Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро худро ба Яҳува бахшидан лозим аст?

Чаро худро ба Яҳува бахшидан лозим аст?

Чаро худро ба Яҳува бахшидан лозим аст?

«Имшаб фариштаи Худое, ки ман аз они Ӯ ҳастам ... ба ман зоҳир шуд» (АЪМ. 27:23).

1. Онҳое, ки таъмид гирифтан мехоҳанд, пеш аз ин бояд аллакай кадом қадамҳоро гузошта бошанд ва дар алоқамандӣ бо ин чӣ гуна саволҳо ба миён меоянд?

«ОЁ аз гуноҳҳои худ дар асоси фидияи Исои Масеҳ тавба карда, ҳаёти худро ба Яҳува барои иҷроиши иродаи Ӯ бахшидед?» Ин аст, яке аз ду саволҳое, ки ба он бояд довталабони таъмид дар охири нутқи ба таъмидгирандагон бахшидашуда ҷавоб диҳанд. Барои чӣ ба масеҳиён худро ба Яҳува бахшидан лозим аст? Чӣ тавр ин ба манфиати мо хизмат мекунад? Чаро, агар худро ба Худо набахшем, мо наметавонем Ӯро ба таври мақбул ибодат намоем? Барои ҷавоб ёфтан ба ин саволҳо мо бояд аввал фаҳмем, ки худро ба Худо бахшидан чӣ маъно дорад?

2. Худро ба Яҳува бахшидан чӣ маъно дорад?

2 Худро ба Худо бахшидан чӣ маъно дорад? Аҳамият диҳед, ки Павлуси расул дар бораи муносибатҳои бо Худо доштааш чӣ гуфт. Назди одамони бисёре, ки ҳамроҳаш дар киштии ғарқшудаистода буданд, ӯ Яҳуваро «Худое, ки ман аз они Ӯ ҳастам» номид. (Аъмол 27:22–24-ро бихонед.) Ҳамаи масеҳиёни ҳақиқӣ аз они Яҳува ҳастанд. Тамоми ҷаҳон бошад, «зери ҳукумати иблис аст» (1 Юҳ. 5:19). Аз кадом вақт масеҳиён аз они Яҳува мегарданд? Аз ҳамон вақте ки онҳо худро дар дуо ба Худо мебахшанд. Ин дуо — ваъдаи шахсӣ мебошад ва баъд аз он кас таъмид мегирад.

3. Таъмиди Исо чиро нишон медод ва чӣ тавр шогирдонаш ба ӯ пайравӣ карда метавонанд?

3 Исо иҷрои иродаи Худоро интихоб намуд ва ба мо намунаи ибрат гузошт. Азбаски ӯ дар халқи Исроил, халқи ба Худо тааллуқдошта, таваллуд ёфт, вай аллакай ба Худо бахшидашуда буд. Пас бо таъмид гирифтанаш, Исо аз он чизе ки Шариат талаб менамуд, чизи бештаре кард. Мувофиқи Каломи Худо, бо ин кораш ӯ гуфт: «Инак, меоям ... то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам» (Ибр. 10:7; Луқ. 3:21). Хуллас, таъмиди Исо нишон медод, ки ӯ худро барои иҷрои иродаи Падараш пешкаш менамояд. Вақте ки шогирдонаш таъмидгириро азм мекунанд, онҳо ба ӯ пайравӣ менамоянд. Аммо дар мавриди онҳо таъмид дар об ба таври оммавӣ нишон медиҳад, ки онҳо дар дуо ҳаёти худро ба Худо бахшидаанд.

Чаро худро ба Яҳува бахшидан ба манфиати мо хидмат мекунад

4. Аз дӯстии Довуду Йӯнотон мо дар бораи ӯҳдадориҳо чӣ мефаҳмем?

4 Худро ба Худо бахшидан — қадами ҷиддӣ аст. Ин ғайр аз гирифтани ӯҳдадорӣ чизи бештареро талаб мекунад. Аммо чаро гуфтан мумкин аст, ки худро ба Худо бахшидан ба манфиати мо хизмат мекунад? Барои муқоиса биёед дида бароем, ки ӯҳдадориҳо дар муносибати байни одамон чӣ нақше мебозанд. Барои мисол дӯстиро мегирем. Агар дӯсти касе шудан хоҳем, мо бояд тайёр бошем, ки масъулиятҳои муайянро ба ӯҳда гирем. Масалан, мо бояд эҳсос намоем, ки нисбати дӯстамон ғамхорӣ кунем. Яке аз намунаҳои барҷастатарини дӯстӣ, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудааст — ин дӯстии Довуду Йӯнотон мебошад. Онҳо бо якдигар ҳатто аҳди дӯстӣ баста буданд. (1 Подшоҳон 17:57; 18:1, 3–ро бихонед.) Чунин садоқатмандӣ кам вохӯрад ҳам, маълум аст, ки агар дӯстон назди якдигар ӯҳдадорӣ эҳсос кунанд, аксар вақт дӯстии онҳо мустаҳкамтар мегардад (Мас. 17:17; 18:24).

