Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мусои бузургтарро қадр намоед

Мусои бузургтарро қадр намоед

Мусои бузургтарро қадр намоед

«Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён хоҳад овард; бояд ба он чи Ӯ ба шумо мегӯяд, гӯш диҳед» (АЪМ. 3:22).

1. Исои Масеҳ ба таърихи инсоният чӣ тавр таъсир кардааст?

ДУ ҲАЗОР СОЛ қабл писарбачае тавлид шуд, ки ин дар осмон фариштагони сершуморро ба ҳамду сано кардани Худо барангехт. Ин овози фариштагон ба гӯши баъзе чӯпонон расид (Луқ. 2:8–14). Баъди сӣ сол ин писар дар синни камолот ба хидмати худ оғоз кард. Ҳарчанд хидмати ӯ сеюним сол давом карда бошад ҳам, он таърихи инсониятро тағйир дод. Дар бораи вай таърихшиноси асри нуздаҳ Филип Шафф гуфтааст: «Ӯ ҳарфе нанавишта бошад ҳам, аз ҳамаи одамони бузурги гузаштаву ҳозира бештар қаламҳоро ба ҳаракат овардааст ва мавзӯи бештари мавъизаву нутқҳо, баҳсу мунозираҳо, асарҳои илмиву санъат ва суруду мадҳияҳо гаштааст». Ин ҷавонмард бешубҳа Исои Масеҳ мебошад.

2. Дар бораи Исо ва хидмати ӯ Юҳаннои расул чӣ гуфта буд?

2 Юҳаннои расул, ки дар бораи хидмати Исо навиштааст, дар охири нақлаш қайд мекунад: «Боз бисёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дунё ҳам он китобҳои навишташударо ғунҷоиш дода наметавонист» (Юҳ. 21:25). Юҳанно мефаҳмид, ки фақат қисми ночизи кору суханонеро, ки Исо дар тӯли хидмати сеюнимсолаи пурмазмунаш кардаву гуфтааст, ба қалам оварда метавонад. Бо вуҷуди ин, маълумоте, ки дар Инҷили Юҳанно оварда шудааст, арзиши бузург дорад.

3. Ба мо чӣ кӯмак мекунад, ки нақши Исоро дар иҷрошавии иродаи Худо хубтар бифаҳмем?

3 Ғайр аз маълумоти муҳими чор Инҷил, дар бораи ҳаёти Исо қисмҳои дигари Китоби Муқаддас нақл мекунанд, ки онҳо имони моро қавӣ мегардонанд. Масалан, Навиштаҳо оиди баъзе ходимони содиқе, ки то Исо зиндагӣ мекарданд, нақл мекунанд. Ин маълумот ба мо кӯмак менамояд, ки нақши Исоро дар иҷрошавии иродаи Худо хубтар бифаҳмем. Биёед, намунаи баъзе ходимони содиқро дида мебароем.

Ходимоне, ки тимсоли Масеҳ буданд

4, 5. Кадом шахсон тимсоли Исо буданд ва чаро ин тавр гуфтан мумкин аст?

4 Юҳанно ва се нависандаи дигари Инҷил қайд мекунанд, ки Мусо, Довуд ва Сулаймон тимсоли Исо — Тадҳиншуда ва Подшоҳи таъиншудаи Худо — мебошанд. Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Аз маълумоте, ки оиди онҳо дар Китоби Муқаддас оварда шудааст, мо чӣ меомӯзем?

5 Мувофиқи Китоби Муқаддас Мусо пайғамбар, миёнарав ва наҷотдиҳанда буд. Дар бораи Исо низ чунин гуфтан мумкин аст. Довуд чӯпон буд; ҳамчунин ӯ подшоҳе буд, ки душманони Исроилро мағлуб мекард. Исоро низ чӯпон ва подшоҳи ғалабаовар номидан мумкин аст (Ҳиз. 37:24, 25). Ҳангоми ба Худо содиқ буданаш Сулаймон подшоҳи хирадманд буд ва Исроил зери ҳукмронии ӯ дар сулҳу амният зиндагӣ мекард (3 Подш. 4:25, 29). Исо низ дорои хиради беҳамтост ва ӯ «Мири осоиштагӣ» номида шудааст (Иш. 9:6). Инак, нақши Исо ба нақши ходимоне, ки пеш аз ӯ зиндагӣ мекарданд, монанд аст, вале мавқеи вай дар иҷрошавии иродаи Худо бузургтар мебошад. Дар аввал, монандии Исо ва Мусоро дида мебароем. Ин муқоиса кӯмак мекунад, ки мавқеи Исоро дар иҷрошавии иродаи Худо хубтар бифаҳмем.

