Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Масеҳ — воситаи наҷот аз ҷониби Худост

Масеҳ — воситаи наҷот аз ҷониби Худост

Масеҳ — воситаи наҷот аз ҷониби Худост

«Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд» (1 ҚӮР. 15:22).

1, 2. а) Вақте ки Андриёс ва Филиппус бо Исо вохӯрданд, онҳо чӣ тавр рафтор карданд? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки мо назар ба масеҳиёни асри як дар бораи Масеҳ будани Исо далелҳои бештар дорем?

«МО Масеҳро ... ёфтем»,— гуфт Андриёс ба бародараш Петрус. Андриёс боварии комил дошт, ки Исои носирӣ Тадҳиншудаи Худо аст. Филиппус низ ба ин эътимод ҳосил карда буд ва ӯ дӯсти худ Натанъилро ёфта, гуфт: «Мо Он касеро, ки Мусо дар бораи Ӯ дар Таврот навиштааст ва анбиё зикр кардаанд, ёфтаем, ки Исо, писари Юсуф, аз Носира аст» (Юҳ. 1:40, 41, 45).

2 Оё шумо низ ба Масеҳи ваъдашуда ва «Пешвои наҷот»–и аз тарафи Яҳува фиристодашуда будани Исо боварии комил ҳосил кардед? (Ибр. 2:10). Имрӯз мо назар ба масеҳиёни асри як дар бораи Масеҳ будани Исо далелҳои бештаре дорем. Каломи Худо ҳаёти Исоро аз таваллуд то эҳёшавиаш тасвир мекунад ва дар худ далелҳои боэътимоди Масеҳ будани ӯро дорад. (Юҳанно 20:30, 31–ро бихонед.) Ҳамчунин Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Исо иҷрои нақши худро чун Масеҳ бояд аз осмон давом медод. (Юҳ. 6:40; 1 Қӯринтиён 15:22–ро бихонед.) Биёед дида бароем, ки чӣ тавр шогирдони аввал ба хулоса омаданд, ки Масеҳро ёфтаанд. Сипас муҳокима мекунем, ки чаро гуфтан мумкин аст, ки шумо ҳам ба маънои рӯҳонӣ Масеҳро ёфтед.

«Сирри» муқаддаси Масеҳ тадриҷан кушода мешуд

3, 4. а) Чӣ тавр шогирдон дар асри як Масеҳро шинохта метавонистанд? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки танҳо Исо ҳамаи пешгӯиҳои бо Масеҳ алоқамандро иҷро карда метавонист?

3 Чаро пайравони Исо дар асри як бо эътимоди комил гуфта метавонистанд, ки ӯ Масеҳ аст? Ба воситаи пайғамбарон Яҳува батадриҷ ошкор мекард, ки аз рӯи кадом аломатҳо Масеҳи ваъдашударо шинохтан мумкин аст. Инро як библияшинос ба он ки чӣ тавр аз қисмҳои алоҳида ҳайкале сохта мешавад, монанд кард. Тасаввур кунед, ки одамони зиёде, ки ҳеҷ гоҳ якдигарро надидаанд, ба хонае пораҳои мармар оварданд. Ва агар дар натиҷаи ба ҳам пайвастани ин пораҳо ҳайкали зебое пайдо шавад, пас, гуфтан мумкин нест, ки касе пештар қисмҳои алоҳидаи он ҳайкалро тарошида, ба он одамон фиристодааст? Мисли ҳар як қисми алоҳидаи ҳайкал, ҳар як пешгӯии масеҳоӣ дар худ оиди Масеҳ маълумоти муҳим дорад.

4 Оё имконпазир аст, ки ҳамаи пешгӯиҳои бо Масеҳ алоқаманд тасодуфан дар як кас иҷро шаванд? Мувофиқи суханони як олим эҳтимолияти ин «чунон хурд аст», ки онро ҳатто ба инобат намегиранд. «Дар тамоми таърихи инсоният Исо — ва танҳо Исо — метавонист ин пешгӯиҳоро иҷро кунад».

5, 6. а) Ҳукми ба Шайтон баровардашуда бояд чӣ тавр иҷро шавад? б) Чӣ тавр Худо батадриҷ ошкор мекард, ки «насл»–и ваъдашуда кӣ хоҳад буд?

