Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бигзор мукофот ҳамеша пеши назаратон бошад

Бигзор мукофот ҳамеша пеши назаратон бошад

Бигзор мукофот ҳамеша пеши назаратон бошад

«Ман сӯи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолибонаи даъвати Худост» (ФИЛ. 3:14).

1. Гирифтани кадом мукофотро Павлус интизор буд?

ПАВЛУСИ РАСУЛ, ки ӯро чун Шоули Тарсусӣ низ мешинохтанд, аз ҷумлаи ашрофзодагон буд. Дини аҷдодонро ба ӯ устоди бузурги Шариат Ҷамлиил таълим дода буд (Аъм. 22:3). Ба ақидаи бисёриҳо Павлусро мансабу мартабаи баланде дар пеш буд. Вале ӯ дини аҷдодони худро тарк карда, масеҳӣ гашт. Аз он вақт вай бо умеди гирифтани мукофоти ҳаёти абадӣ зиндагӣ мекард. Павлус медонист, ки ба вай маргнопазирӣ дода мешавад ва ӯ дар Салтанати осмонии Худо чун подшоҳ ва коҳин хидмат мекунад ва ин Салтанат бар биҳишти рӯи замин ҳукмронӣ менамояд (Мат. 6:10; Ваҳй 7:4, 20:6).

2, 3. Павлус мукофоти ҳаёти осмониро то чӣ андоза баланд қадр мекард?

2 Павлус ин мукофотро бениҳоят қадр мекард. Ӯ гуфт: «Он чи барои ман бартарӣ буд, ба хотири Масеҳ нуқсон донистам. Ва ҳанӯз ҳамаашро ба хотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам» (Фил. 3:7, 8). Пас аз фаҳмидани мақсадҳои Яҳува нисбати инсоният Павлус ба мақому мартаба, боигарӣ, мансаб ва шӯҳратмандӣ, ки дар назари аксарияти мардум муҳиманд, чун ба партов менигарист.

3 Акнун барои Павлус аз ҳама чизи муҳим дониши пурарзиш оиди Яҳува ва Масеҳ буд. Дар бораи ин дониш Исо дар дуо гуфт: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд» (Юҳ. 17:3). Хоҳиши қавии ба ҳаёти ҷовидона расидани Павлусро суханони худи ӯ тасдиқ мекунанд. Дар Филиппиён 3:14 мо мехонем: «Ман сӯи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолибонаи даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ». Бале, мукофоти Павлус ҳамеша пеши назараш буд, яъне ӯ бо умеди он ки дар осмон ҷовидона зиндагӣ мекунад ва яке аз ҳокимони Салтанати Худо мегардад, умр ба сар мебурд.

Ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин

4, 5. Миллионҳо нафаронеро, ки имрӯз иродаи Худоро иҷро мекунанд, чӣ мукофоте интизор аст?

4 Барои аксарияти касоне, ки иҷрои иродаи Худоро ихтиёр намудаанд, мукофоти ба кӯшиш арзанда — ин ҳаёти ҷовидонӣ дар дунёи нави Худо мебошад ( Заб. 36:11, 29). Исо тасдиқ намуд, ки ин умед беасос нест. Ӯ гуфт: «Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд» (Мат. 5:5). Мувофиқи Забур 2:8 худи Исо меросгирандаи асосии замин аст ва ҳамроҳи ӯ дар осмон 144 000 нафар ҳукмронӣ хоҳанд кард (Дон. 7:13, 14, 22, 27). Гӯсфандони дигар, ки дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд, қаламрави заминии «Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам» барои онҳо муҳайё шудааст, мерос хоҳанд гирифт (Мат. 25:34, 46). Ба амалӣ гаштани ҳамаи ин шубҳае нест, зеро «Худо, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд», онро ваъда додааст (Тит. 1:2). Мо низ мисли Еҳушаъ ибни Нун ба иҷрошавии ваъдаҳои Худо эътимод дошта метавонем. Ӯ ба исроилиён гуфта буд: «Як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст; ҳамааш барои шумо ба амал омадааст, як сухан ҳам аз онҳо зоеъ нарафтааст» (Еҳ. 23:14).

5 Зиндагӣ дар дунёи нави Худо мисли имрӯза нахоҳад буд. Он ба куллӣ фарқ хоҳад кард. Дар дунёи нав дигар ҷанг, ҷинояткорӣ, камбағалӣ, беадолатӣ, беморӣ ва марг нахоҳанд буд. Он гоҳ одамон комилан сиҳат мегарданд ва дар замине, ки ба биҳишт мубаддал мешавад, зиндагӣ мекунанд. Ҳаёт пурмаънову қонеъкунанда ва аз ҳар орзуву хаёламон бештар хоҳад буд. Бале, дар дунёи нав ҳар рӯзи зиндагӣ лаззати бисёр меорад. Чӣ мукофоти олиҷанобе!

