Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин — умеди худодод аст

Ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин — умеди худодод аст

Ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин — умеди худодод аст

«Махлуқот ... мутеи оворагӣ шудааст, ба умеди он ки ... аз бандагии фано халосӣ меёбад» (РУМ. 8:20, 21).

1, 2. а) Чаро умеди ҷовидона дар рӯи замин зистан барои мо муҳим аст? б) Чаро бисёриҳо ба имконияти ҷовидона дар рӯи замин зистан шубҳа мекунанд?

ВАҚТЕ КИ шумо бори аввал фаҳмидед, ки ба наздикӣ одамон дигар пир намешаванду намемиранд ва дар замин абадӣ зиндагӣ мекунанд, шумо бешубҳа хурсанд шудед ва эҳтимол то ба ҳол ин эҳсосоти худро дар хотир доред (Юҳ. 17:3; Ваҳй 21:3, 4). Шумо шояд оиди ин умеди дар Навиштаҳо асосёфта ба дигарон нақл мекардед ва ин ба шумо хурсандӣ меовард. Умеди ҳаёти ҷовидонӣ қисми асосии хушхабарест, ки мо мавъиза мекунем. Он муносибати моро ба ҳаёт муайян менамояд.

2 Аксарияти динҳои ҷаҳони масеҳият умеди ҷовидона дар рӯи замин зистанро инкор мекунанд. Ҳарчанд Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки инсон рӯҳи намиранда надорад, бисёри калисоҳо бархилофи Навиштаҳо таълим медиҳанд, ки гӯё инсон рӯҳи намиранда дораду он баъди марг дар олами арвоҳ зиндагӣ мекунад (Воиз 9:5). Аз ин рӯ, аксарияти одамон ба имконияти дар рӯи замин ҷовидона зистан шубҳа мекунанд. Пас, чунин савол ба миён меояд: оё ин умед дар ҳақиқат бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст? Агар ҳа, Худо онро бори аввал кай ба одамон ошкор кардааст?

«Махлуқот ... мутеи оворагӣ шудааст», вале умед ҳаст

3. Нияти нисбати одамон доштаи Худо чӣ тавр дар оғози таърихи инсоният маълум гашт?

3 Нияте, ки Яҳува нисбати одамон дошт, дар оғози таърихи инсоният маълум гашт. Худо ба Одам ба таври равшан гуфт, ки агар ӯ итоаткор бошад, абадӣ зиндагӣ хоҳад кард (Ҳас. 2:9, 17; 3:22). Наслҳои нахустини Одам, бешубҳа, фаҳмиданд, ки инсонҳо комилиятро аз даст додаанд. Инро аломатҳои ба чашм аён исбот мекарданд: даромадгоҳ ба боғи Адан баста буд ва одамон пир мешуданду мемурданд (Ҳас. 3:23, 24). Бо гузашти вақт умри одамон кӯтоҳтар шудан мегирифт. Одам 930 сол зиндагӣ кард. Писари Нӯҳ Сом ҳамагӣ 600 сол зист ва писари Сом Арфакшад 438 сол. Падари Иброҳим Тораҳ 205 сол, худи Иброҳим 175 сол, писари ӯ Исҳоқ 180 сол, Яъқуб бошад — 147 сол зиндагӣ карданд (Ҳас. 5:5; 11:10–13, 32; 25:7; 35:28; 47:28). Аксари одамон эҳтимол мефаҳмиданд, ки ин кӯтоҳшавии ҳаёт чӣ маъно дорад — имконияти ҷовидона зистан аз даст рафтааст! Оё онҳо барои аз нав ба даст овардани он асосе доштанд?

4. Ходимони содиқи даврони пеш барои эътимод ба он ки Худо баракатҳои аздастдодаи Одамро бармегардонад, чӣ асос доштанд?