Мусо — тимсоли Исо аст

6. Чӣ тавр Петруси расул фаҳмонд, ки Исоро гӯш кардан муҳим аст?

6 Чанде пас аз «Иди рӯзи 50–ум»-и соли 33-юми д. мо Петруси расул пешгӯии Мусоро, ки дар Исои Масеҳ иҷро шуд, иқтибос овард. Петрус назди яҳудиёни зиёде, ки дар маъбад ҷамъ омаданд, истода буд. Вақте ки ӯ ва Юҳанно як ланги модарзодро шифо бахшиданд, мардум бо «ҳайрат» сӯи онҳо шитофтанд ва чӣ тавр рӯй додани ин мӯъҷизаро донистан мехостанд. Петрус фаҳмонд, ки ин ба туфайли рӯҳулқудс, ки Яҳува тавассути Исои Масеҳ медиҳад, рӯй додааст. Сипас, ӯ аз Навиштаҳои Ибронӣ иқтибос оварда, гуфт: «Мусо ба падарони мо гуфта буд: “Худованд Худои шумо Пайғамбаре мисли ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён хоҳад овард; бояд ба он чи Ӯ ба шумо мегӯяд, гӯш диҳед”». (Аъм. 3:11, 22, 23; Такрори Шариат 18:15, 18, 19-ро бихонед.)

7. Чаро гуфтан мумкин аст, ки шунавандагон бо суханони Петрус оиди пайғамбари бузургтар аз Мусо шинос буданд?

7 Он суханони Мусо эҳтимол ба шунавандагони Петрус шинос буданд. Онҳо чун яҳудиён Мусоро бениҳоят эҳтиром мекарданд (Такр. Ш. 34:10). Ин халқ бесаброна омадани пайғамбари аз Мусо бузургтарро интизор буд. Он пайғамбар на танҳо бояд мисли Мусо ходими таъиншудаи Худо мегашт, балки «Масеҳи баргузидаи Худо» мешуд (Луқ. 23:35).

Аз кадом ҷиҳатҳо Исо мисли Мусо аст

8. Ҳаёти Мусо ва Исо аз кадом ҷиҳатҳо ба ҳам монанд аст?

8 Аз баъзе ҷиҳатҳо ҳаёти заминии Исо ба зиндагии Мусо монанд аст. Масалан, ҳам Мусо ва ҳам Исо дар кӯдакӣ аз дасти ҳокимони золим, ки онҳоро куштанӣ буданд, раҳо карда шуданд (Хур. 1:22–2:10; Мат. 2:7–14). Илова бар ин, Худо ҳар дуро аз Миср хонда буд. Пайғамбар Ҳушаъ қайд менамояд: «Вақте ки Исроил навҷавоне буд, Ман ӯро дӯст доштам; ва писари Худро аз Миср даъват намудам» (Ҳуш. 11:1). Суханони Ҳушаъ ба замоне ишора мекарданд, ки исроилиён зери сарварии Мусо — пешвои аз тарафи Худо таъиншуда, аз Миср берун омаданд (Хур. 4:22, 23; 12:29–37). Лекин ин суханон на фақат ба воқеаҳои гузашта ишора менамуданд, балки онҳо рӯйдодҳои ояндаро низ пешгӯӣ мекарданд. Вақте ки Юсуфу Марям бо Исо баъди марги шоҳ Ҳиродус аз Миср баргаштанд, ин пешгӯӣ иҷро шуд (Мат. 2:15, 19–23).

9. а) Мусо ва Исо чӣ гуна мӯъҷизаҳо ба амал оварданд? б) Дар бораи ҷиҳатҳои дигари монандии Мусо ва Исо нақл кунед. (Ба замимаи «Боз аз кадом ҷиҳатҳо Исо мисли Мусо аст» нигаред.)

9 Ҳам Мусо ва ҳам Исо мӯъҷизаҳо мекарданд, ки ин аз дастгирии Яҳува шаҳодат медод. Мувофиқи Китоби Муқаддас Мусо аввалин инсонест, ки мӯъҷиза ба амал овардааст (Хур. 4:1–9). Масалан, як қатор мӯъҷизаҳои Мусо бо об алоқаманд буданд. Бо амри ӯ обҳои дарёи Нил ва кӯлҳои қамишзори он ба хун табдил ёфтанд, оби баҳри Сурх аз ҳам ҷудо шуд ва дар биёбон аз кӯҳпора об ҷорӣ гашт (Хур. 7:19–21; 14:21; 17:5–7). Исо низ мӯъҷизаҳои бо об алоқаманд ба амал овард. Мӯъҷизаи аввалини вай — дар тӯи арӯсӣ ба шароб мубаддал кардани об буд (Юҳ. 2:1–11). Баъдтар вай тӯфони баҳри Ҷалилро ором кард. Боре ӯ ҳатто рӯи об роҳ рафт! (Мат. 8:23–27; 14:23–25). Ҷиҳатҳои дигари монандии Мусо ва Мусои Бузургтар — Исо дар замима оварда шудаанд.

