Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳақ будани ҳокимияти Яҳува исбот шуд!

Ҳақ будани ҳокимияти Яҳува исбот шуд!

Ҳақ будани ҳокимияти Яҳува исбот шуд!

«Ҳаққи Таоло бар салтанати одамизод ҳукмфармост» (ДОН. 4:17).

1, 2. Баъзе сабабҳои ноком будани ҳукмронии одамизод кадоманд?

НОКОМУ нобарор будани ҳокимияти инсонӣ аён аст! Сабаби асосии чунин нобарорӣ ин аст, ки ба одамон барои бомуваффақият ҳукмронӣ кардан хирад намерасад. Нобарориву нокомии ҳокимияти инсонӣ хусусан имрӯз аён аст, зеро бисёри ҳокимон худписанд, зарпараст, пурғурур, ҳавобаланд, осӣ, номуросо, тӯҳматчӣ, бепарҳез, бераҳм, душмани некӣ, хоин ва бодӣ мебошанд (2 Тим. 3:2–4).

2 Дар боғи Адан нахустволидони мо ҳокимияти Худоро рад карданд. Онҳо эҳтимол фикр мекарданд, ки бо ин роҳ мустақилият ба даст меоранд. Лекин дар асл онҳо зери ҳокимияти Шайтон қарор гирифтанд. Одамизод шаш ҳазор сол боз зери таъсири пурзӯри «мири ин ҷаҳон», Шайтон, ҳукмронӣ мекунад, ки дар натиҷаи он инсоният дар ҳолати ғамангези имрӯза қарор дорад (Юҳ. 12:31). Вазъияти ҳозираи ҷамъияти инсониро шарҳ дода, муаллифони китоби ба таърихи асри XX бахшидашуда қайд мекунанд, ки «интизор шудани ҷаҳони комил» бефоида аст. Дар китоб гуфта мешавад: «Онро на танҳо ёфтан имконнопазир аст, балки ҳар кӯшиши бунёд кардани чунин ҷаҳон ба мусибат, тоталитаризм ва ҷангҳои мудҳиш оварда мерасонад» («The Oxford History of the Twentieth Century»). Чӣ эътирофи ошкорои нобарор будани ҳокимияти инсонӣ!

3. Агар Одаму Ҳавво гуноҳ намекарданд, Худо ҳокимияташро чӣ гуна амалӣ мегардонд?

3 Сад афсӯс ки нахустволидони мо ягона ҳокимияти дуруст — ҳокимияти Худоро рад карданд! Албатта мо аниқ намедонем, ки агар Одаму Ҳавво ба Яҳува содиқ мемонданд, Ӯ дар рӯи замин ҳокимияташро чӣ тавр амалӣ мегардонд. Лекин мо боварии комил дошта метавонем, ки ҳокимияти аз тарафи тамоми инсоният эътирофшудаи Худо бомуҳаббат ва бериё мебуд (Аъм. 10:34; 1 Юҳ. 4:8). Бо назардошти хиради бепоёни Худо мо ҳамчунин ба он эътимод дошта метавонем, ки агар инсоният зери ҳокимияти Яҳува мемонд, он аз ҳама хатогиҳое, ки ҳокимони инсонӣ содир карданд, эмин мемонд. Ҳукмронии Худо бомуваффақият «ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер» мекард (Заб. 144:16). Кӯтоҳ карда гӯем, он ҳокимият — ҳокимияти комил мебуд (Такр. Ш. 32:4). Сад афсӯс, ки одамон ин ҳокимиятро рад карданд!

4. Шайтон аз доираи чӣ берун баромада наметавонист?