4 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «махлуқот [одамизод] ... мутеи оворагӣ шудааст», вале умед ҳаст (Рум. 8:20, 21). Чӣ гуна умед? Дар нахустин пешгӯии Китоби Муқаддас оиди «насл»–е гуфта шуда буд, ки сари морро хоҳад кӯфт. (Ҳастӣ 3:1–5, 15-ро бихонед.) Одамони содиқ дар асоси ваъда оиди он Насл умед карда метавонистанд, ки Худо аз иҷрои нияти нисбати инсоният доштааш даст накашидааст. Донистани ин, ба мардони содиқе мисли Ҳобил ва Нӯҳ эътимод мебахшид, ки Худо баракатҳои аздастдодаи Одамро бармегардонад. Ин мардон эҳтимол мефаҳмиданд, ки кӯфта шудани пошнаи насл маънои рехта шудани хунро дорад (Ҳас. 4:4; 8:20; Ибр. 11:4).

5. Чӣ нишон медиҳад, ки Иброҳим ба эҳёшавӣ имон дошт?

5 Намунаи Иброҳимро дида мебароем. Ҳангоми озмуда шуданаш Иброҳим «писари ягонаи худ» Исҳоқро қариб ба «қурбонӣ» овард (Ибр. 11:17). Барои чӣ ӯ ба ин кор тайёр буд? (Ибриён 11:19–ро бихонед.) Барои он ки вай ба эҳёшавӣ имон дошт. Имони Иброҳим беасос набуд. Охир, Яҳува қобилияти фарзанддоршавии вайро аз нав барқарор кард ва имконпазир сохт, ки ӯву ҳамсараш Соро дар пиронсолӣ писаре ба дунё оранд (Ҳас. 18:10–14; 21:1–3; Рум. 4:19–21). Ҳамчунин Иброҳим ваъдаи Яҳуваро дар хотир дошт. Худо ба ӯ гуфта буд: «Насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд» (Ҳас. 21:12). Аз ин рӯ, Иброҳим асоси мустаҳкаме дошт, ки аз Худо эҳё кардани Исҳоқро интизор шавад.

6, 7. а) Яҳува бо Иброҳим чӣ аҳде баста буд? б) Чӣ тавр ваъдае, ки Яҳува ба Иброҳим дод, ба инсоният умед мебахшад?

6 Азбаски имони Иброҳим барҷаста буд, Яҳува бо ӯ оиди «насл»–и вай аҳд баст. (Ҳастӣ 22:18–ро бихонед.) Қисми асосии «насл» Исои Масеҳ гашт (Ғал. 3:16). Яҳува ба Иброҳим гуфта буд, ки «насли» ӯро афзун хоҳад кард ва он «мисли ситорагони осмон ва мисли реге ки дар соҳили баҳр аст» хоҳад шуд, яъне ин маънои онро дошт, ки шумораи наслаш ба Иброҳим номаълум хоҳад буд (Ҳас. 22:17). Лекин дертар шумораи он ошкор гашт. Исои Масеҳ ва 144 000 нафароне, ки ҳамроҳи ӯ дар Салтанат ҳукмронӣ хоҳанд кард, «насл»-ро ташкил медиҳанд (Ғал. 3:29; Ваҳй 7:4; 14:1). Тавассути Салтанати Масеҳоӣ «ҳамаи халқҳои рӯи замин» баракат хоҳанд ёфт.

7 Иброҳим маънои аҳдеро, ки Яҳува бо ӯ баста буд, ҳеҷ то ба охир фаҳмида наметавонист. Бо вуҷуди ин, «ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад»,— мегӯяд Китоби Муқаддас (Ибр. 11:10). Он шаҳр Салтанати Худо аст. Барои гирифтани баракатҳои он Салтанат Иброҳим бояд аз нав зиндагӣ кунад. Ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин ба ӯ тавассути эҳёшавӣ имконпазир хоҳад гашт. Ҳамчунин ҳаёти абадӣ ба онҳое имконпазир мегардад, ки дар Ҳармиҷидӯн зинда мемонанд ё аз хоби марг мехезанд (Ваҳй 7:9, 14; 20:12–14).

«Рӯҳе ки дар ботини ман аст, маро фишор медиҳад»

8, 9. Чаро гуфтан мумкин аст, ки китоби Айюб на фақат дар бораи ранҷу азобҳои як шахс нақл мекунад?