5 Яке аз асоситарин пешгӯиҳои бо Масеҳ алоқаманд — ин «сирри» муқаддас аст. Он ҷонибҳои гуногун дорад, ки онҳо барои ҳама офаридаҳои бошуур аҳамияти муҳим доранд (Қӯл. 1:26, 27; Ҳас. 3:15). Ҳукме, ки бар зидди Шайтон Иблис, «мори қадимӣ»–е, ки инсониятро ба роҳи гуноҳ андохт, бароварда шуд, ба он «сирр» дохил мешавад (Ваҳй 12:9). Ин ҳукм бояд чӣ тавр ба иҷро мерасид? Яҳува пешгӯӣ кард, ки аз «зан» «насл»–е пайдо мешавад ва ӯ сари Шайтонро мекӯбад. «Насл»–и пешгӯишуда бояд морро несту нобуд кунад ва сабаби исён, бемориҳо ва маргро бартараф намояд. Аммо пеш аз ин, Худо роҳ дод, ки Шайтон ба маънои рамзӣ пошнаи «насл»–и занро кӯбад.

6 Яҳува батадриҷ ошкор мекард, ки «насл»–и ваъдашуда кӣ хоҳад буд. Худо ба Иброҳим ваъда дод: «Ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост» (Ҳас. 22:18). Мусо бошад, пешгӯӣ кард, ки он Насл пайғамбаре аз Мусо бузургтар хоҳад буд (Такр. Ш. 18:18, 19). Худо ба Довуд ваъда дод, ки Масеҳ аз насли вай хоҳад омад ва тахти ӯро то абад мерос хоҳад гирифт. Ва пайғамбароне, ки баъди Довуд зиндагӣ мекарданд, инро тасдиқ менамуданд (2 Подш. 7:12, 16; Ирм. 23:5, 6).

Далели Масеҳ будани Исо

7. Чӣ тавр Исо аз созмони ба «зан» ташбеҳ додашудаи Худо пайдо шуд?

7 Аз созмони ба зан ташбеҳ додашудаи осмониаш, ки аз офаридаҳои рӯҳӣ иборатанд, Худо Писари худ, нахустин офаридаашро, ба замин фиристод, то ки ӯ «насл»–и ваъдашуда гардад. Барои ин, Писари ягоназоди Худо бояд «худро кам дониста», аз ҳаёт дар осмон даст мекашид ва чун инсони комил таваллуд мешуд (Фил. 2:5–7; Юҳ. 1:14). Рӯҳулқудс бар Марям «соя» афканд ва ин гарави он буд, ки тифли ӯ «мавлуди Муқаддас» ва «Писари Худо» номида мешавад (Луқ. 1:35).

8. Бо он ки Исо барои дар об таъмид гирифтан омад, чӣ тавр пешгӯиҳои масеҳоиро иҷро намуд?

8 Пешгӯиҳои масеҳоӣ нишон медоданд, ки Исо бояд кай ва дар куҷо таваллуд мешуд ва кай чун Масеҳ зоҳир мегашт. Исо, мувофиқи пешгӯӣ, дар Байт–Лаҳм таваллуд ёфт (Мик. 5:2). Дар асри як яҳудиён омадани Масеҳро интизор буданд. Он вақт баъзеҳо дар бораи Яҳёи Таъмиддиҳанда мепурсиданд, ки «оё вай Масеҳ аст ё не». Аммо Яҳё дар ҷавоб мегуфт: «Тавонотар аз ман меояд» (Луқ. 3:15, 16). Тирамоҳи соли 29–уми д. мо Исои сисола барои таъмидгирӣ назди Яҳё омада, худро дар вақти таъиншуда чун Масеҳ пешкаш кард (Дон. 9:25). Сипас, ӯ хидмати пурҷӯшу хурӯшашро оғоз намуд. Вай мегуфт: «Вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст» (Марқ. 1:14, 15).

9. Ҳарчанд шогирдони Исо ҳама чизро то ба охир намефаҳмиданд, онҳо ба чӣ эътимоди комил доштанд?

9 Лекин тасаввуроти одамон нодуруст буд ва онро ислоҳ кардан лозим буд. Одамон Исоро барҳақ Подшоҳ меномиданд, лекин онҳо он вақт то ба охир намефаҳмиданд, ки ҳукмронии ӯ дар оянда ва аз осмон хоҳад буд (Юҳ. 12:12–16; 16:12, 13; Аъм. 2:32–36). Ба ҳар ҳол, вақте ки Исо пурсид «шумо Маро кӣ мегӯед?», Петрус бо дили пур ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ» (Мат. 16:13–16). Аз ин пештар, вақте ки бисёриҳо яке аз таълимоти Исоро нафаҳмида, аз ӯ рӯй гардонданд, Петрус айнан ҳамин тавр ҷавоб дода буд (Юҳ. 6:68, 69).

