Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҷавонон, бигзор муваффақияти шумо ба ҳама аён бошад

Ҷавонон, бигзор муваффақияти шумо ба ҳама аён бошад

Ҷавонон, бигзор муваффақияти шумо ба ҳама аён бошад

«Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун [«ғарқи ин шав», ТДН], то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад» (1 ТИМ. 4:15).

1. Худо ба ҷавонон чӣ орзу мекунад?

«ЭЙ ҶАВОН, дар наврасии худ айшу тараб намо, то ки дилат туро дар айёми ҷавонии ту шод гардонад»,— навишта буд, подшоҳи хирадманди Исроили қадим, Сулаймон (Воиз 11:9). Муаллифи ин суханон — Яҳува Худо бешубҳа мехоҳад, ки шумо, ҷавонон, хушбахт бошед. Беш аз ин, Яҳува хоҳони он аст, ки шумо на фақат дар ҷавонӣ хурсандӣ кунед. Лекин дар ин айём одатан одамон ба хатогиҳое роҳ медиҳанд, ки ба ояндаи хушбахтонаи онҳо таъсир карда метавонанд. Ҳатто Айюби содиқ аз «хатоҳои ҷавонӣ»–аш афсӯс мехӯрд (Айюб 13:26). Дар давраи наврасӣ ва чанд сол баъд аз он ба масеҳиёни ҷавон одатан қарорҳои ҷиддӣ қабул кардан лозим аст. Қабули қарорҳои нодуруст метавонад дар дил ҷароҳатҳои чуқур гузорад ва мушкилиҳое пеш орад, ки ба ҳаёти минбаъда таъсир мерасонанд (Воиз 11:10).

2. Кадом маслиҳати Китоби Муқаддас кӯмак мекунад, ки ҷавонон хатоҳои ҷиддӣ накунанд?

2 Лекин ҷавондухтарону ҷавонписарон бояд оқилӣ зоҳир намоянд. Павлуси расул ба масеҳиёни қӯринтӣ чунин маслиҳат дод: «Дар ақл мисли кӯдакон набошед ... дар ақл болиғ бошед» (1 Қӯр. 14:20). Мувофиқи ин маслиҳат ҷавонон қобилияти фикркунӣ ва мулоҳизарониашонро то дараҷаи шахси болиғ, яъне калонсол инкишоф дода, ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ намедиҳанд.

3. Барои расидан ба камолоти рӯҳонӣ чӣ кӯмак мекунад?

3 Ҷавонон, дар хотир доред, ки камолоти рӯҳонӣ саъю кӯшиш талаб мекунад. Павлус ба Тимотиюс гуфт: «Бигзор ҳеҷ кас ба ҷавонии ту беэътиноӣ накунад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош ... ба қироат, насиҳат ва таълим машғул шав ... Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун [«ғарқи ин шав», ТДН], то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад» (1 Тим. 4:12–15). Масеҳиёни ҷавон бояд рӯҳан рушд кунанд, муваффақиятҳо ба даст оранд ва пешрафти онҳо бояд ба дигарон аён бошад.

Муваффақият дар чист?

4. Ба даст овардани муваффақиятҳои рӯҳонӣ чӣ маъно дорад?

4 Муваффақият ба даст овардан маънои дигар шудан, беҳтар шуданро дорад. Павлус Тимотиюсро ташвиқ кард, ки дар сухан, рафтор, муҳаббат, имон, покӣ ва дар хидмат беҳтар гардад. Ҳамчунин ӯ бояд саъю кӯшиш мекард, ки ба дигарон намунаи ибрат бошад. Барои ин Тимотиюс бояд минбаъд низ муваффақиятҳои рӯҳонӣ ба даст меовард.

5, 6. а) Муваффақиятҳои Тимотиюс кай намоён гаштанд? б) Дар мавриди ба даст овардани муваффақиятҳои рӯҳонӣ ҷавонони имрӯза чӣ гуна ба Тимотиюс пайравӣ карда метавонанд?