5. Якумр дар хидмати оғои нек мондан чӣ тавр ба манфиати ғулом хидмат мекард?

5 Дар Қонуне, ки Худо ба исроилиён дод, намуди дигари муносибати байни одамон тасвир шудааст. Дар ин гуна муносибатҳо низ гирифтани ӯҳдадориҳо ба манфиати кас хизмат мекарданд. Масалан, агар ғулом ба озодӣ баромадан нахоҳаду якумр ба оғои некаш хидмат карда, аз ҳимояи доимии ӯ баҳравар будан хоҳад, ӯ метавонист, бо оғояш аҳди доимӣ бандад. Дар Қонун гуфта мешуд: «Агар он ғулом гӯяд: “Оғои худ, занам ва бачагонамро дӯст медорам, намехоҳам ба озодӣ бароям”,— Бигзор оғояш ӯро назди худоён биёрад, ва ӯро ба дар ё ба паҳлударӣ наздик оварад, ва оғояш гӯши ӯро бо бигиз сӯрох кунад, ва ӯ якумрӣ ғуломи вай хоҳад буд» (Хур. 21:5, 6).

6, 7. а) Ӯҳдадориҳо чӣ тавр ба манфиати одамон хизмат мекунанд? б) Дар алоқамандӣ бо ин оиди муносибатҳои бо Яҳува доштаамон чӣ гуфтан мумкин аст?

6 Вақте ки шахс бо касе издивоҷ мекунад, ӯ ба зиммаи худ ӯҳдадориҳои ҷиддӣ мегирад. Ин ӯҳдадорӣ назди ҳуҷҷату коғазҳои расмӣ не, балки ӯҳдадорӣ назди шахси муайяне мебошад. Агар зану мард бе ақди никоҳ якҷоя зиндагӣ кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд аз якдигар дилпур бошанд ва худашону фарзандонашон амнияти ҳақиқӣ эҳсос кунанд. Аммо вақте ки байни зану мард ақди никоҳ баста мешавад, ин ба зиммаи ҳамсарон ӯҳдадориҳои муайяне мегузорад. Ва акнун онҳо сабаби муҳими бар Навиштаҳо асосёфта доранд, то барои бо муҳаббат ҳал намудани мушкилиҳои пешомада саъю кӯшиш кунанд (Мат. 19:5, 6; 1 Қӯр. 13:7, 8; Ибр. 13:4).

7 Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас одамон дар масъалаҳои корӣ ва ҳангоми истифодаи меҳнати кироя аҳд мебастанд (Мат. 20:1, 2, 8). Имрӯз низ чунин амал кардан дуруст аст. Масалан, пеш аз якҷоя бо касе соҳибкорӣ кардан ё ба ягон корхона ба кор даромадан бастани шартнома ё қарордод муфид хоҳад буд. Инак, агар гирифтани ӯҳдадориҳо дар муносибатҳои дӯстона, пайвандҳои издивоҷ ва муносибатҳои корӣ муфид бошанд, пас ба Худо бахшидани ҳаёти худ аз ин ҳам муфидтар хоҳад буд! Акнун биёед дида бароем, ки чӣ тавр дар замонҳои пеш ба Яҳува Худо бахшидашуда будан ба манфиати одамон хидмат мекард ва чаро гуфтан мумкин аст, ки худро ба Худо бахшидан на танҳо ба зимма гирифтани ӯҳдадорӣ мебошад.

Халқи ба Худо бахшидашуда будан ба манфиати Исроил хидмат мекард

8. Халқи ба Худо бахшидашуда будан барои исроилиён чӣ маъно дошт?

