Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мисли Масеҳ итоаткору далер бошед

Мисли Масеҳ итоаткору далер бошед

Мисли Масеҳ итоаткору далер бошед

«Далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам» (ЮҲ. 16:33).

1. То чӣ андоза Исо ба Худо итоаткор буд?

ИСОИ МАСЕҲ ҳамеша иродаи Худоро иҷро менамуд. Ва ҳатто боре ҳам ба сари ӯ фикри ба Падари осмониаш беитоатӣ кардан наомада буд (Юҳ. 4:34; Ибр. 7:26). Лекин дар вазъиятҳое, ки вай дар рӯи замин бо онҳо дучор шуд, итоаткорӣ барояш осон набуд. Аз аввали хидмати мавъизааш душманони Исо, аз он ҷумла худи Шайтон, кӯшиш карданд, ки Исоро бо ташвиқу маҷбуркунӣ ва ҳилаву найранг аз роҳи садоқатмандӣ бароранд (Мат. 4:1–11; Луқ. 20:20–25). Ин душманон Исоро рӯҳан, равонан (аз ҷиҳати эмотсионалӣ) ва ҷисман сахт азоб медоданд. Оқибат онҳо ӯро дар сутуни шиканҷа куштанд (Мат. 26:37, 38; Луқ. 22:44; Юҳ. 19:1, 17, 18). Дар ҳамаи ин озмоишҳо ва қатъи назар аз азоби шадид Исо то дами марг ба Худо итоаткор монд (Фил. 2:8)

2, 3. Мо аз намунаи Исо, ки қатъи назар аз ранҷу азоб итоаткор буд, чӣ омӯхта метавонем?

2 Чизе, ки Исо дар замин чун инсон аз сар гузаронд, дар мавриди итоаткорӣ ба вай чизи наверо ёд дод (Ибр. 5:8). Ӯ чӣ чизи навро ёд гирифта метавонист? Охир вай миллиардҳо сол бо Яҳува муносибатҳои наздик дошт ва ҳангоми офариниш назди Худо «меъмори моҳир» буд (Мас. 8:30, ТДН). Ба ҳар ҳол, вақте ки Исо дар замин ҳамаи мушкилиҳои ба сарашомадаро бо имон аз сар гузаронд, ӯ комилан беайб буданашро исбот намуд. Ҳамчунин вай ба Падари осмониаш наздиктар шуд. Мо аз ҳамаи ин чӣ омӯхта метавонем?

3 Ҳарчанд Исо инсони комил буд, вай барои комилан итоаткор мондан танҳо ба қувваи худ такя намекард. Ӯ аз Худо дар дуо кӯмак мепурсид. (Ибриён 5:7–ро бихонед.) Мо ҳам барои итоаткор мондан бояд фурӯтан бошему мунтазам аз Худо кӯмак пурсем. Инро дар назар дошта, Павлуси расул ба масеҳиён маслиҳат дод: «Дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт [«тарзи фикрронӣ», ТДН] бошад, ки дар Исои Масеҳ буд, ки Ӯ ... Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавт ... фармонбардор буд» (Фил. 2:5–8). Исо бо намунаи худ исбот намуд, ки инсон ҳатто дар ин ҷаҳони шарир итоаткор буда метавонад. Рост аст, ки Исо комил буд, лекин дар бораи мо — одамони нокомил чӣ гуфтан мумкин аст?

Қатъи назар аз нокомилӣ мо итоаткор буда метавонем

4. Озодии ирода доштан чӣ маъно дорад?

4 Худо Одаму Ҳавворо чун офаридаҳои бошуур офарид ва ба онҳо озодии ирода дод. Чун насли онҳо мо ҳам озодии ирода дорем. Ин чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки мо некӣ ё бадӣ карданро худамон интихоб мекунем. Дигар хел карда гӯем, Худо ба мо озодӣ додааст, то худамон интихоб намоем, ки ба Ӯ итоат мекунем ё намекунем. Ин гуна озодии калон ба дӯши мо масъулият мегузорад. Дар асл, қарорҳоямон моро ё сӯи ҳаёт мебаранд ё сӯи марг. Онҳо ҳамчунин ба атрофиён таъсир мекунанд.

