Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳушёр ва бедор бошед

Ҳушёр ва бедор бошед

Ҳушёр ва бедор бошед

«Фарҷоми ҳама чиз наздик аст ... барои дуо ҳушёр бошед» (1 ПЕТ. 4:7).

1. Исо асосан дар бораи чӣ таълим медод?

ҲАНГОМИ дар рӯи замин буданаш Исои Масеҳ асосан дар бораи Салтанати Худо таълим медод. Азбаски тавассути ин Салтанат Яҳува ҳақ будани ҳокимияташро исбот мекунад ва номашро муқаддас мегардонад, Исо шогирдонашро таълим медод, ки дар ин бора дуо гӯянд: «Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Мат. 4:17; 6:9, 10). Ин ҳокимияти подшоҳӣ ба наздикӣ ба ҷаҳони Шайтон хотима мебахшад ва сипас назорат мекунад, то иродаи Худо дар тамоми рӯи замин амалӣ гардад. Чӣ тавре ки Дониёл пешгӯӣ кардааст, Салтанати Худо «ҳамаи ин салтанатҳо [-и имрӯза]-ро гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод» (Дон. 2:44).

2. a) Чӣ тавр пайравони Исо муайян карда метавонистанд, ки ӯ чун подшоҳ ҳузур дорад? б) Аломат боз ба чӣ ишора мекунад?

2 Омадани Салтанати Худо барои шогирдони Исо хеле муҳим буд ва аз ин рӯ онҳо ӯро пурсиданд: «Аломати ҳузур доштани ту ва анҷоми тартиботи шарирона чӣ гуна аст?» (Мат. 24:3, ТДН). Азбаски чун подшоҳ ҳузур доштани Масеҳ барои сокинони замин ноаён мебуд, онҳо инро аз рӯи аломати ба чашм аён муайян карда метавонистанд. Ин аломат аз қисмҳои гуногуни дар Навиштаҳо пешгӯишуда иборат аст. Аз рӯи он пайравони Исо бояд мефаҳмиданд, ки ӯ дар осмон ба ҳукмронӣ шурӯъ кардааст. Ин аломат ҳамчунин ба оғози охирзамон ё «айёми охир»–и тартиботи шариронае, ки имрӯз дар замин ҳукмфармост, ишора мекунад (2 Тим. 3:1–5, 13; Мат. 24:7–14).

Дар охирзамон бедор ва ҳушёр бошед

3. Барои чӣ масеҳиён бояд бедору ҳушёр бошанд?

3 Петруси расул менависад: «Фарҷоми ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушёр бошед» (1 Пет. 4:7). Пайравони Исо бояд ҳушёру бедор мебуданд, то ки рӯйдодҳои ҷаҳониро бодиққат мушоҳида карда, чун подшоҳ ҳузур доштани ӯро муайян намоянд. Азбаски поёни тартиботи шарирона наздик шуда истодааст, ҳушёру бедор будан боз ҳам муҳимтар аст. Исо ба пайравонаш гуфт: «Бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд [то ҳукми ба ҷаҳони Шайтон баровардаро иҷро намояд]» (Марқ. 13:35, 36).

4. Одамоне, ки ҷузъи ҷаҳони Шайтонанд, ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ чӣ гуна муносибат мекунанд? Ходимони Яҳува–чӣ? (Аз замима истифода баред.)

4 Қариб ҳамаи одамон зери ҳукмронии Шайтон қарор доранд ва дар бораи маънои аслии рӯйдодҳои ҷаҳонӣ фикр намекунанд. Онҳо намефаҳманд, ки Масеҳ чун подшоҳи осмонӣ ҳузур дорад. Лекин пайравони ҳақиқии Масеҳ бинобар ҳушёру бедор буданашон ба маънои аслии рӯйдодҳои сад соли охир сарфаҳм рафтанд. Соли 1925 Шоҳидони Яҳува фаҳмиданд, ки Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ва рӯйдодҳои минбаъда бешубҳа исботи онанд, ки аз соли 1914 Масеҳ чун подшоҳи осмонӣ ҳузур дорад. Инак, айёми охири ин тартиботи шариронаи Шайтон оғоз ёфт. Ҳарчанд бисёри одамони мушоҳидакор маънои аслии рӯйдодҳои ҷаҳониро надонанд ҳам, онҳо қайд мекунанд, ки байни давраҳои то Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ва пас аз он фарқияти калоне вуҷуд дорад. (Ба замимаи «Оғози даврони пурошӯб» нигаред.)

