Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба рӯҳияи ин ҷаҳон муқобилат кунед

Ба рӯҳияи ин ҷаҳон муқобилат кунед

Ба рӯҳияи ин ҷаҳон муқобилат кунед

«Мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост» (1 ҚӮР. 2:12).

1, 2. а) Дар Британия, дар конҳои коркарди ангишт чаро канарейкаҳоро нигоҳ медоштанд? б) Ба масеҳиён чӣ таҳдид мекунад?

СОЛИ 1911 ҳукумати Британия барои бехатар гардонидани кори ангиштканон қонун баровард. Мувофиқи ин қонун дар ҳар кони коркарди ангишт бояд ду канарейка (намуди парранда) дар қафас нигоҳ дошта мешуд. Бо кадом мақсад? Вақте ки дар кон ногаҳон сӯхтор ба амал меомад, кормандони хадамоти наҷот канарейкаро бо худ гирифта, зери замин медаромаданд. Чунки ин паррандагони хурд газҳои заҳролуд, аз ҷумла оксиди карбони дувалентаро тез ҳис мекунанд. Дар сурати заҳролуд шудани ҳаво онҳо безобита гашта, ҳатто аз чӯби қафас, ки дар он нишаста буданд, меафтанд. Чунин аломати аз хатар пешакӣ огоҳкунанда ҳаётан муҳим буд. Гази карбон — гази берангу бебӯй аст. Он пайваст шудани гази оксигенро бо эритротситҳои хун бозмедорад, ки дар натиҷа дар бадани инсон норасоии оксиген ба вуҷуд меояд. Инсон ин газро дар таркиби ҳавое, ки нафас мекашад, ҳис намекунад. Оқибат одам заҳролуд гашта, метавонад аз ҳуш равад ва сипас бимирад.

2 Масеҳиён дар шароите ба Худо хидмат мекунанд, ки ба шароити кори ангиштканон монанд аст. Аз кадом ҷиҳат? Вақте ки Исо ба шогирдонаш дар сар то сари замин паҳн кардани хушхабарро супориш дод, ӯ хуб медонист, ки онҳо дар ҷаҳоне мавъиза хоҳанд кард, ки дар он Шайтону рӯҳияи ӯ ҳукмфармоянд (Мат. 10:16; 1 Юҳ. 5:19). Исо нисбати шогирдонаш чунон дар ташвиш буд, ки шаби пеш аз маргаш ба Падар дуо карда, гуфт: «Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намоӣ» (Юҳ. 17:15).

3, 4. Исо пайравонашро аз чӣ огоҳ кард ва чаро он барои мо низ аҳамият дорад?

3 Исо шогирдонашро огоҳ кард, ки агар онҳо рӯҳан бедору ҳушёр набошанд, ҳаётро аз даст хоҳанд дод. Суханони ӯ барои мо, ки дар анҷоми тартиботи шарирона зиндагӣ мекунем, аҳамияти махсус доранд. Исо ба шогирдонаш таъкид карда, гуфт: «Ҳама вақт бедор бошед ... то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед» (Луқ. 21:34–36). Аммо Исо ҳамчунин ваъда дод, ки Падараш рӯҳулқудс медиҳад, то ки он ба шогирдонаш суханони Исоро хотиррасон кунад ва барои рӯҳан ҳушёру қавӣ монданашон кӯмак намояд (Юҳ. 14:26).

4 Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё ба мо ҳам рӯҳулқудс кӯмак мекунад? Чӣ бояд кард, то Худо ба мо низ рӯҳулқудс диҳад? Рӯҳ ё рӯҳияи ин ҷаҳон чист ва он чӣ таъсире ба мо мерасонад? Ва мо чӣ гуна ба он бомуваффақият муқобилат карда метавонем? (1 Қӯринтиён 2:12-ро бихонед.)

Рӯҳулқудс ё рӯҳияи ин ҷаҳон?

5, 6. Рӯҳулқудс ба мо чӣ гуна кӯмак мекунад ва барои он ки Худо ба мо рӯҳи муқаддасашро диҳад, бояд чӣ кор кунем?

5 Рӯҳулқудс на танҳо ба масеҳиёни асри I кӯмак мекард. Имрӯз низ он ба мо қувват мебахшад, то мо дуруст рафтор кунем ва дар хидмат бо ҷидду ҷаҳд иштирок намоем (Рум. 12:11; Фил. 4:13). Ҳамчунин зери таъсири он мо дар худ хусусиятҳое мисли муҳаббат, меҳрубонӣ ва некӯкорӣ, ки самари рӯҳанд, инкишоф медиҳем (Ғал. 5:22, 23). Аммо Яҳува Худо рӯҳи худро ба касоне, ки онро гирифтан намехоҳанд, маҷбуран намедиҳад.