4 Ба ҳар ҳол дар хотир бояд дошт: ҳарчанд Яҳува роҳ дод, ки одамон бар худ ҳукмронӣ кунанд, Ӯ ҳеҷ гоҳ аз ҳуқуқи бар офаридаҳояш ҳукмронӣ кардан даст намекашид. Ҳатто шоҳи пурқудрати Бобил маҷбур шуд эътироф намояд, ки дар асл «Ҳаққи Таоло бар салтанати одамизод ҳукмфармост» (Дон. 4:17). Оқибат иродаи Худо тавассути Салтанаташ амалӣ хоҳад гашт (Мат. 6:10). Яҳува роҳ дод, ки Шайтон муваққатан чун «худои ин дунё» амал кунад, то ба саволҳои баҳсталаби бардоштаи ин исёнгар ҷавоби раднопазир дода шавад (2 Қӯр. 4:4; 1 Юҳ. 5:19). Бо вуҷуди ин, Шайтон ҳеҷ гоҳ берун аз доираи он чӣ ки Яҳува иҷозат додааст, амал карда наметавонист (2 Вақ. 20:6; бо Айюб 1:11, 12; 2:3–6 муқоиса кунед). Ҳамеша одамоне ёфт мешуданд, ки ба Худо итоат мекарданд, ҳарчанд онҳо дар ҷаҳоне, ки ҳокимаш Душмани ашадии Худо буд, зиндагӣ мекарданд.

Ҳукмронии Худо бар Исроил

5. Халқи Исроил ба Яҳува чӣ ваъда дод?

5 Аз замонҳои Ҳобил то барпо шудани халқи Исроил як қатор шахсони содиқ Яҳуваро ибодат мекарданд ва ба аҳкоми Ӯ итоат менамуданд (Ибр. 11:4–22). Дар рӯзҳои Мусо Яҳува бо насли Яъқуб аҳд баст ва онҳо халқи Исроил гаштанд. Соли 1513 қ. д. мо исроилиён ваъда доданд, ки онҳо ва насли онҳо Яҳуваро чун Ҳокими худ эътироф мекунанд. Онҳо қавл доданд: «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард» (Хур. 19:8).

6, 7. Ҳукмронии Худо бар халқи Исроил бо чӣ фарқ мекард?

6 Яҳува бо мақсади муайян халқи Исроилро чун халқи худ интихоб кард. (Такрори Шариат 7:7, 8–ро бихонед.) Ин на фақат баҳри беҳбудии исроилиён буд, балки он ҳамчунин барои муқаддас гаштани номи Худо ва исбот шудани ҳаққонияти ҳокимияти Ӯ хидмат мекард, ки ин муҳимтар буд. Халқи Исроил бояд чун шоҳиди он ки Яҳува Худои ягонаи ҳақиқӣ аст, хидмат менамуд (Иш. 43:10; 44:6–8). Аз ин рӯ Яҳува ба ин халқ гуфт: «Ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ, ва Худованд туро баргузидааст, то аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин мебошанд, қавми гузине барои Ӯ бошӣ» (Такр. Ш. 14:2).

7 Худо бар халқи Исроил бо назардошти нокомилии онҳо ҳукмронӣ мекард. Ҳамзамон қонунҳое, ки Ӯ медод, комил буданд ва онҳо хусусиятҳои Қонунгузорро инъикос менамуданд. Аҳкоми тавассути Мусо додаи Яҳува аниқ нишон медоданд, ки Худо муқаддас аст, адолатро дӯст медорад, ба бахшидани гуноҳҳо тайёр аст ва пурсабру пуртоқат мебошад. Вақте ки дар рӯзҳои Еҳушаъ ибни Нун ва чанде пас аз ин халқи Исроил ба аҳкоми Яҳува итоат мекарданд, онҳо аз сулҳу осоиштагӣ ва баракатҳои рӯҳонӣ баҳравар буданд (Еҳ. 24:21, 22, 31). Ин давраи таърихи халқи Исроил нишон дод, ки ҳукмронии Яҳува муваффақ аст.

Гарон афтодани ҳукмронии одамизод

8, 9. Халқи Исроил чӣ талаби бехирадона кард ва ин ба чӣ оварда расонд?

8 Аммо исроилиён аксар вақт аз ҳукмронии Худо рӯй мегардонданд ва аз ҳимояи Ӯ маҳрум мешуданд. Оқибат онҳо ба воситаи Самуил–пайғамбар талаб карданд, ки аз ҷумлаи одамон бар онҳо подшоҳ таъин карда шавад. Яҳува ба Самуил гуфт, ки талаби онҳоро иҷро кунад ва ҳамзамон илова намуд: «Онҳо туро рад накардаанд, балки Маро рад кардаанд, то ки бар онҳо подшоҳӣ накунам» (1 Подш. 8:7). Ҳарчанд Яҳува гузошт, ки исроилиён подшоҳи худро дошта бошанд, Ӯ онҳоро огоҳ кард, ки ҳукмронии одамизод бар онҳо гарон хоҳад афтод. (1 Подшоҳон 8:9–18-ро бихонед.)

