Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Идоракунандаи мӯътамад ва Ҳайати роҳбарикунандаи он

Идоракунандаи мӯътамад ва Ҳайати роҳбарикунандаи он

Идоракунандаи мӯътамад ва Ҳайати роҳбарикунандаи он

«Кист он гумоштаи [«идоракунандаи», ТДН] мӯътамад ва доно, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад?» (ЛУҚ. 12:42).

1, 2. Ҳангоми тасвир кардани аломати охирзамон Исо чӣ саволи муҳиме бардошт?

ҲАНГОМИ тасвир кардани аломати охирзамон Исо саволи зеринро бардошт: «Он ғуломи мӯътамад ва доно кист, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад?». Сипас Исо гуфт, ки барои садоқатмандияш ин ғулом бар тамоми дороии Оғои худ таъин карда хоҳад шуд (Мат. 24:45–47).

2 Чанд моҳ пеш аз ин ҳам Исо чунин саволро дода буд. (Луқо 12:42–44-ро бихонед.) Он вақт ӯ ғуломро «гумошта [«идоракунанда», ТДН]» номида буд. Идоракунанда дар хонаи оғояш корҳои хоҷагиро идора мекунад ва бар хизматгорон сарварӣ менамояд. Бо вуҷуди ин, худи ӯ ҳам хизматгор мебошад. Пас, ин ғулом ё идоракунанда аз масали Исо кист ва ӯ чӣ тавр «сари вақт хӯрок» медиҳад? Барои ҳамаи мо эътироф кардани воситае, ки тавассути он ғизои рӯҳонӣ тақсим карда мешавад, муҳим аст.

3. а) Дар ҷаҳони масеҳият суханони дар бораи «ғулом» гуфтаи Исоро чӣ тавр шарҳ медиҳанд? б) «Идоракунанда» ё «ғулом» кист ва «хизматгорон» кистанд?

3 Дар ҷаҳони масеҳият одатан шарҳ медиҳанд, ки ин суханони Исо оиди касонест, ки дар калисоҳо мақоми пурмасъулро ишғол мекунанд. Лекин Исо, ки дар масал «оғо» мебошад, нагуфт, ки ӯ дар равияҳои гуногуни масеҳӣ ғуломони зиёде хоҳад дошт. Баръакс, вай ба таври равшан қайд намуд, ки танҳо як «идоракунанда» ё «ғулом» хоҳад буд, ки онро ӯ бар тамоми дороияш таъин мекунад. Чӣ тавре ки дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» борҳо шарҳ дода шуда буд, ин идоракунанда — «рамаи хурд»–и шогирдони тадҳиншударо чун гурӯҳ тасвир мекунад. Дар Инҷили Луқо Исо чанде пеш аллакай дар бораи онҳо гуфта буд (Луқ. 12:32). «Хизматгорон» низ дар масали Исо ҳамон як гурӯҳанд, вале дар ин маврид нақши онҳо дар алоҳидагӣ қайд мешавад. Саволи ҷолибе ба миён меояд: оё ҳар аъзои синфи ғулом дар сари вақт тақсим кардани ғизои рӯҳонӣ иштирок мекунад? Ҳангоми омӯзиши бодиққати Навиштаҳо ба ин савол ҷавоб хоҳем ёфт.

Ходими Яҳува дар замонҳои пеш

4. Яҳува Исроили қадимро кӣ хонд ва дар бораи ин халқ чиро қайд кардан муҳим аст?

4 Яҳува оиди халқи Худ — Исроили қадим чун дар бораи як ходим сухан меронд. «Шумо шоҳидони ман [шоҳидон — шумораи ҷамъ],— мегӯяд Яҳува,— ходими ман [ходим — шумораи танҳо] мебошед,— ҳамоне ҳастед, ки ман интихоб кардаам» (Иш. 43:10, ТДН). Ба ин синфи ходим ҳамаи исроилиён тааллуқ доштанд. Лекин қайд кардан муҳим аст, ки барои таълим додани халқ танҳо коҳинон ва левизодагоне, ки коҳин набуданд, масъулият доштанд (2 Вақ. 35:3; Мал. 2:7).

