Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Арзиши беҳамтои дониши илоҳӣ

Арзиши беҳамтои дониши илоҳӣ

Арзиши беҳамтои дониши илоҳӣ

«Ҳамаашро ба хотири афзалияти дониш ... [«дар бораи Ҳазрати ман», ТДН] Исои Масеҳ нуқсон медонам» (ФИЛ. 3:8).

1, 2. Баъзе масеҳиён чиро интихоб карданд ва чаро?

РОБЕРТ аз синфи ибтидоӣ дар мактаб хуб таҳсил мекард. Вақте ки ӯ ҳанӯз ҳаштсола буд, муаллима ба хонаашон омада гуфт, ки бо ин лаёқату қобилияташ Роберт ба комёбиҳои баланд ноил шуда метавонад. Муаллима изҳори умед намуд, ки рӯзе талабааш духтур мешавад. Ба туфайли муваффақиятҳои дар синфҳои болоӣ ба даст овардааш Роберт ба дилхоҳ донишгоҳи беҳтарини мамлакат дохил шуда метавонист. Аммо ӯ аз ин имконияте, ки ба назари аксарият беҳамто буд, даст кашид. Баҳри чӣ? — Баҳри мақсади дигар — вай мехост чун пешрави доимӣ хидмат кунад.

2 Мисли Роберт, бисёри масеҳиён — ҳам пиру ҳам ҷавон —имконият доранд, ки дар ин тартибот мақому мартабаашонро беҳтар кунанд. Баъзеҳо он имкониятҳоро пурра истифода намебаранд, зеро ба мақсадҳои рӯҳониашон расидан мехоҳанд (1 Қӯр. 7:29–31). Чунин масеҳиёнро чӣ бармеангезад, ки қувваи худро ба кори мавъиза сарф кунанд? Сабаби асосӣ — муҳаббат ба Яҳува аст; ҳамчунин онҳо мефаҳманд, ки дониши илоҳӣ арзиши беҳамто дорад. Оё вақтҳои охир шумо фикр кардед, ки агар ҳақиқатро намефаҳмидед, ҳоло ҳаёти шумо чӣ гуна мебуд? Ба туфайли дониши илоҳӣ мо аз баракатҳои беназир баҳра мебарем. Мулоҳиза дар бораи баъзеи онҳо кӯмак мекунад, ки барои хушхабар миннатдор бимонем ва онро ба дигарон бо ҷидду ҷаҳд мавъиза намоем.

Таълимгирӣ аз Худо имтиёз аст

3. Чаро мо эътимод дошта метавонем, ки Яҳува ба таълим додани одамони нокомил тайёр аст?

3 Яҳува некӯкор мебошад ва аз ин рӯ тайёр аст одамони нокомилро таълим диҳад. Дар бораи масеҳиёни тадҳиншуда дар Ишаъё 54:13 пешгӯӣ шудааст: «Ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд». Ин суханон ҳамчунин ба «гӯсфандони дигар»–и Масеҳ дахл доранд (Юҳ. 10:16). Ин аз пешгӯие, ки дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодааст, бармеояд. Ишаъё дар рӯъё дид, ки одамон аз ҳамаи халқҳо сӯи ибодати ҳақиқӣ равонаанд. Чӣ тавре ки ӯ тасвир мекунад, ин одамон ба якдигар мегӯянд: «Биёед, ба кӯҳи Худованд, ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем» (Иш. 2:1–3). Чӣ имтиёзест таълим гирифтан аз Худо!

4. Касоне, ки аз Яҳува таълим гирифтан мехоҳанд, бояд чӣ гуна шахс бошанд?

4 Барои он ки Яҳува моро таълим диҳад, оё ягон шарте вуҷуд дорад? Бале, шарти асосӣ ҳалим ва ба таълимгирӣ тайёр будан аст. Довуди забурнавис гуфт: «Худованд некӯ ва росткор аст ... ба ҳалимон тариқи Худро таълим медиҳад» (Заб. 24:8, 9). Исо низ гуфтааст: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ» (Луқ. 10:21). Оё шумо ба Худое, ки «ба фурӯтанон файз мебахшад» наздик шудан намехоҳед? (1 Пет. 5:5).

5. Танҳо ба туфайли чӣ мо роҳи ҳақиқатро ёфта тавонистем?

5 Чун ходимони Яҳува, оё гуфта метавонем, ки роҳи ҳақиқатро мо ба туфайли қобилияту хиради худ ёфтем? Не. Мо худамон ҳеҷ гоҳ инро карда наметавонистем. Исо гуфт: «Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад» (Юҳ. 6:44). Ба воситаи кори мавъиза ва рӯҳулқудсаш Яҳува одамони ба гӯсфандон ташбеҳдодашуда, яъне «неъматҳои ҳамаи халқҳо»-ро ҷамъ мекунад (Ҳаҷ. 2:7). Барои он ки Яҳува шуморо ба Писараш ҷалб кардааст, миннатдор нестед? (Ирмиё 9:23, 24–ро бихонед.)

