Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бо ҳама росткору ростқавл бошед

Бо ҳама росткору ростқавл бошед

Бо ҳама росткору ростқавл бошед

«Кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гӯед» (ЭФС. 4:25).

1, 2. Бисёриҳо дар бораи ростиву ҳақиқат чӣ ақида доранд?

ҲАҚИҚАТ тӯли асрҳо мавзӯи баҳсу мунозираҳои зиёде буд. Дар асри шашуми қабл аз даврони мо шоири юнонӣ Алкеюс гуфт: «Ҳақиқат дар шароб аст». Бо ин ӯ гуфтанӣ буд, ки ҳақиқат танҳо он вақт ошкор мешавад, ки шахс миқдори зиёди шароб нӯшаду ба гапзанӣ моилтар гардад. Дар асри як ҳокими румӣ Понтий Пилат писхандомез пурсид, ки «ростӣ чист?» ва ҳамин тавр ӯ ҳам нисбати ҳақиқат ақидаи нодурусташро баён кард (Юҳ. 18:38).

2 Дар рӯзҳои мо оиди ростиву ҳақиқат ақидаҳои мухолиф мавҷуданд. Баъзеҳо мегӯянд, ки калимаи «ҳақиқат» паҳлӯҳои зиёд дорад, ё ин ки ҳар инсон ҳақиқати худашро дорад. Дигарон бошанд, танҳо он вақт ростқавланд, ки ин барояшон қулай асту ба онҳо фоидае меорад. Дар китоби «Нақши муҳими дурӯғ» гуфта мешавад: «Ростқавлӣ шояд мақсади баланд бошад, лекин вақте ки сухан оиди муборизаи шадид баҳри зиндагиву беҳбудии одам меравад, аз он қариб фоидае нест. Инсон илоҷи дигаре надорад, барои зиндагӣ кардан вай бояд дурӯғ гӯяд» (The Importance of Lying).

3. Чаро Исо дар ростгӯӣ намунаи барҷаста аст?

3 То чӣ андоза фарқ мекунад, ақидаи шогирдони Масеҳ дар ин бобат! Исо ростиву ҳақиқатро ягон мафҳуми фалсафӣ намеҳисобид. Ӯ ҳамеша рост мегуфт. Инро ҳатто душманонаш эътироф карда, мегуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ» (Мат. 22:16). Имрӯз масеҳиёни ҳақиқӣ ба намунаи Исо пайравӣ мекунанд. Онҳо барои рост гуфтан ё нагуфтан дудила нестанд. Масеҳиён аз таҳти дил бо маслиҳати зерини Павлуси расул розӣ ҳастанд: «Кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гӯед» (Эфс. 4:25) *. Биёед се саволеро, ки бо ин суханони Павлус алоқаманданд, дида бароем. Бо кӣ мо бояд ростгӯю ростқавл бошем? Рост гуфтан чӣ маъно дорад? Ва чӣ тавр ҳамаи инро дар ҳаёти ҳаррӯза ба кор барем?

Бо кӣ мо бояд ростгӯю ростқавл бошем?

4. Дар асри як сарварони дини яҳудӣ ба дигар одамон чӣ гуна муносибат мекарданд? Чӣ тавр Исо нуктаи назари Яҳуваро дар ин бобат ошкор намуд?

4 Дар асри якуми д. мо баъзе аз сарварони дини яҳудӣ таълим медоданд, ки танҳо яҳудиёни дигар ё дӯстони наздик сазовори муносибати хубанд. Лекин Исо шахсият ва тарзи фикрронии Падарашро комилан инъикос мекард (Юҳ. 14:9). Ӯ ба шогирдонаш нишон дод, ки Худо ягон нажод ё миллатро аз дигаре боло намегузорад (Юҳ. 4:5–26). Ғайр аз ин, рӯҳулқудс ба Петруси расул ошкор кард, ки «Худо рӯйбинӣ надорад. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст» (Аъм. 10:28, 34, 35). Пас, мо бояд ба ҳама одамон, ҳатто ба онҳое, ки душманона рафтор мекунанд, муҳаббат зоҳир намоем (Мат. 5:43–45).

5. Рост гуфтан чӣ маъно дорад?