Масеҳро гӯш кунед

10. Чаро Яҳува таъкид кард, ки Писари Ӯро гӯш кардан муҳим аст?

10 Дар осмон Писари ягоназоди Худо шахси рӯҳии пурқудрат буд. Дар замин Исо намояндаи Падар буд (Юҳ. 16:27, 28). Ӯ гуфт: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст» (Юҳ. 7:16). Яҳува ҳангоми дигаргуншавии Исо Масеҳ будани вайро тасдиқ карда, гуфт: «Ӯро гӯш кунед» (Луқ. 9:35, ТДН). Бале, ин Интихобкардаи Худоро гӯш кардан, яъне ба ӯ итоат кардан лозим буд. Барои ин, имон ва корҳои нек талаб карда мешуданд ва ҳар ду барои писанд омадан ба Худо ва расидан ба ҳаёти ҷовидонӣ комилан муҳиманд (Юҳ. 3:16, 35, 36).

11, 12. а) Аз кадом сабабҳо яҳудиёни асри як Исоро чун Масеҳ қабул накарданд? б) Ба Исо киҳо имон оварданд?

11 Ҳарчанд Масеҳ будани Исоро далелҳои барзиёд тасдиқ мекарданд, аксарияти яҳудиёни асри як ӯро қабул накарданд. Чаро? Зеро онҳо дар бораи Масеҳ тасаввуроти худро доштанд, масалан онҳо интизор буданд, ки масеҳ чун пешвои сиёсӣ онҳоро аз зулми румиён халос хоҳад кард. (Юҳанно 12:34–ро бихонед.) Инак, аксарияти яҳудиёни асри як Масеҳро қабул карда натавонистанд, зеро мувофиқи пешгӯиҳо одамон аз вай нафрат карданд, рӯй гардонданд; ҳамчунин ӯ чӣ будани дарду ранҷро фаҳмид ва оқибат кушта шуд (Иш. 53:3, 5, 12). Ҳатто баъзе пайравони содиқи Исо аз он ки ӯ мардумро аз зери зулми румиён озод накард, ғамгин шуданд, лекин онҳо ба вай содиқ монданд ва бо гузашти вақт ба онҳо фаҳмиши дуруст дода шуд (Луқ. 24:21).

12 Сабаби дигари он ки чаро мардум Исоро чун Масеҳи ваъдашуда қабул накарданд, ин таълимоти ӯ буд; барои бисёриҳо бо онҳо розӣ шудан душвор буд. Мувофиқи таълимоти ӯ барои даромадан ба Салтанати Худо кас бояд «хештанро инкор» мекард, «Бадани Писари Одамро» мехӯрд ва «Хуни Ӯро» менӯшид, «аз олами боло таваллуд» мешуд ва «аз ҷаҳон» намебуд (Марқ. 8:34; Юҳ. 3:3; 6:53; 17:14, 16). Шахсони мағрур, сарватманд ва риёкор ба ин талабот чун ба чизе, ки иҷрояш бори гарон аст, нигоҳ мекарданд. Аммо яҳудиёни фурӯтан Исоро чун Масеҳ қабул намуданд. Ҳамчунин баъзе сомариён ҳамин хел рафтор карданд. Онҳо дар бораи Исо гуфтанд: «Ӯ дар ҳақиқат Наҷотдиҳандаи олам аст» (Юҳ. 4:25, 26, 41, 42; 7:31).

13. Чӣ тавр ба маънои рамзӣ «пошнаи» Исо кӯфта шуд?

13 Исо пешгӯӣ намуд, ки ӯро сарварони коҳинон маҳкум мекунанд ва ғайрияҳудиён дар сутуни шиканҷа қатл менамоянд, лекин вай дар рӯзи сеюм эҳё мегардад (Мат. 20:17–19). Вақте ки Исо назди шӯрои пирон тасдиқ кард, ки вай «Масеҳ, Писари Худо» аст, ин куфр дониста шуд (Мат. 26:63–66). Пилотус «дар Ӯ ҳеҷ гуноҳи сазовори марг» наёфт, аммо азбаски яҳудиён Исоро ҳамчунин дар исён айбдор карданд, Пилотус «Исоро ба ихтиёри онҳо супурд» (Луқ. 23:13–15, 25). Ҳамин тавр, онҳо «Сарвари ҳаёт»-ро рад намуданд ва қасди куштани ӯро карданд, қатъи назар аз он ки далелҳои зиёде фиристодаи Худо будани ӯро тасдиқ мекарданд (Аъм. 3:13–15). Масеҳ мувофиқи пешгӯӣ «талаф» ёфт ва дар иди Фисҳи соли 33–юми д. мо дар сутуни шиканҷа бо марги пуразоб мурд (Дон. 9:26, 27; Аъм. 2:22, 23). Ҳамин тариқ, чӣ тавре ки дар Ҳастӣ 3:15 пешгӯӣ шуда буд, «пошнаи» ӯ ба маънои рамзӣ кӯфта шуд.