Нақши Масеҳ чун Пайғамбар

10. Пайғамбари ҳақиқӣ кист ва чаро Мусоро яке аз чунин пайғамбарон номидан мумкин аст?

10 Ба ақидаи бисёриҳо пайғамбар — шахсест, ки ояндаро пешгӯӣ мекунад, вале ин танҳо як ҷониби пайғамбарӣ аст. Пайғамбари ҳақиқӣ аз номи Яҳува сухан мегӯяд ва «аъмоли бузурги Худо»-ро мавъиза мекунад (Аъм. 2:11, ТДН, 16, 17). Пайғамбар аз он ҷумла воқеаҳои ояндаро эълон мекунад, ҷонибҳои гуногуни ниятҳои Яҳуваро ошкор менамояд ва хабарҳои маҳкумкунандаи Худоро ба дигарон мерасонад. Яке аз чунин пайғамбарон Мусо буд. Ӯ ҳар яке аз даҳ балои ба сари Миср омадаро пешгӯӣ намуд. Ҳангоми назди кӯҳи Сино будан вай чун миёнарави Аҳди Қонун хидмат кард. Ҳамчунин Мусо қавми Исроилро бо иродаи Худо шинос менамуд. Ба ҳар ҳол, бо гузашти вақт бояд пайғамбари аз Мусо бузургтар меомад.

11. Исо нақши пайғамбари бузургтар аз Мусоро чӣ тавр иҷро намуд?

11 Баъдтар дар асри якуми то д. мо Закарё чун пайғамбар ошкор намуд, ки Худо нисбати писараш — Яҳё чӣ ният дорад (Луқ. 1:76). Писари Закарё Яҳёи Таъмиддиҳанда гашт ва ӯ омадани пайғамбари бузургтар аз Мусо — Исои Масеҳро, ки дербоз интизораш буданд, эълон мекард (Юҳ. 1:23–36). Чун пайғамбар Исо бисёр чизҳоро пешгӯӣ кардааст. Масалан, вай пешакӣ гуфта буд, ки чӣ тавр, дар куҷо ва аз дасти кӣ кушта хоҳад шуд (Мат. 20:17–19). Бархилофи чашмдошти шунавандагонаш Исо ҳамчунин харобшавии Ерусалим ва маъбади онро пешгӯӣ кард (Марқ. 13:1, 2). Пешгӯиҳои вай ба замони мо ҳам дахл доранд (Мат. 24:3–41).

12. а) Чӣ тавр Исо барои кори умумиҷаҳонии мавъиза замина гузошт? б) Чӣ гуна мо ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонем?

12 Ғайр аз пайғамбар буданаш Исо воиз ва устод буд. Ӯ хушхабари Салтанати Худоро мавъиза мекард ва касе мисли вай далерона сухан намегуфт (Луқ. 4:16–21, 43). Исо устоди бузургтарин буд. «Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст»,— гуфта буд яке аз шунавандагони ӯ (Юҳ. 7:46). Исо бо ҷидду ҷаҳд хушхабарро паҳн мекард ва ин дар пайравонаш чунин ҷидду ҷаҳдро дар кори Салтанат бедор менамуд. Ҳамин тариқ, ӯ ба кори умумиҷаҳонии мавъиза ва шогирдсозӣ, ки то ба ҳол давом дорад, замина гузошт (Мат. 28:18–20; Аъм. 5:42). Соли гузашта тақрибан ҳафт миллион пайравони Масеҳ ба кори мавъизаи хушхабари Салтанат ва барои таълимдиҳии ҳақиқати Китоби Муқаддас ба шахсони рағбатдошта қариб 1, 5 миллиард соат сарф намуданд. Оё шумо ҳар кори аз дастатон меомадаро мекунед, то дар ин кор ба таври пурра иштирок намоед?

13. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то «бедор ва ҳушёр бошем»?

13 Бешубҳа пешгӯии Яҳува дар бораи омадани пайғамбаре мисли Мусо иҷро шуд. Донистани ин ба шумо чӣ гуна таъсир мекунад? Оё ин эътимоди шуморо ба иҷрошавии пешгӯиҳое, ки ба ояндаи наздик дахл доранд, қавитар намегардонад? Бале, мулоҳиза оиди намунаи Мусои бузургтар моро бармеангезад, ки «бедор ва ҳушёр бошем» ва он чиро ки Худо ба наздикӣ мекунад, интизор шавем (1 Тас. 5:2, 6).