5. Мувофиқи суханони Исо чӣ дигаргунии калоне дар пеш буд?

5 Оё Исроили қадим ҳамон ғуломест, ки Исо дар борааш гуфта буд? Не. Ин аз суханони зерине, ки Исо ба яҳудиёни ҳамзамонаш гуфт, бармеояд: «Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад» (Мат. 21:43). Равшан аст, ки дигаргуние дар пеш буд. Яҳува бояд халқи наверо интихоб мекард. Лекин дар мавриди таълимоти рӯҳонӣ кори ғулом аз масали Исо ба коре, ки «ходими» Худо дар Исроили қадим мекард, монанд аст.

Пайдо шудани ғуломи мӯътамад

6. Дар Иди рӯзи 50–уми соли 33–юми д. мо кадом халқи нав пайдо шуд ва он аз киҳо иборат аст?

6 Халқи нав — «Исроили Худо» аз исроилиёни рӯҳонӣ иборат аст (Ғал. 6:16; Рум. 2:28, 29; 9:6). Он соли 33–юми д. мо, ҳангоми дар Иди рӯзи 50–ум нозил шудани рӯҳулқудс пайдо шуд. Баъд аз ин, ҳамаи масеҳиёни тадҳиншуда қисми халқе гаштанд, ки он акнун чун синфи ғуломи аз тарафи Оғо, яъне Исои Масеҳ таъиншуда хидмат мекард. Ба ҳар аъзои ин халқ супориш дода шуда буд, ки хушхабарро мавъиза кунанд ва шогирд созанд (Мат. 28:19, 20). Лекин оё ҳар аъзои ин гурӯҳ дар сари вақт додани ғизои рӯҳонӣ иштирок мекард? Биёед бубинем, ки Навиштаҳо ба ин савол чӣ гуна ҷавоб медиҳанд.

7. Дар аввал кори асосии расулон чӣ буд ва чӣ тавр баъдтар доираи фаъолияти онҳо васеъ шуд?

7 Вақте ки Исо дувоздаҳ расулашро интихоб кард, ӯ онҳоро барои мавъизаи хушхабар фиристод ва ин кори асосии онҳо буд. (Марқӯс 3:13–15-ро бихонед.) Ин супориш бо маънои асосии калимаи юноние, ки расул тарҷума мешавад, мувофиқат мекунад; он аз феъле бармеояд, ки маънояш «фиристодан» аст. Лекин чанде пеш аз барпо шудани ҷамъомади масеҳӣ ба расулон ҳамчунин «масъулияти назорат кардан» [ТДН] дода шуд (Аъм. 1:20–26).

8, 9. а) Дувоздаҳ расулон пеш аз ҳама дар бораи чӣ ғамхорӣ мекарданд? б) Боз ба кӣ масъулиятҳои иловагие, ки баъдтар аз тарафи ҳайати роҳбарикунанда тасдиқ гаштанд, дода шуд?

8 Дувоздаҳ расулон пеш аз ҳама дар бораи чӣ ғамхорӣ мекарданд? Инро мо аз воқеаҳое мефаҳмем, ки баъд аз Иди рӯзи 50–ум рӯй доданд. Вақте ки оиди тақсимкунии ризқу рӯзии ҳаррӯза ба бевазанон баҳсу мунозираҳо пайдо шуданд, дувоздаҳ расул шогирдонро ҷамъ карда, гуфтанд: «Шоиста нест, ки мо каломи Худоро тарк карда, ба хизмати таъмини ризқу рӯзӣ машғул шавем». (Аъмол 6:1–6-ро бихонед.) Сипас расулон «ба ин хизмат» дигар бародарони аз ҷиҳати рӯҳонӣ мувофиқро таъин карданд, то худашон «бо таълими каломи Худо машғул» шаванд. Ин амали расулонро Яҳува баракат дод ва «Каломи Худо торафт интишор меёфт, шумораи шогирдон дар Ерусалим бағоят меафзуд» (Аъм. 6:7). Хуллас, барои тақсим кардани ғизои рӯҳонӣ пеш аз ҳама расулон масъул буданд (Аъм. 2:42).