8 Исроилиён аз ҳамон вақте ки ба Худо қавл доданд, онҳо халқи ба Яҳува бахшидашуда гаштанд. Яҳува онҳоро назди кӯҳи Сино ҷамъ намуда, ба онҳо гуфт: «Агар шумо ба овози Ман ба яқин гӯш диҳед, ва аҳди Маро риоят кунед, шумо ганҷи гузини Ман аз миёни ҳамаи қавмҳо хоҳед буд». Тамоми қавм якдилона ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Ҳар он чӣ Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард» (Хур. 19:4–8). Ба Худо бахшидашуда будан барои исроилиён на танҳо маънои ба ӯҳда гирифтани ягон кореро дошт. Ин ҳамчунин маънои онро дошт, ки онҳо аз они Яҳува буданд ва Яҳува ба онҳо чун ба «ганҷи гузини» худ муносибат мекард.

9. Ба Худо бахшидашуда будан чӣ тавр ба манфиати Исроил хизмат мекард?

9 Халқи ба Худо бахшидашуда будан чӣ тавр ба манфиати исроилиён хидмат мекард? Худо ба онҳо содиқ буд ва чун волиди пурмеҳре, ки нисбати кӯдакаш ғамхорӣ мекунад, ба онҳо муносибат менамуд. Худо ба исроилиён гуфт: «Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд? Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард» (Иш. 49:15). Яҳува тавассути Қонун ба исроилиён ҳидояту роҳнамоӣ пешкаш менамуд, ба воситаи пайғамбарон онҳоро тасаллӣ мебахшид ва тавассути фариштагон ҳифз менамуд. Забурнавис навиштааст: «Каломи Худро ба Яъқуб баён намудааст, фароизи Худ ва дастурҳои Худро ба Исроил. Ба ҳеҷ як халқ чунин накардааст». (Заб. 147:8, 9; Забур 33:8, 20; 47:15–ро бихонед.) Чӣ тавре ки Яҳува дар гузашта нисбати халқе, ки аз они Ӯ буд, ғамхорӣ мекард, ҳамин тавр Ӯ имрӯз нисбати касоне, ки худро ба Ӯ мебахшанд, ғамхорӣ менамояд.

Чаро мо бояд худро ба Худо бахшем

10, 11. Оё мо дар оилаи Худо таваллуд мешавем? Шарҳ диҳед.

10 Вақте ки касе дар бораи бахшидани ҳаёти худ ба Худо ва таъмид гирифтан фикр мекунад, шояд дар ӯ чунин савол пайдо шавад: «Чаро агар ман худро ба Худо набахшам, Ӯро ибодат карда наметавонам?». Ҷавоб ба ин савол маълум мегардад, агар мо мавқееро, ки ҳоло назди Худо ишғол мекунем, ба хотир орем. Аз сабаби гуноҳи Одам ҳеҷ кадоми мо дар оилаи Худо таваллуд намешавем (Рум. 3:23; 5:12). Аз ин рӯ, барои қабул шудан ба оилаи Худо, ки аз офаридаҳои ба Ӯ содиқ иборат мебошад, худро ба Худо бахшидан муҳим аст. Биёед бубинем, ки чаро.

11 Падари ягонтои мо наметавонад ба мо ҳаётеро, ки Худо аз аввал барои инсоният ният карда буд, яъне ҳаёти комилро бидиҳад (1 Тим. 6:19). Мо чун писарони Худо таваллуд намешавем, зеро гуноҳе, ки нахустин ҷуфти инсонӣ содир карданд, одамизодро аз Падар ва Офаридгори пурмуҳаббаташ ҷудо намуд. (Бо Такрори Шариат 32:5 муқоиса кунед.) Аз он вақт инҷониб инсоният аз Худо бегона аст ва берун аз оилаи Яҳува зиндагӣ мекунад.

12. а) Чӣ тавр одамони нокомил аъзои оилаи Худо шуда метавонанд? б) Пеш аз таъмидгирӣ кадом қадамҳоро гузоштан лозим аст?

12 Бо вуҷуди ин, ҳар яки мо дар алоҳидагӣ метавонем аз Худо хоҳиш кунем, ки Ӯ моро ба оилаи худ, ки аз ходимони содиқаш иборат аст, қабул намояд *. Чӣ тавр ин ба мо, одамони гунаҳкор, имконпазир аст? Павлуси расул менависад, ки мо «ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа» кардем (Рум. 5:10). Бо таъмиди худ мо аз Худо хоҳиш мекунем, ки ба мо виҷдони пок диҳад, то ба Ӯ мақбул оем (1 Пет. 3:21). Аммо пеш аз таъмид гирифтан чанд қадами дигаре гузоштан лозим аст. Мо бояд дар бораи Худо дониш гирем, ба Ӯ бовар карданро ёд гирем, тавба кунем ва роҳҳои худро ислоҳ намоем (Юҳ. 17:3; Аъм. 3:19; Ибр. 11:6). Лекин барои ба оилаи Худо қабул шудан боз як чизи дигар талаб карда мешавад. Чӣ чиз?