6, 7. а) Чӣ тавр Исо нишон дод, ки дар дунёи нав моро чӣ дигаргуниҳо интизоранд? б) Чӣ тавр ба мурдагон имконияти аз нав зистан дода мешавад?

6 Ҳангоми дар замин буданаш Исо бо кӯмаки рӯҳулқудси Худо нишон медод, ки дар дунёи нав чӣ дигаргуниҳои аҷоибе дар тамоми рӯи замин ба амал хоҳанд омад. Масалан, Исо ба марде, ки 38 сол боз фалаҷ буд, гуфт: «Бархез... ва бирав». Ва Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки он мард бархост ва «ба роҳ даромад». (Юҳанно 5:5–9-ро бихонед.) Дар мавриди дигар, Исо «як кӯри модарзодро дид» ва ӯро сиҳат кард. Баъдтар, вақте ки аз он мард дар бораи Касе, ки ӯро шифо бахшид, пурсиданд, вай ҷавоб дод: «Ҳаргиз шунида нашудааст, ки касе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад. Агар Ӯ аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист» (Юҳ. 9:1, 6, 7, 32, 33). Ҳамаи ин аз дасти Исо меомад, зеро Худо ба ӯ қудрат медод. Ҳар куҷое ки наравад, Исо «касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд» сиҳат мекард (Луқ. 9:11).

7 Исо на танҳо беморон ва маъюбонро шифо бахшида метавонист, ӯ ҳамчунин қудрати эҳё кардани мурдагонро дошт. Масалан, боре духтарчаи 12-солае мурд, ки ин боиси ғаму андӯҳи бузурги волидонаш гашт. Вале Исо гуфт: «Эй духтар, туро мегӯям, бархез». Ва духтарак бархост! Волидон ва одамони дигаре, ки он ҷо буданд, аз дидани ин «хеле дар ҳайрат монданд» [«бениҳоят хурсанд шуданд», ТДН]. (Марқӯс 5:38–42-ро бихонед.) Дар дунёи нави Худо вақте ки миллиардҳо одамон эҳё мешаванд, хурсандии бепоён ҳукмфармо хоҳад шуд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъм. 24:15; Юҳ. 5:28, 29). Ба онҳо имконият дода мешавад, ки аз нав зиндагӣ кунанду дигар ҳеҷ гоҳ намиранд.

8, 9. а) Дар давоми Ҳукмронии Ҳазорсолаи Масеҳ бо гуноҳи аз Одам баирсбурда чӣ мешавад? б) Мурдагон дар асоси чӣ доварӣ карда мешаванд?

8 Эҳёшудагон барои ҷовидона зистан тамоми имкониятҳоро хоҳанд дошт. Онҳо барои гуноҳҳои пеш аз марг содиркардаашон маҳкум карда намешаванд (Рум. 6:7). Дар давоми Ҳукмронии Ҳазорсолаи Масеҳ баҳои фидияи Исо ба манфиати одамон ба кор бурда мешавад. Дар натиҷа, тобеони итоаткори Салтанат тадриҷан ба комилият расида, аз оқибатҳои гуноҳи Одам пурра озод мешаванд (Рум. 8:21). Яҳува «маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард» (Иш. 25:8). Каломи Худо ҳамчунин мегӯяд, ки «дафтарҳо кушода» хоҳанд шуд, яъне ба касоне, ки он вақт зиндагӣ мекунанд, дониши нав дода мешавад (Ваҳй 20:12). Ҳангоми ба биҳишт мубаддал гаштани замин «сокинони дунё инсофро таълим хоҳанд гирифт» (Иш. 26:9).

9 Эҳёшудагон на дар асоси гуноҳи аз Одам баирсбурдаашон доварӣ карда мешаванд, балки дар асоси он ки онҳо минбаъд чӣ гуна рафтор карданро интихоб мекунанд. Ваҳй 20:12 мегӯяд, ки «мурдагон бар тибқи он чи дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон», ки баъди эҳёшавӣ мекунанд, доварӣ карда мешаванд. Ин аз адолат, раҳму шафқат ва муҳаббати олии Яҳува шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, тамоми ғаму андӯҳе, ки ин одамон дар дунёи кӯҳна аз сар гузаронида буданд, «ба хотир нахоҳад расид, ва ба дил нахоҳад омад» (Иш. 65:17). Ба туфайли дониши нави рӯҳбаландкунанда ва ҳаёти пур аз хушнудӣ, онҳо дигар аз хотираҳои талх ғамгин намешаванд. Ҳамаи он хотираҳо фаромӯш хоҳанд шуд (Ваҳй 21:4). Инро ҳамчунин нисбати «анбӯҳи бузург», ки дар Ҳармиҷидӯн зинда мемонанд, гуфтан мумкин аст (Ваҳй 7:9, 10, 14).

