиҷаҳонӣ ёрдам мекунад. Қуттиҳо барои хайрия дар ҷои намоён ҷойгир шудаанд ва навиштаҷоти махсус доранд. Шумо ҳамчунин метавонед тавассути donate.pr418.com ба таври онлайн хайрия кунед. Хайрияи шумо беҳад қадр карда мешавад. Ҳайати роҳбарикунанда хеле миннатдор аст, ки шумо кори Подшоҳиро дастгирӣ мекунед.

ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ Илтимос, дар хотир доред, ки ин шуъба танҳо дар ҳолати таъҷилӣ кумак мерасонад.

ШУЪБАИ АШЁҲОИ ГУМШУДА Ҳамаи чизҳои ёфташуда бояд ба шуъбаи чизҳои гумшуда баргардонида шаванд. Агар шумо ягон чизи худро гум карда бошед, ба ин шуъба муроҷиат кунед ва дар бораи ашёи худ маълумот диҳед. Кӯдаконе, ки волидонашонро гум кардаанд, бояд ба ин шуъба бурда шаванд. Лекин ба ин шуъба чун ба боғчаи бачагона муносибат накунед. Илтимос, кӯдаконатонро назорат кунед ва ҳамроҳашон бошед.

ҶОЙИ НИШАСТ Илтимос, ба дигарон беаҳамиятӣ накунед. Дар хотир доред, ки шумо танҳо барои аъзои оила, барои касоне, ки бо шумо дар як нақлиёт омаданд, барои ҳамзистон ё омӯзандагони худ ҷой гирифта метавонед. Хоҳиш мекунем беҳуда ҷойҳои холиро бо чизу чораи худ банд накунед.

ИХТИЁРИЁН Агар шумо ба рӯбучини Толори анҷуман ёрдам доданӣ бошед, лутфан ба шуъбаи маълумот ва ихтиёриёни анҷуман муроҷиат кунед.

Arranged by the Governing Body of Jehovah’s Witnesses

© 2024 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania