Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Пайрави ҳақиқии Масеҳ бошед

Пайрави ҳақиқии Масеҳ бошед

Пайрави ҳақиқии Масеҳ бошед

«Ҳар дарахти нек меваи нек меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад» (МАТ. 7:17).

1, 2. Пайравони ҳақиқии Масеҳ аз масеҳиёни дурӯғин бо чӣ фарқ мекунанд ва ин фарқият хусусан дар охирзамон чӣ гуна зоҳир мегардад?

ИСО гуфт, ки масеҳиёни дурӯғин аз пайравони ҳақиқии ӯ бо меваҳояшон, яъне бо рафтору таълимоташон, фарқ хоҳанд кард (Мат. 7:15–17, 20). Дар ҳақиқат, ҳар он чӣ ки одамон ба ақлу дилашон роҳ медиҳанд, ба онҳо таъсир накарда намемонад (Мат. 15:18, 19). Онҳое, ки фикрашонро бо маълумоти дурӯғин ғизо медиҳанд, «меваи бад» меоранд, вале касоне, ки ҳақиқати рӯҳониро таълим мегиранд, «меваи нек» меоранд.

2 Фарқи байни ин ду намуди меваҳо дар ин айёми охирзамон хусусан аён гаштааст. (Дониёл 12:3, 10–ро бихонед.) Масеҳиёни дурӯғин дар бораи Худо тасаввуроти нодуруст доранд ва аксар вақт диндориашон риёкорона аст, вале онҳое ки фаҳмиши рӯҳонӣ доранд, Худоро дар «рӯҳ ва ростӣ» ибодат мекунанд (Юҳ. 4:24; 2 Тим. 3:1–5). Онҳо мекӯшанд, ки хислатҳои ба Масеҳ хосро зоҳир намоянд. Лекин дар бораи ҳар яки мо чӣ гуфтан мумкин аст? Дар ин мақола мо панҷ аломати фарқкунандаи масеҳиёни ҳақиқиро дида мебароем. Ҳангоми ин омӯзиш аз худ бипурсед: «Оё рафтор ва он чӣ ки ман таълим медиҳам, ба Каломи Худо мувофиқат мекунад? Оё аз рафтор ва тарзи таълимдиҳии ман ҳақиқат дар назари касоне, ки онро ҷустуҷӯ мекунанд, ҷолибтар мегардад?».

Мувофиқи Каломи Худо зиндагӣ кунед

3. Ба Яҳува чӣ писанд аст ва барои масеҳиёни ҳақиқӣ ин чӣ маъно дорад?

3 Исо гуфт, ки на ҳар касе, ки худро имондор меҳисобад, ба Малакути Осмон дохил мешавад, балки он касе ки иродаи Падари ӯро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад (Мат. 7:21). Бале, на он касоне, ки худро масеҳӣ меноманд, ба Яҳува писанданд, балки онҳое ки мувофиқи таълимоти Масеҳ зиндагӣ мекунанд. Барои масеҳиёни ҳақиқӣ ин тамоми ҷонибҳои ҳаёти онҳоро дар бар мегирад, аз он ҷумла муносибат ба пул, кор, вақтхушӣ, расму русум, иду ҷашнҳо, издивоҷ ва муносибат бо дигаронро. Масеҳиёни дурӯғин бошанд, тарзи фикрронӣ ва ахлоқи ин ҷаҳонро, ки дар охирзамон торафт зишттар шуда истодааст, қабул мекунанд (Заб. 91:8).

4, 5. Чӣ тавр мо суханони Яҳуваро аз Малокӣ 3:18 дар ҳаёт ба кор бурда метавонем?

4 Дар алоқамандӣ бо ин пайғамбар Малокӣ навиштааст: «Шумо аз нав фарқи байни одил ва шарирро, байни касе ки ба Худо хизмат мекунад, ва касе ки ба Ӯ хизмат намекунад, хоҳед дид» (Мал. 3:18). Оиди ин суханон мулоҳиза ронда, аз худ бипурсед: «Оё ман аз одамони ин ҷаҳон фарқ мекунам, ё не? Оё ман мекӯшам, ки ҳамеша мисли ҳамсинфон ё ҳамкоронам бошам, ё устуворона принсипҳои Китоби Муқаддасро риоя мекунам ва ҳатто дар мавриди муносиб ақидаи худро дар ин бора озодона баён мекунам?» (1 Петрус 3:16–ро бихонед.) Албатта, мо дар назари дигарон аз ҳад одил тофтан намехоҳем, лекин аз онҳое, ки Яҳуваро дӯст намедоранду ба Ӯ хидмат намекунанд, мо бояд фарқ кунем.

5 Агар бинед, ки ба шумо аз ягон ҷиҳат беҳтар шудан лозим аст, пас дар ин бора дуо гӯед ва кӯшиш кунед, ки тавассути омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас, дуогӯӣ ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад қуввати рӯҳонӣ бигиред. Чӣ қадар бештар Каломи Худоро дар ҳаёт ба кор баред, ҳамон қадар бештар «меваи нек» меоред, аз он ҷумла, «самараи лабҳоеро, ки ба исми Ӯ [Худо] ҳамду сано мехонанд» (Ибр. 13:15).

Хушхабари Салтанати Худоро мавъиза кунед

6, 7. Дар алоқамандӣ бо хушхабари Салтанат масеҳиёни ҳақиқӣ аз масеҳиёни дурӯғин бо чӣ фарқ мекунанд?

6 Исо гуфт: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Малакути Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам» (Луқ. 4:43). Чаро мавзӯи асосии мавъизаи Исо Салтанати Худо буд? Исо медонист, ки ӯ чун Подшоҳи ин Салтанат ҳамроҳи бародарони бо рӯҳ тавлидёфтаи эҳёшудааш сарчашмаи асосии ранҷу азоби инсоният — гуноҳ ва Иблисро нест хоҳад кард (Рум. 5:12; Ваҳй 20:10). Аз ин рӯ, вай ба пайравонаш амр дод, ки хушхабари Салтанатро то анҷоми ин тартибот мавъиза кунанд (Мат. 24:14). Шахсоне, ки танҳо ба ном пайравони Масеҳ ҳастанд, дар ин кор иштирок намекунанд ва дар асл онро карда ҳам наметавонанд. Чаро? — Камаш аз се сабаб. Якум, онҳо чизеро, ки намефаҳманд, мавъиза карда наметавонанд. Дуввум, ба аксарияти онҳо фурӯтанӣ ва ҷасорат намерасад, то ба тамасхур ва мухолифате, ки ҳангоми мавъиза бо онҳо дучор шудан мумкин аст, тоб оранд (Мат. 24:9; 1 Пет. 2:23). Ва сеюм, масеҳиёни дурӯғин рӯҳулқудси Худоро надоранд (Юҳ. 14:16, 17).

7 Пайравони ҳақиқии Масеҳ бошанд, чӣ будани Салтанати Худо ва корҳоеро, ки он ба анҷом мерасонад, медонанд. Беш аз ин, онҳо манфиатҳои ин Салтанатро дар ҳаёти худ ба ҷои аввал гузошта, бо кӯмаки рӯҳулқудси Яҳува онро дар саросари ҷаҳон мавъиза мекунанд (Зак. 4:6). Оё шумо дар ин кор мунтазам иштирок мекунед? Оё бо иштироки бештар дар мавъиза ё бо самараноктар гардонидани хидмати худ мекӯшед, ки чун воизони Салтанат беҳтар гардед? Баъзеҳо сифати хидматашонро бо хубтар истифода бурдани Китоби Муқаддас беҳтар мегардонанд. «Каломи Худо зинда ва таъсирбахш ... аст»,— мегӯяд Павлуси расул, ки дар асоси Навиштаҳо сӯҳбат кардан ба ӯ одат шуда буд (Ибр. 4:12; Аъм. 17:2, 3).

8, 9. а) Кадом мисолҳо нишон медиҳанд, ки дар хидмат истифодаи Китоби Муқаддас хеле муҳим аст? б) Чӣ тавр мо дар истифодабарии Каломи Худо моҳиртар шуда метавонем?

8 Ҳангоми мавъизаи хона ба хона бародаре ба як марди католик ояти Дониёл 2:44–ро хонд ва сипас фаҳмонд, ки чӣ тавр Салтанати Худо ба инсоният сулҳу амнияти ҳақиқӣ меорад. Мард гуфт: «Ба ман маъқул шуд, ки шумо Китоби Муқаддасро кушода, ба ман нишон додед, ки он чӣ мегӯяд, ҳарчанд метавонистед инро ба ман танҳо нақл кунед». Вақте ки бародари дигар ба зани православӣ аз Китоби Муқаддас оят хонд, зан ба ӯ якчанд саволи хуб дод. Ба он саволҳо низ, бародар ҳамроҳи ҳамсараш дар асоси Китоби Муқаддас ҷавоб доданд. Баъдтар он зан гуфт: «Медонед барои чӣ ман бо шумо ҳамсӯҳбат шудам? Барои он ки шумо назди дари ман бо Китоби Муқаддас омадед ва ба ман оятҳо хондед».

9 Албатта, адабиёти мо хеле муҳим аст ва онро дар хидмат пешкаш бояд кард. Аммо асбоби асосии мо — Китоби Муқаддас аст. Агар шумо одати дар хидмат мунтазам истифода бурдани онро надошта бошед, пас чаро назди худ чунин мақсад нагузоред? Масалан, шумо метавонед якчанд оятҳои асосиро интихоб кунед, ки онҳо чӣ будани Салтанати Худо ва чӣ тавр тавассути он Салтанат ҳал шудани мушкилиҳои сокинони маҳаллатонро нишон медиҳанд. Сипас тайёр бошед, ки онҳоро ҳангоми мавъизаи хона ба хона бихонед.

Бар худ доштани номи Худо шараф аст

10, 11. Дар алоқамандӣ бо истифодабарии номи Худо байни Исо ва бисёр шахсони ба ном масеҳӣ чӣ фарқияте вуҷуд дорад?

10 «Шумо шоҳидони Ман мебошед,— мегӯяд Яҳува,— ва Ман Худо ҳастам» (Иш. 43:12). Барҷастатарин Шоҳиди Яҳува, Исои Масеҳ, бар худ доштани исми Худо ва ба дигарон кушодани онро шараф меҳисобид. (Юҳанно 17:6; Ибриён 2:12–ро бихонед.) Азбаски Исо дар бораи исми Падар шаҳодат медод, ӯ барҳақ «шоҳиди амин» номида шудааст (Ваҳй 1:5; Мат. 6:9).

11 Дар муқоиса бо Исо бисёри касоне, ки худро намояндаи Худову Писари Ӯ меноманд, нисбати номи Худо беҳурматӣ зоҳир мекунанд ва ҳатто онро аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас мегиранд. Масалан, чунин рӯҳия дар дастуроте, ки ба наздикӣ ба рӯҳониёни католикӣ дода шуд, зоҳир мегардад. Он ҷо гуфта мешавад, ки ҳангоми ибодат «номи Худоро дар намуди чор ҳарфи ибронии ЙҲВҲ истифода бурдан ва ба забон овардан мумкин нест» *. Ин тарзи фикрронӣ сазовори маҳкумият аст!

12. Чаро аз соли 1931 ходимони Яҳуваро ба Яҳува бештар нисбат медиҳанд?

12 Дар пайравӣ ба намунаи Масеҳ ва ба намунаи «абри шоҳидон»–е, ки пеш аз ӯ зиндагӣ карда буданд, масеҳиёни ҳақиқӣ истифода бурдани номи Худоро шараф меҳисобанд (Ибр. 12:1). Аз соли 1931 ходимони Худоро ба Яҳува бештар нисбат медодагӣ шуданд, зеро онҳо ба худ номи Шоҳидони Яҳува гирифтанд. (Ишаъё 43:10–12-ро бихонед.) Ҳамин тавр, пайравони ҳақиқии Масеҳ ба маънои том «қавме ба исми» Худо гаштанд (Аъм. 15:14, 17).

13. Чӣ тавр мо муносиби номе, ки Худо ба мо додааст, зиндагӣ карда метавонем?

13 Чӣ тавр ҳар яки мо муносиби ин номи беҳамто зиндагӣ карда метавонем? Мо бояд дар бораи Худо содиқона шаҳодат диҳем. «Ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт,— навиштааст Павлус.— Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд? Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза кунанд бе он ки фиристода шаванд?» (Рум. 10:13–15). Ҳамчунин, мо бояд ҳалимона таълимоти бардурӯғи диниеро, ки Офаридгори моро бадном мекунанд, фош намоем; масалан яке аз ин таълимот — таълимот дар бораи дӯзахи оташин аст, ки он хислатҳои золимонаи ба Иблис хосро ба Худои пурмуҳаббат нисбат медиҳад (Ирм. 7:31; 1 Юҳ. 4:8; бо Марқӯс 9:17–27 қиёс кунед).

14. Фаҳмидани номи Худо баъзеҳоро ба чӣ бармеангезад?

14 Оё шумо бар худ доштани номи Падари осмониатонро шараф меҳисобед? Оё ба дигарон кӯмак мекунед, ки бо ин номи муқаддас шинос шаванд? Зане, сокини Париж (Фаронса), фаҳмид, ки Шоҳидони Яҳува номи Худоро медонанд ва вақте ӯ бори дигар бо яке аз онҳо вохӯрд, хоҳиш намуд, ки аз Китоби Муқаддасаш он номро ба ӯ нишон диҳанд. Суханоне, ки зан дар Забур 83:18 (ТДН) хонд, ба ӯ сахт таъсир карданд. Вай ба омӯзиши Китоби Муқаддас оғоз кард ва ҳоло чун ходими содиқи Яҳува дар хориҷа хидмат мекунад. Вақте як католикзан, сокини Австралия, бори аввал дар Китоби Муқаддас номи Худоро дид, ӯ аз шодӣ гирист. Вай низ хоҳари мо шуд ва солҳои зиёд инҷониб чун пешрави доимӣ хидмат мекунад. Ба қарибӣ, вақте ки Шоҳидон аз Ямайка ба зане номи Худоро дар Китоби Муқаддаси шахсии ӯ нишон доданд, вай низ аз хурсандӣ гиря кард. Инак, аз он ки номи Худоро бар худ доред, фахр намоед ва ба Исо пайравӣ намуда, ҳамаро бо он номи муқаддас шинос кунед.

«Ҷаҳонро дӯст надоред»

15, 16. Масеҳиёни ҳақиқӣ ба ин ҷаҳон чӣ гуна муносибат мекунанд ва кадом саволҳоро ба худ бояд дод?

15 «Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест» (1 Юҳ. 2:15). Ин ҷаҳон ва рӯҳияи худхоҳонаи он ба Яҳува ва рӯҳулқудси Ӯ мухолифат мекунанд. Аз ин рӯ, пайравони ҳақиқии Масеҳ аз қисми ин ҷаҳон будан на танҳо худдорӣ мекунанд, балки намегузоранд, ки дар дилашон нисбати ин ҷаҳон муҳаббат пайдо шавад, зеро суханони зерини Яъқуби шогирдро дар хотир доранд: «Дӯстӣ бо дунё душманӣ бо Худост» (Яъқ. 4:4).

16 Дар ин ҷаҳони пур аз васвасаҳо ба суханони Яъқуб гӯш додан шояд осон набошад (2 Тим. 4:10). Аз ин рӯ, Исо дар ҳаққи пайравонаш дуо гуфт: «Илтимос намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки онҳоро аз шарорат муҳофизат намоӣ; онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман аз ҷаҳон нестам» (Юҳ. 17:15, 16). Аз худ бипурсед: «Оё ман кӯшиш мекунам, ки қисми ин ҷаҳон набошам? Оё дигарон медонанд, ки ман ба иду ҷашнвораҳои ба Навиштаҳо зид ва ҳамчунин ба ид ва урфу одатҳое, ки шояд аз бутпарастӣ сарчашма намегиранду ошкоро рӯҳияи ин ҷаҳонро инъикос мекунанд, чӣ гуна муносибат менамоям?» (2 Қӯр. 6:17; 1 Пет. 4:3, 4).

17. Чӣ метавонад одамони самимиро барангезад, то ба ходимони Яҳува ҳамроҳ шаванд?

17 Албатта, мо бо мавқеи дар Навиштаҳо асосёфтаамон илтифоти ин ҷаҳонро ба даст оварда наметавонем, вале бо ин мо шояд таваҷҷӯҳи шахсони самимиро ба ҳақиқат ҷалб кунем. Вақте чунин шахсон мебинанд, ки имони мо пурра дар Навиштаҳо асос ёфтааст ва он тамоми ҷонибҳои ҳаёти моро дар бар мегирад, онҳо эҳтимол ба суханоне, ки ба тадҳиншудагон гуфта шудааст, ҳамроҳ шаванд: «Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост» (Зак. 8:23).

Муҳаббати ҳақиқии масеҳӣ зоҳир намоед

18. Зоҳир намудани муҳаббат ба Яҳува ва ба одамон чиро дар бар мегирад?