5 Вақте ки Павлус ин суханонро дар солҳои 61 ва 64–уми д. мо навишт, Тимотиюс аллакай пири ботаҷриба буд. Рушди рӯҳонии ӯро тӯли солҳо дигарон мушоҳида мекарданд. Дар солҳои 49–50-уми д. мо, вақте ки Тимотиюс эҳтимол тақрибан 20–сола буд, «бародарони сокини Лустра ва Иқуния» рушди рӯҳониашро дида, «ӯро таъриф мекарданд» (Аъм. 16:1–5). Он вақт Павлус Тимотиюсро ҳамроҳаш ба сафари миссионерӣ гирифта буд. Дар давоми чанд моҳ рушди минбаъдаи Тимотиюсро дида, Павлус ӯро ба шаҳри Таслӯникӣ барои тасаллӣ додану дар имон устувор кардани масеҳиёни он шаҳр фиристод. (1 Таслӯникиён 3:1–3, 6-ро бихонед.) Маълум аст, ки ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ муваффақиятҳои бадастовардаи Тимотиюс ба дигарон намоён буданд.

6 Шумо ҷавонони ҷамъомад, ҳозир хусусиятҳои даркории рӯҳониро дар худ инкишоф диҳед, то ки муваффақиятҳоятон дар ҳаёти масеҳӣ ва таълим додани ҳақиқати Китоби Муқаддас аён гарданд. Исо аллакай дар дувоздаҳсолагӣ «дар ҳикмат» рушд мекард (Луқ. 2:52). Биёед муҳокима намоем, ки чӣ тавр шумо дар се ҷодаи зерини ҳаёт муваффақият ба даст оварда метавонед: 1) ҳангоми дучоршавӣ ба мушкилиҳо; 2) ҳангоми тайёрӣ ба бунёди оила ва 3) барои «хизматгузори нек» шудан (1 Тим. 4:6).

«Бо солимфикрӣ» мушкилиҳоро паси сар кунед

7. Чӣ тавр мушкилиҳо ба ҷавонон таъсир карда метавонанд?

7 Ҷавондухтари 17–солаи масеҳӣ бо номи Кэрол мегӯяд: «Баъзан ман худро ҷисману равонан чунон хаста эҳсос мекардам, ки саҳаргоҳон аз хоб хестан намехостам» *. Чаро ӯ худро чунин эҳсос мекард? Вақте ки Кэрол даҳсола буд, волидонаш ҷудо шуданд ва ӯ ҳамроҳи модараш, ки меъёрҳои ахлоқии Китоби Муқаддасро рад мекард, монд. Шояд шумо низ монанди Кэрол дар вазъияти мушкиле зиндагӣ мекунед, ки ба назар илоҷи беҳтаршавӣ надорад.

8. Тимотиюс бо чӣ гуна мушкилиҳо мубориза мебурд?

8 Дар роҳи муваффақиятҳои рӯҳонӣ Тимотиюс низ бо мушкилиҳо мубориза мебурд. Масалан, аз сабаби дарди меъда вай «нотобиҳои зиёде» эҳсос мекард (1 Тим. 5:23). Вақте ки дар ҷамъомади шаҳри Қӯринтус баъзеҳо обрӯю эътибори Павлусро чун расул зери шубҳа гузошта, сабаби пайдо шудани мушкилиҳо гаштанд, Павлус ба он ҷо Тимотиюсро фиристод ва ҷамъомади он шаҳрро ташвиқ кард, ки бо Тимотиюс ҳамкорӣ кунанд, «то ки ӯ байни онҳо тарс эҳсос накунад» (1 Қӯр. 4:17; 16:10, ТДН, 11). Аз афташ Тимотиюс шахси шармгин буд.

9. Солимфикрӣ чист ва он аз тарсончакӣ чӣ фарқ дорад?

9 Баъдтар Павлус ба Тимотиюс маслиҳати муфид дод: «Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ [«солимфикрӣ», ТДН] додааст» (2 Тим. 1:7). Солимфикрӣ — қобилияти оқилона фикру мулоҳиза кардан аст. Шахси солимфикр ба ҳама чиз воқеъбинона менигарад, на ин ки чизи мехостаашро мебинад. Баъзе ҷавонон аз тарсончакӣ бо вазъиятҳои мушкил рӯ ба рӯ шудан намехоҳанд. Онҳо вақти аз ҳад зиёде ба хобу тамошои барномаҳои телевизионӣ сарф менамоянд, нашъамандӣ ва мастигарӣ мекунанд, доимо аз паи айшу ишратанд ва ё ба бадахлоқии ҷинсӣ дода шудаанд. Масеҳиён ташвиқ карда мешаванд, ки «маъсият ва шаҳавоти дунёро рад намуда, дар ин дунё бо исмат [«бо солимфикрӣ», ТДН], адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ» кунанд (Тит. 2:12).

