Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро мо Исоро пайравӣ мекунем?

Чаро мо Исоро пайравӣ мекунем?

Чаро мо Исоро пайравӣ мекунем?

«Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва ... Маро пайравӣ намояд» (ЛУҚ. 9:23).

1, 2. Чаро муҳокимаи он ки аз кадом сабабҳо мо бояд «Масеҳ»-ро пайравӣ кунем, муҳим аст?

ТО ЧӢ АНДОЗА хурсанд аст Яҳува, аз он ки шумо — касони ба ҳақиқат рағбатдошта ва шумо — ҷавононро дар ҷамъомади умумиҷаҳониаш мебинад! Агар шумо нияти давом додани омӯзиши Китоби Муқаддас, мунтазам ташриф овардан ба вохӯриҳои масеҳӣ ва афзун кардани дониш оиди ҳақиқати наҷотбахши Каломи Худоро дошта бошед, шумо бояд дар бораи даъвати зерини Исо ҷиддан фикр кунед: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд» (Луқ. 9:23). Мувофиқи суханони Исо шумо бояд худро инкор кунед ва пайрави ӯ гардед. Пас, муҳокимаи он ки чаро мо бояд «Масеҳ»-ро пайравӣ намоем, бароямон муҳим аст (Мат. 16:13–16).

2 Дар бораи онҳое, ки аллакай Исои Масеҳро пайравӣ мекунанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Мо ташвиқ карда мешавем, ки «ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар» амал кунем (1 Тас. 4:1, 2). Хоҳ мо ҳақиқатро ба наздикӣ фаҳмида бошем, хоҳ даҳсолаҳо инҷониб, мулоҳиза оиди он ки аз кадом сабабҳо мо Масеҳро пайравӣ менамоем, муфид аст. Ин ба мо кӯмак мекунад, то мувофиқи маслиҳати Павлус амал намуда, кӯшиш кунем, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаамон тарзи рафтори Исо бештар зоҳир гардад. Биёед муҳокима намоем, ки аз кадом панҷ сабаб мо бояд Масеҳро пайравӣ кунем.

Ба Яҳува наздиктар мешавем

3. Бо кадом ду роҳ мо бо Яҳува шинос шуда метавонем?

3 Павлуси расул дар миёнаҷои Ареопаг истода ба сокинони Афина (Атино) муроҷиат карда, гуфт: «[Худо] барои сукунати онҳо [сокинони замин] мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакӣ муқаррар кардааст, то ки онҳо Худоро ҷустуҷӯ кунанд ва шояд Ӯро ёбем гӯён, кӯр–кӯрона даст–даст карда нагарданд, гарчанде ки Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест» (Аъм. 17:22, 26, 27). Мо метавонем Худоро ҷустуҷӯ кунем ва дар ҳақиқат бо Ӯ шинос шавем. Масалан, аз омӯзиши офаридаҳои Худо мо дар бораи қудрату хусусиятҳои Офаридгор бисёр чизҳоро мефаҳмем (Рум. 1:20). Ҳамчунин, Каломи Яҳува, Китоби Муқаддас дар бораи Ӯ муфассал нақл мекунад (2 Тим. 3:16, 17). Чӣ қадар бештар мо ба аъмоли Яҳува диққат диҳем ва «дар бораи корномаҳои» Ӯ мулоҳиза кунем, ҳамон қадар хубтар бо Худо шинос шуда метавонем (Заб. 76:13).

4. Чӣ тавр пайравӣ ба Масеҳ кӯмак мекунад, ки бо Яҳува хубтар шинос шавем?

4 Роҳи беҳтарини хубтар шинос шудан бо Яҳува — ин пайравӣ кардан ба Масеҳ аст. Танҳо дар бораи ҷалоле, ки Исо «пеш аз ҳастии олам» назди Падараш дошт, фикр кунед! (Юҳ. 17:5). Вай «ибтидои хилқати Худост» (Ваҳй 3:14). Ӯ чун «нахустзодаи тамоми махлуқот» муддати тӯлонӣ дар осмон бо Падараш — Яҳува зиндагӣ кардааст. Исо бо Худо муошират мекард, дӯсти наздики Ӯ буд ва хурсандона ҳамроҳаш меҳнат менамуд. Дар натиҷа байни онҳо чунон бандҳои мустаҳками муҳаббат пойдор гаштанд, ки умуман вуҷуд дошта метавонанд. Исо на танҳо тарзи рафтори Падарашро мушоҳида намуда, ба хусусияту эҳсосоти Ӯ диққат медод, балки онҳоро аз бар мекард ва кӯшиш мекард, ки аз ҳар ҷиҳат мисли Ӯ бошад. Дар натиҷа, ин Писари итоаткор ба Падараш чунон монанд шуд, ки Китоби Муқаддас ӯро «сурати Худои нонамоён» меномад (Қӯл. 1:15). Пас, ба таври аниқ ба Масеҳ пайравӣ намуда, мо бо Яҳува хубтар шинос шуда метавонем.

