Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Сӯи камолот шитобед — «Рӯзи бузурги Худованд наздик аст»

Сӯи камолот шитобед — «Рӯзи бузурги Худованд наздик аст»

Сӯи камолот шитобед — «Рӯзи бузурги Худованд наздик аст»

«Сӯи камол шитоб кунем» (ИБР. 6:1).

1, 2. Чӣ тавр ба масеҳиёне, ки дар асри як дар Ерусалим ва Яҳудо мезистанд, имконияти «ба кӯҳистон» гурехтан пайдо шуд?

ВАҚТЕ КИ Исо дар замин буд, шогирдонаш назди ӯ омада, пурсиданд: «Аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?». Бори аввал пешгӯие, ки Исо дар ҷавоби ин савол гуфт, дар асри як иҷро шуд. Ин воқеаи ғайриоддие буд, ки бояд ба наздикшавии интиҳо ишора мекард. Ин воқеаро дида, «онҳое ки дар Яҳудо [буданд]», бояд ба «кӯҳистон мегурехтанд» (Матто 24:1-3, 15-22). Оё шогирдони Исо ин аломатро муайян намуда, аз рӯи гуфтаҳои ӯ амал карданд?

2 Тақрибан баъди сӣ сол, дар соли 61–уми д. мо Павлуси расул ба масеҳиёни ибрие, ки дар Ерусалим ва гирду атрофи он зиндагӣ мекарданд, мактуби ба мулоҳиза барангезандае навишт. Он вақт на Павлус ва на ҳамимононаш намедонистанд, ки то воқеае, ки аз марҳилаи аввали «мусибати бузург» шаҳодат медод, ҳамагӣ панҷ сол мондааст (Мат. 24:21). Дар соли 66–уми д. мо лашкари румӣ зери сарварии Сестий Галл Ерусалимро қариб забт карда буданд. Вале ногаҳон онҳо ақиб гаштанд, ки ин барои гурехтани сокинони шаҳр имконият дод.

3. Павлус ба масеҳиёни ибрӣ чӣ маслиҳат дод ва аз кадом сабаб?

3 Ба он масеҳиён барои дарк намудани моҳияти воқеаҳо ва гурехтан «ба кӯҳистон» амиқбинӣ ва идроки рӯҳонӣ лозим буд. Лекин гӯши баъзеҳо «вазнин» шуда буд. Онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ мисли кӯдакон ба «шир» ниёз доштанд. (Ибриён 5:11–13-ро бихонед.) Аз рафтори баъзеи онҳое, ки ҳатто даҳсолаҳо бо роҳи ҳақиқат мерафтанд, маълум буд, ки онҳо «аз Худои Ҳай» дур мешаванд (Ибр. 3:12). Баъзе касон аз рӯи «таомул», яъне одат ба вохӯриҳои масеҳӣ намеомаданд, ҳол он ки «он рӯз»–и мусибат наздик мешуд (Ибр. 10:24, 25). Павлус ба онҳо маслиҳати бамаврид дода, гуфт: «Таълимоти ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол шитоб кунед» (Ибр. 6:1).

4. Чаро ҳамеша аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёру бедор будан муҳим аст ва дар ин ба мо чӣ кӯмак мекунад?

4 Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки пешгӯии Исо ба таври ниҳоӣ иҷро мешаванд. Ҳоло «Рӯзи бузурги Худованд»,— рӯзе, ки ба тамоми тартиботи Шайтон хотима мебахшад,— «наздик аст» (Саф. 1:14). Бинобар ин, мо бояд беш аз пеш аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёру бедор бошем (1 Пет. 5:8). Оё мо дар ҳақиқат ҳамин тавр мекунем? Камолоти масеҳӣ ба мо кӯмак менамояд, ки дар кадом замон зистанамонро фаромӯш накунем.

Камолоти масеҳӣ чист

5, 6. а) Камолоти рӯҳонӣ чиро дар бар мегирад? б) Барои баркамол шудан дар кадом ду ҷода мо бояд саъй кунем?