Нақши Масеҳ чун Миёнарав

14. Чӣ тавр Мусо байни исроилиён ва Худо миёнарав буд?

14 Исо мисли Мусо миёнарав аст. Миёнарав байни ду тараф чун восита хидмат мекунад. Мусо ҳангоми бастани Аҳди Қонун байни Яҳува ва исроилиён миёнаравӣ кард. Агар писарони Яъқуб ба қонуни Худо итоат мекарданд, онҳо моликияти махсуси Худо — ҷамъомади Ӯ мемонданд (Хур. 19:3–8). Ин аҳд аз соли 1513–и қ. д. мо то асри якуми д. мо амал кард.

15. Чаро Исо Миёнарави бузургтар аз Мусо аст?

15 Соли 33–юми д. мо Яҳува бо Исроили нав — «Исроили Худо» аҳди волотаре баст. «Исроили Худо» ҷамъомади умумиҷаҳонӣ гашт, ки он аз масеҳиёни тадҳиншуда иборат аст (Ғал. 6:16). Ҳарчанд аҳди бо миёнаравии Мусо басташуда қонунҳоеро дар бар мегирифт, ки Худо рӯи лавҳаҳои сангин навишта буд, аҳди бо миёнаравии Исо басташуда волотар аст, зеро қонунҳои ин аҳдро Худо дар дили одамон навиштааст. (1 Тимотиюс 2:5; Ибриён 8:10-ро бихонед.) Ҳамин тавр, «Исроили Худо» имрӯз моликияти махсуси Худост — халқест, ки «меваи» Салтанати Масеҳоиро меорад (Мат. 21:43). Аъзоёни ин халқи рӯҳонӣ иштирокчиёни аҳди наванд. Лекин ин аҳд на танҳо ба манфиати онҳост. Аз ин аҳди волотар ҳамчунин шумораи беҳисоби одамон, ҳатто онҳое ки ҳоло дар хоби марганд, баракатҳои абадӣ мегиранд.

Нақши Масеҳ чун Наҷотдиҳанда

16. а) Чӣ тавр Яҳува исроилиёнро тавассути Мусо наҷот дод? б) Мувофиқи Хуруҷ 14:13 кӣ Манбаи наҷот аст?

16 Шабе, ки исроилиён аз Миср баромаданд, ба баъзе насли онҳо хатари калон таҳдид мекард. Зеро фариштаи Худо бояд аз сарзамини Миср мегузашт ва ҳама нахустзодагонро ба ҳалокат мерасонд. Яҳува ба Мусо гуфт, ки нахустзодагони Исроил зинда хоҳанд монд, агар исроилиён хуни барраи фисҳро ба болодарӣ ва паҳлӯдариҳояшон бимоланд (Хур. 12:1–13, 21–23). Нахустзодаҳои Исроил зинда монданд. Баъдтар, ба тамоми халқ хатари ҷиддӣ таҳдид кард. Онҳо байни Баҳри Сурх ва мисриёне, ки бо аробаҳои ҷангӣ онҳоро таъқиб мекарданд, қарор гирифтанд. Яҳува боз ба онҳо тавассути Мусо, ки ба таври мӯъҷиза обҳои баҳрро ду тақсим кард, наҷот бахшид (Хур. 14:13, 21).

17, 18. Ба кадом маъно Исо наҷотдиҳандаи бузургтар аз Мусо аст?

17 Ҳарчанд ин корҳо, корҳои бузурги наҷот буданд, лекин наҷоте, ки Яҳува тавассути Исо бахшид, боз ҳам бузургтар аст. Ба воситаи Исо одамони итоаткор аз ғуломии гуноҳ озод мешаванд (Рум. 5:12, 18). Ва ин озодӣ, озодии «абадӣ» мебошад (Ибр. 9:11, 12). Маънои номи Исо — «Яҳува наҷот аст». Исо чун Наҷотдиҳанда ва Озодкунанда на фақат моро аз гуноҳҳои пешина озод мекунад, балки бароямон сӯи ояндаи олиҷаноб роҳ мекушояд. Пайравони худро аз ғуломии гуноҳ озод намуда, Исо онҳоро аз ғазаби Худо нигоҳ медорад ва ба онҳо имконият медиҳад, ки бо Яҳува муносибатҳои наздик дошта бошанд (Мат. 1:21).