10, 11. Чӣ тавр солимфикрӣ кӯмак мекунад, ки ба қувваи Худо такя намоем?

10 Китоби Муқаддас ҷавононро ба «солимфикр» будан даъват мекунад (Тит. 2:6, ТДН). Мувофиқи ин маслиҳат амал намуда, шумо ҳангоми дучоршавӣ ба мушкилиҳо ба Худо муроҷиат хоҳед намуд ва ба қувваи Ӯ такя хоҳед кард. (1 Петрус 4:7–ро бихонед.) Ҳамин тавр, шумо эътимоди худро ба «қуввате ки Худо» медиҳад, қавӣ хоҳед гардонд (1 Пет. 4:11).

11 Маҳз солимфикрӣ ва дуо ба Кэрол кӯмак намуданд. «Бароям зиндагӣ мувофиқи меъёрҳои ахлоқӣ, қатъи назар аз он ки модарам ҳаёти бадахлоқона ба сар мебарад, кори мушкилтарини то ин дам кардаам буд, — мегӯяд ӯ.— Лекин ба ман дуо дар ҳақиқат кӯмак менамуд. Акнун ман медонам, ки Яҳува бо ман аст, аз ин рӯ дигар наметарсам». Дар хотир доред, ки мушкилиҳо шуморо обутоб медиҳанд ва шахсиятатонро беҳтар мегардонанд (Заб. 104:17–19; Нав. Ирм. 3:27). Бо кадом мушкилие, ки дучор нашавед, Худо ҳаргиз шуморо тарк намекунад. Ӯ шуморо дар ҳақиқат «ёварӣ» хоҳад кард (Иш. 41:10).

Тайёрӣ ба бунёди оилаи хушбахт

12. Чаро масеҳие, ки дар бораи оилабунёдкунӣ фикр мекунад, бояд принсипи дар Масалҳо 20:25 навишташударо ба инобат гирад?

12 Баъзе ҷавонон барои бунёд кардани оили саросема мешаванд, зеро фикр мекунанд, ки он калиди хушбахтӣ, давои танҳоӣ, зиқӣ ва мушкилиҳои хонавода аст. Лекин додани аҳди издивоҷ қадами ҷиддӣ мебошад. Дар замони навишта шудани Китоби Муқаддас баъзеҳо саросемавор назри муқаддас мекарданд, ҳол он ки ба маънои он сарфаҳм намерафтанд. (Масалҳо 20:25–ро бихонед.) Баъзан ҷавонон дар бораи чӣ будани ҳаёти оилавӣ ҷиддан фикр намекунанд. Лекин баъдтар онҳо мебинанд, ки ҳаёти оилавӣ назар ба он чӣ ки онҳо пештар интизор буданд, чизи бештареро талаб мекунад.

13. Касе, ки давраи мулоқоту номзадиро оғоз карданист, бояд ба худ чӣ гуна саволҳо диҳад ва кадом маслиҳатҳои муфид барояш дастрасанд?

13 Аз ин рӯ, пеш аз оғоз кардани давраи мулоқоту номзадӣ аз худ бипурсед: «Чаро ман оила бунёд кардан мехоҳам? Ман аз издивоҷ чӣ интизорам? Оё ӯ бароям шахси муносиб аст? Оё ман барои иҷрои масъулиятҳои оилавӣ дар ҳақиқат тайёрам?» Барои кӯмак ба шумо «ғуломи мӯътамад ва доно» мақолаҳои зиёди ба ин мавзӯъ бахшидашуда нашр кардааст * (Мат. 24:45–47). Ба ин маълумот чун ба панду насиҳати Яҳува нигаред. Онро боддиқат омӯзед ва мувофиқи он амал кунед. Ҳеҷ гоҳ «мисли асп, мисли хачир бефаҳм набошед» (Заб. 31:8, 9). Ба чизе ки ҳаёти оилавӣ аз шумо талаб мекунад, чун шахси аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол нигаред. Агар шумо фикр кунед, ки барои оғоз кардани давраи мулоқоту номзадӣ тайёред, дар хотир доред, ки бояд «дар покӣ намунаи ибрат» бошед (1 Тим. 4:12).