5. Ҳамаи мо бо чӣ мубориза мебарем ва дар ин мубориза мо чӣ тавр ғолиб омада метавонем?

5 Азбаски нокомилиро ба ирс бурдаем, мо табиатан итоаткор нестем ва бароямон гӯш кардан ба аҳкоми Худо на ҳамеша осон аст. Павлус аз ин бохабар буд. Ӯ навишт: «Дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар андоми ман мавҷуд аст» (Рум. 7:23). Албатта, агар итоаткорӣ бо дарду азоб, мушкилӣ ё фидокорӣ алоқаманд набошад, зоҳир кардани он осон аст. Аммо вақте ки хоҳиши итоаткор буданамон бо «шаҳвати ҷисм» ва «ҳаваси чашмон» мухолифат менамояд, мо чӣ гуна рафтор мекунем? Сабаби пайдо шудани ин хоҳишҳои нодуруст нокомилияти мо ва таъсироти рӯҳияи ин ҷаҳон мебошад (1 Юҳ. 2:16; 1 Қӯр. 2:12). Ин хоҳишҳо хеле пурзӯранд ва барои мубориза бо онҳо мо бояд пеш аз дучоршавӣ бо озмоиш ё васваса дили худро моил гардонем ва азм кунем, ки дар ҳар сурат ба Яҳува итоаткор мемонем (2 Вақ. 12:14). Чӣ тавре ки Китоби Муқаддас нишон медиҳад, бисёриҳо дар ин мубориза ғолиб омаданд, зеро дили худро моил гардонда буданд (Эзр. 7:10; Дон. 1:8).

6, 7. Бо мисоле нишон диҳед, ки чӣ тавр омӯзиши шахсӣ барои қабули қарорҳои оқилона кӯмак карда метавонад.

6 Яке аз роҳҳои моил кардани дил — ин бодиққат омӯхтани Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфта аст. Тасаввур кунед, ки шумо бегоҳие омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас мегузаронед. Шумо аллакай ба Яҳува дуо гуфтед ва аз Ӯ рӯҳулқудс пурсидед, то он ба шумо кӯмак кунад, ки маълумоти аз Калом омӯхтаатонро ба кор баред. Ҳамчунин шумо фардо, бегоҳӣ филми телевизиониро тамошо карданиед. Баъзеҳо ба шумо ин филмро таъриф карданд, лекин шумо ҳамчунин медонед, ки он чанд лаҳзаҳои бадахлоқона ва зӯроварӣ дорад.

7 Шумо оиди маслиҳати Павлус аз Эфсӯсиён 5:3 мулоҳиза мекунед: «Зино ва ҳар гуна нопокӣ ва тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад, чунон ки ба муқаддасон муносиб аст». Ҳамчунин маслиҳати Павлус аз Филиппиён 4:8 ба хотиратон меояд. (Оятро бихонед.) Дар бораи ин маслиҳатҳои Каломи Худо андеша карда, шумо аз худ мепурсед: «Агар ман дидаву дониста дил ва ақли худро зери таъсири ин гуна намоишҳо қарор диҳам, оё ман ба намунаи Исо, ки ҳамеша ба Худо итоат мекард, пайравӣ менамоям?». Баъд аз ин, шумо чӣ гуна рафтор хоҳед кард? Оё шумо дар ҳар сурат он филмро тамошо мекунед?

8. Чаро мо бояд меъёрҳои ахлоқию рӯҳониро баланд нигоҳ дорем?

8 Паст кардани меъёрҳои ахлоқӣ ва рӯҳонии худ нодуруст аст. Чӣ тавр ин хел шуданаш мумкин аст? Масалан агар фикр кунем, ки мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ хеле устуворем ва муоширати бад, аз он ҷумла муошират дар намуди вақтхушиҳое, ки зӯроварӣ ва бадахлоқӣ доранд, ба мо таъсир намекунанд. Ба ҷои чунин фикр кардан, мо бояд худамон ва фарзандонамонро аз таъсироти фасодкунандаи рӯҳияи Шайтон муҳофизат кунем. Истифодабарандагони компютер бисёр мекӯшанд, ки компютерашонро аз ворид гаштани вирусҳо ҳифз кунанд. Зеро вирусҳо метавонанд маълумотҳоро нест кунанд, ба кори системаҳои оператсионӣ халал расонанд ва ҳатто як компютерро барои «ҳамла» ба компютерҳои дигар истифода баранд. Пас, оё мо ҳам набояд бо чунин ғайрат худро аз «дасисаҳои иблис» муҳофизат кунем? (Эфс. 6:11).