6 Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки аз худ бипурсем: “Чӣ кор кунам, ки Худо ба ман рӯҳулқудс диҳад?”. Китоби Муқаддас чанд маслиҳати амалиро пешкаш мекунад. Қадами муҳим ва оддӣ — дар дуо пурсидани рӯҳулқудс мебошад (Луқо 11:13-ро бихонед.) Қадами дигар — омӯзиши Каломи Худо ва ба кор бурдани маслиҳатҳои он аст (2 Тим. 3:16). Танҳо хондани Китоби Муқаддас кофӣ нест. Каломи Худоро аз таҳти дил, самимона омӯхтан лозим аст, то ки он ба эҳсосот ва тарзи фикррониямон таъсир бирасонад. Инчунин эътироф намудани нақши Исо муҳим аст. Худо ӯро чун намояндаи худ таъин кардааст ва ба воситаи ӯ рӯҳулқудс медиҳад (Юҳ. 13:20). Аз ин рӯ, мо бояд ба намунаи Исо пайравӣ намуда, мувофиқи таълимоти вай зиндагӣ кунем (1 Пет. 2:21). Ҳар чӣ қадар беҳтар мо ба намунаи Масеҳ пайравӣ намоем, ҳамон қадар бештар рӯҳи муқаддас хоҳем гирифт.

7. Рӯҳияи ин ҷаҳон чӣ гуна ба одамон таъсир мекунад?

7 Баръакс, зери таъсири рӯҳ ё рӯҳияи ин ҷаҳон одамон хусусиятҳоеро зоҳир мекунанд, ки ба Шайтон хосанд. (Эфсӯсиён 2:1–3-ро бихонед.) Ин рӯҳия дар чӣ зоҳир мегардад? Рӯйдодҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, он одамонро ба вайрон кардани меъёрҳои Худо бармеангезад. Зери таъсири ин рӯҳия одамон аз рӯи «шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ» амал мекунанд (1 Юҳ. 2:16). Рӯҳияи ин ҷаҳон касро ба «корҳои ҷисм» бармеангезад, аз он ҷумла ба зино, бутпарастӣ, ҷодугарӣ, рашку ҳасад, хашму ғазаб, майпарастӣ (Ғал. 5:19–21). Ин рӯҳия ба паҳн гаштани таълимоти осиён (онҳое, ки аз ҳақиқат рӯ тофтаанд), мусоидат мекунад. Ин таълимот чизи муқаддасро нопок мегардонад (2 Тим. 2:14–18). Ҳар қадаре ки кас худро зери таъсири рӯҳияи ин ҷаҳон қарор диҳад, ҳамон қадар шахсияташ ба шахсияти Шайтон монанд мегардад.

8. Ҳар кас бояд чиро интихоб намояд?

8 Мо ҳамеша зери таъсири ин ё он рӯҳия қарор дорем. Ҳар кас бояд интихоб намояд, ки зери таъсири кадом рӯҳ будан мехоҳад — рӯҳулқудси Худо ё рӯҳияи ин ҷаҳон. Касоне ки ҳоло зери таъсири рӯҳияи ин ҷаҳонанд, метавонанд аз таъсири он озод гашта, зери таъсири рӯҳулқудс қарор гиранд. Аммо баръакс шуданаш ҳам мумкин аст. Онҳое ки муддате зери таъсири рӯҳулқудси Худо буданд, метавонанд зери таъсири рӯҳияи ин ҷаҳон қарор гиранд (Фил. 3:18, 19). Биёед бубинем, ки чӣ гуна мо ба рӯҳияи ин ҷаҳон муқобилат карда метавонем.

Ба аломатҳои нахустини хатар аҳамият диҳед

9–11. Зери таъсироти рӯҳияи ин ҷаҳон афтодани худро чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?

9 Чӣ тавре ки дар боло гуфта шуд, ангиштканони Британия канарейкаҳоро барои ҳарчи пештар муайян намудани заҳролудии ҳаво истифода мебурданд. Вақте ки беҳуш шуда, афтидани паррандаро медиданд, ангиштканон бояд фавран амал менамуданд, зеро дар акси ҳол, онҳо мемурданд. Аммо аломатҳои нахустине, ки зери таъсири рӯҳияи ин ҷаҳон қарор гирифтанамонро нишон медиҳанд, кадоманд?