5. Чаро ҳушёру бедор мондан хеле муҳим аст?

5 Қариб сад сол боз ҳодисаҳои мудҳише, ки дар тамоми дунё рӯй дода истодаанд, дар охирзамон зиндагӣ кардани моро исбот мекунанд. Вақт хеле кам мондааст. Яҳува ба қарибӣ ба Масеҳ амр медиҳад, то ӯ лашкари пурқудрати фариштагонро роҳбарӣ намуда, ба муқобили ҷаҳони Шайтон барояд (Ваҳй 19:11–21). Ба масеҳиёни ҳақиқӣ амр дода шудааст, ки ҳушёру бедор бошанд. Итоат ба ин амр минбаъд ҳам муҳим мебошад, зеро поёни ин тартибот наздик аст (Мат. 24:42). Мо бояд ҳушёру бедор бимонем ва таҳти роҳбарии Масеҳ кори махсусро дар тамоми рӯи замин иҷро кунем.

Кори умумиҷаҳонӣ

6, 7. Кори мавъизаи Салтанат дар давоми охирзамон чӣ гуна вусъат меёбад?

6 Коре, ки ба ходимони Яҳува супорида шудааст, чун қисми аломати охирзамон пешгӯӣ шуда буд. Исо ин кори умумиҷаҳониро дар қатори рӯйдодҳои гуногуне, ки бояд дар айёми охир рӯй медоданд, номбар кард. Пешгӯии вай аз чунин суханон иборат аст: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Мат. 24:14).

7 Ба баъзе маълумотҳои бо ин пешгӯӣ алоқаманд рӯ меорем. Соли 1914, вақте ки охирзамон сар шуд, шумораи воизони хушхабар ниҳоят кам буд. Ҳоло бошад, шумораи онҳо хеле зиёд шудааст. Имрӯз дар тамоми дунё зиёда аз 7 000 000 Шоҳидони Яҳува мавъиза мекунанд ва шумораи ҷамъомадҳо ба беш аз 100 000 расидааст. Илова бар ин, соли 2008 ба Шоҳидони Яҳува дар ҷашни Шоми ёдбуди марги Масеҳ 10 000 000 одамон ҳамроҳ шуданд, ки ин назар ба соли пешин хеле зиёд аст.

8. Чаро Шайтон кори мавъизаро боздошта наметавонад?

8 Пеш аз поёни ин тартибот ба ҳамаи халқҳо дар бораи Салтанати Худо шаҳодати бузурге дода шуда истодааст. Ва ин қатъи назар аз он ки «худои ин дунё» Шайтон мебошад (2 Қӯр. 4:4). Зери таъсири вай тамоми унсурҳои сиёсӣ, динӣ ва тиҷоратии ин ҷаҳон, ҳамчунин воситаҳои ташвиқотии он қарор доранд. Пас, ба туфайли чӣ кори шаҳодатдиҳӣ ба таври аҷоиб вусъат ёфта истодааст? — Ба туфайли дастгирии Яҳува. Маҳз аз ин сабаб Шайтон кори мавъизаи Салтанатро боздошта наметавонад.

9. Чаро нашъунамои рӯҳонии моро мӯъҷиза номидан мумкин аст?

9 Вусъатёбии кори мавъизаи Салтанат ва рушду нашъунамои рӯҳонии халқи Яҳуваро мӯъҷиза номидан мумкин аст. Бе дастгирии Худо, яъне бе роҳнамоӣ ва муҳофизати Ӯ, кори мавъиза имконнопазир мебуд. (Матто 19:26–ро бихонед.) Бешубҳа, бо кӯмаки рӯҳулқудси Худо, ки ба дили одамони аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёр ва ба хидмат тайёр таъсир мекунад, ин кори мавъиза бомуваффақият анҷом хоҳад ёфт «ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид». Ин соат бошитоб наздик шуда истодааст.

«Мусибати бузург»

10. Мусибати бузурги дарпешистодаро Исо чӣ гуна тасвир кард?