5 Павлус масеҳиёни ибриро на фақат ба шитофтан сӯи камолот ташвиқ кард, балки чӣ будани камолоти рӯҳониро низ фаҳмонд. (Ибриён 5:14–ро бихонед.) Ғизои шахсони баркамол на танҳо аз «шир» иборат аст. Онҳо «ғизои сахт»-ро низ истеъмол мекунанд. Ба туфайли ин, онҳо ҳам ба «асосҳо» ва ҳам ба «умқҳои» ҳақиқат сарфаҳм мераванд (1 Қӯр. 2:10). Беш аз ин, «ҳиссиёт», яъне қобилияти дарккунии онҳо, ки ба воситаи бакорбарии дониши гирифтаашон инкишоф ёфтааст, кӯмак мекунад, ки некиро аз бадӣ фарқ намоянд. Ин қобилият ҳангоми қабул кардани қарорҳо имконият медиҳад, ки принсипҳои дахлдошта ва чӣ гуна ба кор бурдани онҳоро муайян кунанд.

6 «Мо бояд ба он чи шунидаем, махсусан бодиққат бошем,— менависад Павлус,— то ки аз он дур нашавем» (Ибр. 2:1). Худамон нафаҳмиданамон мумкин аст, ки чӣ тавр аз имон дур шуда истодаем. Барои чунин нашуданаш мо бояд ҳангоми гирифтани дониши рӯҳонӣ «махсусан бодиққат бошем». Ҳар яки мо бояд аз худ бипурсад: «Оё дониши ибтидоӣ бароям то ҳол кифоя аст? Оё ман рӯякӣ омӯзиш мекунам? Оё ба фаъолияти рӯҳонӣ ман аз таҳти дил машғул мешавам ё сарсарӣ? Чӣ ба ман кӯмак мекунад, ки дар ҳақиқат аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд кунам?» Барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол шудан, мо бояд ақаллан дар ду ҷода саъй намоем. Мо бояд бо Каломи Худо хуб шинос шавем ва итоаткориро ёд гирем.

Ба Каломи Худо хуб шинос шавед

7. Хубтар шинос шудан бо Каломи Худо чаро муфид аст?

7 «Ҳар кӣ ширхӯр аст, аз каломи адолат бехабар аст, чунки кӯдак аст»,— менависад Павлус (Ибр. 5:13). Барои расидан ба камолот мо бояд бо маълумоте, ки Худо тавассути Каломаш ба мо расониданист, хуб шинос шавем. Аз ин рӯ, Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфтаи «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро бодиққат омӯхтан лозим аст (Мат. 24:45–47). Чунин омӯзиш имконият медиҳад, ки тарзи фикрронии Худоро аз худ намоем ва қобилияти дарккунии худро инкишоф диҳем. Мисоли хоҳареро бо номи Оркид * дида мебароем. Ӯ мегӯяд: «Яке аз маслиҳатҳое, ки ба ҳаёти ман таъсири калон расонд,— ин мунтазам хондани Китоби Муқаддас аст. Барои пурра хондани Китоби Муқаддас ба ман қариб ду сол лозим шуд, вале ба назарам ман гӯё бо Офаридгори худ бори аввал шинос мешудам. Ман дар бораи роҳҳои Ӯ, оиди чизҳое, ки Ӯ дӯст медорад ва чизҳое, ки аз онҳо нафрат мекунад, дар бораи он ки Ӯ то чӣ андоза пурқудрату хирадманд аст, дониш гирифтам. Ҳаррӯза хондани Китоби Муқаддас ба ман кӯмак намуд, ки рӯзҳои мушкилтарини ҳаётамро паси сар кунам».

8. Каломи Худо ба мо чӣ гуна таъсир карда метавонад?

8 Бо мунтазам хондани порае аз Каломи Худо мо мегузорем, ки он ба мо таъсир кунад. (Ибриён 4:12–ро бихонед.) Чунин хониш метавонад шахсиятамонро беҳтар намуда, моро дар назари Яҳува писандидатар гардонад. Оё эҳсос мекунед, ки барои хондани Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди он вақти бештаре ҷудо кардан лозим аст?

9, 10. Шинос будан бо Каломи Худо чӣ маъно дорад? Мисол оред.