14. Камолоти рӯҳонӣ дар ҳаёти оилавӣ чӣ тавр кӯмак мекунад?

14 Камолоти рӯҳонӣ баъди издивоҷ кардан ҳам кӯмак мекунад. Масеҳии аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол кӯшиш мекунад, ки «ба андозаи ... [«пуррагии», ТДН] Масеҳ» бирасад (Эфс. 4:11–14). Вай барои инкишоф додани шахсияти мисли Масеҳ саъй менамояд. Чун Намунаи ибрат Масеҳ «толиби роҳати Худ набуд» (Рум. 15:3). Вақте ки ҳамсарон беҳбудии якдигарро аз беҳбудии худ боло мегузоранд, оила ошёни осоишу бехатарӣ мегардад (1 Қӯр. 10:24). Шавҳар муҳаббати фидокорона зоҳир мекунад ва зан бошад, мисли Исо, ки ба Сарвари худ итоаткор буд, ба шавҳараш бо омодагӣ итоат менамояд (1 Қӯр. 11:3; Эфс. 5:25).

«Хизмати худро иҷро намо»

15, 16. Ба туфайли чӣ муваффақиятҳоятон дар хидмат ба дигарон намоён мешавад?

15 Диққати Тимотиюсро ба вазифаи муҳим равона карда, Павлус менависад: «Туро ба ҳузури Худо ва Исои Масеҳ ... қасам медиҳам, ки каломро мавъиза кунӣ». Ӯ илова мекунад: «Кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати худро иҷро намо» (2 Тим. 4:1, 2, 5). Барои иҷрои ин вазифа Тимотиюс «аз суханони имон» бояд ғизо мегирифт. (1 Тимотиюс 4:6–ро бихонед.)

16 Чӣ тавр шумо «аз суханони имон» ғизо гирифта метавонед? Павлус менависад: «Ба қироат, насиҳат ва таълим машғул шав. Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун [«ғарқи ин шав», ТДН]» (1 Тим. 4:13, 15). Барои беҳтар шудан Китоби Муқаддасро боғайратона омӯхтан лозим аст. Ибораи «ғарқи ин шав» маънои пурра дода шудан ба чизе ё кореро дорад. Дар бораи омӯзиши шахсиатон чӣ гуфтан мумкин аст? Оё шумо ғарқи омӯзиши «умқҳои Худо» мешавед ё сарсарӣ омӯзиш мекунед? (1 Қӯр. 2:10). Мулоҳизаронӣ оиди он чизе ки меомӯзед, ба дили шумо таъсир хоҳад кард. (Масалҳо 2:1–5-ро бихонед.)

17, 18. а) Чӣ гуна қобилиятҳоро шумо бояд боғайратона дар худ инкишоф диҳед? б) Пайравӣ ба Тимотиюс чӣ тавр дар хидмат ба шумо кӯмак мекунад?

17 Пешрави ҷавон Мишел мегӯяд: «Барои самаранок намудани хидмати худ, ман барномаи хуби омӯзиши шахсӣ дорам ва мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меорам. Ба туфайли ин ман аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд мекунам». Хидмати пешравӣ дар ҳақиқат кӯмак хоҳад кард, то шумо Китоби Муқаддасро дар мавъиза бомаҳораттар истифода баред ва муваффақиятҳои рӯҳонӣ ба даст оред. Бодиққат хондану дар вохӯриҳои масеҳӣ шарҳҳои пурмазмун доданро ёд гиред. Ҳамчунин ҷавонони аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол дар Мактаби таълими мавъиза бо истифодаи маълумоти таъиншуда супоришҳои омӯзишие, ки ба шунавандагон муфиданд, тайёр мекунанд.