5 Аммо вақте ки Павлус «рост гӯед» гуфт, ӯ чиро дар назар дошт? Ростгӯӣ маънои онро дорад, ки одам бе ягон дурӯғ суханони ҳақро мегӯяд. Масеҳиёни ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ бо мақсади фирефта кардани дигарон маълумотеро тағйиру таҳриф наменамоянд. Онҳо «аз бадӣ нафрат» мекунанд ва «ба некӣ» мечаспанд (Рум. 12:9). Ба «Худои ростӣ» пайравӣ намуда, мо бояд ҳамеша дар гуфтору рафтор ростқавлу росткор бошем (Заб. 14:1, 2; 30:6). Боандеша ва эҳтиёткорона сухан ронда, мо ҳатто вазъиятҳои мушкилу ногуворро бо ҳалимӣ ва бе дурӯғгӯӣ бартараф карда метавонем. (Қӯлассиён 3:9, 10–ро бихонед.)

6, 7. а) Оё ростқавлӣ маънои онро дорад, ки мо ба ҳар касе, ки чизеро мепурсад, бояд тамоми маълумоти медонистаамон, аз он ҷумла маълумотҳои шахсиро гӯем? Шарҳ диҳед. б) Кӣ сазовори боварӣ ва гирифтани маълумоти пурра аст?

6 Оё ростқавлӣ маънои онро дорад, ки мо бояд ба ҳар касе, ки чизеро мепурсад, тамоми маълумоти медонистаамонро гӯем? На ҳамеша. Ҳангоми дар замин буданаш Исо нишон дод, ки баъзе одамон ба ҷавоби рӯирост ё донистани маълумоти муайян сазовор нестанд. Вақте ки сарварони риёкори динӣ аз Исо пурсиданд, ки ӯ бо кадом қудрат аломоту мӯъҷиза нишон медиҳад, вай гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ба Ман ҷавоб диҳед; он гоҳ Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам». Вақте ки китобдонон ва пирон ба ӯ ҷавоб додан нахостанд, ӯ гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам» (Марқ. 11:27–33). Ӯ ба саволи онҳо ҷавоб доданро амри воҷиб нашуморид, зеро корҳои бад ва беимониашонро медонист (Мат. 12:10–13; 23:27, 28). Мисли ин, имрӯз халқи Яҳува бояд худро аз осиён ва дигар одамони шарире, ки барои расидан ба мақсадҳои худхоҳонаашон ҳиллаву найрангро ба кор мебаранд, эҳтиёт кунанд (Мат. 10:16; Эфс. 4:14).

7 Павлус низ қайд намуд, ки на ҳама одамон ба гирифтани ҷавоби пурра сазоворанд. Мувофиқи суханони ӯ баъзеҳо «лаққӣ ва кунҷков буда, суханоне мегӯянд, ки шоиста нест» (1 Тим. 5:13). Бале, касоне, ки аз ҳад зиёд кунҷкобанду ба кори дигарон дахолат мекунанд ва маълумоти махфиро нигоҳ дошта наметавонанд, шояд дарёбанд, ки дигарон ба онҳо ин ё он маълумотро гуфтан намехоҳанд. То чӣ андоза хуб аст, ки ба маслиҳати аз рӯи илҳоми илоҳӣ навиштаи Павлус гӯш диҳем: «Саъю кӯшиш намоед, ки сокитона зиндагӣ кунед ва кори худро бо амали дастҳои худ ба ҷо оваред» (1 Тас. 4:11). Лекин баъзан пирони ҷамъомад барои иҷрои масъулияташон бояд саволҳое диҳанд, ки ба ҳаёти шахсии инсон дахл доранд. Дар ин сурат мо бо ростгӯии худ бо онҳо ҳамкорӣ мекунем ва ин кӯмаки мо хеле қадр карда мешавад (1 Пет. 5:2).

Дар оила ростгӯ бошед

8. Чӣ тавр ростгӯӣ барои бо ҳамдигар наздиктар шудани аъзоёни оила кӯмак мекунад?

