Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар ибодати ҳақиқӣ ҷидду ҷаҳд кунед!

Дар ибодати ҳақиқӣ ҷидду ҷаҳд кунед!

Дар ибодати ҳақиқӣ ҷидду ҷаҳд кунед!

«Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст» (ЮҲ. 2:17).

1, 2. Соли 30–юми д. мо Исо дар маъбад чӣ кор кард ва чаро?

ИДИ Фисҳи соли 30–юми д. мо наздик шуда истодааст. Шаш моҳ пештар Исо хидмати худро дар рӯи замин оғоз кард. Ҳоло ӯ ба Ерусалим меравад. Дар он ҷо, дар маъбад, дар саҳни ғайрияҳудиён Исо «фурӯшандагони гову гӯсфанду кабӯтар ва саррофон»-ро мебинад. Ӯ аз арғамчин тозиёнае сохта, ҳамаи ҳайвонҳо ва фурӯшандагонро пеш мекунад, ҳамчунин вай тангаҳои саррофонро пош медиҳад ва мизҳои онҳоро чаппа мекунад; ӯ ба кафтарфурӯшон амр медиҳад, ки чизу чораашонро гирифта, маъбадро тарк намоянд (Юҳ. 2:13–16).

2 Ин аъмоли Исо бевосита бо муносибати эҳтиромонае, ки вай нисбати маъбад дошт, алоқаманд буд. «Хонаи Падари Маро хонаи савдогарӣ насозед»,— хитоб кард ӯ. Ҳамаи инро дида, шогирдони Исо суханони садсолаҳо қабл навиштаи Довуди забурнависро ба хотир оварданд: «Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст» (Юҳ. 2:16, 17; Заб. 68:10).

3. а) Ҷидду ҷаҳд чист? б) Кадом саволро мо ба худ дода метавонем?

3 «Рашки хонаи» Худо, яъне ҷидду ҷаҳд дар ибодати ҳақиқӣ Исоро ба чунин аъмол барангехт. Ҷидду ҷаҳд маънои серғайрат будан ва дар коре саъю кӯшиши зиёд карданро дорад. Имрӯз, дар асри XXI беш аз ҳафт миллион масеҳиён ба хонаи Худо чунин муносибат зоҳир мекунанд. Ҳар яки мо метавонем аз худ бипурсем: «Чӣ тавр ман, мисли Исо метавонам ба хонаи Худо «рашк» дошта бошам, яъне дар ибодати ҳақиқӣ ҷидду ҷаҳди бештар зоҳир кунам?» Барои ҷавоб ба ин савол, биёед аввал фаҳмем, ки дар рӯзҳои мо чӣ хонаи Худо ҳисоб меёбад. Сипас, аз Китоби Муқаддас мисоли шахсони содиқеро муҳокима мекунем, ки дар ибодати ҳақиқӣ ҷидду ҷаҳди зиёд доштанд. Ин мисолҳо «барои омӯхтани мо навишта» шудаанд ва дар мо ғайрати бештарро бедор карда метавонанд (Рум. 15:4).

Хонаи Худо — дар замонҳои пеш ва ҳозир

4. Маъбаде, ки Сулаймон сохт, ба кадом мақсад хидмат мекард?

4 Дар Исроили қадим хонаи Худо — маъбади Ерусалим буд. Албатта дар он Яҳува ба маънои аслӣ зиндагӣ намекард. Ӯ гуфт: «Осмон курсии Ман аст, ва замин — қадамгоҳи Ман; чӣ гуна хонае барои Ман бино хоҳед кард, ва чӣ гуна маконе барои оромиши Ман?» (Иш. 66:1). Ба ҳар ҳол, маъбаде, ки дар тӯли ҳукмронии Сулаймон сохта шуда буд, чун маркази ибодати Яҳува хидмат мекард; ҳамчунин он ҷо мардум ба Худо дуо мегуфтанд (3 Подш. 8:27–30).

5. Ибодат дар маъбади Сулаймон тимсоли кадом сохтори рӯҳонии имрӯза буд?

5 Имрӯз ягон бинои сангин дар Ерусалим ё дар ҷои дигар хонаи Яҳува ҳисоб намеёбад. Он имрӯз сохтори рӯҳониест, ки тавассуташ мо дар асоси қурбонии фидияи Масеҳ ба Худо наздик мешавем ва Ӯро ибодат мекунем. Дар ин маъбади рӯҳонӣ ҳамаи ходимони содиқи Худо дар замин Яҳуваро якҷоя ибодат менамоянд (Иш. 60:4, 8, 13; Аъм. 17:24; Ибр. 8:5; 9:24).