13. Барои он ки шахс аъзои оилаи ходимони содиқи Худо гардад, чаро дуруст аст, ки вай аввал ба Худо ваъда дода, худро ба Ӯ бахшад?

13 Пеш аз он ки ягон инсони аз Худо бегона тавонад аъзои оилаи ходимони содиқи Худо гардад, ӯ аввал бояд ба Яҳува ваъдаи ҷиддӣ диҳад. Мисоле меорем. Фарз мекунем, ки марди баобрӯву соҳибэҳтиром ба писарбачаи ятиме меҳрубонӣ зоҳир мекунад ва мехоҳад, ки ӯро ба фарзандӣ қабул намояд. Аммо пеш аз ин ӯ аз писарбача хоҳиш мекунад, ки ба вай чизеро ваъда диҳад. «Пеш аз он ки ман туро ба оилаи худ қабул кунам,— мегӯяд мард,— ман бояд боварӣ ҳосил намоям, ки ту маро чун падарат дӯст дошта, иззату ҳурмат хоҳӣ кард». Агар писарбача ба додани чунин ваъда тайёр бошад, танҳо он вақт мард ӯро ба оилаи худ қабул мекунад. Оё ин оқилона нест? Ба монанди ин, Яҳува ба оилаи худ танҳо касонеро, ки барои додани ваъда ва барои ба Ӯ бахшидани ҳаёти худ тайёранд, қабул мекунад. Дар яке аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ояти Румиён 12:1 чунин садо медиҳад: «Худро ба Ӯ [Худо] чун қурбонии зинда, бахшидашуда ва писандида тақдим кунед» («The New English Bible»).

Қадаме, ки аз муҳаббат ва имон шаҳодат медиҳад

14. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ба Худо бахшидани ҳаёти худ аз муҳаббат шаҳодат медиҳад?

14 Ваъдае, ки мо дар он ҳаёти худро ба Худо мебахшем, нишон медиҳад, ки мо Яҳуваро самимона дӯст медорем. Ба маъное ин ба аҳди издивоҷ монанд аст. Вақте ки домоди масеҳӣ ба арӯсаш ваъда медиҳад, ки қатъи назар аз ҳар вазъу шароит ба ӯ вафодор мемонад, домод ба арӯсаш муҳаббати худро нишон медиҳад. Ин танҳо ваъдаи кардани коре нест, балки аҳди вафодорӣ назди инсон аст. Домоди масеҳӣ мефаҳмад, ки бе аҳди издивоҷ онҳо чун зану шавҳар зиндагӣ карда наметавонанд. Мисли ин, мо низ агар ваъда надиҳему худро ба Яҳува набахшем, аъзоёни комилҳуқуқи оилаи Яҳува шуда наметавонем. Инак, мо худро ба Худо мебахшем, зеро мехоҳем, ки қатъи назар аз нокомилиамон аз они Ӯ бошем ва дар ҳар вазъу шароит ба Ӯ содиқу вафодор бимонем (Мат. 22:37).

15. Чаро ба Худо бахшидани ҳаёти худ аз имон шаҳодат медиҳад?

15 Ҳаёти худро ба Худо бахшидани мо ҳамчунин аз имон шаҳодат медиҳад. Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Имон ба Яҳува моро эътимод мебахшад, ки наздик шудан ба Худо ба фоидаи худи мо хизмат мекунад (Заб. 72:28). Мо медонем, ки бо Худо роҳ рафтан на ҳамеша осон аст, зеро мо «дар миёни насли саркаш ва фосид» зиндагӣ мекунем. Бо вуҷуди ин, мо боварии комил дорем, ки Худо мувофиқи ваъдааш кӯшишҳои моро дастгирӣ хоҳад кард (Фил. 2:15; Заб. 120:1, 2). Мо медонем, ки нокомилем, вале итминон дорем, ки Яҳува ба мо бо раҳму шавқат муносибат хоҳад кард, ҳатто агар мо хатоҳо содир кунем ҳам. (Забур 102:13, 14; Румиён 7:21–24-ро бихонед.) Мо имон дорем, ки Яҳува моро барои бо азми қавӣ нигоҳ доштани беайбиамон подош хоҳад дод (Айюб 27:5).