8 Одатан муносибатҳои аз ҳама наздик байни аъзоёни оила вуҷуд дорад. Барои мустаҳкам намудани ин муносибатҳо ба якдигар рост гуфтан муҳим аст. Бисёр мушкилиҳо ва ҳамдигарнофаҳмиҳоро бо муоширати ошкоро, ростқавлона ва некхоҳона пешгирӣ ва бартараф кардан мумкин аст. Масалан, вақте ки мо хатогие мекунем, оё бо омодагӣ ба ҳамсар, фарзандон ва дигар аъзоёни оилаамон ба он иқрор мешавем? Узру бахшиши самимӣ ба сулҳу ягонагии оила мусоидат мекунад. (1 Петрус 3:8–10-ро бихонед.)

9. Чаро дуруштиву дағалӣ ба ростгӯӣ баҳона шуда наметавонад?

9 Рост гуфтан маънои дурушту дағалона ва аз ҳад зиёд рӯирост сухан гуфтанро надорад. Дағалӣ аҳамият ва таъсири суханони ростро зиёд намекунад. Павлус гуфт: «Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад; балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст» (Эфс. 4:31, 32). Вақте ки мо бо дигарон меҳрубонона ва ҳалимона сухан мегӯем, ин аҳамияти суханонамонро зиёд мегардонад ва эҳтироми моро нисбати ҳамсӯҳбатамон нишон медиҳад (Мат. 23:12).

Дар ҷамъомад рост гӯед

10. Исо ба пирони масеҳӣ дар гуфтани суханони ҳаққу рост чӣ намунаи олиҷанобе гузоштааст?

10 Исо бо шогирдонаш ба таври оддӣ ва рӯирост сухан мегуфт. Ӯ ҳамеша аз муҳаббат маслиҳат медод; бо вуҷуди ин, ӯ доимо суханони ҳаққу ростро мегуфт, гарчанде ин на ҳамеша ба шунавандагонаш мефорид (Юҳ. 15:9–12). Масалан, вақте ки расулонаш гаштаву баргашта баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст, Исо ба таври қатъӣ ва ҳамзамон пурсаброна онҳоро ислоҳ мекард, то муҳиммияти фурӯтаниро бифаҳманд (Марқ. 9:33–37; Луқ. 9:46–48; 22:24–27; Юҳ. 13:14). Мисли ин, имрӯз пирони масеҳӣ меъёрҳои одилонаро боқатъият ҳифз менамоянд ва ҳамзамон бар рамаи Худо ҳукмронӣ намекунанд (Марқ. 10:42–44). Онҳо ба Масеҳ пайравӣ намуда, дар муносибат бо дигарон «меҳрубон ва дилсӯз» мебошанд.

11. Вақте ки сухан оиди истифодаи забон меравад, муҳаббат ба бародарон моро бояд ба чӣ барангезад?

11 Бо ҳамимонон самимона, вале на аз ҳад рӯирост сухан гуфта, мо метавонем фикру ақидаамонро баён кунем ва ҳамзамон касеро наранҷонем. Албатта мо намехоҳем, ки забонамон «мисли покуи тез» бошад ва бо суханони таҳқиромезу пастзананда ба дигарон ҷароҳат расонад (Заб. 51:4; Мас. 12:18). Муҳаббат ба бародарон моро бармеангезад, ки забонамонро «аз бадӣ нигоҳ» дорем ва лабҳоямонро «аз гуфтори макромез» (Заб. 33:14). Бо ин роҳ мо Худоро ҷалол медиҳем ва ягонагии ҷамъомадро нигоҳ медорем.

12. Дар кадом сурат дурӯғгӯӣ мавриди баррасии ҳайати ҳуқуқӣ қарор мегирад? Шарҳ диҳед.