9 Бо гузашти вақт ба зиммаи дигарон низ масъулиятҳои муҳим гузошта шуданд. Зери ҳидояти рӯҳулқудс Павлус ва Барнабборо аз ҷамъомади Антиёхия чун миссионерон фиристоданд. Онҳо ҳамчунин чун расулон шинохта шуданд, гарчанде дар қатори 12 нафари аввал набуданд (Аъм. 13:1–3; 14:14; Ғал. 1:19). Таъиноти онҳоро ҳайати роҳбарикунанда дар Ерусалим тасдиқ кард (Ғал. 2:7–10). Чанде пас аз ин, Павлус дар тақсим кардани ғизои рӯҳонӣ иштирок намуд. Ӯ зери илҳоми илоҳӣ мактуби якумашро навишт.

10. Дар асри як оё ҳамаи масеҳиёни бо рӯҳ тадҳиншуда дар тайёр намудани ғизои рӯҳонӣ иштирок мекарданд? Шарҳ диҳед.

10 Бо вуҷуди ин, оё ҳамаи масеҳиёни бо рӯҳ тадҳиншуда дар назорат кардани кори мавъиза ва тайёр намудани ғизои рӯҳонӣ иштирок мекарданд? Не. Инро суханони Павлуси расул нишон медиҳанд: «Оё ҳама ҳавворианд? Оё ҳама набианд? Оё ҳама муаллиманд? Оё ҳама мӯъҷизакоранд?» (1 Қӯр. 12:29). Ҳарчанд ҳама масеҳиёни бо рӯҳ тавлидшуда дар кори мавъиза иштирок мекарданд, танҳо шумораи маҳдуди онҳо — ҳамагӣ ҳашт нафар — дар навиштани 27 китоби Навиштаҳои Юнонӣ иштирок карданд.

Ғуломи мӯътамад дар рӯзҳои мо

11. Бар кадом «дороӣ» ғулом таъин шудааст?

11 Суханони Исо аз Матто 24:45 ба таври равшан нишон медиҳанд, ки дар охирзамон синфи ғуломи мӯътамад ва доно дар рӯи замин ҳанӯз вуҷуд хоҳад дошт. Ваҳй 12:17 онҳоро «боқии» насли зан меномад. Чун гурӯҳ ин бақия бар тамоми дороии заминии Масеҳ таъин шудааст. Ин дороӣ тобеони заминии Салтанат ва ҳамчунин биноҳову таҷҳизотеро, ки барои мавъизаи хушхабар истифода мешаванд, дар бар мегирад ва идоракунандаи мӯътамад бояд бар он ғамхорӣ кунад.

12, 13. Масеҳӣ аз куҷо медонад, ки даъвати осмонӣ дорад?

12 Масеҳӣ аз куҷо медонад, ки ӯ умеди осмонӣ дорад ва ба бақияи исроилиёни рӯҳонӣ дохил мешавад? Ҷавоб ба ин савол аз суханони Павлус бармеояд. Ӯ ба шахсоне, ки мисли вай чунин умеди осмонӣ доштанд, гуфт: «Ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рӯҳи Худост, фарзандони Худо ҳастанд; чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем: “Эй Або, эй Падар!” Ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем. Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу уқубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем» (Рум. 8:14–17).

13 Агар ба таври оддӣ гӯем, ин шахсон бо рӯҳи муқаддаси Худо тадҳин шудаанд ва «даъвати осмонӣ» доранд (Ибр. 3:1). Ин даъвати шахсии Худо аст. Ин шахсон дар навбати худ бечунучаро ва бе шубҳаву тарс розӣ шуданд, ки чун писарони Худо тавлид шаванд. (1 Юҳанно 2:20, 21–ро бихонед.) Чӣ тавре ки мебинем, на онҳо ин умедро барои худ интихоб кардаанд, балки Яҳува рӯҳи муқаддас дода, ба онҳо мӯҳр гузоштааст (2 Қӯр. 1:21, 22; 1 Пет. 1:3, 4).