6. Кадоме аз подшоҳони Яҳудо ба ибодати ҳақиқӣ ҷидду ҷаҳди хосса зоҳир карданд?

6 Баъди он ки соли 997–уми қабл аз д. мо Исроил ба ду салтанат ҷудо шуд, аз 19 подшоҳе, ки дар Яҳудо, дар салтанати ҷанубӣ ҳукмронӣ карданд, 4 нафарашон ба ибодати ҳақиқӣ ҷидду ҷаҳди хосса зоҳир намуданд. Онҳо Осо, Еҳӯшофот, Ҳизқиё ва Йӯшиёҳу буданд. Аз намунаи онҳо мо чӣ дарси муҳиме омӯхта метавонем?

Хидмат бо тамоми дил баракатҳо меорад

7, 8. а) Чӣ гуна хидматро Яҳува баракат медиҳад? б) Аз мисоли шоҳ Осо чӣ дарси огоҳкунандае омӯхтан мумкин аст?

7 Дар давоми ҳукмронии шоҳ Осо Яҳува пайғамбаронашро мефиристод, то халқи Худро ба роҳи садоқатмандӣ ҳидоят намояд. Масалан, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Осо ба пайғамбар Азарёҳу, писари Ӯдид гӯш кард. (2 Вақоеънома 15:1–8-ро бихонед.) Дигаргуниҳое, ки Осо ҷорӣ намуд, халқи Яҳудо ва ҳамчунин сокинони зиёди салтанати Исроилро, ки ба Ерусалим, ба ҷамъомади калон омада буданд, бо ҳам муттаҳид сохт. Ҳамаи онҳо якҷоя азми худро изҳор намуданд, ки Яҳуваро содиқона ибодат мекунанд. Мо мехонем: «Бо овози баланд ва бонги шодмонӣ, ва бо навохтани карнайҳо ва шохҳо ба Худованд қасам хӯрданд. Ва тамоми Яҳудо аз ин қасам шод гардиданд, зеро ки бо тамоми дили худ қасам хӯрданд, ва бо тамоми иродаи худ Ӯро ҷӯё шуданд, ва Ӯ барои онҳо ёфт шуд; ва Худованд ба онҳо аз ҳар тараф оромӣ ато намуд» (2 Вақ. 15:9–15). Агар мо ба Яҳува бо тамоми дил хидмат кунем, Ӯ моро низ албатта баракат хоҳад дод (Марқ. 12:30).

8 Мутаассифона, баъдтар, вақте ки Ҳанонии пешбин Осоро мазаммат кард, шоҳ ба ғазаб омад (2 Вақ. 16:7–10). Вақте ки Яҳува ба мо тавассути пирони масеҳӣ панд ё маслиҳат медиҳад, мо чӣ гуна онҳоро қабул мекунем? Оё мо маслиҳати дар асоси Навиштаҳо додашударо ба зудӣ қабул менамоем ё аз он ба ғазаб меоем?

9. Еҳӯшофот ва халқи Яҳудо ба чӣ хатар рӯ ба рӯ шуданд ва онҳо чӣ кор карданд?

9 Еҳӯшофот дар асри даҳуми қабл аз д. мо дар Яҳудо ҳукмронӣ мекард. Ба ӯ ва тамоми Яҳудо лашкари муттаҳиди Аммӯн, Мӯоб ва сокинони кӯҳистони Сеир таҳдид намуданд. Аз ин Еҳӯшофот тарсид. Бо вуҷуди ин ӯ чӣ кор кард? Шоҳ ва мардуми Яҳудо ҳамроҳи зану фарзандони худ ба хонаи Яҳува ҷамъ омаданд, то якҷоя дуо гӯянд. (2 Вақоеънома 20:3–6-ро бихонед.) Еҳӯшофот мувофиқи суханоне, ки Сулаймон ҳангоми бахшидашавии маъбад гуфта буд, ба Яҳува дуо карда, аз Ӯ илтиҷо намуд: «Эй Худои мо! Худат онҳоро доварӣ намо, зеро мо қувват надорем, ки пеши анбӯҳи бузурге, ки ба муқобили мо меоянд, истодагӣ намоем, ва мо намедонем чӣ кор кунем, балки чашмони мо ба сӯи Туст» (2 Вақ. 20:12, 13). Баъди дуои Еҳӯшофот рӯҳи Яҳува Яҳазиили левизодаро барангехт, ки «дар миёни ҷамоат» суханони тасаллибахш бигӯяд ва мардумро эътимод бахшад. (2 Вақоеънома 20:14–17-ро бихонед.)