18 «Кори башоратдиҳандаро ба ҷо» овардан маънои самараноктар хидмат намудан, ба дигарон барои даст ёфтан ба наҷот кӯмак карданро дорад. Ин инкишоф додани маҳорати «омӯзгорӣ»-ро талаб мекунад (2 Тим. 4:2). Бо воизони ботаҷриба дар хидмат ҳамкорӣ карда, шумо метавонед аз онҳо усулҳои омӯзгориашонро ёд гиред ва бо ин роҳ ба Тимотиюс, ки аз Павлус ёд мегирифт, пайравӣ мекунед (1 Қӯр. 4:17). Павлус касонеро, ки ба онҳо кӯмак карда буд, дар назар дошта гуфт, ки ӯ ба онҳо на танҳо хушхабари Худоро мавъиза кард, балки ҷонашро дод, яъне вақту қувваташро барои кӯмак ба онҳо дареғ намедошт, зеро онҳо барояш азиз буданд (1 Тас. 2:8). Шумо низ бояд аз Павлус ибрат гиред. Барои ин ба Тимотиюс пайравӣ намоед, ки ӯ аз самими қалб ба дигарон ғамхорӣ мекард ва чун ғулом «дар башорат хизмат» менамуд. (Филиппиён 2:19–23-ро бихонед.) Оё шумо дар хидмат чунин рӯҳияи фидокорӣ зоҳир менамоед?

Муваффақиятҳои рӯҳонӣ қаноатмандии ҳақиқӣ меоранд

19, 20. Чаро ба даст овардани муваффақиятҳои рӯҳонӣ хурсандӣ меорад?

19 Ба даст овардани муваффақиятҳои рӯҳонӣ саъю кӯшишро талаб мекунад. Лекин босаброна маҳорати омӯзгориатонро инкишоф дода, шумо бо гузашти вақт дигаронро рӯҳан «сарватдор» хоҳед кард ва онҳо бароятон «тоҷи фахр» хоҳанд гашт (2 Қӯр. 6:10; 1 Тас. 2:19). «Ман ҳеҷ гоҳ ин қадар вақти зиёдамро барои кӯмак ба дигарон сарф накардаам,— мегӯяд Фред, ходими пурравақт.— Дар ҳақиқат, додан аз гирифтан беҳтар аст, яъне хушбахтии бештар меорад».

20 Дар бораи қаноатмандие, ки рушди рӯҳонӣ меорад, пешрави ҷавоне бо номи xxx ба Яҳува хеле наздик шудам, зеро акнун Ӯро чун Шахсият қадр мекунам. Вақте ки барои писанд омадан ба Яҳува ҳар кори аз дастат меомадаро мекунӣ, ин бароят қаноатмандии ҳақиқӣ меорад». Ҳарчанд муваффақиятҳои рӯҳонии шуморо на ҳамеша одамон мебинанд, Яҳува онҳоро мебинад ва қадр мекунад (Ибр. 4:13). Бешубҳа, шумо ҷавонони ҷамъомади масеҳӣ Падари осмониамонро ҳамду сано карда метавонед. Пас, минбаъд низ муваффақиятҳои рӯҳонӣ ба даст оред ва бо ин дили Ӯро шод гардонед (Мас. 27:11).

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 7 Баъзе номҳо иваз карда шудаанд.

^ сарх. 13 Боби «Оё ӯ бароям шахси муносиб аст?», аз китоби «Суолҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ», ҷилди 2 (рус.); ҳамчунин мақолаҳои «Ҳидояти Худо ҳангоми интихоби ҳамсар» аз «Бурҷи дидбонӣ», 15–уми маи с. 2001 (рус.) ва «Оё дар навҷавонӣ оила бунёд кардан оқилона аст?» аз «Бедор шавед!», 22–юми сентябри с. 1983 (англ.).

Шумо чӣ омӯхтед?

• Ба даст овардани муваффақиятҳои рӯҳонӣ чӣ маъно дорад?

• Чӣ метавон кард, то муваффақиятҳои рӯҳонии шумо дар се ҷодаи зерин аён бошанд:

ҳангоми дучоршавӣ бо мушкилиҳо?

ҳангоми тайёрӣ ба бунёди оила?

дар хидмат?

[Саволҳо барои омӯзиш]