8 Байни давраи зиндагии абераи Иброҳим Юсуф ва Мусо–пайғамбар марде бо номи Айюб зиндагӣ мекард. Китоби Айюбро эҳтимол Мусо навишта буд. Ин пораи Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки чаро Яҳува ба азобу уқубатҳои Айюб роҳ дод ва онҳо бо чӣ анҷом ёфтанд. Лекин китоби Айюб на фақат дар бораи ранҷу азоби як инсон нақл мекунад; он саволҳоеро муҳокима менамояд, ки ба ҳар офаридаи бошуур дахл доранд. Ин китоб ошкор мекунад, ки Яҳува аз рӯи адолат ҳукмронӣ мекунад; он нишон медиҳад, ки беайбии ҳама ходимони заминии Худо ва имконияти ҷовидона зистанашон бо саволе, ки дар боғи Адан бардошта шуда буд, алоқаманд аст. Ҳарчанд Айюб аз ин саволи баҳсталаб бехабар буд, вай ба се дӯсташ нагузошт, то ӯро бовар кунонанд, ки гӯё ӯ беайбиашро аз даст додааст (Айюб 27:5). Намунаи Айюб имони моро қавӣ мегардонад ва эътимод мебахшад, ки мо ҳам аз ӯҳдаи нигоҳ доштани беайбӣ ва дастгирӣ намудани ҳокимияти Яҳува мебароем.

9 Баъд аз он ки ба ном тасаллидиҳандагони Айюб суханонашонро тамом карданд, «Элиҳу ибни Баракъили Бузӣ ба сухан оғоз намуд». Чӣ ӯро ба ин барангехт? «Ман аз суханон пур ҳастам,— гуфт ӯ,— рӯҳе ки дар ботини ман аст, маро фишор медиҳад» (Айюб 32:5, 6, 18). Ҳарчанд суханоне, ки баъдтар Элиҳу зери илҳоми илоҳӣ гуфт, дар Айюб ҳангоми ба охир расидани озмоишҳояш иҷро шуданд; он суханон ба дигарон низ аҳамият доранд. Онҳо ба ҳама нигаҳдорандагони беайбӣ умед мебахшанд.

10. Чӣ нишон медиҳад, ки суханони ба ин ё он шахс гуфтаи Яҳува баъзан маънои васеътар доранду ба тамоми инсоният дахл доранд?

10 Баъзан суханоне, ки Яҳува ба як шахс мегӯяд, маънои васеътар доранд ва ба тамоми инсоният дахл доранд. Масалан, инро аз як пешгӯии Дониёл дидан мумкин аст: шоҳи Бобил Набукаднесар хоб мебинад, ки дарахти бузурге бурида шудааст (Дон. 4:10–27). Ҳарчанд ин хоб дар Набукаднесар иҷро шуд, лекин он ба чизи бузургтаре дахл дошт. Хоб нишон дод, ки ҳокимияти илоҳӣ, ки дар замин ба воситаи салтанати подшоҳон аз насли Довуд зоҳир мешуд, бо гузашти 2 520 сол, (ки он давра аз соли 607 қ. д. мо оғоз ёфт), бояд аз нав барқарор гардад *. Вақте ки дар соли 1914 Исои Масеҳ чун подшоҳи осмонӣ бар тахт нишаст, ҳокимияти Худо бар замин аз нав барқарор шуд. Тасаввур кунед, ки ба қарибӣ зери ҳукмронии Салтанат ҳама умеду орзуҳои одамони итоаткор иҷро мешаванд!

«Варо аз фурӯд омадан ба гӯр раҳо намо»

11. Аз суханони Элиҳу мо дар бораи Худо чиро мефаҳмем?