10. а) Чӣ тавр Еҳӯшофот ва халқи Яҳудо дастур гирифтанд? б) Ба роҳнамоие, ки имрӯз Яҳува ба мо медиҳад, чӣ тавр миннатдории худро зоҳир карда метавонем?

10 Бале, Еҳӯшофот ва халқи Яҳудо он вақт тавассути Яҳазиил аз Яҳува дастур гирифтанд. Имрӯз мо тавассути синфи ғуломи мӯътамад ва доно тасалливу роҳнамоӣ мегирем. Албатта мо ҳамеша бо пирони таъиншуда ҳамкорӣ намудан ва онҳоро иззату эҳтиром кардан мехоҳем, зеро онҳо дар бонӣ кардани рамаи Худо ва иҷроиши дастуроти «ғуломи мӯътамад ва доно» сахт меҳнат мекунанд (Мат. 24:45; 1 Тас. 5:12, 13).

11, 12. Аз воқеае, ки бо Еҳӯшофот ва халқи Яҳудо рӯй дод, мо чӣ меомӯзем?

11 Ҳамон тавре ки Еҳӯшофот ва халқи Яҳудо ҷамъ омада, аз Яҳува роҳнамоӣ пурсиданд, мо низ бо хоҳарону бародаронамон дар вохӯриҳои масеҳӣ ҷамъ меоем ва ба ташрифории мунтазам ба онҳо беэътиноӣ намекунем. Агар баъзан мо бо мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, чӣ гуна рафтор карданамонро надонем, биёед дар чунин ҳолатҳо ба намунаи хуби Еҳӯшофот ва халқи Яҳудо пайравӣ намуда, дар дуо ба Яҳува муроҷиат кунем ва пурра ба Ӯ такя намоем (Мас. 3:5, 6; Фил. 4:6, 7). Ҳатто агар ҳамимонон наздамон набошанд ҳам, дуову зориҳоямон ба Яҳува моро бо тамоми бародарият «дар сар то сари ҷаҳон» муттаҳид месозад (1 Пет. 5:9).

12 Еҳӯшофот ва халқи ӯ мувофиқи ҳидояте, ки Худо тавассути Яҳазиил дод, амал намуданд. Дар натиҷа онҳо дар ҷанг ғолиб омада, «бо шодмонӣ ба Ерусалим баргаштанд» ва «бо барбатҳо ва удҳо ва карнайҳо назди хонаи Худованд омаданд» (2 Вақ. 20:27, 28). Мо ҳам мисли онҳо ҳидояти Яҳуваро, ки имрӯз Ӯ тавассути синфи ғулом медиҳад, эҳтиром мекунем ва Худоро дар ягонагӣ ҷалол медиҳем.

Хуб нигоҳубин кардани ҷойҳои ибодат

13. Дар оғози ҳукмрониаш Ҳизқиё чӣ кор кард?

13 Дар моҳи аввали ҳукмронияш Ҳизқиё маъбади Яҳуваро аз нав кушод, онро таъмир намуд ва бо ин дар ибодати Ӯ ҷидду ҷаҳд зоҳир кард. Вай ба коҳинон ва левизодагон амр дод, ки хонаи Худоро пок созанд. Онҳо ин корро дар давоми 16 рӯз ба анҷом расониданд. (2 Вақоеънома 29:16–18-ро бихонед.) Ҳамаи ин ба мо корҳои таъмиру нигоҳубини биноҳоеро, ки он ҷо вохӯриҳоямон мегузаранд, хотиррасон мекунад. Шояд шумо шунидаед, ки одамон ҷидду ҷаҳди бародарону хоҳаронамонро дар чунин корҳо дида, ба ҳайрат афтодаанд. Бале, саъю кӯшиши ҳамимононамон ба Яҳува ҷалоли бисёр меорад.

14, 15. Кадом кор имрӯз ба Яҳува ҷалоли бисёр меорад? Мисолҳо оред.

14 Дар як шаҳри шимоли Англия марде, ки хонааш дар назди Толори Салтанат буд, барои дар он гузаронидани корҳои таъмирӣ муқобил буд. Бародарони маҳаллӣ бо вай некхоҳона муомила карданд. Онҳо диданд, ки девори байни Толори Салтанат ва он ҳамсоя ба таъмир ниёз дорад ва ба соҳибхона таъмири бепули онро пешниҳод намуданд. Бародарон сахт меҳнат карда, дар асл қисми зиёди деворро аз нав сохтанд. Рафтори ин бародарон муносибати ҳамсояро ба Шоҳидон тамоман дигар кард. Акнун ӯ барои нигаҳбонии Толори Салтанат ба бародарон кӯмак мекунад.