9. Чаро мо бояд азм намоем, ки ҳар рӯз ба Яҳува итоат мекунем?

9 Қариб ҳар рӯз дар алоқамандӣ бо ин ё он масъала мо бояд интихоб кунем, ки чӣ гуна рафтор менамоем: мувофиқи хости Яҳува ё баръакс. Барои наҷот ёфтан мо бояд ба Худо итоат намоем ва мувофиқи принсипҳои одилонаи Ӯ зиндагӣ кунем. Агар ба намунаи Исо, ки то дами марг ба Худо итоаткор буд, пайравӣ намоем, мо нишон медиҳем, ки имонамон ҳақиқӣ аст. Яҳува моро барои ин гуна садоқатмандӣ мукофот медиҳад. Исо ваъда додааст: «Ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт» (Мат. 24:13). Равшан аст, ки барои ин мисли Исо далер будан лозим аст (Заб. 30:24).

Исо — намунаи беҳтарини далерӣ

10. Мо бо чӣ гуна фишорҳо рӯ ба рӯ мешавем ва ба онҳо бояд чӣ тавр муносибат кунем?

10 Мо ҳар рӯз бо рӯҳия ва рафтори нодурусти одамони ин ҷаҳон рӯ ба рӯ мешавем. Барои муқобилат кардан ба таъсири зиёновари онҳо мо бояд далерӣ зоҳир намоем. Масеҳиён фишори ахлоқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва диниро эҳсос мекунанд, ки онҳо метавонанд моро аз роҳҳои одилонаи Яҳува дур кунанд. Бисёриҳо бо мухолифати аъзоёни оила дучор мешаванд. Дар баъзе мамлакатҳо, дар мактабу донишгоҳҳо назарияи эволютсионӣ ва атеизм боз ҳам бештар ташвиқу эътироф карда мешаванд. Ба ин гуна таъсирот мо беэътиноӣ карда наметавонем. Мо бояд амал кунем, то ба рӯҳияи ин ҷаҳон муқобилат кунем ва ҳамин тавр худро ҳифз намоем. Дар ин кор ба мо намунаи Исо кӯмак карда метавонад.

11. Чӣ тавр мулоҳиза оиди намунаи Исо ба мо далерии бештар мебахшад?

11 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам» (Юҳ. 16:33). Ӯ ҳамеша ба таъсироти ин ҷаҳон муқобилат мекард. Вай ҳеҷ гоҳ намегузошт, ки ҷаҳон ӯро аз иҷрои супориши мавъизакунӣ боздорад ё меъёрҳои ӯро нисбати ибодати ҳақиқӣ ва рафтори дуруст паст намояд. Мо ҳам бояд ҳамин тавр кунем. Дар дуо Исо дар бораи шогирдонаш гуфт: «Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман аз ҷаҳон нестам» (Юҳ. 17:16). Омӯзиши намунаи далерии Масеҳ ва мулоҳиза оиди он ба мо кӯмак мекунад, ки ба дараҷаи кофӣ далер бошем ва аз ин ҷаҳон худро дур нигоҳ дорем.

Аз Исо далерӣ биомӯзед

12–14. Исо чӣ тавр далерӣ зоҳир мекард? Мисолҳо оред.