18 Исо гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор» ва «ёри худро мисли худ дӯст бидор» (Мат. 22:37, 39). Ин муҳаббат (ба забони юнонӣ ага́пе) бо масъулият, принсипҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ алоқаманд асту аксаран эҳсосоти сахтро низ дар бар мегирад. Ин муҳаббат гарму пурзӯр буда метавонад (1 Пет. 1:22). Он ба худпарастӣ тамоман муқобил аст, зеро дар суханону корҳои беғаразона зоҳир мешавад. (1 Қӯринтиён 13:4–7-ро бихонед.)

19, 20. Мисолҳое оред, ки таъсири бузург доштани муҳаббати масеҳиро нишон медиҳанд.

19 Азбаски муҳаббат самари рӯҳулқудси Худо мебошад, ба туфайли он масеҳиёни ҳақиқӣ он чиро ки дигарон карда наметавонанд, мекунанд; масалан, онҳо монеаҳои нажодӣ, маданӣ ва сиёсиро бартараф месозанд (Юҳанно 13:34, 35–ро бихонед; Ғал. 5:22). Чунин муҳаббат ба одамони ба гӯсфандон ташбеҳдодашуда таъсир накарда наметавонад. Масалан, вақте ки як ҷавони яҳудӣ дар Исроил бори аввал ба ҷамъомади масеҳӣ ташриф овард, ӯ хеле ба тааҷҷуб омад, ки чӣ тавр бародарони яҳудиву араб дар якҷоягӣ Яҳуваро ибодат мекунанд. Дар натиҷа, вай мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меовардагӣ шуд ва ба омӯзиши Китоби Муқаддас оғоз кард. Оё шумо низ ба ҳамимонон чунин муҳаббати самимӣ зоҳир мекунед? Оё мекӯшед, ки шахсони нав ба Толори Салтанат омадаро қатъи назар аз миллат, ранги пӯст ва вазъи иҷтимоияшон гарм пазироӣ кунед?

20 Чун масеҳиёни ҳақиқӣ мо мекӯшем, ки ба ҳама муҳаббат зоҳир кунем. Дар Салвадор як хоҳари ҷавон бо католикзани 87–сола, ки ба калисои худ содиқ буд, омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронд. Рӯзе он зан сахт бемор шуд ва ба беморхона афтод. Вақте ки ӯ ба хонааш баргашт, Шоҳидон ба хабаргирии вай омаданд ва ба ӯ хӯрок оварданд. Ҳамин тавр онҳо қариб як моҳ нисбати зан ғамхорӣ карданд. Аз калисо бошад, ҳеҷ кас ӯро хабар нагирифт. Чанде пас, он зан ҳамаи тасвирҳои диниашро партофт, калисои худро тарк намуд ва омӯзиши Китоби Муқаддасро давом дод. Бале, таъсири муҳаббати масеҳӣ бузург аст! Он метавонад ба дил чунон таъсир расонад, ки сухан ба ин қодир нест.

21. Чӣ тавр мо ояндаи худро устувор карда метавонем?

21 Ба қарибӣ Исо ба ҳамаи онҳое, ки худро масеҳӣ меноманду дар асл ӯро пайравӣ намекунанд, чунин хоҳад гуфт: «Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!» (Мат. 7:23). Аз ин рӯ, биёед «мевае» орем, ки он ҳам Падар ва ҳам Писарро ҷалол диҳад. «Ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад,— гуфт Исо,— ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард» (Мат. 7:24). Бале, агар мо пайравони ҳақиқии Масеҳ бошем, мо илтифоти Худоро ба даст хоҳем овард ва ояндаи мо чун хонаи бар санг биноёфта устувор хоҳад буд!

[Эзоҳ]

^ сарх. 11 Дар баъзе нашрияҳои муосири католикии ба забони англисӣ чопшуда, аз он ҷумла дар «Библияи Ерусалимӣ» («The Jerusalem Bible»), чор ҳарфи ибрӣ чун «Яҳве» (Yahweh) оварда мешавад.

Оё шумо дар хотир доред?

• Пайравони ҳақиқии Масеҳ аз масеҳиёни дурӯғин бо чӣ фарқ мекунанд?

• Баъзе «меваҳое»-ро, ки аз рӯи онҳо масеҳиёни ҳақиқиро шинохтан мумкин аст, номбар кунед.

• Дар овардани «мева»–ҳои масеҳӣ шумо назди худ чӣ гуна мақсадҳо гузошта метавонед?

[Саволҳо барои омӯзиш]