10 Мусибати бузург ба ин тартиботи шарирона хотима мебахшад (Ваҳй 7:14). Китоби Муқаддас дар бораи давомнокии ин давра чизе намегӯяд, лекин Исо қайд намуд: «Дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд» (Мат. 24:21). Агар дар бораи мусибатҳои то ин дам дар ҷаҳон рӯйдода— масалан дар бораи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки ҳаёти 50–60 миллион одамонро рабудааст,— фикр кунем, мо тасаввур карда метавонем, ки «мусибати бузург» то чӣ андоза вазнин хоҳад буд. Ин мусибат дар ҷанги Ҳармиҷидӯн ба авҷи худ мерасад. Он вақт иҷрокунандагони ҳукми Яҳува тартиботи Шайтонро несту нобуд хоҳанд кард ва аз он нишонае боқӣ нахоҳад монд (Ваҳй 16:14, 16).

11, 12. Мусибати бузург бо чӣ оғоз меёбад?

11 Пешгӯии Китоби Муқаддас дар бораи санаи оғози марҳалаи аввали мусибати бузург чизе намегӯяд, лекин он қайд мекунад, ки ин мусибат бо кадом воқеаи фавқуллода сар мешавад. Ин воқеа — несту нобуд кардани тамоми динҳои дурӯғин аст ва онро қувваҳои сиёсии ҷаҳон иҷро мекунанд. Дар пешгӯиҳои Китоби Муқаддас, дар бобҳои 17 ва 18–и китоби Ваҳй дини дурӯғин ба фоҳишае, ки бо унсурҳои сиёсии ҷаҳон зино мекунад, ташбеҳ дода шудааст. Ваҳй 17:16 нишон медиҳад, ки ба қарибӣ ин унсурҳои сиёсӣ «аз фоҳиша нафрат хоҳанд дошт, ва ӯро хонавайрон ва урён хоҳанд кард, ва ҷисми ӯро хоҳанд хӯрд, ва ӯро дар оташ хоҳанд сӯзонд».

12 Вақте ки он замон фаро мерасад, Худо ба дили ҳокимони сиёсӣ меандозад, «ки иродаи Ӯро ба ҷо оваранд» ва ҳамаи динҳои дурӯғинро несту нобуд кунанд (Ваҳй 17:17). Пас, гуфтан мумкин аст, ки ин нобудшавӣ аз ҷониби Худост ва он иҷрои ҳукми Ӯ бар зидди динҳои дурӯя аст. Ин динҳо муддати дурудароз ба одамон чизҳоеро таълим медоданд, ки ба иродаи Худо зид буд ва инчунин хидматгорони Ӯро таъқиб мекарданд. Умуман ҷаҳон нобудшавии дини дурӯғинро интизор нест, лекин ходимони содиқи Яҳува онро интизоранд. Ва онҳо дар давоми охирзамон одамонро аз ин хабардор мекунанд.

13. Чӣ нишон медиҳад, ки нобудшавии дини дурӯғин тез рӯй хоҳад дод?

13 Несту нобудшавии дини дурӯғин барои одамон зарбаи бузурге хоҳад буд. Мувофиқи пешгӯии Китоби Муқаддас, ҳатто баъзе «подшоҳони замин» нобудшавии онро дида, хитоб мекунанд: «Вой, вой бар ҳоли ту ... зеро ки дар як соат қазои ту омадааст» (Ваҳй 18:9, 10, 16, 19). Ибораи «як соат» нишон медиҳад, ки ин воқеа нисбатан тез рӯй хоҳад дод.

14. Вақте ки душманони Яҳува бори ниҳоӣ ба ходимонаш ҳамла мекунанд, Ӯ чӣ гуна амал хоҳад кард?

14 Чанде пас аз несту нобуд шудани дини дурӯғин ходимони Яҳува, ки хабарҳои маҳкумкунандаи Ӯро эълон мекарданд, мавриди ҳамла қарор хоҳанд гирифт (Ҳиз. 38:14–16). Ба халқи Худо ҳамла карда, душманон бо худи Яҳува сарукор хоҳанд дошт, Ӯ бошад, ҳимоя кардани ходимони содиқашро ваъда додааст. Яҳува эълон мекунад: «Ман дар рашки Худ ва дар оташи Худ гуфтаам ... ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам». (Ҳизқиёл 38:18–23-ро бихонед.) Ӯ дар Каломаш мегӯяд, ки «ҳар кӣ ба шумо [ходимони содиқаш] даст расонад, ба мардумаки чашми Ӯ даст расонда бошад» (Зак. 2:8). Вақте ки душманон дар тамоми дунё ба ходимони Яҳува ҳамла мекунанд, Ӯ бо қатъият амал хоҳад кард ва бо ин марҳилаи ниҳоии мусибати бузург—Ҳармиҷидӯн оғоз хоҳад ёфт. Таҳти роҳбарии Масеҳ лашкари пуриқтидори фариштагон ҳукмҳои бар зидди ҷаҳони Шайтон баровардаи Яҳуваро иҷро хоҳанд намуд.