9 Танҳо донистани он ки чӣ дар Каломи Худо навишта шудааст, ҳоло маънои онро надорад, ки мо бо Китоби Муқаддас шинос ҳастем. Шахсонеро, ки Павлус аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯдак номид, бо Каломи илҳомбахшидаи Худо ба андозае шинос буданд. Вале онҳо мувофиқи он амал наменамуданд ва дар ҳаёташон арзишашро намесанҷиданд. Ин шахсон ба фаҳмидани мағзи гуфтаҳои Каломи Худо кӯшиш намекарданд ва аз ин рӯ барои қабули қарорҳои оқилона онҳоро ба кор намебурданд.

10 Шинос будан бо Каломи Худо маънои онро дорад, ки мо Навиштаҳоро медонем ва мувофиқи онҳо амал мекунем. Мисоли хоҳаре бо номи Кайл инро нишон медиҳад. Рӯзе байни Кайл ва ҳамкораш якдигарнофаҳмӣ ба вуҷуд омад. Хоҳар ин мушкилиро чӣ тавр ҳал кард? Вай мегӯяд: «Ояте ки зуд ба хотирам омад, Румиён 12:18 буд. Он ҷо навишта шудааст: “То ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед”. Ман ба ҳамкорам баъди кор вохӯрданро таклиф кардам». Вохӯрӣ натиҷаи хуб овард ва ба ҳамкори Кайл чунин амал кардани ӯ хеле маъқул шуд. Кайл мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда, мо ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавем».

Итоаткориро ёд гиред

11. Чӣ нишон медиҳад, ки итоаткорӣ дар вазъиятҳои мушкил осон нест?

11 Ба кор бурдани донише, ки мо аз Навиштаҳо омӯхтем, метавонад душвор бошад, хусусан дар вазъиятҳои мушкил. Масалан, чанде пас аз он ки Яҳува исроилиёнро аз ғуломии Миср озод намуд, онҳо «бо Мусо низоъ карда», Яҳуваро озмуданд. Барои чӣ? — Барои он ки онҳо аз оби нӯшокӣ танқисӣ кашиданд (Хур. 17:1–4). Худо бо исроилиён аҳд баста буд ва онҳо ваъда дода буданд, ки «ҳамаи суханонеро, ки Худованд гуфтааст, ба ҷо» меоранд, лекин аз ин ду моҳ нагузашта, онҳо қонуни Ӯро оиди бутпарастӣ вайрон намуданд (Хур. 24:3, 12–18; 32:1, 2, 7–9). Исроилиён шояд аз дер боз набудани Мусо, ки дар кӯҳи Ҳӯриб буду аз Худо дастур мегирифт, ба тарс афтоданд. Эҳтимол онҳо фикр карданд, ки амолеқиён аз нав ҳуҷум мекунанд ва онҳо бе Мусо мағлуб мешаванд, зеро пештар дастҳои бардоштаи Мусо ба онҳо ғалаба оварда буданд (Хур. 17:8–16). Чӣ хеле ки набошад, исроилиён «нахостанд ... итоат намоянд» (Аъм. 7:39–41). Павлус масеҳиёнро ташвиқ кард, ки онҳо «саъю кӯшиш» намоянд, то мисли исроилиёне, ки аз даромадан ба Сарзамини ваъдашуда тарсиданд, «беитоатӣ» накунанд (Ибр. 4:3, 11).

12. Исо итоаткориро чӣ гуна ёд гирифт ва ин ӯро ба чӣ омода сохт?

12 Барои сӯи камолот шитофтан мо бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ба Яҳува итоат намоем. Намунаи Исои Масеҳ нишон медиҳад, ки аксаран инсон итоаткориро ба василаи азобу уқубатҳо ёд мегирад. (Ибриён 5:8, 9–ро бихонед.) Ҳанӯз то ба замин омаданаш Исо ба падараш итоаткорӣ зоҳир мекард. Лекин иҷрои иродаи Падар дар замин бо азоби ҷисмониву равонӣ алоқаманд буд. Дар вазъиятҳои бениҳоят вазнин итоаткорӣ зоҳир намуда, Исо «камол ёфт» ва ба мақоми наве, ки Худо барояш тайёр карда буд, яъне барои Подшоҳ ва Саркоҳин шудан омода гашт.