11 Элиҳу дар ҷавоб ба Айюб дар бораи фариштае гуфт, ки он «ҳимоятгаре аз байни ҳазор» аст ва «росткории одамро баён» менамояд. Агар ин ҳимоятгар дар бораи одам ба «Худо дуо» гӯяд, он гоҳ «Ӯ [Худо] ба вай [одам] раҳм карда ... хоҳад гуфт: “Варо аз фурӯд омадан ба гӯр раҳо намо; Ман кафорате пайдо кардаам”. Ҷисми вай бештар аз ҷавониаш тароват хоҳад гирифт: вай ба айёми наврасии худ хоҳад баргашт» (Айюб 33:23–26). Ин суханон нишон медиҳанд, ки Худо ба қабул кардани «кафорат» ё фидияе, ки барои одамони тавбакарда дода мешавад, тайёр аст (Айюб 33:24).

12. Суханони Элиҳу ба тамоми инсоният чӣ умеде мебахшанд?

12 Ҳамон тавре ки пайғамбарон маънои суханони навиштаашонро то ба охир намефаҳмиданд, Элиҳу низ эҳтимол ба маънои фидия пурра сарфаҳм намерафт (Дон. 12:8; 1 Пет. 1:10–12). Бо вуҷуди ин, дар суханони Элиҳу умед ба он ки рӯзе Худо фидияро қабул карда, одамонро аз пиршавию марг раҳо мекунад, инъикос меёфтанд. Суханони Элиҳу нишон медиҳанд, ки имконияти олиҷаноби ҷовидона зистан вуҷуд дорад. Аз китоби Айюб ҳамчунин бармеояд, ки эҳёшавӣ дар пеш аст (Айюб 14:14, 15).

13. Суханони Элиҳу барои масеҳиён чӣ аҳамият доранд?

13 Имрӯз суханони Элиҳу барои миллионҳо масеҳиёне, ки ҳангоми нобудшавии тартиботи имрӯза зинда мондан мехоҳанд, аҳамият доранд. Баъди аз байн рафтани ин тартибот, пиронсолоне, ки мусибати бузургро аз сар мегузаронанд, аз нав ҷавон хоҳанд шуд (Ваҳй 7:9, 10, 14–17). Ғайр аз ин, имконияти дидани он ки эҳёшудагон низ ба рӯзҳои ҷавонии худ бармегарданд, аллакай ҳозир ба одамони содиқ хурсандӣ мебахшад. Албатта, ба маргнопазирӣ дар осмон соҳиб шудани масеҳиёни тадҳиншуда ва ба ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин соҳиб шудани «гӯсфандони дигар»–и Исо аз имони онҳо ба фидияи қурбонии Масеҳ вобаста аст (Юҳ. 10:16; Рум. 6:23).

Марг ба сурати абадӣ маҳв хоҳад шуд

14. Аз чӣ маълум аст, ки ба исроилиён барои доштани умеди ҳаёти ҷовидонӣ Қонуни Мусо кофӣ набуд?

14 Вақте ки Худо бо насли Иброҳим аҳд баст, онҳо халқи мустақил гаштанд. Ҳангоми додани Қонун Яҳува гуфт: «Фароизу дастурҳои Маро риоя намоед, ки одам онҳоро ба амал оварда, бо онҳо зинда хоҳад буд» (Иб. 18:5). Лекин исроилиён ба меъёрҳои комили Қонун мувофиқат карда наметавонистанд, аз ин рӯ Қонун онҳоро маҳкум мекард. Исроилиён ба озодшавӣ аз ин маҳкумият ниёз доштанд (Ғал. 3:13).

15. Зери илҳоми илоҳӣ Довуд дар бораи кадом баракати оянда навиштааст?

15 Баъди Мусо Яҳува дигар нависандагони Китоби Муқаддасро илҳом мебахшид, ки онҳо ҳам умеди ҳаёти ҷовидониро зикр кунанд (Заб. 20:5; 36:29). Масалан, Довуди забурнавис дар бораи ягонагии ходимоне, ки дар Сион Худоро парастиш мекарданд, таронае навишта, онро бо суханони зерин тамом кард: «Дар он ҷо Худованд баракатро амр фармудааст; ва ҳаётро то абад» (Заб. 132:3).

16. Яҳува ба воситаи Ишаъё дар бораи ояндаи «тамоми замин» чӣ ваъда дод?