Ин бояд ба мо чӣ гуна таъсир кунад

15. Донистани он ки поёни ин тартибот наздик аст, ба мо бояд чӣ гуна таъсир кунад?

15 Донистани он ки поёни ин дунёи шарир босуръат наздик шуда истодааст, ба мо бояд чӣ гуна таъсир кунад? Петруси расул менависад: «Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ [«садоқатмандӣ ба Худо», ТДН] чӣ гуна бояд бошед?» (2 Пет. 3:11). Ин суханон нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза ба рафтору кирдори худ аҳамият додан муҳим аст. Рафторамон бояд ба талаботҳои Худо мувофиқат кунанд ва корҳоямон аз муҳаббату садоқатмандӣ ба Яҳува шаҳодат диҳанд. Масалан, мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, ки то поёни ин тартибот пайғоми Салтанатро мавъиза намоем. Петрус ҳамчунин менависад: «Фарҷоми ҳама чиз наздик аст ... барои дуо ҳушёр бошед» (1 Пет. 4:7). Вақте ки мо пайваста ба Яҳува дуо мегӯем ва аз Ӯ хоҳиш мекунем, ки моро ба воситаи рӯҳулқудс ва созмони умумиҷаҳониаш ҳидоят намояд, мо ба Худо наздик мешавем ва ба Ӯ муҳаббат зоҳир мекунем.

16. Чаро бояд ба маслиҳати Худо гӯш диҳем?

16 Дар ин замонҳои нотинҷ мо бояд ба маслиҳати зерини Каломи Худо гӯш диҳем: «Бодиққат назар кунед, ки чӣ гуна рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон. Ва фурсатро ғанимат донед, чунки ин рӯзҳо шарир аст» (Эфс. 5:15, 16). Имрӯз шарорат беш аз пеш нашъунамо ёфта истодааст. Шайтон ҳилаву найрангҳои бисёреро ба кор мебарад, то ки одамонро аз иҷрои иродаи Яҳува боздорад ё ақаллан ба онҳо дар ин кор халал расонад. Мо чун хидматгорони Худо инро медонем ва намехоҳем, ки чизе садоқатмандии моро ба Худо коста гардонад. Мо ҳамчунин медонем, ки ба наздикӣ чӣ рӯй хоҳад дод ва ба Яҳува такя мекунему боварии комил дорем, ки иродаи Ӯ амалӣ хоҳад гашт. (1 Юҳанно 2:15–17-ро бихонед.)

17. Онҳое, ки дар Ҳармиҷидӯн зинда мемонанд, эҳёшавии мурдагонро дида, чӣ эҳсос хоҳанд кард?

17 Худо ваъдаи олиҷанобашро иҷро мекунад ва мурдагонро ба ҳаёт бармегардонад, зеро «ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъм. 24:15). Аҳамият диҳед, ки чӣ эътимоде дар ин ваъда зоҳир шудааст: «Эҳёи мурдагон дар пеш аст»! Ба ин шубҳае нест, зеро ин суханони худи Яҳуваанд! Дар Ишаъё 26:19 ваъда дода шудааст: «Бигзор мурдагони Ту зинда шаванд ... Эй сокинони хок, бедор шавед ва тараннум намоед! ...Замин мурдагонро берун хоҳад афканд». Вақте ки халқи Худо дар замонҳои қадим ба ватан баргашт, ин пешгӯӣ ба маънои рӯҳонӣ иҷро шуд. Ин моро эътимод мебахшад, ки дар дунёи нав он ба маънои аслӣ ҳам иҷро мешавад. Чӣ хурсандии бузурге ҳукмфармо хоҳад буд, вақте ки эҳёшудагон аз нав бо наздикони худ мепайванданд! Дар ҳақиқат, поёни ҷаҳони Шайтон ва омадани дунёи нави Худо хеле наздик аст. Пас, то чӣ андоза бедору ҳушёр мондан муҳим аст!