Дониши илоҳӣ ҳаётро беҳтар мегардонад

6. «Шинохтани Худованд» ба одамон чӣ гуна таъсири калон расонда метавонад?

6 Пешгӯии Ишаъё–пайғамбар дигаргуниҳоеро, ки имрӯз дар шахсияти одамон ба вуҷуд меоянд, бо нутқи маҷозӣ тасвир мекунад. Одамоне, ки пеш золим буданд, акнун сулҳдӯст шуданд. (Ишаъё 11:6–9-ро бихонед.) Касоне, ки як вақтҳо аз сабаби фарқ кардани нажод, миллат, қабила ё маданияташон бо ҳамдигар душман буданд, акнун бо ҳам дар ягонагӣ зиндагӣ карданро ёд гирифтанд. Онҳо гӯё «шамшерҳои худро ба омочҳо» табдил доданд (Иш. 2:4). Сабаби ин дигаргуниҳои тааҷҷубовар дар чист? Сабаб дар «шинохтани Худованд» ва дар ҳаёт ба кор бурдани дониши илоҳӣ мебошад. Ҳарчанд ходимони Худо нокомиланд, онҳо бародарияти ҳақиқии умумиҷаҳониро ташкил медиҳанд. Аз тарафи ҳамаи халқҳо қабул шудани хушхабар ва натиҷаҳои хуби он арзиши беҳамто доштани дониши илоҳиро исбот мекунанд (Мат. 11:19).

7, 8. а) Дониши илоҳӣ барои хароб кардани кадом «қалъаҳо» ба одамон кӯмак мекунад? б) Чӣ нишон медиҳад, ки дониши илоҳӣ ба Яҳува ҳамду сано меорад?

7 Павлуси расул хидмати ходимони Худоро ба ҷанги рӯҳонӣ ташбеҳ дод. Ӯ навишт: «Аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо; мо дасисаҳо ва ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем» (2 Қӯр. 10:4, 5). Аз кадом «қалъаҳо» дониши илоҳӣ одамонро озод мекунад? Масалан, аз таълимоти бардурӯғ, хурофот ва фалсафаҳои инсонӣ (Қӯл. 2:8). Дониши илоҳӣ ба одамон кӯмак мекунад, ки одатҳои бадро тарк намоянд ва хусусиятҳои ба Худо мақбулро дар худ инкишоф диҳанд (1 Қӯр. 6:9–11). Ба туфайли ин дониш ҳаёти оилавӣ беҳтар мегардад. Он ҳамчунин ба ҳаёти одамони маъюсу ноумед маънои ҳақиқӣ мебахшад. Маҳз чунин дониш имрӯз лозим аст.

8 Яке аз хусусиятҳое, ки дар инкишоф додани он Яҳува ба одамон кӯмак мекунад, ростқавлӣ аст (Ибр. 13:18). Мисоле меорем. Зане аз Ҳиндустон бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддас меомӯхт ва чанде пас воизи таъмиднаёфта гашт. Рӯзе ҳангоми баргаштан аз сохтмони Толори Салтанат вай дар истгоҳи автобус занҷири тиллоӣ ёфт, ки он ҳаштсад доллари амрикоӣ арзиш дошт. Гарчанде зан камбағал буд, ӯ занҷири тиллоиро ба полис бурд, то онро ба соҳибаш баргардонанд. Корманди полис ба чашмаш бовар карда наметавонист! Баъдтар, як полиси дигар ба зан гуфт: «Чаро шумо ин занҷирро ба худ нагирифтед?» Зан фаҳмонд: «Омӯзиши Китоби Муқаддас маро дигар кард, акнун ман мекӯшам, ки чун инсони ростқавл зиндагӣ кунам». Аз ин суханони ӯ полис ба ҳайрат омада, ба пири масеҳие, ки ҳамроҳи хоҳар омада буд, гуфт: «Дар ин иёлат зиёда аз 38 миллион одамон зиндагӣ мекунанд. Агар шумо ақаллан ба даҳ нафар кӯмак намоед, ки мисли ин зан ростқавл гарданд, ин муваффақияти бузурге хоҳад буд». Дониши илоҳӣ аллакай ҳаёти миллионҳо одамонро беҳтар кардааст. Оё донистани ин моро ба ҳамду сано кардани Яҳува барнамеангезад?

9. Чӣ имконпазир месозад, ки одамон дар ҳаёти худ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оранд?