Шахсияти Яҳуваро бештар инъикос хоҳем кард

5. Чӣ кӯмак мекунад, ки боз ҳам хубтар шахсияти Яҳуваро инъикос кунем ва чаро?

5 Азбаски одамон ба сурату шабоҳати Худо офарида шудаанд, онҳо метавонанд хусусиятҳои Ӯро инъикос кунанд (Ҳас. 1:26). Павлуси расул масеҳиёнро ташвиқ кард: «Чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед» (Эфс. 5:1). Ба Масеҳ пайравӣ карда, мо метавонем ба Падари осмониамон тақлид кунем, яъне шахсияти Ӯро инъикос намоем. Зеро касе мисли Исо тарзи фикрронӣ, эҳсосот ва шахсияти Худоро ба таври беҳтарин инъикос накардааст. Дар замин Исо ба одамон на фақат номи Яҳуваро кушод, балки нишон дод, ки дар паси ин ном чӣ Шахсияте истодааст. (Матто 11:27–ро бихонед.) Сухангӯӣ, корҳо, таълимот ва намунаи Исо инро нишон медоданд.

6. Таълимоти Исо дар бораи Яҳува чиро ошкор мекард?

6 Бо таълимоташ Исо нишон дод, ки Худо аз мо чӣ талаб мекунад ва ба ходимонаш чӣ гуна муносибат менамояд (Мат. 22:36–40; Луқ. 12:6, 7; 15:4–7). Масалан, яке аз Даҳ Аҳком «зино накун» мебошад. Исо ин аҳкомро хотиррасон карда, сипас нишон дод, ки Худо он чиро ки дар дили инсон хеле пеш аз содир кардани ин гуноҳ рӯй медиҳад, мебинад. Ӯ гуфт: «Ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад» (Хур. 20:14; Мат. 5:27, 28). Фарисиён аҳкоми Худоро нодуруст шарҳ дода мегуфтанд: «Ёри худро дӯст бидор ва аз душмани худ нафрат кун». Исо бошад, тарзи фикрронии Яҳуваро ошкор кард: «Душманони худро дӯст бидоред ... барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед» (Мат. 5:43, 44; Хур. 23:4; Иб. 19:18). Фаҳмидани тарзи фикррониву эҳсосоти Худо ва донистани он ки Ӯ аз мо чӣ талаб мекунад, барои хубтар инъикос кардани шахсияти Вай ба мо кӯмак мекунад.

7, 8. Аз намунаи Исо мо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?

7 Ҳамчунин Исо бо намунаи худ нишон дод, ки Падараш чӣ гуна шахсият аст. Вақте ки Инҷилро мехонем, мо мебинем, ки Исо ба мӯҳтоҷон раҳм мекард, ба азияткашон ҳамдардӣ зоҳир менамуд ва шогирдонашро барои ба наздаш намондани кӯдакон маломат мекард. Оё мо мефаҳмем, ки дар Падари осмониамон низ айнан чунин эҳсосот пайдо мешуданд? (Марқ. 1:40–42; 10:13, 14; Юҳ. 11:32–35). Корҳои Исо ба хусусиятҳои асосии Худо рӯшанӣ меандозанд. Оё мӯъҷизаҳои Масеҳ нишон намедиҳанд, ки ӯ дорои қудрати бузург аст? Лекин ӯ ҳаргиз ин қудратро ба манфиати худ ё барои зарар расонидан ба дигарон истифода намебурд (Луқ. 4:1–4). Исо аз маъбад савдогарони ҳарисро пеш кард ва ин адолатпарвар будани ӯро ба таври равшан нишон дод (Марқ. 11:15–17; Юҳ. 2:13–16). Таълимот ва суханони файзбахше, ки Исо барои роҳ ёфтан ба дили одамон истифода мебурд, нишон медоданд, ки ӯ дар хирад «Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст» (Мат. 12:42). Исо аз муҳаббат ҷонашро баҳри беҳбудии дигарон қурбон кард. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад» (Юҳ. 15:13).

8 Писари Худо бо гуфтору рафтораш шахсияти Яҳуваро комилан инъикос мекард ва аз ин рӯ гуфта метавонист: «Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст». (Юҳанно 14:9–11-ро бихонед.) Инак, пайравӣ ба Масеҳ маънои инъикос намудани шахсияти Яҳуваро дорад.