Худро ба Худо бахшидан сӯи хушбахтӣ роҳ мекушояд

16, 17. Чаро гуфтан мумкин аст, ки худро ба Яҳува бахшидан моро сӯи хушбахтӣ роҳнамоӣ мекунад?

16 Ҳаёти худро ба Яҳува бахшидан сӯи хушбахтӣ роҳ мекушояд, зеро ин яке аз имкониятҳои «додан» аст. Исо гуфт, ки «додан аз гирифтан беҳтар аст», яъне шахсро хушбахттар мегардонад (Аъм. 20:35). Ҳангоми дар рӯи замин хидмат карданаш Исо хурсандии доданро ба пуррагӣ эҳсос намуд. Вай тайёр буд, ки агар лозим ояд, аз баҳри истироҳат, хӯрокхӯрӣ ва шароити бароҳат барояд, то ба дигарон барои ёфтани роҳи ҳаёт кӯмак кунад (Юҳ. 4:34). Ба Исо шод гардонидани дили Падараш хурсандӣ меовард. Исо гуфт: «Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам» (Юҳ. 8:29; Мас. 27:11).

17 Ҳамин тавр, Исо ба пайравонаш роҳи қаноатмандкунандаи ҳаётро нишон дода, гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор намояд» (Мат. 16:24). Мувофиқи ин суханони Исо амал намуда, мо ба Яҳува боз ҳам наздиктар мегардем. Магар ягон шахси дигари аз Ӯ ҳам ғамхортару меҳрубонтаре ҳаст, ки мо худро ба дасташ супорем?

18. Чаро зиндагӣ мувофиқи ваъдае, ки дар он мо худро ба Яҳува бахшидем, хушбахтии бештар меорад, назар ба бахшидани ҳаёти худ ба касе ё чизи дигар?

18 Агар мо дар дуо ҳаёти худро ба Яҳува бахшида, сипас мувофиқи ин ваъдаи худ зиндагӣ кунему иродаи Ӯро ба ҷо орем, мо хушбахтии бештар эҳсос менамоем, назар ба он ки ҳаёти худро ба ягон чиз ё каси дигар бахшем. Масалан, бисёри одамон ҳаёти худро ба ҷамъ кардани сарвату боигарӣ мебахшанд, вале хушбахтиву қаноатмандии ҳақиқӣ эҳсос намекунанд. Аммо касоне, ки ҳаёти худро ба Яҳува бахшидаанд, хушбахтии бардавом эҳсос мекунанд (Мат. 6:24). Онҳоро имтиёзи «ҳамкорони Худо» будан хушбахт мегардонад, лекин онҳо худро на ба ягон кор, балки ба Худои қадрдон мебахшанд (1 Қӯр. 3:9, ТДН). Ягон каси дигар фидокориии онҳоро аз Ӯ бештар қадр карда наметавонад. Худо ходимони содиқашро ҳатто ба айёми наврасиашон бармегардонад ва онҳо аз ғамхории Ӯ абадӣ баҳравар шуда метавонанд. (Айюб 33:25; Ибриён 6:10–ро бихонед.)

19. Онҳое, ки ҳаёти худро ба Яҳува бахшидаанд, аз чӣ гуна баракат баҳраваранд?

19 Ба Яҳува бахшидани ҳаётатон ба шумо имконият медиҳад, ки бо Ӯ муносибатҳои наздик дошта бошед. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқ. 4:8). Чаро мо эътимод дошта метавонем, ки ба Яҳува тааллуқ доштанро интихоб карда, мо кори дуруст кардем? Инро дар мақолаи навбатӣ мо муҳокима хоҳем кард.

[Эзоҳ]

^ сарх. 12 «Гӯсфандони дигар»–и Исо танҳо баъди ба охир расидани Ҳокимияти ҳазорсола писарони Худо мегарданд. Вале азбаски онҳо худро ба Худо бахшидаанд, онҳо ҳақ доранд, ки ба Худо чун ба «Падар» муроҷиат кунанд ва аъзои оилаи Яҳува, ки он аз ходимони Ӯ иборат аст, ҳисоб ёбанд (Юҳ. 10:16; Иш. 64:8; Мат. 6:9; Ваҳй 20:5).

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

• Худро ба Худо бахшидан чӣ маъно дорад?

• Ҳаёти худро ба Худо бахшидан чӣ тавр ба манфиати мо хидмат мекунад?

• Чаро масеҳиён бояд худро ба Яҳува бахшанд?

[Саволҳо барои омӯзиш]