12 Исо дар тӯли хидматаш далерии бузург зоҳир мекард. Ӯ ҳокимиятеро, ки чун Писари Худо дошт, истифода бурда, нотарсона «ҳамаи онҳоеро, ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, пеш кард, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард» (Мат. 21:12). Вақте ки сарбозон шоми пеш аз маргаш барои дастгир кардани вай омаданд, ӯ бо мақсади муҳофизат кардани шогирдон далерона пеш баромада, гуфт: «Агар Маро ҷустуҷӯ мекунед, бигзоред инҳо бираванд» (Юҳ. 18:8). Лаҳзае пас, Исо ба Петрус гуфт, ки шамшерашро ба ғилоф андозад ва бо ин ӯ нишон дод, ки вай на ба силоҳи заминӣ, балки ба Яҳува такя мекунад (Юҳ. 18:11).

13 Исо нотарсона устодони бардурӯғро, ки муҳаббат надоштанд, маҳкум менамуд ва таълимоти нодурусти онҳоро фош мекард. «Вой бар ҳоли шумо, эй китобдонон ва фарисиёни риёкор, ки Малакути Осмонро ба рӯи мардум мебандед,— гуфт Исо ба онҳо.— [Шумо] бузургтарин аҳкоми шариат, яъне доварӣ, марҳамат ва имонро тарк кардаед ... [шумо] беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, дар сурате ки даруни онҳо аз дуздӣ ва ифроткорӣ пур аст» (Мат. 23:13, 23, 25). Ба шогирдони Исо низ, ҳамин гуна далерӣ зоҳир кардан лозим буд, зеро ӯ огоҳ намуд, ки онҳоро ҳам сарварони бардурӯғи динӣ таъқиб мекунанд ва баъзеи онҳоро мекушанд (Мат. 23:34; 24:9).

14 Исо ҳатто ба девҳо далерона муқобилат мекард. Боре Исо мардеро вохӯрд, ки дев дошт. Он мард чунон пурқувват буд, ки касе ӯро занҷирбанд карда наметавонист. Бо вуҷуди ин, Исо нотарсона девҳои зиёдеро, ки он мардро идора мекарданд, аз ӯ ронд (Марқ. 5:1–13). Имрӯз Худо ба масеҳиён қудрати чунин мӯъҷизаофарӣ намедиҳад. Бо вуҷуди ин, дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ мо низ бояд бо Шайтон, ки зеҳни беимононро «кунд кардааст», ҷанги рӯҳонӣ барем (2 Қӯр. 4:4). Чун дар мавриди Исо, «аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо», яъне барои решакан кардани таълимоти бардурӯғи динӣ, ки чуқур реша давондаанд (2 Қӯр. 10:4). Барои моҳирона истифода бурдани ин аслиҳаи рӯҳонӣ намунаи Исо ба мо кӯмак мекунад.

15. Далерии Исо дар чӣ асос ёфта буд?

15 Исо далертарошӣ намекард, далерии ӯ дар имон асос ёфта буд. Далерии мо ҳам бояд дар имон асос ёбад (Марқ. 4:40). Ин гуна имони ҳақиқиро мо чӣ гуна ба даст оварда метавонем? Боз ба мо намунаи Исо кӯмак мекунад. Ӯ Навиштаҳоро хуб медонист ва ба онҳо эътимоди комил дошт. Чун силоҳ Исо на шамшери аслӣ, балки шамшери рӯҳонӣ — Каломи Худоро истифода мебурд. Ӯ гаштаву баргашта таълимоти худро бо оятҳои Навиштаҳо тасдиқ мекард. Пеш аз гуфтани чизе ӯ аксар вақт мегуфт, ки «навишта шудааст», яъне вай дар назар дошт, ки дар Каломи Худо «навишта шудааст» *.

16. Чӣ тавр мо имони бештар дошта метавонем?

16 Чун шогирдони Масеҳ мо хоҳу нохоҳ бо озмоишҳо дучор мешавем ва аз ин рӯ барои бунёд кардани имоне, ки ба ин озмоишҳо тоб меорад, мо бояд ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонем, онро омӯзем, ба вохӯриҳои масеҳӣ ташриф орем ва бо ин ҳақиқатҳоеро, ки пойдевори имони моянд, дар ақли худ ҷой кунем (Рум. 10:17). Ҳамчунин мо бояд дар бораи чизҳои омӯхтаамон чуқур мулоҳиза намоем, то ки ин ҳақиқатҳо ба дили мо таъсир кунанд. Танҳо ба туфайли имони зинда мо бо ҷасорату далерӣ амал карда метавонем (Яъқ. 2:17). Ғайр аз ин, мо бояд дар бораи рӯҳулқудс дуо гӯем, зеро имон хусусияти самари рӯҳ аст (Ғал. 5:22).