10. а) Зиндагӣ дар дунёи нави Худо чӣ гуна хоҳад буд? б) Чӣ кӯмак мекунад, то мукофотро дар пеши назари хеш нигаҳ доред?

10 Дар дунёи нави Худо одамон дигар бемор намешаванд ва намемиранд. «Сокине нахоҳад гуфт: “Ман бемор ҳастам”» (Иш. 33:24). Бо гузашти вақт сокинони замин ҳар саҳар бедор шуда, худро комилан сиҳат эҳсос хоҳанд кард ва рӯзи хуши ҳаётро хурсандона пешвоз хоҳанд гирифт. Онҳоро меҳнати қаноатбахш ва муошират бо касоне, ки танҳо ниятҳои нек дар дил доранд, интизор аст. Чӣ мукофоти олиҷанобест чунин ҳаёт! Лутфан, Китоби Муқаддасро кушоед ва пешгӯиҳои Ишаъё 33:24 ва 35:5–7-ро бихонед. Тасаввур кунед, ки шумо иҷрошавии онҳоро бо чашмони худ мебинед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, то мукофотро пеши назари хеш нигаҳ доред.

Онҳо мукофотро аз пеши назарашон дур карданд

11. Дар бораи ибтидои хуби подшоҳии Сулаймон нақл кунед.

11 Замоне мо дар бораи ин мукофоти олиҷаноб бохабар гаштем ва акнун бояд бо саъю кӯшиш онро дар пеши назари худ нигоҳ дорем, зеро дар акси ҳол он бароямон қадру қиматашро гум карда метавонад. Мисолеро дида мебароем. Вақте ки Сулаймон подшоҳи Исроили қадим гашт, ӯ бо фурӯтанӣ аз Худо дар дуо ҳикмат ва дили бохирад пурсид, то ки қавми Ӯро дуруст доварӣ карда тавонад. (3 Подшоҳон 3:6–12-ро бихонед.) Китоби Муқаддас қайд менамояд, ки Худо дар ҷавоб «ба Сулаймон ҳикмат ва хирадмандии бағоят зиёде ато намуд». Дар ҳақиқат, «ҳикмати Сулаймон аз ҳикмати тамоми мардуми Шарқ, ва аз тамоми ҳикмати Миср зиёд буд» (3 Подш. 4:29–32).

12. Яҳува ба онҳое, ки дар Исроил подшоҳ мешуданд, чӣ огаҳиҳо дода буд?

12 Вале пештар Яҳува амр дода буд, ки ҳар касе ки подшоҳ шавад, бояд «аспҳоро барои худ афзун накунад» ва «занонро барои худ афзун нанамояд, то ки дилаш фосид нашавад» (Такр. Ш. 17:14–17). Бо зиёд кардани галаи аспҳо шоҳ нишон медод, ки ӯ дар ҳимояи халқаш танҳо ба қувваи ҳарбии худ такя мекунад ва ба Яҳува — Ҳимоятгари асосӣ умед намебандад. Зиёд кардани шумораи занон низ хатарнок буд, зеро агар баъзеи онҳо аз ҳамсояхалқҳои бутпараст мебуданд, шоҳро аз Яҳува ва ибодати ҳақиқӣ дур карда метавонистанд.

13. Чӣ тавр атоҳои Худованд аз пеши назари Сулаймон дур шуданд?

13 Сулаймон ба ин огаҳиҳо гӯш накард. Баръакс, ӯ муқобили гуфтаҳои Яҳува рафтор намуд. Сулаймон соҳиби ҳазорон аспу савора шуд (3 Подш. 4:26). Вай ҳамчунин барои худ 700 зан ва 300 суррия гирифт, ки аксарияташон аз ҳамсояхалқҳои бутпараст буданд. Ин «занонаш дили ӯро ба худоёни дигар моил карданд, ва дили ӯ ... ба Худованд Худояш амин набуд». Зери таъсири занони аҷнабӣ Сулаймон ба бутпарастӣ дода шуд, ки дар назари Худо нафратангез буд. Аз ин рӯ Яҳува ба Сулаймон гуфт, ки салтанатро аз дасти ӯ мегирад (3 Подш. 11:1–6, 11).

14. Беитоатии Сулаймон ва халқи Исроил ба чӣ оварда расонд?