12 Пирон бо ҷидду ҷаҳд ҷамъомадро аз касоне, ки бадқасдона тӯҳмат мекунанд, ҳифз менамоянд. (Яъқуб 3:14–16-ро бихонед.) Нияти тӯҳматгарон — ба касе зарар расондан, ӯро азоб додан ё ғамгин сохтан аст. Дар ин маврид сухан оиди каме тағйир додани маълумот ё аз будаш зиёд нишон додани воқеият намеравад. Албатта, ҳар гуна дурӯғ бадӣ аст, лекин на дар ҳар маврид баррасии ҳайати ҳуқуқӣ лозим аст. Фарз мекунем, ки касе маълумоти ба воқеият мувофиқатнакунандаро ба дигарон мегӯяд. Пирон бояд оқилу бомулоҳиза бошанд ва муайян намоянд, ки оё шахс такрору батакрор ва бадқасдона касеро тӯҳмат мекунад ё не. Агар ҳа, ин кор бояд мавриди баррасии ҳайати ҳуқуқӣ қарор гирад. Ва агар не, шояд ба шахс дар асоси Навиштаҳо маслиҳати сахтгирона ва ҳамзамон муҳаббатомез додан кифоя аст.

Дар масъалаҳои корӣ ростқавл бошед

13, 14. а) Чӣ тавр баъзеҳо нисбати соҳибкорони худ беинсофӣ мекунанд? б) Росткориву ростқавлӣ дар кор чӣ натиҷаи хубе оварда метавонад?

13 Мо ҳоло дар замоне зиндагӣ мекунем, ки беинсофиву дурӯғгӯӣ чизи муқаррарӣ гаштааст ва мубориза бо васвасаи бо соҳибкор на он қадар ростқавл будан шояд душвор бошад. Ҳангоми ба кор даромадан бисёриҳо рӯирост дурӯғ мегӯянд. Масалан, онҳо барои соҳиб шудан ба кори нисбатан хуб ва сермузд дар маълумотномаи кориашон оиди таҷрибанокиву маълумотнокии худ росташро наменависанд. Ғайр аз ин, бисёри коргарон вонамуд мекунанд, ки кор карда истодаанд, вале дар асл бо корҳои шахсӣ машғул шуда, қоидаҳои корхонаро вайрон мекунанд. Эҳтимол онҳо вақти кориро барои хондани адабиёти бо кор алоқаманднабуда, зангҳои шахсии телефонӣ, фиристодани мактубҳои шахсии электронӣ ва истифодаи интернет сарф мекунанд.

14 Барои масеҳиёни ҳақиқӣ росткору ростқавл будан интихоби шахсӣ нест. (Масалҳо 6:16–19-ро бихонед.) Павлус гуфт: «Дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем» (Ибр. 13:18). Аз ин рӯ, агар масеҳиён барои рӯзи пурраи корӣ музд гиранд, онҳо бояд рӯзи пурраи корӣ меҳнат кунанд (Эфс. 6:5–8). Бо меҳнати ҳалолкоронаи худ мо ҳамчунин ба Падари осмониамон ҷалол меорем (1 Пет. 2:12). Масалан, Роберторо, ки дар Испания зиндагӣ мекунад, соҳибкораш коргари ростқавлу масъулиятнок меҳисобад. Рафтори хуби Роберторо дида, сарвари корхона Шоҳидони дигарро ба кор гирифт. Онҳо низ худро чун коргарони хуб нишон доданд. Дар тӯли чанд сол, Роберто ба 23 бародари таъмидгирифта ва 8 омӯзандаи Китоби Муқаддас барои ба кор даромадан кӯмак кард.

15. Ростқавлии масеҳии соҳибкор бояд дар чӣ зоҳир гардад?

15 Агар худи мо соҳибкори хусусӣ бошем, оё дар ҳамаи масъалаҳои корӣ ростқавлона рафтор мекунем ё баъзан ба фиреб роҳ медиҳем? Масеҳиёне, ки бо соҳибкорӣ машғуланд, ҳангоми пешкаш кардани мол ё хизмати худ бо мақсади ҳарчи зудтар ба даст овардани даромад, набояд харидоронро фирефта кунанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ набояд пора диҳанд ё пора гиранд. Мо мехоҳем бо дигарон тавре муносибат кунем, ки мехостем бо мо кунанд (Мас. 11:1; Луқ. 6:31).

Бо ҳокимиятҳои давлатӣ ростқавл бошед

16. а) Итоаткории масеҳиён ба ҳокимиятҳои давлатӣ дар чӣ зоҳир мегардад? б) ба Яҳува–чӣ?