Чаро Масеҳ бояд мемурд

14, 15. а) Аз кадом ду сабабҳо Яҳува гузошт, ки Исо бимирад? б) Баъди эҳё шуданаш Исо чӣ кор кард?

14 Аз ду сабаби муҳим Яҳува роҳ дод, ки Исо бимирад. Якум, садоқатмандии Исо то дами марг ҷониби муҳими «сирри муқаддас»-ро ошкор кард. Ӯ ба таври қатъӣ исбот намуд, ки инсони комил қатъи назар аз озмоишҳои сахте, ки Шайтон ба сараш меорад, метавонад садоқатмандиашро ба Худо нигоҳ дорад ва ҳокимияти Ӯро дастгирӣ намояд. Дуввум, Исо гуфт, ки ӯ ба ҷаҳон омад, то «ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад» (Мат. 20:28). Ин «фидияи» мувофиқ барои гуноҳе, ки инсоният онро аз Одам ба ирс бурдааст, пардохт шуд. Ва ба туфайли он ҳамаи касоне, ки Исоро чун воситаи наҷот қабул мекунанд, имконияти ҷовидона зистан доранд (1 Тим. 2:5, 6).

15 Дар рӯзи сеюми маргаш Масеҳ эҳё гашт ва тӯли 40 рӯз ба шогирдонаш зоҳир шуд, то исбот кунад, ки ӯ зинда аст ва ҳамчунин ба онҳо ҳидояту дастуроти иловагӣ диҳад (Аъм. 1:3–5). Сипас ӯ ба осмон сууд намуд, то ки баҳои қурбонии пурарзишашро ба Яҳува тақдим намояд ва интизор шавад, ки кай ҳузури вай чун Подшоҳи Масеҳоӣ оғоз меёбад. Лекин то он дам ӯ бояд боз бисёр корҳоро ба анҷом мерасонд.

Чӣ тавр Исо нақши худро чун Масеҳ давом медиҳад

16, 17. Баъди ба осмон сууд карданаш Исо чун Масеҳ чӣ корҳо кард?

16 Баъди эҳё шудану ба осмон сууд карданаш Исо дар тӯли садсолаҳо бо садоқатмандӣ ба фаъолияти ҷамъомади масеҳӣ, ки бар он чун Подшоҳ ҳукмрон аст, назорат мекунад (Қӯл. 1:13). Дар вақти муайян ӯ бояд чун Подшоҳи Салтанати Худо ҳукмрониашро бар ҷаҳон оғоз мекард. Пешгӯиҳои Китоби Муқаддас ва рӯйдодҳои ҷаҳонӣ исбот мекунанд, ки ҳузури ӯ чун Подшоҳ соли 1914 дар як вақт бо «охирзамон» оғоз шуд (Мат. 24:3; Ваҳй 11:15). Чанде пас аз ин, ӯ фариштаҳои муқаддаси худро барои аз осмон рондани Шайтон ва девҳояш равона кард (Ваҳй 12:7–10).

17 Кори мавъиза ва таълимдиҳие, ки Исо соли 29–уми д. мо оғоз кард, ҳоло ба авҷи худ расида истодааст. Ба қарибӣ ӯ ҳамаи сокинони заминро доварӣ хоҳад кард. Он вақт Исо ба одамони ба гӯсфандон ташбеҳдодашуда, ки ӯро чун воситаи наҷот аз ҷониби Яҳува эътироф мекунанд, хоҳад гуфт: «Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред» (Мат. 25:31–34, 41). Онҳоеро, ки Исоро чун Подшоҳ қабул намекунанд, нобудшавӣ интизор аст, зеро ӯ бар зидди ҳар гуна шарорат лашкари осмониашро равона хоҳад кард. Сипас Исо Шайтонро бандубаст карда, ӯро ҳамроҳи девҳояш ба «варта» хоҳад андохт (Ваҳй 19:11–14; 20:1–3).