14 Акнун барои Сулаймон намояндаи Худои ҳақиқӣ будан дигар имтиёзи бузург набуд. Шоҳ пурра ба бутпарастӣ дода шуд. Бо мурури вақт тамоми халқи Исроил аз Яҳува рӯй гардонданд ва ин дар соли 607–уми қ. д. мо ба сари онҳо фалокат овард. Ҳарчанд бо гузашти вақт яҳудиён ибодати ҳақиқиро аз нав барқарор намуданд, садсолаҳо пас Исо гуфт: «Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад». Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Исо эълон кард: «Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон [«холӣ», ТДН] гузошта мешавад» (Мат. 21:43; 23:37, 38). Аз сабаби бевафоӣ халқи яҳудӣ аз имтиёзи бузурги намояндаи Худои ҳақиқӣ будан маҳрум шуд. Соли 70-уми д. мо лашкари румӣ Ерусалим ва маъбадро валангор кард ва аксарияти яҳудиёни боқимонда ғулом гаштанд.

15. Мисоли шахсонеро оред, ки онҳо чизҳои дар ҳақиқат муҳимро аз пеши назари худ дур карданд.

15 Яҳудои Исқарют яке аз 12 расулони Исо буд. Ӯ таълимоти беҳамтои Исоро шунидаву мӯъҷизаҳоеро, ки Исо бо кӯмаки рӯҳулқудс мекард, дида буд. Аммо Яҳудо дили худро ҳифз нанамуд. Ба дасти ӯ пулҳои Исо ва 12 расулаш супорида шуда буданд. Вале Яҳудо «дузд буд: ҳамёни пул дар дасташ буд ва аз пуле ки дар он меандохтанд, барои худ мегирифт» (Юҳ. 12:6). Вай ба дараҷае ҳарису баднафс буд, ки оқибат ба 30 тангаи нуқра ба саркоҳинони риёкор фурӯхтани Исоро ваъда дод (Мат. 26:14–16). Боз як шахсе, ки мукофотро аз пеши назари худ дур кард, ҳамкори Павлуси расул — Димос аст. Димос низ дили худро муҳофизат накард. Павлус қайд менамояд: «Димос ин дунёро дӯст дошта, маро тарк кард». (2 Тим. 4:10; Масалҳо 4:23-ро бихонед.)

Дарс барои мо

16, 17. а) Кадом қувваи пуриқтидор ба мо муқобилат мекунад? б) Бо кӯмаки чӣ мо ба ҳама ҳамлаҳои Шайтон муқобилат карда метавонем?

16 Ҳамаи ходимони Худо бояд оиди шахсоне, ки чун намуна дар Китоби Муқаддас оварда шудаанд, ҷиддан фикр кунанд, зеро «ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рӯй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст» (1 Қӯр. 10:11). Ҳоло мо дар охирзамон, яъне дар айёми охири ин тартиботи шарирона зиндагӣ мекунем (2 Тим 3:1, 13).

17 Шайтон Иблис — «худои ин дунё» медонад, ки «вақташ кам мондааст» (2 Қӯр. 4:4; Ваҳй. 12:12). Вай ҳама кори аз дасташ меомадаро мекунад, то ходимони Яҳуваро ба вайрон кардани принсипҳои Ӯ тела диҳад. Шайтон ин ҷаҳонро идора мекунад, аз он ҷумла воситаҳои ташвиқотии онро. Вале халқи Яҳува чизи тавонотаре дорад, ки он «бартарии қувват» аз Худо аст (2 Қӯр. 4:7). Мо метавонем ба ин қувват такя намоем, зеро он кӯмак мекунад, ки мо ба ҳама ҳамлаҳои Шайтон муқобилат намоем. Аз ин рӯ, мо пайваста дуо мегӯем ва боварии комил дорем, ки Яҳува «ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод» (Луқ. 11:13).

18. Муносибати мо ба ҷаҳони имрӯза бояд чӣ гуна бошад?

18 Ҳамчунин донистани он, ки тамоми тартиботи Шайтон ба қарибӣ несту нобуд карда мешаваду масеҳиёни ҳақиқӣ зинда мемонанд, моро қувват мебахшад. «Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳ. 2:17). Бо назардошти ин, магар оқилона аст, ки ходими Худо дар ин тартибот чизеро аз муносибаташ бо Яҳува пурарзиштар шуморад? Ин ҷаҳон, ки зери ҳукмронии Шайтон қарор дорад, ба киштии ғарқшудаистода монанд аст. Яҳува ба ходимони содиқаш «заврақи наҷот» — ҷамъомади масеҳӣ додааст. Онҳо сӯи дунёи нав раҳсипор гашта, ба ваъдаи зерин эътимод дошта метавонанд: «Бадкешон маҳв хоҳанд шуд, валекин умедворони Худованд вориси замин хоҳанд буд» (Заб. 36:9). Пас биёед, ин мукофоти олиҷанобро ҳамеша пеши назари худ нигоҳ дорем!

Оё шумо дар хотир доред?

• Павлус ба мукофоте, ки ӯро интизор буд, чӣ гуна муносибат мекард?

• Онҳое, ки дар замин абадӣ зиндагӣ мекунанд, дар асоси чӣ доварӣ карда мешаванд?

• Ҳоло сӯи чӣ раҳсипор шудан оқилона аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]