17, 18. Чӣ тавр як хоҳари ҷавон дар мактаб далерона рафтор кард?

17 Хоҳари ҷавоне бо номи Ки́тти шахсан эътимод ҳосил кард, ки имони ҳақиқӣ далерӣ мебахшад. Вай аз хурдсолӣ мефаҳмид, ки набояд аз мавъизаи хушхабар дар мактаб шарм дорад ва дар ҳақиқат мехост, ки ба ҳамсинфонаш шаҳодати хуб диҳад (Рум. 1:16). Ҳар сол ӯ мекӯшид, то хушхабарро ба дигарон расонад, лекин эҳсос мекард, ки ба вай далерӣ намерасад. Дар синфҳои болоӣ Китти ба мактаби дигар гузашт. Ӯ қарор кард: «Ин дафъа ман ягон имкониятеро, ки пештар аз даст медодам, аз даст намедиҳам». Китти дуо мекард, ки мисли Масеҳ далер бошад, оқилона рафтор кунад ва барои мавъиза имконияти мувофиқ дошта бошад.

18 Рӯзи аввали таҳсил ҳар як талаба бояд дар бораи худ нақл мекард. Баъзеҳо дар бораи дину эътиқоди худ қайд намуданд ва ҳамзамон гуфтанд, ки ба он ҷиддӣ муносибат намекунанд. Китти фаҳмид, ки ин аст имконияти мувофиқе, ки дар борааш дуо карда буд. Вақте ки навбати ӯ омад, вай бо иродаи қавӣ гуфт: «Ман Шоҳиди Яҳува ҳастам ва дар масъалаҳои диниву ахлоқӣ мувофиқи Китоби Муқаддас амал мекунам». Баъзе талабагон ба вай тамасхуромез нигаристанд, лекин дигарон бодиққат ӯро гӯш карданд ва баъдтар ба вай саволҳо доданд. Муаллим ҳатто гуфт, ки Китти дар муҳофизат кардани эътиқоди худ намунаи хуби ибрат аст. Китти хеле хурсанд буд, ки аз Исо далерӣ биомӯхт.

Мисли Масеҳ имон ва далерӣ зоҳир кунед

19. а) Имони ҳақиқӣ доштан чӣ маъно дорад? б) Чӣ гуна мо дили Яҳуваро шод карда метавонем?

19 Расулон низ мефаҳмиданд, ки далерӣ бояд дар имон асос ёбад. Онҳо аз Исо илтиҷо карданд: «Имони моро зиёд кун» (Луқ. 17:5, 6). Имони ҳақиқӣ — ин на танҳо боварӣ ба мавҷудияти Худо аст. Он маънои инкишоф додани муносибатҳои наздик бо Яҳуваро дорад; ин муносибатҳо ба муносибатҳои байни падари пурмуҳаббату кӯдак монанданд. Зери илҳоми илоҳӣ Сулаймон навиштааст: «Эй писарам! Агар дили ту бохирад шавад, дили ман низ шод мегардад, ва ботини ман хурсанд мешавад, вақте ки лабҳои ту ба ростӣ сухан ронад» (Мас. 23:15, 16). Мисли ин, агар мо далерона принсипҳои одилонаи Яҳуваро риоя кунем, Ӯ шод мегардад ва донистани ин моро далертар мекунад. Аз ин рӯ, биёед ҳамеша мисли Исо ҳақиқату адолатро далерона тарафдорӣ намоем!

[Эзоҳ]

Оё фаҳмонда метавонед?

• Ба туфайли чӣ мо қатъи назар аз нокомилӣ итоаткор монда метавонем?

• Имони ҳақиқӣ дар чӣ асос меёбад ва чӣ тавр ин ба мо далерӣ бахшида метавонад?

• Агар мисли Исо итоаткору далер бошем, мо чӣ гуна баракатҳоро ба даст меорем?

[Саволҳо барои омӯзиш]