Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Таъмид ба исми Падар, Писар ва рӯҳулқудс

Таъмид ба исми Падар, Писар ва рӯҳулқудс

Таъмид ба исми Падар, Писар ва рӯҳулқудс

«Пас, биравед ... шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед» (МАТ. 28:19).

1, 2. а) Дар «Иди рӯзи 50–ум»-и соли 33–юми даврони мо дар Ерусалим чӣ рӯй дод? б) Чӣ бисёриҳоро ба таъмидгирӣ барангехт?

ДАР «Иди рӯзи 50–ум»-и соли 33–юми даврони мо Ерусалим серодам ва пурғавғо буд. Ба ин иди муҳим аз мамлакатҳои гуногун одамони зиёд омада буданд. Дар вақти ид ҳодисаи ғайриоддие рӯй дод ва баъд аз он Петруси расул нутқе гуфт, ки он ба бисёриҳо сахт таъсир кард. Дар натиҷа тақрибан 3 000 яҳудиён ва касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, тавба карданд ва дар об таъмид гирифтанд. Ҳамин тавр онҳо ба ҷамъомади навташкили масеҳӣ ҳамроҳ шуданд (Аъм. 2:41). Дар кӯлу обанборҳои гирду атрофи Ерусалим таъмид гирифтани шумораи ин қадар зиёди одамон эҳтимол бисёриҳоро ба ошӯб андохта буд.

2 Чӣ одамонро ба таъмидгирӣ барангехт? Чанде пеш, дар ҳамон рӯз «ғулғулае, мисли садои тундбод, аз осмон баромад». Тақрибан 120 шогирди Исо, ки дар болохонаи яке аз хонаҳо ҷамъ омада буданд, аз рӯҳулқудс пур шуданд. Баъд аз ин мардону занони худотарсе, ки ба ҷашни ид ҷамъ омада буданд, аз шунидани он ки ин шогирдон «ба забонҳои дигар–дигар» ҳарф мезаданд, ба ҳайрат омаданд. Нутқи Петрус, аз он ҷумла суханони ба марги Исо дахлдоштаи ӯ ба бисёриҳо сахт таъсир намуданд. Онҳо бояд чӣ кор мекарданд? Петрус гуфт: «Тавба кунед, ва ҳар яке аз шумо ба исми Исои Масеҳ ... таъмид бигиред, ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед ёфт» (Аъм. 2:1–4, 36–38).

3. Дар «Иди рӯзи 50–ум» яҳудиён ва касони дини яҳудиро қабулкарда баъди тавба бояд чӣ кор мекарданд?

3 Дар бораи яҳудиён ва касони дини яҳудиро қабулкарда, ки Петрусро гӯш мекарданд, фикр кунед. Онҳо аллакай Яҳуваро Худои худ ҳисоб мекарданд. Онҳо аз Навиштаҳои Ибронӣ медонистанд, ки рӯҳулқудс қувваи фаъоли Худо аст, ки Ӯ онро ҳангоми офариниш ва баъд аз он истифода бурдааст (Ҳас. 1:2; Дов. 14:5, 6; 1 Подш. 10:6; Заб. 32:6). Лекин ин дониши онҳо кифоя набуд. Онҳо бояд мефаҳмиданд, ки воситаи наҷот аз ҷониби Худо — ин Масеҳ, Исо аст ва бояд ӯро қабул менамуданд. Аз ин рӯ, Петрус таъкид намуд, ки онҳо «ба исми Исои Масеҳ» таъмид гиранд. Чанд рӯз пеш аз ин, Исои эҳёшуда ба Петрус ва дигарон супориш дода буд, ки одамонро «ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид» диҳанд (Мат. 28:19, 20). Таъмид дар асри як аҳамияти калон дошт ва он то ба ҳол аҳамияташро гум накардааст. Маънои он чист?

Ба исми Падар

4. Дар муносибате, ки Яҳува ба одамон дошт чӣ дигаргуние ба амал омад?

4 Чӣ тавре ки дар боло қайд шуда буд, онҳое ки нутқи Петрусро мешуниданд, Яҳуваро ибодат менамуданд ва аллакай бо Ӯ муносибате доштанд. Онҳо мекӯшиданд, ки Қонуни Ӯро риоя намоянд ва маҳз барои ҳамин аз дигар мамлакатҳо ба Ерусалим омада буданд (Аъм. 2:5–11). Аммо Худо дар муносибате, ки бо одамон дошт, дигаргуние даровард. Худо яҳудиёнро, ки барояш халқи махсус буданд, рад кард; дигар онҳо бо риояи Қонун илтифоти Ӯро ба даст оварда наметавонистанд (Мат. 21:43; Қӯл. 2:14). Аз касоне, ки Петрусро гӯш мекарданд ва муносибаташонро бо Худо нигоҳ доштан мехостанд, чизи дигаре талаб карда мешуд.