9 Таърих ҳақ будани огаҳии Яҳуваро нишон дод. Дар натиҷаи подшоҳӣ кардани одамон халқи Исроил бо мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд, хусусан ҳангоми ба Худо содиқ набудани подшоҳ. Агар намунаи халқи Исроилро ба назар гирем, тааҷҷубовар нест, ки чаро ҳукмронӣ кардани касоне, ки Яҳуваро намешинохтанд, дар тӯли асрҳо натиҷаҳои хуби бардавом наовард. Рост аст, ки баъзе сиёсатмадорон аз Худо мепурсанд, ки кӯшишҳояшонро барои ба даст овардани сулҳу амният баракат диҳад, лекин чӣ тавр Худо онҳоро баракат дода метавонад, агар онҳо ба ҳокимияти Ӯ итоат накунанд? (Заб. 2:10–12).

Ҳукмронии Худо бар халқи нав

10. Чаро ба ҷои халқи Исроил Худо халқи дигарро интихоб намуд?

10 Исроилиён нишон доданд, ки ба Яҳува содиқона хидмат кардан намехоҳанд. Оқибат онҳо Масеҳи аз тарафи Худо таъиншударо рад карданд ва Яҳува низ онҳоро рад намуд ва қарор кард, ки ба ҷои онҳо гурӯҳи одамонеро, ки халқи навро ташкил медиҳанд, интихоб мекунад. Ҳамин тавр, соли 33–юми д. мо ҷамъомади масеҳии аз ходимони тадҳиншудаи Яҳува иборат тавлид шуд. Ин ҷамъомад, дар асл, халқи наве буд, ки зери ҳокимияти Яҳува қарор дошт. Павлус онро «Исроили Худо» номид (Ғал. 6:16).

11, 12. Дар алоқамандӣ бо назорат байни Исроили қадим ва «Исроили Худо» чӣ монандие вуҷуд дорад?

11 Байни халқи Исроил ва халқи нав, «Исроили Худо», ҳам монандӣ ва ҳам фарқият вуҷуд дорад. Бар акси Исроили қадим ҷамъомади масеҳӣ аз ҷумлаи одамон подшоҳ надорад ва ба масеҳиён барои гуноҳҳо ба қурбонӣ овардани ҳайвонот лозим нест. Яке аз монандиҳои байни онҳо ин аст, ки чӣ хеле ки дар Исроили қадим пирон буданд, дар ҷамъомади масеҳӣ низ пирон ҳастанд (Хур. 19:3–8). Ин пирони масеҳӣ бар рама ҳукмронӣ намекунанд. Баръакс, онҳо ҷамъомадро бонӣ мекунанд ва бо омодагӣ дар фаъолияти масеҳӣ сарвариро ба ӯҳда мегиранд. Пирон бо ҳар аъзои ҷамъомад меҳрубонона муносибат мекунанд ва онҳоро иззату эҳтиром менамоянд (2 Қӯр. 1:24; 1 Пет. 5:2, 3).

12 Мулоҳиза дар бораи он ки Худо чӣ тавр бо халқи Исроил муносибат менамуд, ба аъзоёни «Исроили Худо» ва ҳамроҳони онҳо, «гӯсфандони дигар», кӯмак мекунад, ки нисбати Яҳува миннатдории бештар инкишоф диҳанд ва ҳукмронии Ӯро бисёртар қадр кунанд (Юҳ. 10:16). Масалан, таърих нишон медиҳад, ки подшоҳони Исроил, хоҳ нек бошанд, хоҳ бад, ба тобеонашон таъсири калон мерасонданд. Аз ин рӯ, масеҳиёне, ки имрӯз сарвариро ба ӯҳда мегиранд, мисли подшоҳони Исроили қадим ҳукмронӣ накунанд ҳам, онҳо бояд ҳамеша дар имон намунаи хуб бошанд (Ибр. 13:7).