18 Озодие, ки Исо мебахшад, инчунин маънои онро дорад, ки одамон бо гузашти вақт аз оқибатҳои ҳалокатовари гуноҳ — беморӣ ва ҳатто марг раҳо хоҳанд шуд. Барои тасаввур кардани ин воқеаеро ба хотир меорем. Боре Исо ба хонаи марде бо номи Ёир, ки духтарчаи 12–солааш мурда буд, омад. Исо Ёирро эътимод бахшид: «Натарс, фақат имон овар ва ӯ наҷот хоҳад ёфт» (Луқ. 8:41, 42, 49, 50). Чӣ тавре ки Исо ваъда дод, духтарча зинда шуд! Оё хурсандии волидони духтарчаро тасаввур карда метавонед? Агар тавонед, он гоҳ шумо хурсандии аз ин зиёдеро тасаввур хоҳед кард, ки ҳангоми иҷро шудани суханони зерин ба амал меояд: «Ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро [Исоро] хоҳанд шунид, ва берун хоҳанд омад» (Юҳ. 5:28, 29). Дар ҳақиқат, Исо Наҷотдиҳанда ва Озодкунандаи мо аст! (Аъмол 5:31-ро бихонед; Тит. 1:4; Ваҳй 7:10).

19, 20. а) Мулоҳиза оиди нақши Исо чун Мусои Бузургтар ба мо чӣ гуна таъсир мекунад? б) Дар мақолаи навбатӣ чиро муҳокима хоҳем кард?

19 Мо ба одамон барои аз корҳои наҷоти Исо баҳра бурдан кӯмак карда метавонем. Донистани ин моро бармеангезад, ки дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ иштирок намоем (Иш. 61:1–3). Беш аз ин, мулоҳиза дар бораи нақши Исо, чун Мусои Бузургтар эътимоди моро ба он қавӣ мегардонад, ки ӯ ҳангоми нест кардани шарирон пайравонашро наҷот хоҳад дод (Мат. 25:31–34, 41, 46; Ваҳй 7:9, 14).

20 Бале, Исо шахси аз Мусо бузургтар аст. Ӯ бисёр корҳои аҷибе кардааст, ки Мусо карда наметавонист. Суханони Исо чун пайғамбар ва аъмоли ӯ чун миёнарав ба тамоми инсоният таъсир мекунанд. Чун Наҷотдиҳанда Исо ба инсонияти ба кафорат мӯҳтоҷ на озодии муваққатӣ, балки озодии абадӣ мебахшад. Аз намунаи ходимони содиқи даврони пеш дар бораи Исо чизҳои бештаре меомӯзем. Дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳем кард, ки Исоро ба кадом маъно Довуди Бузургтар ва Сулаймони Бузургтар номидан мумкин аст.

Оё фаҳмонда метавонед?

Ба кадом маъно Исо чун...

• пайғамбар аз Мусо бузургтар аст?

• миёнарав аз Мусо бузургтар аст?

• наҷотдиҳанда аз Мусо бузургтар аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Замимаи саҳифаи 8]

БОЗ АЗ КАДОМ ҶИҲАТҲО

Исо мисли Мусо аст

□ Ҳар ду баҳри хидмат ба Яҳува ва халқи Ӯ мавқеву мартабаи баландро тарк карданд (2 Қӯр. 8:9; Фил. 2:7, 8; Ибр. 11:24–26).

□ Ҳар ду аз тарафи Яҳува таъин шуда буданд (Марқ. 14:61, 62; Юҳ. 4:25, 26; Ибр. 11:26).

□ Ҳар ду аз номи Яҳува омаданд, яъне намояндаи Ӯ буданд (Хур. 3:13–16; Юҳ. 5:43; 17:4, 6, 26).

□ Ҳар ду ҳалиму фурӯтан буданд (Ад. 12:3; Мат. 11:28–30).

□ Ба туфайли ҳар ду мардуми бисёре ғизо мегирифтанд (Хур. 16:12; Юҳ. 6:48–51).

□ Ҳар ду чун довар ва қонунгузор хидмат мекарданд (Хур. 18:13; Мал. 4:4; Юҳ. 5:22, 23; 15:10).

□ Ба ҳар ду сарварӣ бар хонаи Худо супорида шуда буд (Ад. 12:7; Ибр. 3:2–6).

□ Ҳар ду шоҳиди содиқи Яҳува номида шудаанд (Ибр. 11:24–29; 12:1; Ваҳй 1:5).

□ Баъд аз марг ҳам ҷасади Мусо ва ҳам ҷасади Исо нест шуд (Такр. Ш. 34:5, 6; Луқ. 24:1–3; Аъм. 2:31; 1 Қӯр. 15:50; Яҳд. 9).