5, 6. Дар асри як бисёри яҳудиён ва шахсони дини яҳудиро қабулкарда барои бо Худо муносибат доштан чӣ кор карданд?

5 Албатта ин маънои аз Яҳува, Ҳаётдиҳандаи худ, рӯй гардонданро надошт (Аъм. 4:24). Баръакс, касоне, ки нутқи Петрусро гӯш мекарданд, беш аз пеш дида метавонистанд, ки Яҳува Падари меҳрубон аст. Ӯ барои наҷоти онҳо Масеҳро фиристод ва ҳатто ба бахшидани касоне, ки ба куштори Исо муносибате доштанд, тайёр буд. Дар ҳақиқат, касоне, ки ба суханони Петрус гӯш доданд, акнун ҳатто сабабҳои бештаре доштанд, ки ба Падар миннатдор бошанд, зеро Ӯ барои ҳамаи онҳое ки бо Ӯ муносибат доштан мехостанд, корҳои бузург кардааст (Аъм. 2:30–36).

6 Бешубҳа, он яҳудиён ва шахсони дини яҳудиро қабулкарда акнун дида метавонистанд, ки агар онҳо Исоро чун воситаи наҷот эътироф накунанд, бо Яҳува муносибат дошта наметавонанд. Аз ин рӯ, онҳо дар гуноҳҳояшон тавба карданд, аз он ҷумла дар он ки дониста ё надониста ба касоне, ки Исоро куштанд, ҳамроҳ буданд. Ва инчунин онҳо рӯзҳои минбаъда «бо шунидани таълими ҳаввориён ... машғул буданд» (Аъм. 2:42). Онҳо метавонистанд ва мехостанд, ки «бо озодии сухан ба тахти меҳрубонии беҳамто» наздик шаванд (Ибр. 4:16, ТДН).

7. Чӣ тавр имрӯз бисёриҳо ақидаи худро нисбати Худо дигаргун месозанд ва ба номи Падар таъмид мегиранд?

7 Имрӯз миллионҳо одамони аслу насабашон гуногун дар бораи Яҳува аз Китоби Муқаддас ҳақиқатро фаҳмиданд (Иш. 2:2, 3). Баъзеи онҳо атеист ва деист * буданд, лекин ба вуҷудияти Офаридгор ва ба он ки бо Ӯ муносибати дӯстона доштан мумкин аст, боварӣ ҳосил намуданд. Дигарон худои сегона ё бутҳои гуногунро ибодат мекарданд. Онҳо фаҳмиданд, ки танҳо Яҳува — Худои абарқудрат аст ва акнун ба Ӯ бо номаш муроҷиат менамоянд. Ин ба суханони Исо дар бораи он ки шогирдонаш бояд ба исми Падар таъмид гиранд, мувофиқат мекунад.

8. Касоне, ки оиди гуноҳи Одам ҳақиқатро намедонистанд, дар бораи Падар бояд чиро мефаҳмиданд?

8 Он одамон ҳамчунин фаҳмиданд, ки аз Одам гуноҳро ба ирс бурдаанд (Рум. 5:12). Ин чизи наве буд, ки онҳо бояд онро чун ҳақиқат қабул мекарданд. Чунин шахсонро ба беморе, ки аз бемории худ бехабар мебошад, монанд кардан мумкин аст. Ӯро баъзе нишонаҳои беморӣ ба ташвиш меоварданд, масалан баъзан вай аз дардҳо азоб мекашид. Лекин азбаски вай аз бемории худ бехабар буд, ӯ фикр мекард, ки умуман саломатиаш хуб аст. Аммо дар асл чунин нест. (Бо 1 Қӯринтиён 4:4 қиёс кунед.) Фарз мекунем, ки бемории ӯро дуруст ташхис карданд. Оё дар ин сурат оқилона нест, ки ӯ тарзҳои табобати маъмул, санҷидашуда ва фоидабахши бемориашро ҷустуҷӯ карда, табобат гирад? Мисли ин, бисёриҳо ҳақиқатро дар бораи гуноҳи ба ирсбурдаашон фаҳмида, бо «ташхиси» Китоби Муқаддас розӣ шуданд ва дар бораи «табобат»–е, ки Худо пешкаш мекунад, фаҳмиданд. Бале, ҳамаи касоне, ки аз Падар бегонаанд, бояд ба Касе, ки онҳоро «табобат» карда метавонад, рӯй оваранд (Эфс. 4:17–19).

