Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Одилон чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд

Одилон чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд

Одилон чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд

«Он гоҳ одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд» (МАТ. 13:43).

1. Бо истифодаи масалҳо Исо кадом ҷонибҳои гуногуни таълимот оиди Салтанатро фаҳмонд?

ИСОИ МАСЕҲ масалҳои зиёд меовард, то ҷонибҳои гуногуни таълимот оиди Салтанатро ба дигарон фаҳмонад. Ӯ «ба мардум бо масалҳо баён мекард ва бе масал ба онҳо сухан намегуфт» (Мат. 13:34). Дар масал оиди кишти тухми ҳақиқати Салтанат Исо нишон дод, ки хушхабарро қабул кардан ё накардани шахс аз ҳолати дили ӯ вобаста аст ва ҳамчунин қайд намуд, ки дар рушди рӯҳонии шахс Яҳува чӣ нақше мебозад (Марқ. 4:3–9, 26–29). Дар масали дигар Исо тасвир намуд, ки шумораи одамони хабари Салтанатро қабулмекарда бениҳоят меафзояд, ҳарчанд дар аввал ин на ҳамеша ба чашм аён аст (Мат. 13:31–33). Ғайр аз ин, дар як масали дигар ӯ нишон дод, ки на ҳама касоне, ки хабари Салтанатро қабул мекунанд, сазовори онанд, ки тобеони он Салтанат дониста шаванд (Мат. 13:47–50) *.

2. Дар масали Исо оиди гандум ва мастакҳо тухми некӯ рамзи чист?

2 Яке аз масалҳои Исо дар бораи ҷамъ кардани касонест, ки ҳамроҳаш салтанат меронанд. Ин масалро одатан «масал дар бораи гандум ва мастакҳо» меноманд ва он дар боби 13–уми Инҷили Матто навишта шудааст. Ҳарчанд дар дигар масал Исо фаҳмонд, ки ки тухми кошташуда — каломи Малакут» аст, дар ин масал ӯ шарҳ дод, ки тухми некӯ, чизи дигар — «писарони Малакут» мебошад (Мат. 13:19, 38). Онҳо тобеон не, балки «писарон», яъне ворисони Салтанатанд (Рум. 8:14–17; Ғалотиён 4:6, 7–ро бихонед).

Масал дар бораи гандум ва мастакҳо

3. Марде, ки дар борааш дар масал сухан меравад, бо чӣ гуна мушкилӣ дучор шуд ва ӯ онро чӣ тавр ҳал карданист?

3 Ана ин масал: «Малакути Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст; лекин вақте ки мардум дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум мастак пошид ва рафт; чун киштзор сабзид ва самараш ба назар намоён шуд, мастак ҳам пайдо шуд. Ғуломони соҳиби киштзор омада, гуфтанд: “Эй оғо! Оё дар киштзори худ тухми некӯ накоштаӣ? Пас мастак аз куҷо пайдо шуд?” Вай ба онҳо гуфт: “Ин кори душман аст”. Ғуломон ба вай гуфтанд: “Оё мехоҳӣ биравем ва онро чида гирем?” Вай гуфт: “Не, мабодо дар вақти чида гирифтани мастак гандумро ҳам аз реша биканед; бигзоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо ҳам нумӯ кунанд; ва дар мавсими дарав ба даравгарон хоҳам гуфт: аввал мастакро чида гиреду барои сӯзондан банд–банд кунед; лекин гандумро дар анбори ман захира кунед”» (Мат. 13:24–30).

4. а) Марде, ки дар борааш дар масал сухан меравад, кист? б) Кай ва чӣ тавр Исо ба коштани тухмӣ сар кард?