10 Вақте ки мо ҳақиқатро аз Каломи Худо фаҳмида, сипас ҳаётамонро ба Яҳува бахшидем, эҳтимол Китоби Муқаддасро бо майли том мехондем, бисёр ва самимона дуо мегуфтем ва аз ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад баҳра мебурдем. Ҳар яки ин вохӯриҳо мисли чашмае дар биёбони хушк буданд ва бароямон таровати рӯҳонӣ мебахшиданд. Ҳамаи ин амалҳо кӯмак намуданд, ки мо аз таъсири рӯҳияи ин ҷаҳон озод гардем.

11 Оё шумо то ба ҳол кӯшиш мекунед, ки Китоби Муқаддасро ҳар рӯз бихонед? (Заб. 1:2). Оё шумо мисли пештара бисёр ва самимона ба Яҳува дуо мегӯед? Оё шумо вохӯриҳои ҷамъомадро дӯст медоред ва ба ҳамаи вохӯриҳо ҳар ҳафта ташриф меоред? (Заб. 83:11). Ё худ баъзеи ин одатҳоятон гум шудаанд? Албатта, мо масъулиятҳои зиёде дорем, ки иҷроиши онҳо вақту қуввати бисёрро металабанд ва бароямон риоя кардани реҷаи хуби рӯҳониро мушкил гардонда метавонанд. Лекин агар баъзе одатҳои хуби рӯҳониамон бо мурури вақт гум шуда бошанд, оё ин нишонаи он нест, ки мо зери таъсироти рӯҳияи ин ҷаҳон афтодаем? Магар мо барои барқарор намудани одатҳои хуби пештараамон бо тамоми қувват кӯшиш намекунем?

Бигзор дили шумо сахт нашавад

12. Исо ба шогирдонаш аз кӣ «бохабар бошед» гуфт ва чаро?

12 Боз бо кадом роҳ мо ба рӯҳияи ин ҷаҳон муқобилат карда метавонем? Исо пеш аз он ки шогирдонашро ба бедор ва ҳушёр будан ташвиқ кард, онҳоро аз баъзе хатарҳо огоҳ намуд. Вай гуфт: «Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд» (Луқо 21:34, 35).

13, 14. Оиди пурхӯриву бадмастӣ кадом саволҳоро ба худ бояд дод?

13 Дар бораи суханони огоҳкунандаи Исо мулоҳиза кунед. Оё ӯ бо ин аз хӯрдану нӯшидан лаззат бурданро маҳкум кардан мехост? Не! Албатта Исо аз ин суханони Сулаймон бохабар буд: «Донистам, ки барои онҳо [банӣ–одам] чизе хубтар аз ин нест, ки айшу тараб намоянд ва дар ҳаёти худ некӣ кунанд. Ва агар ҳар одам бихӯрад ва бинӯшад ва аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад,— ин низ атои Худост» (Воиз 3:12, 13). Лекин Исо медонист, ки рӯҳияи ин ҷаҳон одамонро ба баднафсӣ, яъне ба пурхӯриву бадмастӣ бармеангезад.

14 Чӣ тавр муайян кунем, ки оё рӯҳияи заҳролуди ин ҷаҳон муносибати моро ба пурхӯриву майпарастӣ тағйир додааст ё не? Аз худ бипурсед: “Ба он чизе ки дар Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфта оиди пурхӯрӣ гуфта шудааст, муносибати ман чӣ гуна мебошад? Оё ман ин маслиҳатҳоро бемаврид ё азҳадгузаранда ҳисобида, бо ин роҳ худамро сафед мекунам? * Назари ман ба маслиҳатҳо оиди истеъмоли бомулоҳизаи нӯшокиҳои спиртӣ, маст нашудан ва дар баъзе мавридҳо умуман нанӯшидани онҳо чӣ гуна аст? Ё ба фикри ман, чунин маслиҳатҳо ба ман дахл надоранд? Агар дигарон гӯянд, ки ман тез–тез ва бисёр менӯшам, оё ман худро сафед мекунам ё ба ғазаб меоям? Оё ман дигаронро ташвиқ мекунам, ки онҳо ба ин маслиҳатҳои Китоби Муқаддас аҳамияти ҷиддӣ надиҳанд?” Бале, муносибати мо ба ин маслиҳатҳо нишон медиҳад, ки мо зери таъсири рӯҳияи ин ҷаҳон қарор дорем ё не (Бо Румиён 13:11–14 қиёс кунед).