Яҳува имрӯз чӣ тавр ҳукмронӣ мекунад

13. Соли 1914 чӣ воқеаи муҳиме рӯй дод?

13 Имрӯз масеҳиён мавъиза мекунанд, ки ҳукмронии инсон бар инсон ба қарибӣ ба охир мерасад. Соли 1914 Яҳува ҳокимияташро дар осмон барпо кард ва Исои Масеҳро Подшоҳи он таъин намуд. Он вақт Ӯ ба Исо қудрат дод, то ғалабакунон берун ояд ва пурра «ғалаба кунад» (Ваҳй 6:2). Ба Подшоҳи нав батахтнишаста гуфта шуд: «Дар миёни душманони Худ ҳукмронӣ намо» (Заб. 109:2). Мутаассифона, халқҳои ҷаҳон ба ҳокимияти Яҳува итоат карданро рад мекунанд. Онҳо тавре рафтор менамоянд, ки гӯё «Худо нест» (Заб. 13:1).

14, 15. а) Салтанати Худо имрӯз бар мо чӣ тавр ҳукмронӣ мекунад ва бо назардошти ин мо бояд ба худ чӣ гуна саволҳо диҳем? б) Бартарии ҳукмронии Худоро аллакай имрӯз дар чӣ дидан мумкин аст?

14 Чанде аз аъзоёни «Исроили Худо» то ба ҳол дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд ва чун бародарони Исо онҳо ба сифати «элчиёни Масеҳ» хидмат менамоянд (2 Қӯр. 5:20). Онҳо чун синфи ғуломи мӯътамад ва доно таъин шудаанд, то нисбати тадҳиншудагон ва шумораи афзудаистодаи масеҳиёне, ки умеди дар рӯи замин зиндагӣ карданро доранду ҳоло миллионҳо нафаранд, ғамхорӣ намоянд ва ба онҳо ғизои рӯҳонӣ диҳанд (Мат. 24:45–47; Ваҳй 7:9–15). Нашъунамои рӯҳонии имрӯзаи масеҳиёни ҳақиқӣ шаҳодати он аст, ки Яҳува ин сохторро баракат дода истодааст.

15 Ҳар яки мо бояд аз худ бипурсем: «Оё ман ба пуррагӣ дарк менамоям, ки дар ҷамъомади масеҳӣ бояд чӣ гуна масъулиятро ба ӯҳда гирам? Оё ман ҳокимияти Яҳуваро ба таври лозима дастгирӣ мекунам? Оё аз он ки ман яке аз тобеони Салтанати ҳукмрони Яҳува мебошам, фахр менамоям? Оё ман тайёрам, ки минбаъд низ то тавонистанам дар бораи Салтанати Худо мавъиза кунам?». Чун созмон мо бо омодагӣ мувофиқи дастуроти Ҳайати Роҳбарикунанда амал менамоем ва бо пирони дар ҷамъомад таъиншуда ҳамкорӣ мекунем. Бо ин роҳҳо мо нишон медиҳем, ки ҳокимияти Худоро эътироф менамоем. (Ибриён 13:17–ро бихонед.) Бо омодагӣ итоаткорӣ зоҳир карда, мо ба ягонагии бародарияти умумиҷаҳониамон — ягонагие, ки дар ин ҷаҳони номуросо ноёб аст — мусоидат мекунем. Итоаткорӣ ҳамчунин сулҳу адолатмандӣ меорад ва Яҳуваро ҷалол медиҳад. Ҳамаи ин шаҳодати он аст, ки ҳукмронии Худо дар ҳақиқат беҳтарин мебошад.

Ҳукмронии Яҳува ғалаба мекунад

16. Имрӯз ҳар шахс бояд кадом қарорро қабул кунад?