4 Марде, ки дар киштзори худ тухми некӯ мекорад, кист? Исо ба ин савол, баъдтар, ҳангоми ба шогирдонаш фаҳмонидани масал, ҷавоб дод. Ӯ гуфт: «Корандаи тухми некӯ Писари Одам аст» (Мат. 13:37). Исо, «Писари Одам», дар давоми сеюним соли хидмати заминиаш киштзорро ба кишти тухмӣ тайёр кард (Мат. 8:20; 25:31; 26:64). Сипас, аз «Иди рӯзи 50–ум»-и соли 33–юми даврони мо ӯ ба коштани тухми некӯ — «писарони Малакут» оғоз намуд. Фаҳмост, ки аз он вақт Исо, чун намояндаи Яҳува ба шогирдон фурӯ рехтани рӯҳулқудсро сар кард ва ҳамчунин онҳоро чун писарони Худо тадҳин менамуд (Аъм. 2:33) *. Аз тухмии некӯ гандум пухта расид. Хуллас, мақсад аз кишти тухми некӯ — ин бо мурури вақт ҷамъ кардани шумораи пурраи касонест, ки ҳамирсони Исо мегарданд ва ҳамроҳи ӯ дар Салтанаташ ҳукмронӣ мекунанд.

5. Дар масали Исо душман кист ва мастакҳо кистанд?

5 Душман кист ва мастакҳо кистанд? Исо гуфт, ки душман — ин Иблис аст ва мастакҳо — «писарони иблис мебошанд» (Мат. 13:25, 38, 39). Зери калимаи юноние, ки «мастак» тарҷума шудааст,— алафи бегонаи заҳролуде дар назар дошта шудааст, ки ба гандуми навраста хеле монанд мебошад. Чӣ ташбеҳи муносибест, барои тасвир намудани онҳое, ки худро писарони Салтанат меноманду самари ҳақиқӣ намеоранд! Ин масеҳиёни риёкор худро пайравони Масеҳ меҳисобанд, дар асл бошад, онҳо «насли» Шайтон Иблисанд (Ҳас. 3:15).

6. Мастакҳо кай пайдо шуданд ва ба кадом маъно мардум он вақт «дар хоб буданд»?

6 Ин масеҳиёни ба мастак ташбеҳдодашуда кай пайдо шуданд? «Вақте ки мардум дар хоб буданд»,— гуфт Исо (Мат. 13:25). Яъне кай? Ҷавобро ба ин савол мо дар суханоне, ки Павлуси расул ба пирони эфсӯсӣ гуфт, меёбем: «Ман медонам, ки баъд аз рафтани ман гургҳои дарранда ба миёни шумо хоҳанд омад, ки ба рама раҳме нахоҳанд кард; аз миёни худатон низ шахсоне пайдо хоҳанд шуд, ки суханони каҷ хоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд» (Аъм. 20:29, 30). Ӯ он пиронро гаштаву баргашта ташвиқ намуд, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёру бедор бошанд. Вале баъди ба хоби марг рафтани бисёри расулон, ки онҳо ба осият монеа мешуданд, бисёри масеҳиён аз ҷиҳати рӯҳонӣ хоб рафтанд. (2 Таслӯникиён 2:3, 6, 7−ро бихонед.) Маҳз ҳамон вақт осияти бузург сар шуд.

7. Оё баъзе хӯшаҳои гандум ба мастак мубаддал шуданд? Шарҳ диҳед.

7 Исо нагуфт, ки гандум ба мастак мубаддал мешавад, балки мастакҳо байни гандум кошта мешаванд. Аз ин рӯ, дар ин масал сухан дар бораи масеҳиёни ҳақиқатро тарккарда намеравад. Ин масал ба кӯшишҳои маккоронаи Шайтон, ки бо мақсади фасод кардани ҷамъомади масеҳӣ ба он одамони шарирро дохил мекунад, ишора менамояд. Дар давраи пирии расули охирин, Юҳанно, осият аллакай ба таври аён зоҳир шуда буд (2 Пет. 2:1–3; 1 Юҳ. 2:18).

«Бигзоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо ҳам нумӯ кунанд»

8, 9. а) Чаро амре, ки Оғо ба ғуломонаш дод, ба шунавандагони Исо фаҳмо буд? б) Чӣ тавр суханони «бигзоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо ҳам нумӯ кунанд» иҷро шуданд?

8 Ғуломон ба Оғои худ дар бораи мушкилии пайдошуда хабар доданд ва аз ӯ пурсиданд: «Оё мехоҳӣ биравем ва... [мастакҳоро] чида гирем?» (Мат. 13:27, 28). Ҷавоби Оғо шояд касро ҳайрон кунад. Ӯ гуфт, ки бигзор гандум ва мастакҳо то мавсими дарав якҷоя бисабзанд. Эҳтимол шогирдони Исо сабаби чунин амри Оғоро мефаҳмиданд. Онҳо медонистанд, ки гандумро аз мастакҳо фарқ кардан хеле душвор аст. Шахсони таҷрибаи деҳқонӣ дошта низ медонанд, ки одатан решаи мастак ба решаи гандум сахт мепечад *. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки чаро Оғо чунин амр дод!