Исо Тадҳиншудаи Яҳува аст

9. Кай ва чӣ тавр Исо Тадҳиншудаи Худо гашт?

9 Тирамоҳи соли 29–уми д. мо, вақте ки Исо сисола буд, ӯ назди Яҳёи Таъмиддиҳанда омад. Биёед бубинем, ки он вақт чӣ рӯй дод. «Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад ва инак, осмон ба рӯи Ӯ кушода шуд ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре нозил шуд». Он вақт ӯ Тадҳиншуда, яъне Масеҳ гашт. Худи Яҳува Исоро Тадҳиншудаи Худ эътироф карда, гуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст» (Мат. 3:13–17). Чӣ сабаби хубест барои пайравӣ кардан ба Масеҳ!

10, 11. а) Унвони «Масеҳ» нисбати Исо чӣ гуна истифода мешавад? б) Чаро мо бояд ҳатман Исои Масеҳро пайравӣ намоем?

10 Дар матни аслии Китоби Муқаддас нисбати Исо унвони «Масеҳ» бо тарзҳои гуногун истифода мешавад: Исои Масеҳ, Масеҳ Исо ва Масеҳ. Бори аввал ибораи «Исои Масеҳ»-ро, ки дар он унвон баъд аз ном меояд, худи Исо истифода бурд. Ӯ ба Падараш дар дуо гуфт: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд» (Юҳ. 17:3). Ин оят нишон медиҳад, ки Исоро Худо фиристодааст ва ӯ Тадҳиншудаи Худо гаштааст. Агар унвон пеш аз ном ояд, ин бештар на ба шахсият, балки ба мавқеи Исо ишора мекунад (2 Қӯр. 4:5, ТДН). Истифодаи танҳо унвон боз як тарзи дигари қайд намудани мавқеи Исо чун Масеҳ мебошад (Юҳ. 4:29).

11 Унвони «Масеҳ» нисбати Исо чӣ тавре ки истифода нашавад, он ҳақиқати муҳимеро таъкид мекунад: ҳарчанд Писари Худо чун инсон ба замин омад ва иродаи Падари худро ба дигарон кушод, ӯ инсон ва пайғамбари оддӣ набуд; Исо омад, то Тадҳиншудаи Яҳува гардад. Мо бояд ҳатман ӯро пайравӣ кунем.

Исо ягона роҳи наҷот аст

12. Кадом суханони ба Тумо гуфтаи Исо ба мо низ аҳамият доранд?

12 Боз як сабаби муҳими ба Масеҳ пайравӣ намуданро, мо дар суханоне, ки Исо чанд соат пеш аз марг ба расулони содиқаш гуфт, меёбем. Вақте ки Тумо аз Исо пурсид, ки ӯ ба куҷо рафта, ба онҳо ҷой тайёр мекунад, Исо гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (Юҳ. 14:1–6). Он вақт Исо бо 11 расули содиқаш сӯҳбат мекард. Ӯ ба онҳо дар осмон ҷой ваъда кард, лекин суханони ӯ ҳамчунин ба касоне, ки дар рӯи замин абадӣ зиндагӣ хоҳанд кард, аҳамият доранд (Ваҳй 7:9, 10; 21:1–4). Чӣ гуна?

13. Исо ба кадом маъно «роҳ» аст?

13 Исои Масеҳ «роҳ» аст, яъне танҳо тавассути ӯ мо ба Худо наздик шуда метавонем. Ин дар мавриди дуо ҳақ аст, зеро фақат ба воситаи Исо дуо гуфта, мо итминон дошта метавонем, ки Падар ҳар он чиро, ки мувофиқи иродаи Ӯ мепурсем, ба мо медиҳад (Юҳ. 15:16). Лекин Исо ҳамчунин ба маънои дигар «роҳ» аст. Гуноҳ инсониятро аз Худо дур намуд (Иш. 59:2). Исо «ҷони Худро барои фидияи бисёр касон» дод (Мат. 20:28). Акнун, чӣ тавре ки Китоби Муқаддас мегӯяд, «хуни ... Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд» (1 Юҳ. 1:7). Ҳамин тавр, ба воситаи Писар оштӣ бо Худо имконпазир гашт (Рум. 5:8–10). Бо имон овардан ба Исо ва итоат кардан ба ӯ мо бо Худо муносибатҳои наздик дошта метавонем (Юҳ. 3:36).

14. Ба кадом маъно Исо «ростӣ» аст?