Оё шумо дар хотир доред?

• Исо асосан дар бораи чӣ таълим медод?

• Кори мавъизаи Салтанат имрӯз то чӣ андоза вусъат ёфтааст?

• Чаро бедору ҳушёр будан хеле муҳим аст?

• Дар Аъмол 24:15 чӣ ваъдаи рӯҳбаландкунандае навишта шудааст?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Замимаи саҳифаи 4]

ОҒОЗИ ДАВРОНИ ПУРОШӮБ

Дар соли 2007 китоби Алан Гринспан «Давраи пурошӯб: моҷароҳои ҷаҳони нав» аз нашр баромад. Муаллиф қариб 20 сол мудири Системаи захиравии федералии Иёлоти Амрико буд. (Ин мақомот тамоми системаҳои марказии бонкиро назорат мекунад.) Гринспан қайд менамояд, ки вазъияти ҷаҳонӣ то соли 1914 аз вазъияте, ки баъд аз он ба вуҷуд омад, ба куллӣ фарқ мекунад:

«Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ ҷаҳон то соли 1914 гӯё устуворона сӯи зинаҳои баланди тараққиёти маданиву маънавӣ қадам мемонд. Ба назар чунин менамуд, ки ҷамъияти инсонӣ комилиятро ба даст оварда метавонад. Асри нуздаҳ ба ғуломфурӯшии нафратангез хотима гузошт. Зӯровариҳои шаъни одамиро пастзананда торафт кам мешуданд ... Илму техника низ ташаккул меёфт. Дар асри нуздаҳ роҳи оҳан, телефон, қувваи барқ, синамо, мошинҳо ва бисёр асбобу анҷоми рӯзгор пайдо шуданд. Ба туфайли пешравиҳои илми тиб, истеъмоли хӯроки серғизо ва ба ҳамагон дастрас шудани оби нӯшокӣ давомнокии эҳтимолии ҳаёт афзуд ... Ҳама гумон мекарданд, ки чунин пешрафт минбаъд ҳам давом хоҳад ёфт».

Лекин... «Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ба маданияту маънавиёти одамон зиёни бештаре расонд назар ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки харобиовартар буд. Дар ҷанги якум худи ақида барбод рафт. Ман дар бораи нуктаи назари одамоне, ки солҳои пеш аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ зиндагӣ мекарданд, гаштаву баргашта фикр мекунам: он вақт ояндаи инсоният ба назари онҳо дурахшон ва бепоён менамуд. Имрӯз нигоҳи мо ба оянда аз назаре, ки одамон сад сол пеш доштанд, сахт фарқ мекунад, лекин мутаассифона он ба ҳақиқат наздиктар аст. Оё терроризм, гармшавии иқлим ва афзудани нуфузи халқи оддӣ ба ҷамъияти имрӯза чунин асаре мегузорад, ки Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ба ҷамъияти онвақта гузошта буд? Касе ба ин савол ҷавоб дода наметавонад».

Гринспан ба хотир меорад, ки дар давраи донишҷӯияш профессори соҳаи иқтисод Бенҷамин Андерсен (1886–1949) гуфта буд: «Касоне, ки мафкураашон то Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ инкишоф ёфта буд, он давраро бо ҳасрат ба хотир меоварданд. Эҳсоси бехатарие, ки он вақт одамон доштанд, пурра гум шудааст» (Economics and the Public Welfare).

Дар китоби Ҷ. Мейер «Ҷаҳони бесарусомон», ки соли 2006 аз нашр баромад, хулосаи ба ин монанде карда мешавад. Мо мехонем: «Одатан дар бораи воқеаҳои таърихӣ мегӯянд, ки онҳо “ҳама чизро тағйир медиҳанд”. Ин дар бораи Ҷанги Бузург [1914–1918] низ ҳақ аст. Он ҷанг дар ҳақиқат ҳама чизро тағйир дод: аз он на фақат сарҳадҳо, ҳокимиятҳо ва қисмати халқҳо, балки нигоҳи одамон ба ҷаҳон ва ба худашон дигар шуд. Ин ҷанг вартаест, ки он ҷаҳонро аз ҷаҳони баъдиҷангӣ ба таври ҳамешагӣ ҷудо мекунад» (World Undone).