9 Қувваи дигаргунсозандаи Каломи Худо ва инчунин кӯмаке, ки Яҳува тавассути рӯҳулқудсаш медиҳад, имконпазир мегардонад, ки одамон дар ҳаёти худ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оранд (Рум. 12:2; Ғал. 5:22, 23). Дар Қӯлассиён 3:10 гуфта шудааст: «Одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба шабоҳати Офаринандаи худ нав мешавад». Каломи Худо, Китоби Муқаддас қудрат дорад, ки ботини инсонро ошкор созад ва ҳамчунин он метавонад ба тарзи фикрронӣ ва ҳатто ба эҳсосоти ӯ таъсир кунад. (Ибриён 4:12–ро бихонед.) Ба туфайли гирифтани дониши дақиқ аз Навиштаҳо ва дар ҳаёт риоя кардани меъёрҳои одилонаи Яҳува, шахс метавонад дӯсти Худо гардад ва ба ҳаёти абадӣ умед пайдо кунад.

Тайёрӣ ба оянда

10. а) Чаро танҳо Яҳува моро ба оянда тайёр карда метавонад? б) Кадом тағйиротҳои бузурге дар тамоми рӯи замин ба қарибӣ ба вуҷуд хоҳанд омад?

10 Яҳува — ягона шахсест, ки барои ба оянда тайёр шудани мо кӯмак карда метавонад, зеро Ӯ медонад, ки чӣ дар пеш аст. Худо ояндаи инсониятро муайян мекунад (Иш. 46:9, 10). Пешгӯии Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки «рӯзи бузурги Худованд наздик аст» (Саф. 1:14). Дар он рӯз суханони Масалҳо 11:4 иҷро мешаванд: «Сарват дар рӯзи ғазаб мадад намекунад, вале адолат аз мамот халосӣ медиҳад». Вақте ки замони иҷрошавии ҳукмҳои бар ҷаҳони Шайтон баровардаи Яҳува фаро мерасад, аз ҳама чизи муҳим — некномӣ назди Худо хоҳад буд. Пул арзише нахоҳад дошт. Дар Ҳизқиёл 7:19 гуфта мешавад: «Нуқраи худро онҳо ба кӯчаҳо хоҳанд партофт, ва тиллои онҳо чизи наҷисе ҳисоб хоҳад ёфт». Донистани ин кӯмак мекунад, ки мо ҳозир оқилона рафтор намоем.

11. Чӣ тавр дониши илоҳӣ кӯмак мекунад, ки ба оянда тайёр шавем?

11 Дониши илоҳӣ моро ба рӯзи наздикшудаистодаи Яҳува тайёр мекунад. Масалан, он барои дуруст гузоштани афзалиятҳо ба мо кӯмак менамояд. Павлуси расул ба Тимотиюс навишта буд: «Сарватдорони ин дунёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанд ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай». Ҳатто агар мо одамони сарватманд набошем ҳам, ин маслиҳати зери илҳоми илоҳӣ навишташуда бароямон муфид буда метавонад. Чӣ тавр? Ба ҷои ғун кардани сарватҳои моддӣ, мо бояд бикӯшем, ки ба дигарон некӣ кунем ва «аз аъмоли нек сарватманд» шавем. Чизҳои рӯҳониро дар ҳаёт ба ҷои аввал гузошта, мо «барои худ ганҷе ғун» мекунем, ки он «барои оянда асоси нек» мегардад (1 Тим. 6:17–19). Чунин фидокорӣ аз солимфикрӣ шаҳодат медиҳад, зеро Исо гуфтааст: «Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад?» (Мат. 16:26, 27). Бо назардошти наздик будани рӯзи бузурги Яҳува мо бояд аз худ бипурсем: «Ман дар куҷо ганҷ ғун карда истодаам? Ман ғуломи Худоям ё Сарват?» (Мат. 6:19, 20, 24).

12. Чаро набояд рӯҳафтода шавем, агар хидмати мо ба баъзеҳо маъқул набошад?

12 Яке аз муҳимтарин «аъмоли нек»–е, ки Каломи Худо масеҳиёнро ба он ташвиқ мекунад — ин кори наҷотбахши мавъизаи Салтанат ва шогирдсозӣ аст (Мат. 24:14; 28:19, 20). Чун дар асри як имрӯз низ хидмати мо шояд ба баъзеҳо маъқул набошад. (1 Қӯринтиён 1:18–21-ро бихонед.) Аммо ин арзиши хабари моро кам намекунад ва муҳиммияти ба ҳар кас додани имконияти имон пайдо карданро (дар сурате ки ҳоло фурсат ҳаст) коста намегардонад (Рум. 10:13, 14). Вақте ки мо ба дигарон барои манфиат бурдан аз дониши илоҳӣ кӯмак мекунем, мо баракатҳои зиёд хоҳем гирифт.

Фидокорӣ баракатҳо меорад

13. Павлус баҳри хушхабар аз чиҳо даст кашид?