9 Мисли ин, дар тӯли асрҳо равияҳои гуногуни ҷаҳони масеҳият — аввал Калисоҳои римӣ–католикӣ ва православӣ, баъдтар гурӯҳҳои зиёди протестантӣ — ҳосили зиёди мастакҳоро ба бор оварданд. Ҳамзамон дар киштзори умумиҷаҳонӣ миқдори ками тухми гандуми ҳақиқӣ кошта шуда буд. Соҳиби киштзор, аз масали Исо, дар давоми давраи дуру дарози пухта расидани гандум босаброна интизор мешуд, ки кай мавсими нисбатан кӯтоҳи дарав фаро мерасад.

Ниҳоят, мавсими дарав фаро расид

10, 11. а) Мавсими дарав кай фаро расид? б) Чӣ тавр гандуми рамзӣ дар анбори Яҳува захира карда мешавад?

10 Исо гуфт: «Мавсими дарав анҷоми олам [«анҷоми ин тартибот», ТДН] аст ва даравгарҳо фариштагонанд» (Мат. 13:39). Дар айёми охири ин тартиботи шарирона ҷудокунӣ ба амал омада истодааст: писарони Салтанат бояд ҷамъ кардаву аз ҳар гуна шахсони ба мастакҳо ташбеҳ додашуда ҷудо карда шаванд. Дар ин бора Петруси расул мегӯяд: «Вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?» (1 Пет. 4:17).

11 Чанде пас аз оғози охирзамон, яъне «анҷоми ин тартибот», доварӣ барои онҳое, ки худро масеҳиёни ҳақиқӣ меноманд, сар шуд; он бояд муайян мекард, ки онҳо дар ҳақиқат «писарони Малакут ҳастанд» ё «писарони иблис мебошанд». Дар оғози мавсими дарав, «аввал», Бобили бузург фурӯ ғалтид ва сипас, писарони Салтанат ҷамъ карда шуданд (Мат. 13:30). Лекин чӣ тавр гандуми рамзӣ ҳоло дар анбори Яҳува захира карда мешавад? Ин масеҳиёни дар вақти дарав ҷамъ кардашуда, ё узви ҷамъомади барқароршудаи масеҳӣ ҳастанд, ки он ҷо аз илтифоту муҳофизати Худо баҳраваранд ва ё мукофоти осмонии худро гирифтаанд.

12. Мавсими дарав чӣ қадар давом мекунад?

12 Доварӣ чӣ қадар давом мекунад? Ҳангоми дар бораи дарав сухан гуфтан Исо ибораи «вақти дарав»-ро истифода бурд. Пас дарав муддати муайяни вақт идома меёбад (Ваҳй 14:15, 16). Доварии тадҳиншудагон тӯли тамоми айёми охир давом мекунад — то даме ки ба нафари охирини онҳо мӯҳр гузошта шавад (Ваҳй 7:1–4).

13. Ба кадом маъно «мастакҳо» ба дигарон монеа мешаванд ва чӣ тавр онҳо бадкорӣ мекунанд?

13 Киҳо аз Салтанат бояд ҷамъ карда шаванд? Онҳо чӣ тавр ба дигарон «монеа» [ТДН] мешаванд ва бадкорӣ мекунанд? (Мат. 13:41). Сарварони ҷаҳони масеҳият, ки ба мастакҳо ташбеҳ дода мешаванд, дар тӯли асрҳо миллионҳо одамонро гумроҳ мекунанд. Чӣ тавр? — Бо таълим додани чизҳое, ки Худоро бадном мекунанд, масалан бо таълимоти ҷазои абадӣ дар дӯзахи оташин ё бо таълимоти нофаҳмову асроромези Сегона будани Худо. Ин гуна таълимот ба дигарон «монеа» мебошанд. Бисёри сарварони динӣ бо ин ҷаҳон дӯстии зинокорона доранд ва баъзан аз ҳад бешармона рафтор мекунанд ва бо ҳамаи ин ба рама намунаи бад нишон медиҳанд (Яъқ. 4:4). Ғайр аз ин, ҷаҳони масеҳият бадахлоқии аъзоёни калисоҳояшонро бештару бештар раво меҳисобанд (Яҳд. 4). Бо вуҷуди ҳамаи ин, онҳо кӯшиш мекунанд, ки зоҳиран диндору худотарс бимонанд. Чӣ қадар хушбахтанд писарони Салтанат, ки аз чунин таъсири шахсони ба мастакҳо ташбеҳ додашуда ва таълимоти фасодкунандае, ки монеа аст, дуранд!