9. Барои он ки одамон бо Яҳува муносибат дошта тавонанд, Ӯ чӣ кор кард?

9 Агар шумо ҳаёти худро аллакай ба Яҳува Худо бахшида ва таъмид гирифта бошед, шумо медонед, ки муносибат бо Худо бениҳоят хурсандибахш аст. Акнун шумо метавонед муҳаббати Падаратон, Яҳуваро, қадр кунед. (Румиён 5:8–ро бихонед.) Ҳарчанд Одаму Ҳавво бар зидди Худо гуноҳ карданд, Ӯ ташаббускорона чора андешид, то насли онҳо, аз он ҷумла мо, бо Ӯ муносибатҳои наздик дошта тавонем. Ин амали Худо маънои онро дошт, ки Ӯ бояд ба азобу марги Писари маҳбубаш роҳ диҳад, дидани ин бошад, барояш хеле дардовар буд. Оё донистани ин кӯмак намекунад, ки мо ҳокимияти Худоро эътироф намоем ва аз муҳаббат ба Ӯ аҳкомашро риоя кунем? Агар то ба ҳол чунин накарда бошед, шумо сабабҳои зиёд доред, то ҳаёти худро ба Худо бахшед ва таъмид гиред.

Ба исми Писар

10, 11. а) Мо аз Исо чӣ қарздорем? б) Қурбонии фидияи Исо дар шумо чӣ эҳсосотеро бедор мекунад?

10 Боз як бори дигар дар бораи суханоне, ки Петрус ба анбӯҳи одамон гуфта буд, фикр кунед. Ӯ қайд намуд, ки Исоро эътироф намудан муҳим аст ва ин бошад, бевосита бо таъмид «ба исми ... Писар» алоқаманд мебошад. Чаро он вақт ин муҳим буд ва чаро ҳоло низ муҳим аст? Эътироф кардани Исо ва таъмид гирифтан ба исми ӯ маънои онро дорад, ки мо нақши ӯро дар муносибатҳои бо Офаридгор доштаамон эътироф мекунем. Исо бояд дар сутуни шиканҷа мемурд, то яҳудиёнро аз лаънати Шариат озод кунад, лекин марги вай аҳамияти бузургтаре дошт (Ғал. 3:13). Ӯ қурбонии фидияро, ки ба он тамоми инсоният эҳтиёҷ дошт, пешкаш кард (Эфс. 2:15, 16; Қӯл. 1:20; 1 Юҳ. 2:1, 2). Барои ин Исо ба беадолатӣ, таҳқир ва ранҷу азоб тоб оварда, дар охир мурд. Қурбонии ӯро шумо то чӣ андоза қадр мекунед? Тасаввур намоед, ки шумо писарбачаи 12–солаед ва дар киштии «Титаник» шино мекунед. (Ин киштӣ соли 1912 ба яхпора бархӯрда, ғарқ шуд.) Ҳангоми ғарқ шудани киштӣ шумо мекӯшед, ки ба заврақ шинед, лекин дар он барои шумо ҷое нест. Як марди дар заврақнишаста ҳамсарашро мебӯсад ва аз ҷояш хеста ба киштии ғарқшудаистода бармегардад ва шуморо гирифта ба ҷои худаш ба заврақ мешинонад. Шумо чӣ эҳсос мекунед? Бешубҳа, шумо аз ӯ хеле миннатдор мебудед. Пас шумо тасаввур карда метавонед, ки писарбачае, ки бо ӯ ин воқеа дар ҳақиқат рӯй дода буд, чӣ эҳсос мекард *. Лекин Исо барои шумо кори аз ин ҳам бештаре кардааст. Ӯ ҳаёташро қурбон кард, то шумо беохир зиндагӣ карда тавонед.

11 Вақте ки шумо фаҳмидед, ки Писари Худо бароятон чӣ кор кардааст, шумо чӣ эҳсос кардед? (2 Қӯринтиён 5:14, 15–ро бихонед.) Эҳтимол дили шумо аз миннатдорӣ лабрез шуд. Ва ин шуморо барангехт, ки ҳаёти худро ба Худо бахшед ва дигар на барои худатон, балки барои касе, ки баҳри шумо мурдааст, зиндагӣ кунед. Таъмид гирифтан ба исми Исо маънои онро дорад, ки шумо корҳоеро, ки Исо бароятон кард, эътироф мекунед ва ҳокимияти ӯро чун «Сарвари ҳаёт» қабул менамоед (Аъм. 3:15; 5:31). Пештар, шумо на муносибате бо Офаридгор доштед ва дар асл на умеди асосноке. Аммо ба туфайли имон ба хуни рехтаи Исои Масеҳ ва таъмид шумо акнун бо Падар муносибате доред (Эфс. 2:12, 13). «Шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед,— навиштааст Павлуси расул,— [Худо] ҳоло дар ҷисми башарии Ӯ [Исо] ба воситаи мамоти Ӯ оштӣ додааст, то ки шуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад» (Қӯл. 1:21, 22).