16 Саволҳои баҳсноки дар боғи Адан бардошташуда ба қарибӣ пурра ҳалл мешаванд. Ва он вақт босуръат наздик шуда истодааст. Аз ин рӯ, ҳоло барои одамон вақти қабул кардани қарор аст: ҳар шахс бояд интихоб кунад, ки ҳокимияти Яҳуваро қабул менамояд ё ҳокимияти инсониро. Мо ба одамони ҳалиму фурӯтан барои қабул кардани қарори дуруст кӯмак менамоем, ки ин бароямон имтиёз аст. Ба қарибӣ, дар Ҳармиҷидӯн, Яҳува ҳокимиятҳои инсониро, ки зери таъсири Шайтон қарор доранд, бо ҳокимияти худ ба таври абадӣ иваз хоҳад кард (Дон. 2:44; Ваҳй 16:16). Ҳокимияти инсонӣ хотима меёбад ва Салтанати Худо бар тамоми замин ҳукмронӣ мекунад. Ҳақ будани ҳокимияти Яҳува ба маънои том исбот мешавад. (Ваҳй 21:3–5-ро бихонед.)

17. Ба одамони ҳалиму фурӯтан чӣ кӯмак мекунад, ки дар мавриди ҳокимият қарори дуруст қабул намоянд ?

17 Онҳое ки ҳоло ба ҷонибдорӣ кардани ҳокимияти Яҳува шубҳа мекунанд, бояд бо дуо дар бораи баракатҳое, ки ҳокимияти Худо ба инсоният меорад, мулоҳиза намоянд. Ҳукмронии одамон ҷинояткорӣ, аз он ҷумла терроризмро бартараф карда натавонист. Ҳокимияти Худо бошад, ҳамаи бадкоронро нест хоҳад кард (Заб. 36:1, 2, 9). Ҳукмронии одамизод ба ҷангҳои беохир оварда расонд, аммо ҳукмронии Худо «ба ҷангҳо то ақсои замин хотима» хоҳад бахшид (Заб. 45:10). Он ҳатто байни одамон ва ҳайвонот сулҳро барқарор хоҳад кард! (Иш. 11:6–9). Қашшоқиву гуруснагӣ ҳамсафари ҳамешагии ҳукмронии инсонӣ буданд, вале ҳокимияти Худо ба онҳо хотима хоҳад бахшид (Иш. 65:21). Ҳатто аз ниятҳои нек ҳокимони инсонӣ беморӣ ва маргро нест карда натавонистанд, аммо зери ҳукмронии Худо пиронсолону беморон ба айёми ҷавонии худ баргашта, хурсандӣ хоҳанд кард (Айюб 33:25; Иш. 35:5, 6). Замин ба биҳишт мубаддал хоҳад гашт, ки дар он ҳатто мурдагон ба ҳаёт эҳё хоҳанд шуд (Луқ. 23:43, ТДН; Аъм. 24:15).

18. Чӣ тавр нишон диҳем, ки мо ба беҳтарин будани ҳукмронии Худо эътимод дорем?

18 Дар натиҷаи он ки нахустволидони мо зери таъсири Шайтон аз Офаридгори худ рӯй гардониданд, зарари калоне расид, лекин шубҳае нест, ки ҳукмронии Худо тамоми ин зарарро бартараф хоҳад кард. Фикр кунед: Шайтон тақрибан 6 000 сол боз зарар мерасонад, вале Худо тавассути Масеҳ тамоми он зарарро дар давоми 1 000 сол бартараф хоҳад кард! Чӣ далели раднопазири бартарӣ доштани ҳукмронии Худо! Чун Шоҳидони Худои худ мо Ӯро Ҳокими худ меҳисобем. Аз ин рӯ биёед, ҳар рӯзу ҳар соати ҳаёти худ нишон диҳем, ки мо Яҳуваро ибодат мекунем, тобеони Салтанати Худо ҳастем ва аз Шоҳидони Ӯ будан фахр менамоем. Биёед ҳар як имкониятро истифода бурда, ба касоне ки моро гӯш кардан мехоҳанд, дар бораи беҳтарин будани ҳукмронии Яҳува нақл кунем.

Дар бораи ҳукмронии Худо аз оятҳои зерин мо чӣ фаҳмидем:

• аз Такрори Шариат 7:7, 8?

• аз 1 Подшоҳон 8:9–18?

• аз Ибриён 13:17?

• аз Ваҳй 21:3–5?

[Саволҳо барои омӯзиш]