Муносибати дуруст

14. Тадҳиншудагон ба даъвати худ чӣ гуна бояд муносибат кунанд?

14 Масеҳиёни тадҳиншуда, дар сурате ки мукофоти осмониашонро интизоранд, бояд чӣ назаре ба худ дошта бошанд? Ин шахсон мефаҳманд, ки онҳо гарчанде даъвати олиҷаноб гирифтаанд, ҳоло ин танҳо даъват аст. Онҳо бояд то дами марг содиқ бимонанд, то ин мукофотро гиранд. Онҳо бо фурӯтанӣ ба суханони зерини Павлус ҳамроҳ мешаванд: «Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман аллакай расида бошам, балки фақат як чизро мегӯям: он чиро, ки дар қафост, аз хотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда, Ман сӯи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолибонаи даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ» (Фил. 3:13, 14). Ин бақияи тадҳиншудагон бояд бо тамоми қувват «муносиби мақоме ки ба он хонда» шудаанд, рафтор намоянд ва инро «бо тарсу ларз» кунанд (Эфс. 4:1, 2; Фил. 2:12; 1 Тас. 2:12).

15. Масеҳиён ба онҳое, ки аз рамзҳои Шоми ёдбуд қабул мекунанд, бояд чӣ гуна муносибат намоянд ва тадҳиншудагон чӣ назаре бояд ба худ дошта бошанд?

15 Лекин масеҳиёни дигар бояд ба шахсе, ки худро тадҳиншуда меҳисобаду ба қабул кардани рамзҳои Шоми ёдбуд оғоз мекунад, чӣ тавр муносибат кунанд? Ӯро набояд маҳкум кард. Ин муносибати байни Яҳува ва худи ин шахс аст (Рум. 14:12). Лекин масеҳиёне, ки дар ҳақиқат тадҳин шудаанд, нисбати худ таваҷҷӯҳи хосса талаб намекунанд. Онҳо намешуморанд, ки тадҳиншуда будан ба онҳо фаҳмиши хоссаи рӯҳонӣ мебахшад, ки он аз хиради ҳатто баъзе масеҳиёни ботаҷриба аз ҷумлаи «анбӯҳи бузург» бештар аст (Ваҳй 7:9). Ин масеҳиён фикр намекунанд, ки онҳо нисбат ба ҳамроҳонашон аз ҷумлаи «гӯсфандони дигар» ҳатман бештар рӯҳулқудс доранд (Юҳ. 10:16). Онҳо нисбати худ муносибати махсусро интизор намешаванд; ҳамчунин аз рамзҳо қабул карданашон маънои онро надорад, ки онҳо аз пирони таъиншудаи ҷамъомад бартарӣ доранд.

16–18. а) Оё тавассути ҳамаи тадҳиншудагон ҳақиқатҳои нави рӯҳонӣ кушода мешаванд? Мисоле оред. б) Чаро ба Ҳайати Роҳбарикунанда бо ҳамаи онҳое, ки худро тадҳиншуда меҳисобанд, маслиҳат кардан шарт нест?

16 Оё ҳамаи тадҳиншудагони дарзаминбуда як шабакаи умумиҷаҳониеро, ки тавассуташ бо ин ё он роҳ ҳақиқатҳои нави рӯҳонӣ кушода мешаванд, ташкил мекунанд? Не. Ҳарчанд синфи ғулом чун гурӯҳ барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ таъмин кардани аҳли хонаводаи рӯҳонӣ масъул аст, на ҳама аъзоёни синфи ғулом вазифаву масъулиятҳои якхела доранд. (1 Қӯринтиён 12:14–18-ро бихонед.) Чӣ тавре ки пештар қайд шуд, дар асри як ҳамаи масеҳиён дар кори муҳими мавъиза иштирок мекарданд. Лекин танҳо шумораи хеле ками онҳо дар навиштани Китоби Муқаддас иштирок намуданд ва бар ҷамъомади масеҳӣ назорат мекарданд.