12, 13. а) Чӣ тавр таъмид ба исми Писар кӯмак мекунад, ки ҳангоми ранҷидан аз касе шумо дуруст рафтор кунед? б) Чун масеҳии ба исми Исо таъмидгирифта шумо чӣ масъулият доред?

12 Ҳарчанд шумо ба исми Писар таъмид гирифтед, шумо хуб медонед, ки ба гуноҳ майл доред. Ҳар рӯз инро дар хотир доштан хуб аст. Масалан, агар касе шуморо ранҷонад, оё шумо дар хотир доред, ки ҳар дуятон шахсони гунаҳкоред? Ҳар дуи шумо ба бахшиши Худо ниёз доред ва ҳардуятон бояд якдигарро бахшед (Марқ. 11:25). Ин фикрро таъкид намуда, Исо масале овард: Оғое қарзи ғуломашро, ки аз ӯ даҳ ҳазор талант (60 миллион динор) қарздор буд, бахшид. Ин ғулом бошад, баъдтар қарзи ғуломи дигарро, ки аз ӯ 100 динор қарздор буд, бахшидан нахост. Исо сипас қайд намуд, ки Яҳува шахсеро, ки бародарашро намебахшад, нахоҳад бахшид (Мат. 18:23–35). Бале, ба исми Писар таъмид гирифтан маънои онро дорад, ки мо ҳокимияти Исоро эътироф мекунем, барои ба намунаи ӯ пайравӣ намудану мувофиқи таълимоти ӯ зиндагӣ кардан, аз он ҷумла барои бо омодагӣ бахшидани дигарон, мекӯшем (1 Пет. 2:21; 1 Юҳ. 2:6).

13 Аз сабаби нокомилиамон мо комилан ба Исо пайравӣ карда наметавонем. Ба ҳар ҳол, мувофиқи ваъдаи ҳангоми бахшидани ҳаёти худ додаамон амал карда, мо мехоҳем ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ба намунаи Исо пайравӣ намоем. Ин маънои онро дорад, ки мо минбаъд низ барои аз худ дур кардани шахсияти кӯҳна ва дар бар кардани шахсияти нав кӯшиш мекунем. (Эфсӯсиён 4:20–24-ро бихонед.) Агар дӯстамонро эҳтиром кунем, мо эҳтимол мекӯшем, ки аз ӯ чизе ёд гирем ва хусусиятҳои некашро дар худ инкишоф диҳем. Мисли ин, мо мехоҳем аз Масеҳ таълим гирем ва ба ӯ пайравӣ намоем.

14. Чӣ тавр нишон дода метавонем, ки мо ҳокимияти Исоро чун Подшоҳи осмонӣ эътироф мекунем?

14 Боз бо як роҳи дигар нишон дода метавонед, ки шумо маънои таъмид ба исми Писарро мефаҳмед. Худо «ҳама чизро зери пойҳои Ӯ [Исо] тобеъ намуд, ва Ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо [«ҷамъомад», ТДН] дод» (Эфс. 1:22). Пас, шумо бояд ба тартиботе, ки Исо барои ҳидоят намудани касони ба Яҳува бахшидашуда муайян кардааст, эҳтиром зоҳир намоед. Масеҳ шахсони нокомил, хусусан мардони аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамол, пирони таъиншударо истифода мебарад. Онҳо «барои такмили муқаддасон ... ба бинои Бадани Масеҳ» таъин шудаанд (Эфс. 4:11, 12). Ҳатто агар шахси нокомил хато кунад ҳам, Исо чун Подшоҳи Салтанати осмонӣ метавонад ин масъаларо тавре ва вақте ҳал кунад, ки худаш муносиб донад. Оё шумо ба ин имон доред?

15. Агар шумо таъмид гирифтанӣ бошед, баъди таъмид чӣ гуна баракатҳоро интизор шуда метавонед?