15 Халқи Яҳува сар то сари замин корҳои сохтмонӣ мегузаронад. Ихтиёриёни маҳаллӣ ба ходимони пурравақти барномаи байналхалқӣ ҳамроҳ шуда, на танҳо дар сохтмони Толорҳои Салтанат, балки дар сохтани Толорҳои Анҷуманҳо ва хонаҳои Байт–Ил низ иштирок мекунанд. Сэм — мутахассиси кондитсионерҳо, системаҳои гармигузаронӣ ва ҳавотозакунӣ мебошад. Ӯ ва ҳамсараш Рут ба якчанд мамлакатҳои Аврупо ва Африқо сафар карда, дар сохтмонҳо кӯмак намуданд. Дар ҳама ҷо онҳо инчунин ҳамроҳи воизони ҷамъомади маҳаллӣ хурсандона мавъиза мекарданд. Чаро Сэм дар чунин барномаҳои байналхалқӣ иштирок менамуд? Ӯ мегӯяд: «Маро намунаи касоне, ки дар мамлакатҳои гуногун, дар хонаҳои Байт–Ил хидмат мекунанд, илҳом бахшид. Ҷидду ҷаҳд ва хурсандии онҳо дар ман хоҳиши бо ин тарз ба Яҳува хидмат намуданро бедор кард».

Ба дастуроти Худо итоат кунед

16, 17. Халқи Худо дар кадом кори махсус бо ҷидду ҷаҳд иштирок мекунад ва бо чӣ натиҷа?

16 Ғайр аз таъмири маъбад Ҳизқиё иди Фисҳро таҷдид намуд, ки ҷашни ҳарсолаи онро Яҳува амр дода буд. (2 Вақоеънома 30:1, 4, 5-ро бихонед.) Ҳизқиё ва сокинони Ерусалим ба ин ид тамоми мардумро, ҳатто онҳоеро ки дар салтанати шимолӣ мезистанд, даъват намуданд. Қосидон дар саросари мамлакат мактубҳои даъватномавӣ тақсим карданд (2 Вақ. 30:6–9).

17 Солҳои охир мо дар кори ба ин монанд иштирок мекунем. Бо истифодаи даъватномаҳои ҷолиб мо одамони маҳалламонро барои якҷоя ҷашн гирифтани Шоми ёдбуди марги Масеҳ, ки онро худи ӯ фармуда буд, таклиф мекунем (Луқ. 22:19, 20). Дар вохӯрии хидматӣ мо оиди ин дастурот мегирем ва сипас бо ҷидду ҷаҳд дар ин кор иштирок мекунем. Ва чӣ гуна баракат медиҳад Яҳува кӯшишҳои моро! Масалан, соли сипаришуда тақрибан ҳафт миллион Шоҳидон даъватнома тақсим карданд ва дар натиҷа 17 790 631 нафар одамон дар ҷашни Шоми ёдбуд ҳузур доштанд!

18. Чаро барои ҳар яки мо дар ибодати ҳақиқӣ ҷидду ҷаҳд кардан хеле муҳим аст?

18 Дар бораи Ҳизқиё гуфта шудааст: «Ба Худованд Худои Исроил таваккал менамуд, ва баъд аз ӯ касе дар миёни ҳамаи подшоҳони Яҳудо мисли ӯ набуд, ва дар миёни онҳое низ, ки пеш аз ӯ буданд. Ва ба Худованд часпида, аз пайравии Ӯ дур намешуд, ва аҳкомеро, ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, риоя мекард» (4 Подш. 18:5, 6). Биёед ба намунаи ӯ пайравӣ кунем. Ҷидду ҷаҳд дар ибодати ҳақиқӣ ба мо кӯмак менамояд, ки ба Яҳува «часпида», ҳаёти ҷовидониро интизор шавем (Такр. Ш. 30:16).

Бетаъхир мувофиқи ҳидояти Яҳува амал кунед

19. Дар ҷашнгирии Шоми ёдбуд хоҳару бародарон чӣ гуна ҷидду ҷаҳд зоҳир мекунанд?