Нагузоред, ки андешаҳои дунё шуморо пахш намоянд

15. Исо ба кадом майли инсонӣ ишора кард?

15 Барои он ки ба таъсири рӯҳияи ин ҷаҳон муқобилат кунем, мо инчунин бояд аз ҳад зиёд ба ташвишу хавотирӣ дода нашавем. Исо медонист, ки одамони нокомил барои қонеъ гардонидани ниёзҳои оддии инсонӣ майли аз ҳад зиёд ғам хӯрдан доранд. Аз ин рӯ, вай бо муҳаббат ба шогирдонаш гуфт: «Ғамхорӣ накунед» (Мат. 6:25). Фаҳмост, ки мо бояд дар бораи чизҳои муҳим, масалан, оиди мақбул омадан ба Худо, иҷрокунии масъулиятҳои масеҳӣ ва таъмини оила ғамхорӣ намоем (1 Қӯр. 7:32–34). Пас Исо бо ин суханонаш чӣ гуфтанӣ буд?

16. Рӯҳияи ин ҷаҳон ба аксари одамон чӣ гуна таъсир мерасонад?

16 Одамонро одатан ба ғаму ташвишхӯриҳои аз ҳад зиёд рӯҳияи ин ҷаҳон бармеангезад, ки он аксар вақт дар «ғурури зиндагонӣ», яъне дар фахркунӣ аз дороии худ зоҳир мегардад. Ин ҷаҳон одамонро бовар кунондан мехоҳад, ки гӯё пул кафолати бехатарист ва гӯё қадру қимати одамро на хислатҳои рӯҳонии ӯ, балки миқдори молу мулкаш муайян менамояд. Одамоне, ки фирефтаи ин ташвиқоти бардурӯғ гаштаанд, ғуломи хоҳиши сарватмандшавӣ гашта, ҳамеша дар ташвиши харидани чизҳои навтарин, беҳтарин ва қиматтарин мебошанд (Мас. 18:11). Чунин муносибати нодуруст ба чизҳои моддӣ сабаби ғаму ташвишҳои аз ҳад зиёд гашта, ба рушди рӯҳонии шахс халал мерасонад. (Матто 13:18, 22-ро бихонед.)

17. Барои кам кардани ғаму ташвишҳо чӣ бояд кард?

17 Агар ба амри Исо гӯш диҳем, моро ғаму ташвишҳои аз ҳад зиёд пахш нахоҳанд кард. Ӯ гуфт: «Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед». Исо итминон мебахшад, ки агар мо чунин амал намоем, ҳамаи он чизе, ки ба он дар ҳақиқат эҳтиёҷ дорем, ба таври илова дода хоҳад шуд (Мат. 6:33). Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо ба ин ваъда эътимод дорем? Мо бояд пеш аз ҳама адолати Худоро биҷӯем, яъне меъёрҳои Ӯро риоя намоем, аз он ҷумла дар масъалаҳои пулию молӣ. Масалан, мо боинсофона андоз месупорем ва дар корҳои тиҷоратӣ “камакак” ҳам дурӯғ намегӯем. Барои иҷро кардани ӯҳдадориҳои пулию молии худ, аз он ҷумла ҳангоми баргардонидани қарз, мо ҳама кори аз дастамон меомадаро мекунем, то «оре» гуфтани мо, ҳамеша маънои «оре»-ро дошта бошад (Мат. 5:37; Заб. 36:21). Шояд аз чунин боинсофӣ мо бой нашавем, лекин бо ин мо дар назари Худо илтифот пайдо мекунем, виҷдони пок хоҳем дошт ва камтар ташвишу хавотирӣ мекашем.

18. Исо ба мо дар чӣ намунаи хубе гузошт ва чаро бояд ба намунаи ӯ пайравӣ намоем?