15 Аммо баъзеҳо то ба ҳол ҳаёти худро ба Яҳува набахшидаанд ва таъмид нагирифтаанд. Агар шумо дар қатори чунин шахсон бошед, оё аз далелҳои дар болоовардашуда мебинед, ки эътироф намудани Писар — ин оқилона аст ва аз миннатдорӣ шаҳодат медиҳад? Таъмид ба исми Писар ба шумо баракатҳои зиёд меорад. (Юҳанно 10:9–11-ро бихонед.)

Ба исми рӯҳулқудс

16, 17. Таъмид гирифтан ба исми рӯҳулқудс барои шумо чӣ маъно дорад?

16 Ба исми рӯҳулқудс таъмид гирифтан чӣ маъно дорад? Чӣ тавре ки пештар қайд шуд, касоне, ки дар «Иди рӯзи 50–ум» нутқи Петрусро гӯш мекарданд, дар бораи рӯҳулқудс медонистанд. Онҳо он рӯз бо чашмони худ диданд, ки Худо то ба ҳол рӯҳулқудсашро истифода мебарад. Петрус яке аз онҳое буд, ки аз рӯҳулқудс пур шуда, ба забонҳои дигар ба сухан гуфтан шурӯъ кард (Аъм. 2:4, 8). Ибораи «ба исми» на ҳамеша маънои ба исми ягон шахсро дорад. Имрӯз баъзеҳо ба исми қонун қасам мехӯранд. Маълум аст, ки қонун шахсият нест. Қасам «ба исми қонун» нишон медиҳад, ки шахс қонунро ҳурмат мекунад. Мисли ин, таъмид ба исми рӯҳулқудс маънои онро дорад, ки шахси таъмидгиранда рӯҳулқудсро на чун шахсият, балки чун қувваи фаъоли Яҳува эътироф мекунад. Ҳамчунин шахси таъмидгиранда мефаҳмад, ки рӯҳулқудс дар нияти Худо нақши муҳим мебозад.

17 Ҳангоми омӯзиши Навиштаҳо шумо дар бораи рӯҳулқудс дониш гирифтед. Масалан, шумо фаҳмидед, ки Китоби Муқаддас зери таъсири рӯҳулқудс навишта шудааст (2 Тим. 3:16). Бо мурури вақт шумо аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд карда, эҳтимол хубтар фаҳмидед, ки Падари осмонӣ ба ҳамаи онҳое, ки аз Ӯ рӯҳулқудс металабанд, аз он ҷумла ба шумо, рӯҳулқудс медиҳад (Луқ. 11:13). Шояд шумо таъсири рӯҳулқудсро дар ҳаёти худ эҳсос карда бошед. Пас агар ҳоло шумо ба исми рӯҳулқудс таъмид гирифтанӣ бошед, суханони Исо дар бораи он ки Падар рӯҳулқудс медиҳад, шуморо эътимод мебахшанд, ки баъди таъмид дар баробари рӯҳулқудс шумо баракатҳои зиёд низ мегиред.

18. Касонеро, ки ба исми рӯҳулқудс таъмид мегиранд, чӣ гуна баракатҳо эҳсос мекунад?

18 Бешубҳа имрӯз низ Яҳува тавассути рӯҳулқудсаш ҷамъомади масеҳиро ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунад. Ҳамчунин ин рӯҳ ба ҳар яки мо дар корҳои ҳаррӯзаамон кӯмак менамояд. Таъмид ба исми рӯҳулқудс маънои онро дорад, ки мо нақши онро дар ҳаёти худ эътироф мекунем ва хурсандона бо он ҳамкорӣ менамоем. Лекин касе шояд фикр кунад: «Чӣ тавр ман мувофиқи ваъдае, ки ҳангоми бахшидани ҳаёти худ ба Яҳува дода будам, зиндагӣ карда метавонам ва чӣ тавр рӯҳулқудс дар ин кор ба ман кӯмак мекунад?» Инро дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳем кард.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 7 Мувофиқи ақидаи деистон Худо вуҷуд дорад, вале Ӯ ба офаридаҳояш таваҷҷӯҳ намекунад.

^ сарх. 10 Ба «Бедор шавед!» аз 22–юми октябри соли 1981, саҳифаҳои 3–8 (англ.) нигаред.

Оё дар хотир доред?

• Таъмид ба исми Падар барои шумо чӣ маъно дорад?

• Таъмид ба исми Писар чӣ маъно дорад?

• Чӣ тавр шумо нишон дода метавонед, ки маънои таъмид ба исми Падар ва ба исми Писарро мефаҳмед?

• Таъмид ба исми рӯҳулқудс чӣ маъно дорад?

[Саволҳо барои омӯзиш]