19 Ҳангоми ҳукмрониаш Йӯшиёҳу низ ғамхорӣ намуд, то иди Фисҳ ҷашн гирифта шавад ва барои ин ӯ хуб тайёрӣ дид (4 Подш. 23:21–23; 2 Вақ. 35:1–19). Мо низ барои тайёрӣ ба анҷуманҳои вилоятиву ноҳиявӣ, анҷуманҳои махсус ва ҳамчунин барои ҷашнгирии Шоми ёдбуд саъю кӯшиши хосса ба харҷ медиҳем. Дар баъзе мамлакатҳо бародарон барои ҷашнгирии Шоми ёдбуди марги Масеҳ ҳатто ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Пирони боғайрат кӯшиш мекунанд, ки касе дар ҷамъомад бе ғамхорӣ намонад ва ба пиронсолону беморон барои ташрифорӣ ба ин ҷашн кӯмак расонида шавад.

20. а) Дар тӯли ҳукмронии шоҳ Йӯшиёҳу чӣ рӯй дод ва ӯ чӣ кор кард? б) Чиро мо бояд дар хотир дорем?

20 Вақте ки бо ташаббуси шоҳ Йӯшиёҳу дар маъбад корҳои таъмирӣ гузаронида мешуданд, Ҳилқиёи саркоҳин «китоби Тавроти Худовандро, ки ба воситаи Мусо дода шуда буд, ёфт». Вай онро ба Шофон — котиби шоҳ дод ва ӯ дар навбати худ онро ба Йӯшиёҳу хонд. (2 Вақоеънома 34:14–18-ро бихонед.) Ин ба шоҳ чӣ гуна таъсир кард? Подшоҳ андӯҳгин шуду дарҳол либоси худро чок зад ва ба одамонаш фармуд, ки рафта иродаи Яҳуваро бифаҳманд. Худо ба воситаи Ҳулдои набия баъзе расму оинҳои динии дар Яҳудо паҳншударо маҳкум кард. Бо вуҷуди ин, аз назари Яҳува саъю кӯшиши Йӯшиёҳу дар бартараф кардани бутпарастӣ пӯшида намонд ва Ӯ шоҳро аз илтифоташ маҳрум накард, қатъи назар аз он ки Ӯ ба тамоми халқ мусибатро пешгӯӣ намуд (2 Вақ. 34:19–28). Мо аз ин чӣ меомӯзем? Бешубҳа, мо низ мисли Йӯшиёҳу бояд бетаъхир мувофиқи ҳидояти Яҳува амал кунем ва дар хотир дорем, ки агар ба ибодати мо осият ва хиёнаткорӣ роҳ ёбад, он ба чӣ оқибатҳои бад оварда метавонад. Ҳамчунин мо эътимод дошта метавонем, ки чун дар мавриди Йӯшиёҳу, ҷидду ҷаҳди мо дар ибодати ҳақиқӣ аз назари Яҳува пӯшида нахоҳад монд.

21, 22. а) Чаро дар ибодати Яҳува мо бояд ҷидду ҷаҳд кунем? б) Дар мақолаи навбатӣ чиро муҳокима хоҳем кард?

21 Ин чор подшоҳони Яҳудо — Осо, Еҳӯшофот, Ҳизқиё ва Йӯшиёҳу бо ҷидду ҷаҳди худ дар ибодати ҳақиқӣ ба мо намунаи хуб гузоштанд. Мо низ бояд ҷидду ҷаҳд кунем, то ба Яҳува такя намоем ва дар ибодати Ӯ саъю кӯшиш ба харҷ диҳем. Агар мо ба дастуроти Худо итоат намоем, ғамхории муҳаббатомез ва маслиҳатҳоеро, ки Ӯ тавассути ҷамъомад ва пирони он медиҳад, қабул намоем, мо дар ҳақиқат оқилона амал мекунем ва хушбахт мегардем.

22 Мақолаи навбатӣ диққатро ба ҷидду ҷаҳд дар хидмати мавъиза равона мекунад ва ҷавононро бармеангезад, ки ба Падари пурмуҳаббатамон бо ҷидду ҷаҳд хидмат кунанд. Ҳамчунин муҳокима хоҳем кард, ки чӣ тавр мо зери таъсироти фасодкунандаи Шайтон қарор нагирем. Вақте ки бо ҷидду ҷаҳд мувофиқи ҳамаи ин панду насиҳатҳои Яҳува амал менамоем, мо ба намунаи Писари Яҳува — Исо пайравӣ мекунем. Дар бораи ӯ гуфта шудааст: «Рашки хонаи Ту маро хӯрдааст» (Заб. 68:10; 118:111, 129; 1 Пет. 2:21).

Оё дар хотир доред?

• Чӣ гуна хидматро Яҳува баракат медиҳад ва чаро?

• Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо ба Яҳува такя мекунем?

• Агар мо дар хидмат бо ҷидду ҷаҳд бошем, ба дастуроти Худо чӣ гуна итоат мекунем?

[Саволҳо барои омӯзиш]