14. Чаро одамони ба мастакҳо ташбеҳдодашуда гиря мекунанд ва дандонҳояшонро ғиҷиррос мезанонанд?

14 Чаро одамони ба мастакҳо ташбеҳдодашуда гиря мекунанд ва дандонҳояшонро ғиҷиррос мезанонанд? (Мат. 13:42). Ин нишон медиҳад, ки «писарони иблис» азоб мекашанд, зеро «писарони Малакут» ҳолати заҳролуди рӯҳонӣ, яъне таълимоту таъсироти фасодкунандаи онҳоро фош мекунанд. Боз як сабаби гиряву фиғон карданашон ин аст, ки онҳо дастгирии аъзоёни калисоҳояшонро торафт камта́р эҳсос мекунанд ва ҳокимияташонро бар рама гум карда истодаанд. (Ишаъё 65:13, 14–ро бихонед.)

15. Ба кадом маъно одамони ба мастакҳо ташбеҳдодашуда дар оташ сӯзонида мешаванд?

15 Ба кадом маъно мастакҳоро ҷамъ мекунанду дар оташ месӯзонанд? (Мат. 13:40). Ин ба оқибати ниҳоие, ки мастакҳоро интизор аст, ишора мекунад. Он ки мастакҳо ба маънои рамзӣ ба кӯраи оташ андохта мешаванд, нишон медиҳад, ки онҳоро ҳалокати абадӣ интизор аст (Ваҳй 20:14; 21:8). Масеҳиёни дурӯғини ба мастакҳо ташбеҳдодашуда, фиребгарон, дар «мусибати бузург» нест карда хоҳанд шуд (Мат. 24:21).

Онҳо «чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд»

16, 17. Малокӣ оиди маъбади Худо чиро пешгӯӣ кард ва чӣ тавр он пешгӯӣ ба иҷрошавӣ оғоз шуд?

16 Кай шахсони ба гандум ташбеҳдодашуда «чун офтоб дурахшон» мешаванд? (Мат. 13:43). Малокӣ дар бораи тоза шудани маъбади Худо пешгӯӣ мекард: «“Ногаҳон Худованд, ки шумо толиби Ӯ ҳастед, ба қасри Худ хоҳад омад, ва қосиди аҳд низ, ки шумо муштоқи Ӯ мебошед; инак, меояд”,— мегӯяд Худованди лашкарҳо.— “Ва кист, ки ба рӯзи омадани Ӯ тавонад тоб оварад? Ва кист, ки дар вақти зуҳури Ӯ тавонад истодагӣ намояд? Зеро ки Ӯ мисли оташи гудозанда ва мисли ишқори шустагарон хоҳад буд. Ва ҳамчун гудозанда ва тозакунандаи нуқра нишаста банӣ–Левиро тоза хоҳад кард, ва онҳоро мисли тилло ва нуқра гудохта, беғаш хоҳад гардонид, то ки ҳадияро барои Худованд аз сидқи дил пешкаш намоянд”» (Мал. 3:1–3).

17 Дар замони мо ин пешгӯӣ, аз афташ, соли 1918 ба иҷрошавӣ оғоз шуд. Он вақт Яҳува ҳамроҳи «қосиди аҳд», Исои Масеҳ, «қаср» яъне маъбади рӯҳониро тафтиш карданд. Баъди ба охир расидани ин тозакунӣ бояд чӣ мешуд? Малокӣ мегӯяд: «Шумо аз нав фарқи байни одил ва шарирро, байни касе ки ба Худо хизмат мекунад, ва касе ки ба Ӯ хизмат намекунад, хоҳед дид» (Мал. 3:18). Авҷ гирифтани фаъолияти масеҳиёни аз нав қувватгирифта нишон медиҳад, ки он вақт мавсими дарав оғоз ёфт.