17 Мисоле меорем. Баъзан дар Навиштаҳо гуфта мешавад, ки «ҷамъомад» масъалаҳои бо фаъолияти ҳайати ҳуқуқӣ алоқамандро ҳал мекунад (Мат. 18:17, ТДН). Лекин дар асл ин масъалаҳоро танҳо пирон — намояндагони ҷамъомад ҳал мекунанд. Пирон пеш аз қабул кардани қароре аз ҳар аъзои ҷамъомад фикру ақидаашонро намепурсанд. Онҳо аз рӯи тартиботи теократӣ масъулияти ба зиммадоштаашонро иҷро мекунанд; онҳо аз номи тамоми ҷамъомад амал менамоянд.

18 Мисли ин, имрӯз шумораи маҳдуди тадҳиншудагон барои намояндагӣ кардани синфи ғулом масъулият доранд. Онҳо Ҳайати Роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳуваро ташкил медиҳанд. Ин мардони тадҳиншуда бар кори Салтанат ва барномаи ғизои рӯҳонӣ назорат мекунанд. Чун дар асри як Ҳайати Роҳбарикунанда пеш аз қабул кардани қарорҳо бо ҳар аъзои синфи ғулом маслиҳат намекунад. (Аъмол 16:4, 5–ро бихонед.) Лекин ҳама Шоҳидони тадҳиншуда дар кори муҳими дарав, ки ҳоло рафта истодааст, фаъолона иштирок мекунанд. Чун синф «ғуломи мӯътамад ва доно» як гурӯҳро ташкил мекунад, вале дар алоҳидагӣ онҳо супоришу вазифаҳои гуногун доранд (1 Қӯр. 12:19–26).

19, 20. Анбӯҳи бузург ба «ғуломи мӯътамад ва доно» ва Ҳайати Роҳбарикунандаи он чӣ муносибати оқилонае дорад?

19 Маълумоти дар боло муҳокимашуда ба анбӯҳи бузурги мардум, ки умеди зиндагии абадӣ дар рӯи замин доранду рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд, чӣ тавр бояд таъсир кунад? Чун қисми дороии Подшоҳ онҳо аз он ки тартиботи муқарраркардаи Ҳайати Роҳбарикунанда — намояндаи синфи «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро пурра дастгирӣ мекунанд, шоданд. Аъзоёни анбӯҳи бузург ғизои рӯҳониеро, ки зери назорати Ҳайати Роҳбарикунанда тайёр карда мешавад, қадр мекунанд. Ҳарчанд аъзоёни анбӯҳи бузург ғуломро чун синф эҳтиром намоянд ҳам, онҳо ягон касеро, ки худро қисми синфи ғулом меномад, болобардор намекунанд. Ягон масеҳие, ки дар ҳақиқат бо рӯҳи муқаддаси Худо тадҳин шудааст, нисбати худ чунин муносибатро интизор намешавад (Аъм. 10:25, 26; 14:14, 15).

20 Хоҳ мо аҳли хонаводаи рӯҳонии бақияи тадҳиншудагон бошем, хоҳ аъзоёни анбӯҳи бузург, биёед азм намоем, ки бо идоракунандаи мӯътамад ва Ҳайати Роҳбарикунандаи он пурра ҳамкорӣ кунем. Бигзор ҳар яки мо ҳушёру бедор бошад ва то ба охир содиқ бимонад! (Мат. 24:13, 42).

Оё шумо дар хотир доред?

• «Ғуломи мӯътамад ва доно» кист ва «хизматгорон» кистанд?

• Аз куҷо шахс медонад, ки ӯ даъвати осмонӣ дорад?

• Ба тайёр кардани ғизои нави рӯҳонӣ пеш аз ҳама кӣ масъул аст?

• Тадҳиншудагон чӣ назаре бояд ба худ дошта бошанд?

[Саволҳо барои омӯзиш]

24–30-юми август Сурудҳо: 51, 114