14 Исо «ростӣ» аст. Ӯ ҳамеша оиди «ростӣ», яъне ҳақиқат сухан мегуфт ва мувофиқи он зиндагӣ мекард, ҳамчунин дар ӯ ҳамаи пешгӯиҳои сершумори бо Масеҳ алоқаманд иҷро гаштанд. «Ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Ӯ “оре” буд», —менависад Павлус (2 Қӯр. 1:20). Ҳатто «сояи некиҳои оянда», ки дар Қонуни Мусо буданд, дар Исои Масеҳ воқеият гаштанд (Ибр. 10:1; Қӯл. 2:17). Ҳамаи пешгӯиҳо асосан ба Исо ишора мекунанд ва онҳо ба нақши асосии ӯ дар иҷрошавии иродаи Яҳува равшанӣ меандозанд (Ваҳй 19:10). Агар хоҳем, ки иҷрошавии иродаи Худо бароямон некӣ орад, мо бояд ба Масеҳ пайравӣ кунем.

15. Ба кадом маъно Исо «ҳаёт» аст?

15 Исо «ҳаёт» аст, зеро ӯ бо хуни худ насли инсониятро харид ва Худо ҳаёти ҷовидониро «ба воситаи ... Исои Масеҳ» ато мекунад (Рум. 6:23). Исо ҳамчунин барои касоне, ки мурдаанд, «ҳаёт» мебошад (Юҳ. 5:28, 29). Илова бар ин, тасаввур кунед, ки ӯ чун Саркоҳин дар тӯли Ҳукмронии Ҳазорсолаи худ чӣ хоҳад кард. Исо тобеони заминии худро аз банди гуноҳ ва марг ба таври абадӣ раҳо хоҳад кард! (Ибр. 9:11, 12, 28).

16. Барои ба Исо пайравӣ намудан мо чӣ сабаб дорем?

16 Инак, ҷавобе, ки Исо ба Тумо дод, барои мо аҳамияти бузург дорад. Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт аст. Ӯ шахсест, ки Худо ба ҷаҳон фиристод, то мо ба воситааш наҷот ёбем (Юҳ. 3:17). Ва бе василаи ӯ касе назди Падар омада наметавонад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем» (Аъм. 4:12). Аз ин рӯ, қатъи назар аз он ки пештар мо ба чӣ эътиқод доштем, имон овардан ба Исо ва пайравӣ кардан ба ӯ оқилона аст, зеро ин моро сӯи ҳаёт роҳнамоӣ мекунад (Юҳ. 20:31).

Ба мо амр дода шудааст, ки Масеҳро гӯш кунем

17. Чаро гӯш кардан ба Писари Худо муҳим аст?

17 Петрус, Юҳанно ва Яъқуб шоҳиди дигаргуншавии Исо буданд. Он вақт ин шогирдон овозе аз осмон шуниданд: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман; ӯро бишнавед [«гӯш кунед», ТДН]» (Луқ. 9:28, 29, 35). Аз ин рӯ, гӯш кардан ба Масеҳ хеле муҳим аст. (Аъмол 3:22, 23–ро бихонед.)

18. Мо чӣ тавр Исои Масеҳро гӯш карда метавонем?

18 Гӯш кардан ба Исо маънои ба ӯ «назар» дӯхтан ва дар бораи намунааш фикру мулоҳиза намуданро дорад (Ибр. 12:2, 3). Аз ин рӯ, мо ба он чи ки оиди Исо дар Китоби Муқаддас ва адабиёти «ғуломи мӯътамад ва доно» мехонем, ҳамчунин дар борааш дар вохӯриҳои масеҳӣ мешунавем, бояд «махсусан бодиққат бошем» (Ибр. 2:1; Мат. 24:45). Биёед чун «гӯсфандони» Исо ӯро гӯш кунем ва ба вай пайравӣ намоем (Юҳ. 10:27).

19. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки Масеҳро ҳамеша пайравӣ кунем?

19 Оё мо қатъи назар аз ҳар гуна душвориҳо ба Масеҳ ҳамеша пайравӣ карда метавонем? Бале, метавонем, агар мо минбаъд низ ба «суханони солим» итоат кунем, яъне дониши гирифтаамонро «бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст» ба кор барем (2 Тим. 1:13).

Шумо чӣ омӯхтед?

• Чаро гуфтан мумкин аст, ки ба Масеҳ пайравӣ карда, мо бо Яҳува наздиктар мешавем?

• Чаро пайравӣ ба Масеҳ маънои инъикос намудани шахсияти Яҳуваро дорад?

• Ба кадом маъно Исо «роҳ ва ростӣ ва ҳаёт» аст?

• Чаро мо бояд Тадҳиншудаи Яҳуваро гӯш кунем?

[Саволҳо барои омӯзиш]

27-уми июл–2-юми август Сурудҳо: 121, 134