18. Дар бораи рӯзҳои мо Дониёл чиро пешгӯӣ карда буд?

18 Дониёл–пайғамбар дар бораи рӯзҳои мо пешгӯӣ карда гуфт: «Хирадмандон мисли дурахши афлок хоҳанд дурахшид, ва онҳое ки бисёреро ба адолат ҳидоят намудаанд,— мисли ситорагон хоҳанд буд то абад» (Дон. 12:3). Касоне, ки ин қадар медурахшанд кистанд? — Онҳо масеҳиёни тадҳиншудаанд, гандуми ҳақиқиянд, ки Исо ба онҳо дар масали худ оиди гандум ва мастакҳо ишора карда буд. Шумораи афзудаистодаи анбӯҳи бузурги одамони ба гӯсфандон ташбеҳ додашуда ба таври равшан мебинанд, ки масеҳиёни дурӯғини ба мастакҳо ташбеҳ додашуда ҷамъ карда шуда истодаанд. Ба бақияи Исроили Худо ҳамроҳ шуда, ин тобеони ояндаи Салтанат мегузоранд, ки нури онҳо низ дар зулмоти ин ҷаҳон бидурахшад (Зак. 8:23; Мат. 5:14–16; Фил. 2:15).

19, 20. «Писарони Малакут» бо камоли умед чиро интизоранд ва дар мақолаи навбатӣ чиро муҳокима хоҳем кард?

19 Имрӯз «писарони Малакут» бо камоли умед мукофоти пурҷалоли осмониашонро интизоранд (Рум. 8:18, 19; 1 Қӯр. 15:53; Фил. 1:21–24). Аммо то фаро расидани он вақт онҳо бояд ба Худо содиқ бимонанд. Чӣ тавр? — Бо он ки минбаъд низ дар зулмоти ин ҷаҳон дурахшанду аз «писарони иблис» фарқ кунанд (Мат. 13:38; Ваҳй 2:10). Имрӯз ҳамаи мо натиҷаҳои ҷамъоварии рамзии мастакҳоро бо чашмони худ мебинем. Ва чӣ қадар хушбахтем, ки мо чунин имтиёз дорем!

20 Аммо байни ин писарони Салтанат ва шумораи торафт зиёд шудаистодаи анбӯҳи бузурги одамоне, ки умеди ҷовидона дар рӯи замин чун тобеони Салтанат зистанро доранд, чӣ гуна муносибатҳо вуҷуд доранд? Мақолаи навбатӣ ба ин савол ҷавоб хоҳад дод.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 1 Ин масалҳо дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15–уми июли с. 2008 (рус.), саҳифаҳои 12–21 муфассал муҳокима мешаванд.

^ сарх. 4 Дар ин масал кишт рамзи кори мавъиза ва шогирдсозӣ нест. Дар бораи тухмии некӯ, ки дар киштзор кошта шудаанд, Исо гуфт, ки онҳо «писарони Малакут ҳастанд», на ин ки «писарони Малакут хоҳанд шуд». Кишт кардан — ин тадҳин намудани писарони Салтанат дар киштзори умумиҷаҳонӣ аст.

^ сарх. 8 Решаи мастак ба решаи гандум чунон сахт мепечад, ки агар мастакро пеш аз дарави гандум решакан кунем, гандум низ мемирад. (Нигаред ба энсиклопедияи «Назари амиқ ба Навиштаҳои Муқаддас» (англ.) ҷилди I, саҳифаи 1178.)

Оё шумо дар хотир доред?

Фаҳмонед, ки дар масали Исо оиди гандум ва мастакҳо...

• тухми некӯ рамзи чист?

• коранда кист?

• кишти тухмӣ чӣ маъно дорад?

• душман кист?

• мастакҳо кистанд?

• мавсими дарав чист?

• дар анбор захира кардани гандум чӣ маъно дорад?

• гиря ва ғиҷирроси дандон чӣ маъно дорад?

• кӯраи оташ рамзи чист?

[Саволҳо барои омӯзиш]