16 Ҳамчунин ба воситаи Ишаъё Яҳува пешгӯӣ кард, ки одамон дар рӯи замин ҷовидона зиндагӣ хоҳанд кард. (Ишаъё 25:7, 8–ро бихонед.) Мисли «рӯпӯш» ё кӯрпаи вазнине, ки нафаси одамро танг мекунад, гуноҳу марг бар инсоният сахт фишор меоранд. Яҳува ба халқаш эътимод мебахшад, ки гуноҳу маргро «аз рӯи тамоми замин» маҳв, яъне нест хоҳад кард.

17. Кадом нақши Масеҳ, ки онро Ишаъё пешгӯӣ карда буд, сӯи ҳаёти ҷовидонӣ роҳ мекушояд?

17 Ҳамчунин биёед дида бароем, ки дар Қонуни Мусо дар алоқамандӣ бо бузе, ки барои Азозил * оварда мешуд, чӣ гуфта шудааст. Ҳар сол, дар рӯзи Кафорат саркоҳин ду дасти худро бар сари нарбузи зинда мемонд ва ҳамаи хатоҳои банӣ–Исроилро мегуфт. Саркоҳин ин гуноҳҳоро гӯё бар сари нарбуз мегузошт ва нарбуз ҳамаи онҳоро бо худ ба биёбон мебурд (Иб. 16:7–10, 21, 22). Ишаъё пешгӯӣ намуд, ки Масеҳ омада, нақши ба ин монанде иҷро мекунад: ӯ «бемориҳо», «дардҳо» ва гуноҳҳои «мардуми бисёреро» бо худ мебарад ва ҳамин тавр сӯи ҳаёти ҷовидонӣ роҳ мекушояд. (Ишаъё 53:4–6, 12-ро бихонед.)

18, 19. Дар Ишаъё 26:19 ва Дониёл 12:13 кадом умед зикр шудааст?

18 Ба воситаи Ишаъё Яҳува ба халқи Исроил гуфт: «Бигзор мурдагони Ту зинда шаванд, майитҳои ман бархезанд! Эй сокинони хок, бедор шавед ва тараннум намоед! Зеро ки шабнами Ту шабнами наботот аст, ва замин мурдагонро берун хоҳад афканд» (Иш. 26:19). Дар Навиштаҳои Ибронӣ умеди эҳёшавӣ ва зиндагӣ дар рӯи замин ба таври равшан зикр шудаанд. Масалан, Яҳува ба Дониёл, ки қариб 100 сола буд, эътимод бахшид: «[Ту] фароғат хоҳӣ кард, ва ... барои гирифтани насиби худ қиём хоҳӣ намуд» (Дон. 12:13).

19 Марто низ ба эҳёшавӣ имон дошт. Аз ин рӯ, вай ба Исо дар бораи бародари фавтидааш гуфт: «Медонам, ки [ӯ] дар қиёмат, дар рӯзи вопасин эҳё хоҳад шуд» (Юҳ. 11:24). Оё таълимоти Исо ва суханоне, ки шогирдони ӯ зери илҳоми илоҳӣ навиштаанд, ин умедро тасдиқ мекунанд? Оё ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин — умедест, ки Яҳува то ба ҳол ба инсоният пешкаш мекунад? Ба ин саволҳо дар мақолаи навбатӣ ҷавоб хоҳем ёфт.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 10 Нигаред ба боби 6–уми китоби «Ба пешгӯиҳои Дониёл таваҷҷӯҳ кунед!» (рус.).

^ сарх. 17 Маънои аниқи калимаи ибрии «Азозил» маълум нест.

Оё шумо фаҳмонда метавонед?

• Инсоният, ки «мутеи оворагӣ» шудааст, ба чӣ умед дорад?

• Чӣ нишон медиҳад, ки Иброҳим ба эҳёшавӣ имон дошт?

• Суханоне, ки Элиҳу ба Айюб гуфт, ба инсоният чӣ умеде мебахшанд?

• Чӣ тавр Навиштаҳои Ибронӣ умеди эҳёшавӣ ва умеди ҷовидона дар рӯи замин зистанро зикр мекунанд?

[Саволҳо барои омӯзиш]