18 Пеш аз ҳама ҷустани Малакути Худо маънои дар ҳаётамон ба ҷои аввал гузоштани манфиатҳои онро дорад. Ба намунаи Исо аҳамият диҳед. Ӯ либоси хушсифат ва қимат мепӯшид (Юҳ. 19:23). Ҳамроҳи дӯстони наздикаш Исо аз хӯрдани хӯроку нӯшидани шароб лаззат мебурд (Мат. 11:18, 19). Вале чизу чора ва истироҳату фароғат дар ҳаёти вай мисли мурчу намак буданд, на худи хӯрок ё ғизо. Ғизои Исо иҷроиши иродаи Яҳува буд (Юҳ. 4:34–36). То чӣ андоза ҳаёти мо пурмазмун хоҳад гашт, агар ба намунаи Исо пайравӣ намоем! Ба воситаи Навиштаҳо шахсони маъюсу рӯҳафтодаро тасаллӣ бахшида, мо хурсанд хоҳем шуд. Муҳаббату дастгирии аъзоёни ҷамъомад дили моро шод мегардонад. Мо дили Яҳуваро хурсанд мекунем. Агар дар ҳаётамон афзалиятҳо ба таври дуруст гузошта шуда бошанд, мо ғуломи пулу чиз ва вақтхушиҳо намешавем. Баръакс онҳо ғуломи мо ё воситае мегарданд, ки бароямон дар ибодати Яҳува кӯмак мекунанд. Чӣ қадаре ки мо дар ҷустани манфиатҳои Салтанати Худо фаъолтар бошем, ҳамон қадар эҳтимолияти зери таъсири рӯҳияи ин ҷаҳон қарор гирифтанамон камтар мегардад.

Дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр кунед

19–21. Чӣ ба мо кӯмак менамояд, то дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр кунем ва чаро ин муҳим аст?

19 Корҳо самари фикрҳоянд. Амалҳое, ки бисёриҳо онҳоро беақлона меҳисобанд, одатан натиҷаи фикрронии ҷисмонианд. Аз ин рӯ, Павлуси расул хотиррасон мекунад, ки мо ба тарзи фикррониамон аҳамият диҳем. Ӯ менависад: «Зеро онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр меронанд, вале онҳое ки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр меронанд» (Рум. 8:5).

20 Чӣ бояд кунем, то нагузорем, ки рӯҳияи ин ҷаҳон ба тарзи фикрронӣ ва бо ин роҳ ба амалҳои мо таъсир намояд? Мо бояд ҳамаи он маълумотеро, ки ба майнаамон дохил мешавад, аз “ғалбер” гузаронем ва то қадри имкон фикррониамонро аз таъсироти манфии ин ҷаҳон ҳифз кунем. Масалан, мо эҳтиёткорона намуди вақтхушиҳоро интихоб мекунем ва бо тамошои барномаҳое, ки бадахлоқӣ ё зӯроваририро ташвиқ менамоянд, майнаи худро ифлос намекунем. Мо медонем, ки рӯҳи муқаддас, яъне пок дар майнаи нопокгашта сокин намешавад (Заб. 10:5; 2 Қӯр. 6:15–18). Ба воситаи хониши мунтазами Китоби Муқаддас, дуо, мулоҳиза ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад мо рӯҳулқудси Худоро ба майнаамон «даъват» мекунем. Инчунин ҳангоми иштироки мунтазам дар хидмати мавъиза мо бо рӯҳулқудс ҳамкорӣ менамоем.

21 Бешубҳа, мо бояд ба рӯҳияи ин ҷаҳон, ки ба қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм бармеангезад, муқобилат намоем. Аммо чунин мубориза ба кӯшишҳо меарзад, зеро Павлус гуфтааст: «Фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ — ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ» (Рум. 8:6).

[Эзоҳ]

^ сарх. 14 Пурхӯрӣ — ин муносибати нодуруст ба хӯрок аст ва дар баднафсӣ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, пурхӯр будани одамро на вазни ӯ, балки муносибати вай ба хӯрок муайян менамояд. Шахс бо вуҷуди вазни зиёд надоштанаш, ё ҳатто лоғар буданаш, метавонад пурхӯр бошад. Аммо фарбеҳӣ метавонад ирсӣ ё худ натиҷаи ягон беморӣ бошад. Бинобар ин, омили муайянкунандаи пурхӯрӣ на вазни инсон, балки муносибати нодурусти вай ба хӯрок аст. (Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1–уми ноябри с. 2004, бахши “Саволҳо аз хонандагон” нигаред.)

Оё шумо дар хотир доред?

• Барои он ки Яҳува ба мо рӯҳуқудсашро диҳад, бояд чӣ кор кунем?

• Бо кадом роҳҳо рӯҳияи ин ҷаҳон ба мо таъсир мекунад?

• Чӣ гуна мо ба рӯҳияи ин ҷаҳон муқобилат карда метавонем?

[Саволҳо барои омӯзиш]