13. Чӣ нишон медиҳад, ки мо итоаткориро ёд гирифтаем?

13 Дар бораи ҳар яки мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо тайёрем, ки ҳатто зери мушкилиҳои вазнин ба Яҳува итоат намоем? (1 Петрус 1:6, 7–ро бихонед.) Маслиҳатҳои Худо оиди ахлоқ, ростқавлӣ, дуруст истифода бурдани забон, хониш ва омӯзиши шахсии Навиштаҳо, ташрифорӣ ба вохӯриҳои масеҳӣ ва иштирок дар кори мавъиза аниқу равшананд (Еҳ. 1:8; Мат. 28:19, 20; Эфс. 4:25, 28, 29; 5:3–5; Ибр. 10:24, 25). Оё мо ба ин маслиҳатҳо ҳатто ҳангоми рӯбарӯшавӣ бо душвориҳо гӯш мекунем? Итоаткории мо нишон медиҳад, ки мо дар роҳи камолоти рӯҳонӣ рушд кардаем.

Камолоти масеҳӣ чаро муфид аст?

14. Фаҳмонед, ки шитофтан сӯи камолот чӣ гуна моро ҳифз карда метавонад.

14 Агар қобилияти дарккунии масеҳиён барои фарқ кардани неку бад дуруст инкишоф ёфта бошад, ин онҳоро дар ҷаҳоне, ки дар он шарму ҳаё намондааст, ҳақиқатан ҳам муҳофизат мекунад (Эфс. 4:19). Масалан, бародаре бо номи Ҷеймс мунтазам адабиёти бар Навиштаҳо асосёфтаро мехонд ва онро хеле қадр мекард. Вақте ки ӯ ба корхонае ба кор даромад, дид, ки коллектив занона аст. «Агарчи бисёри ҳамкоронам бадахлоқона рафтор мекарданд,— мегӯяд Ҷеймс,— яке аз онҳо ба назар бамаънӣ метофт ва ба ҳақиқати Китоби Муқаддас рағбат зоҳир мекард. Лекин вақте ки мо дар утоқи корӣ танҳо мондем, вай шаҳватомез рафтор намуд. Ман дар аввал фикр кардам, ки ӯ шӯхӣ мекунад, лекин фаҳмидам, ки вайро боздоштан душвор аст. Маҳз ҳамон вақт мисоли бародаре аз мақолаи «Бурҷи дидбонӣ» ба хотирам омад, ки ӯ ҳам дар ҷои кораш ба чунин васваса дучор шуда буд. Дар мақола мисоли Юсуф ва зани Фӯтифар ёдрас мешуд *. Ман дарҳол духтарро тела додам ва ӯ гурехта рафт» (Ҳас. 39:7–12). Ҷеймс хурсанд буд, ки дигар ҳеҷ чиз рӯй надод ва ӯ виҷдонашро пок нигоҳ дошт (1 Тим. 1:5).

15. Шитофтан сӯи камолот дили моро чӣ гуна қавӣ мегардонад?

15 Камолоти масеҳӣ ҳамчунин дили моро қавӣ мегардонад ва моро аз таъсироти «таълимоти гуногун ва бегона» нигоҳ медорад. (Ибриён 13:9–ро бихонед.) Вақте ки мо барои рӯҳан рушд кардан мекӯшем, диққати мо бо «чизҳои муҳимтар» банд хоҳад буд (Фил. 1:9, 10, ТДН). Ба туфайли ин, миннатдории мо ба Худо меафзояд ва мо ҳама чизҳоеро, ки Ӯ ба манфиатамон мекунад, бештар қадр менамоем (Рум. 3:24). Масеҳиёне, ки «дар ақл болиғ»–анд, чунин рӯҳияи миннатдориро инкишоф медиҳанд ва аз муносибатҳои наздик бо Яҳува баҳраманданд (1 Қӯр. 14:20).

16. Ба хоҳаре чӣ кӯмак кард, ки дилашро қавӣ гардонад?