18, 19. Чун Масеҳ Исо боз чӣ корҳо хоҳад кард ва ин ба одамони итоаткор чӣ хоҳад овард?

18 Дар тӯли ҳукмронии ҳазорсолааш Исо чун «Маслиҳатчии аҷоиб, худои пурзӯр, Падари ҷовидона, Мири сулҳу осоиштагӣ» пурра амал хоҳад кард (Иш. 9:6 ТДН, 7). Таҳти Салтанати ӯ одамон, аз он ҷумла мурдагоне, ки эҳё мегарданд, ба комилият мерасанд (Юҳ. 5:26–29). Масеҳ одамонро «ба чашмаҳои оби ҳаёт хоҳад бурд» ва ин имконият хоҳад дод, ки одамони итоаткор аз муносибатҳои наздик бо Яҳува баҳра баранд. (Ваҳй 7:16, 17–ро бихонед.) Баъди озмоиши охирин ҳамаи исёнгарон, аз он ҷумла Шайтон ва девҳои ӯ, ба «кӯли оташ» андохта хоҳанд шуд ва ҳамин тавр ба сари «мор» зарбаи марговар расонда хоҳад шуд (Ваҳй 20:10).

19 То чӣ андоза хуб Исо нақши худро чун Масеҳ иҷро мекунад! Замини биҳиштӣ аз одамони ба туфайли фидияи Масеҳ наҷотёфта пур мегардад, онҳо комилан сиҳату саломат мешаванд ва ҷовидонаю хушбахтона зиндагӣ мекунанд. Номи муқаддаси Яҳува аз ҳар гуна доғ пок мешавад ва пурра исбот мегардад, ки ҳокимияти Ӯ дар Даҳр ҳақ аст. Чӣ ояндаи олиҷанобе интизор аст, ҳамаи онҳоеро, ки ба Тадҳиншудаи Худо итоат мекунанд!

Оё шумо Масеҳро ёфтед?

20, 21. Барои ба дигарон дар бораи Масеҳ нақл кардан шумо чӣ сабабҳо доред?

20 Аз соли 1914 мо дар давраи парусиа, ё ҳузури Масеҳ зиндагӣ мекунем. Ҳарчанд ҳузури ӯ чун Подшоҳи Салтанати Худо ноаён мебошад, ин аз иҷрошавии пешгӯиҳо маълум аст (Ваҳй 6:2–8). Бо вуҷуди ин, ҳамон тавре ки дар асри як аксари яҳудиён Масеҳро қабул накарданд, имрӯз аксари одамон далелҳои ҳузури ӯро рад мекунанд. Онҳо низ мехоҳанд, ки пешвои сиёсие пайдо шавад, ё ақаллан касе бошад, ки ҳокимони сиёсиро ба худ тобеъ карда тавонад. Аммо шумо фаҳмидед, ки Исо ҳоло чун Подшоҳи Салтанати Худо ҳукмронӣ мекунад. Оё ин шуморо ба ҳаяҷон наоварда буд? Эҳтимол шумо низ мисли шогирдони асри як чунин хитоб карда будед: «Мо Масеҳро ... ёфтем»!

21 Вақте ки шумо имрӯз бо касе дар бораи ҳақиқат сӯҳбат мекунед, оё ба нақше, ки Исо чун Масеҳ иҷро менамояд, ишора мекунед? Агар ҳамин тавр кунед, миннатдории шумо барои он чӣ ки ӯ бароятон кардааст, ҳоло мекунад ва дар оянда хоҳад кард, хоҳад афзуд. Мисли Андриёс ва Филиппус шумо, бешубҳа, ба хешовандону дӯстонатон дар бораи Масеҳ аллакай нақл кардед. Чаро боз ба онҳо нишон надиҳед, ки Исои Масеҳ дар ҳақиқат Масеҳи ваъдашуда аст ва шахсест, ки тавассуташ Худо ба инсоният наҷот мебахшад?

Оё шумо фаҳмонда метавонед?

• Чӣ тавр шогирдон дар асри як Масеҳро шинохта метавонистанд?

• Аз кадом ду сабаби муҳим ба марги Исо роҳ дода шуд?

• Чун Масеҳ Исо боз чӣ корҳо хоҳад кард?

[Саволҳо барои омӯзиш]