16 Исо гуфт: «Он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чи аз они Худост — ба Худо» (Мат. 22:21). Мо бояд чиро ба қайсар, яъне ба ҳокимиятҳои давлатӣ диҳем? Вақте ки Исо инро гуфт, сухан дар бораи андоз мерафт. Пас, барои нигоҳ доштани виҷдони пок назди Худо ва одамон масеҳиён ба қонунҳои мамлакаташон итоат мекунанд, аз он ҷумла андоз месупоранд (Рум. 13:5, 6). Лекин мо эътироф менамоем, ки Яҳува Ҳокими Олӣ ва Худои ягонаи ҳақиқӣ аст; мо Ӯро бо тамоми дилу ҷон, ҳуш ва қуввати худ дӯст медорем (Марқ. 12:30; Ваҳй 4:11). Аз ин рӯ, мо ба Яҳува Худо бегуфтугӯ итоат мекунем. (Забур 85:11, 12-ро бихонед.)

17. Муносибати ходимони Яҳува ба гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ чӣ гуна аст?

17 Дар мамлакатҳои зиёд барои дастгирии шахсони эҳтиёҷманд барномаҳои иҷтимоӣ ва хадамоти кӯмак амал мекунанд. Дар он ки масеҳӣ чунин кӯмакро қабул мекунад, ҳеҷ нодурустие нест, албатта агар ӯ ба он ҳақ дошта бошад. Бо дигарон ростқавл будан маънои онро дорад, ки мо барои гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ ба ҳокимиятҳои давлатӣ маълумоти дурӯғ ё фирефтакунанда намедиҳем.

Ростқавлӣ баракатҳо меорад

18–20. Ростқавлӣ чӣ гуна баракатҳо меорад?

18 Ростқавлӣ баракатҳои зиёде меорад. Мо виҷдони худро пок нигоҳ медорем, ки ин дар навбати худ ба мо оромии ақлу дил мебахшад (Мас. 14:30; Фил. 4:6, 7). Виҷдони пок барои Худо аҳамияти бузург дорад. Ҳамчунин, агар мо аз ҳар ҷиҳат росткору ростқавл бошем, сабабе барои тарсидан аз он ки касе дурӯғи моро фош мекунад, нахоҳад буд (1 Тим. 5:24).

19 Баракати дигар ин аст. Павлус мегӯяд, ки мо «дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо зоҳир месозем», аз он ҷумла «дар каломи ростӣ» (2 Қӯр. 6:4, 7). Инро мисоли Шоҳиде, ки дар Бритониё зиндагӣ мекунад, нишон медиҳад. Ҳангоми фурӯхтани автомобилаш бародар ба харидор ғайр аз ҷиҳатҳои нағз камбудиҳои онро низ гуфт, аз он ҷумла камбудиҳои ба чашм ноаёнро. Баъди он ки харидор мошинро ронда дид, ӯ аз бародар пурсид, ки оё вай Шоҳиди Яҳува аст. Чаро харидор ба чунин хулоса омад? Ӯ ба ростқавлӣ ва ҳамчунин ба намуди хуби зоҳирии бародар аҳамият дод. Ин сӯҳбати онҳо бо додани шаҳодати хуб анҷомид.

20 Оё мо ҳам бо росткориву ростқавлиамон Офаридгори худро ҷалол медиҳем? Павлус мегӯяд: «Чизҳои махфии нангинро рад карда, макрро ба кор намебарем» (2 Қӯр. 4:2). Пас, биёед, бо тамоми ҳастӣ саъю кӯшиш кунем, то бо дигарон ростқавл бошем. Бо ин роҳ мо ба Падари осмониамон ва халқи Ӯ шаъну шараф меорем.

[Эзоҳ]

^ сарх. 3 Маънои калимаи юноние, ки дар ин оят «ёр» тарҷума шудааст, на фақат ёр ё дӯст, балки ҳамаи одамонро дар бар мегирад.

Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

• Бо кӣ мо бояд ростгӯю ростқавл бошем?

• Бо дигарон ростқавл будан чӣ маъно дорад?

• Росткориву ростқавлии мо чӣ тавр Худоро ҷалол медиҳад?

• Ростқавлӣ чӣ гуна баракатҳо меорад?

[Саволҳо барои омӯзиш]