16 Хоҳаре бо номи Луиза иқрор мешавад, ки чанде пас аз таъмид гирифтанаш ӯро асосан фикри он ки дигарон дар бораи ӯ чӣ мегӯянд, ташвиш медод. «Ман ягон кори бад намекардам,— мегӯяд ӯ,— лекин дар дилам хоҳиши сахти ба Яҳува хидмат намудан надоштам. Ман дарк мекардам, ки агар барои Яҳува ҳар кори аз дастам меомадагиро кардан хоҳам, ман бояд дигар шавам. Мушкилии бузургтарин — аз таҳти дил ибодат кардани Яҳува буд». Луиза саъю кӯшиш намуда, дилашро «қавӣ» гардонд, ки ин баъдтар ҳангоми бо бемории вазнин дучор шуданаш ба ӯ кӯмак кард (Яъқ. 5:8). Ӯ мегӯяд: «Бо вуҷуди сахт азоб кашиданам, ман дар ҳақиқат ба Яҳува наздик шудам».

Аз самими қалб итоаткор бошед

17. Чаро итоаткорӣ дар асри як хусусан муҳим буд?

17 Маслиҳати Павлус оиди шитофтан сӯи камолот барои масеҳиёне, ки дар асри як дар Ерусалим ва Яҳудо зиндагӣ мекарданд, наҷотбахш буд. Онҳое, ки ба ин маслиҳат гӯш карданд, шахсони амиқбин буданд ва ин ба онҳо кӯмак намуд, ки аломати Исо пешгӯикардаро муайян намоянд ва «ба кӯҳистон гурезанд». Вақте ки онҳо «кароҳати харобиро ... дар ҷои муқаддас» диданд, яъне вақте ки лашкари румӣ Ерусалимро иҳота намуда, ба он ҳуҷум кард, масеҳиён фаҳмиданд, ки вақти гурехтан расидааст (Мат. 24:15, 16). Ба пешгӯии огоҳкунандаи Исо гӯш карда, масеҳиён пеш аз хароб шудани Ерусалим аз он гурехтанд ва мувофиқи қайдҳои таърихнигори калисо Евсевий онҳо дар мавзеи кӯҳии Ҷилъод, дар шаҳри Пелла сокин шуданд. Бо ин роҳ онҳо аз мусибати сахттарине, ки дар таърихи Ерусалим ҷой дошт, эмин монданд.

18, 19. а) Чаро зоҳир кардани итоаткорӣ имрӯз хеле муҳим аст? б) Мақолаи навбатӣ чиро муҳокима мекунад?

18 Итоаткорие, ки мо аз камолоти рӯҳонӣ зоҳир мекунем, инчунин вақте наҷотбахш хоҳад буд, ки пешгӯии Исо ба миқёси бузургтар иҷро мешавад, яъне «мусибати бузурге», ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст, меояд (Мат. 24:21). Оё мо дар оянда ба ҳар роҳнамоии фаврие, ки эҳтимол аз тарафи синфи «гумоштаи мӯътамад» мегирем, итоат хоҳем кард? (Луқ. 12:42). То чӣ андоза муҳим аст, ки «аз самими қалб» итоаткор буданро ёд гирем! (Рум. 6:17).

19 Барои расидан ба камолот мо бояд қобилияти дарккунии худро инкишоф диҳем. Барои ин мо бояд бо Каломи Худо хубтар шинос шавем ва итоаткориро ёд гирем. Ҳангоми шитофтан сӯи камолоти масеҳӣ наврасон бо мушкилиҳои хосе рӯ ба рӯ мешаванд. Мақолаи навбатӣ барои бомуваффақият паси сар кардани ин мушкилиҳо кӯмак мекунад.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 7 Баъзе номҳо иваз карда шудаанд.

^ сарх. 14 Нигаред ба мақолаи «Бо иродаи қавӣ ба гуноҳ “не” гӯед» аз «Бурҷи дидбонӣ», аз 1–уми апрели с. 1999 (рус.).

Шумо чӣ фаҳмидед?

• Камолоти рӯҳонӣ чист ва барои расидан ба он чӣ бояд кард?

• Шиносоӣ бо Каломи Худо дар шитофтан сӯи камолот чӣ нақше мебозад?

• Итоаткориро мо чӣ гуна ёд гирифта метавонем?

• Камолоти рӯҳонӣ чаро муфид аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]