13 То масеҳӣ шуданаш Павлуси расулро барои он ки дар тартиботи яҳудӣ мавқею мартабаи баланд пайдо кунад, тайёр менамуданд. Эҳтимол дар 13–солагӣ вай зодгоҳаш, шаҳри Тарсусро тарк карда, ба Ерусалим омад, то назди устоди Қонун Ҷамлиил, ки шахси хеле соҳибэҳтиром буд, таълим гирад (Аъм. 22:3). Бо гузашти вақт, Павлус назар ба ҳамзамононаш бештар комёб гашт ва агар ӯ ин роҳашро давом медод, дар дини яҳудӣ машҳур мешуд (Ғал. 1:13, 14). Вақте ки Павлус хушхабарро қабул намуда, ба мавъиза кардани он шурӯъ кард, ӯ аз ҳамаи он чизҳо даст кашид. Оё Павлус аз ин интихобаш пушаймон шуд? Не. Ӯ навиштааст: «Ҳамаашро ба хотири афзалияти дониш ... [«дар бораи Ҳазрати ман», ТДН] Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам» (Фил. 3:8).

14, 15. Чун «ҳамкорони Худо» мо чӣ гуна баракатҳоро ба даст меорем?

14 Мисли Павлус, масеҳиёни имрӯза баҳри хушхабар аз бисёр чизҳо даст мекашанд (Марқ. 10:29, 30). Оё бо ин онҳо ягон чизро аз даст медиҳанд? Суханони зерини Роберт, ки дар бораи ӯ дар аввали мақола зикр шуд, ақидаи бисёриҳоро инъикос мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман аз ҳеҷ чиз пушаймон нестам. Хидмати пурравақт бароям хурсандиву қаноатмандӣ мебахшад ва имконият медиҳад, то “бичашам” ва бубинам, ки Яҳува некӯст. Ҳар гоҳе ки ман баҳри мақсадҳои рӯҳонӣ аз чизҳои моддӣ даст кашам, Яҳува маро баракат дода, онро ба андозаи бештар бармегардонад. Ва ҳамин тавр мешавад, ки ман гӯё аз баҳри чизе намегузарам, балки фақат ба даст меорам!» (Заб. 33:9; Мас. 10:22).

15 Агар шумо дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ муддате инҷониб иштирок кунед, пас шумо, бешубҳа, имкониятҳо доштед, то бичашед ва бубинед, ки Яҳува некӯст. Оё шумо ҳангоми ба дигарон мавъиза кардани хушхабар кӯмаки рӯҳулқудси Худоро эҳсос мекардед? Вақте ки Яҳува дили касеро барои қабули хушхабар кушод, оё аҳамият додед, ки чӣ тавр чашмони он шахс аз шодӣ медурахшид? (Аъм. 16:14). Оё Яҳува ба шумо барои бартараф намудани монеаҳо ва васеътар гардондани доираи хидмататон кӯмак кардааст? Ҳангоми душвориҳо, вақте ки худро тамоман беқувват эҳсос мекардед, оё Яҳува барои давом додани хидмат қувват бахшида, шуморо дастгирӣ кардааст? (Фил. 4:13). Вақте ки дар хидмат шахсан кӯмаки Яҳуваро эҳсос мекунем, мо ба шахсияти воқеӣ будани Ӯ бештар боварӣ ҳосил мекунем ва ба Вай наздиктар мешавем (Иш. 41:10). Дар кори бузурги таълими рӯҳонии одамон «ҳамкорони Худо» будан оё баракат нест? (1 Қӯр. 3:9, ТДН).

16. Ба кӯшишу фидокориҳое, ки шумо ҳангоми иштирок дар таълими рӯҳонии одамон мекунед, чӣ гуна менигаред?

16 Бисёри одамон дар давоми ҳаёташон кореро, ки аҳамияти бардавом дорад, ба анҷом расондан мехоҳанд. Мо мебинем, ки ҳатто корҳои бузург дар ҷаҳони имрӯза одатан зуд фаромӯш мешаванд. Лекин корҳое, ки имрӯз Яҳува дар алоқамандӣ бо муқаддас гардонидани номаш мекунад, бешубҳа, ҳеҷ гоҳ арзишашонро гум намекунанд ва онҳо чун саҳифае дар таърихи халқи Худо боқӣ мемонанд. Ин корҳо ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд (Мас. 10:7; Ибр. 6:10). Пас биёед, имтиёзи дар кори бузурги таърихӣ — дар таълими рӯҳонӣ иштирок намуданро қадр намоем!

Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

• Яҳува аз онҳое, ки таълим медиҳад, чӣ талаб мекунад?

• Дониши илоҳӣ чӣ тавр ҳаёти одамонро беҳтар мегардонад?

• Вақте ки ба одамон барои гирифтани дониши илоҳӣ кӯмак мекунем, мо чӣ гуна баракатҳо мегирем?

[Саволҳо барои омӯзиш]