Шоҳидони Яҳува киҳоянд?
Ҳарчанд мо аз садҳо миллату нажод бошем ҳам, лекин мақсадҳои умумӣ моро бо ҳам муттаҳид месозанд. Пеш аз ҳама, мо мехоҳем, ки Яҳува Худо, Офаридгори тамоми оламро, ки дар борааш Китоби Муқаддас нақл мекунад, ҷалол диҳем. Мо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем, то ба пайғамбар Исо пайравӣ намоем ва аз шогирдони ҳақиқии ӯ номида шуданамон фахр мекунем. Ҳар яки мо мунтазам вақти худро ҷудо карда ба одамон ёрӣ медиҳем, ки дар бораи Китоби Муқаддас ва Подшоҳии Худо фаҳманд. Азбаски мо дар бораи Яҳува Худо ва Подшоҳии Ӯ шаҳодат медиҳем ё гап мезанем, моро чун Шоҳидони Яҳува мешиносанд.
Бо сайти мо шинос шавед. Китоби Муқаддасро онлайн хонед. Дар бораи мо ва таълимотамон маълумоти бештар гиред.