Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба Худо содиқ бимонед — бар тибқи рӯҳ рафтор кунед

Ба Худо содиқ бимонед — бар тибқи рӯҳ рафтор кунед

Ба Худо содиқ бимонед — бар тибқи рӯҳ рафтор кунед

«Бар тибқи Рӯҳ рафтор кунед ва шумо, ҳавасҳои ҷисмро ба амал нахоҳед овард» (ҒАЛ. 5:16).

1. Дар «Иди рӯзи 50–ум»-и соли 33-юми даврони мо кадом намудҳои таъмид ҷой доштанд?

ДАР «Иди рӯзи 50–ум»-и соли 33 д. мо пайравони Исо ба забонҳои гуногун сухан гуфтанд. Ин баъди бо рӯҳулқудс таъмид ёфтани онҳо рӯй дод ва чунин қобилияти онҳо бахшоиши мӯъҷизавии рӯҳулқудс буд (1 Қӯр. 12:4–10). Ин бахшоиш ва нутқи Петруси расул ба бисёриҳо сахт таъсир намуд: онҳо тавба карданд ва таъмид гирифтанд. Дар бораи ин воқеаи таърихӣ Китоби Муқаддас мегӯяд: «Онҳое ки каломи ӯро бо рағбат қабул карданд, таъмид гирифтанд ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд» (Аъм. 2:22, 36–41). Чӣ хеле ки Исо амр дода буд, онҳо бояд ба исми Падар, Писар ва рӯҳулқудс дар об таъмид мегирифтанд (Мат. 28:19).

2, 3. а) Фарқи байни таъмид бо рӯҳулқудс ва таъмид ба исми рӯҳулқудсро фаҳмонед. б) Чаро ҳамаи онҳое, ки масеҳиёни ҳақиқӣ шудан мехоҳанд, бояд дар об таъмид гиранд?

2 Аммо оё байни таъмид бо рӯҳулқудс ва таъмид ба исми рӯҳулқудс фарқияте ҳаст? Бале, ҳаст. Онҳое, ки бо рӯҳулқудс таъмид мегиранд, аз олами боло таваллуд меёбанд ва писарони бо рӯҳ тавлидёфтаи Худо мегарданд (Юҳ. 3:3). Онҳо тадҳин карда мешаванд, то дар оянда дар Салтанати осмонӣ ҳамроҳи Масеҳ подшоҳӣ кунанд ва зери сарварии ӯ чун коҳинон хидмат намоянд; онҳо қисми бадани рӯҳонии Масеҳ мебошанд (1 Қӯр. 12:13; Ғал. 3:27; Ваҳй 20:6). Маҳз ин гуна таъмид, яъне таъмид бо рӯҳулқудсро, Яҳува дар «Иди рӯзи 50-ум» ва пас аз он, ҳангоми интихоб намудани ҳамирсони Масеҳ ба амал оварда буд (Рум. 8:15–17). Лекин дар бораи таъмид дар об ба исми рӯҳулқудс, ки имрӯз дар анҷуманҳои халқи Яҳува гузаронида мешавад, чӣ гуфтан мумкин аст?

3 Таъмид дар об — ин қадамест, ки масеҳиёни ҳақиқӣ чун рамзи ба Яҳува Худо пурра бахшидани ҳаёти худ мегузоранд. Ин қадам ҳам ба масеҳиёни даъвати осмонидошта ва ҳам ба миллионҳо мардону заноне, ки имрӯз умеди ҷовидона дар рӯи замин зистанро доранд, муҳим аст. Қатъи назар аз он ки шахс чӣ гуна умед дорад, дар об ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид гирифтани ӯ — қадами ҳатмиест, ки вай бояд барои писанд омадан ба Худо гузорад. Ҳамаи масеҳиёне, ки бо ин роҳ таъмид мегиранд, бояд «бар тибқи Рӯҳ рафтор» намоянд. (Ғалотиён 5:16–ро бихонед.) Оё шумо бар тибқи рӯҳ рафтор мекунед ва мувофиқи ваъдае, ки ҳангоми бахшидани ҳаёти худ ба Худо дода будед, зиндагӣ менамоед?

Бар тибқи рӯҳ рафтор кардан чӣ маъно дорад

4. Бар тибқи рӯҳ рафтор кардан чӣ маъно дорад?

4 Барои «бар тибқи Рӯҳ рафтор» кардан мо бояд гузорем, ки рӯҳулқудси Худо ба мо таъсир кунад. Бо ибораи дигар, мо бояд дар ҳаёти ҳаррӯзаамон мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал намоем. Боби панҷуми Ғалотиён нишон медиҳад, ки зери таъсири рӯҳулқудс будан ва зери таъсири хоҳишҳои ҷисм қарор доштан чӣ маъно дорад. (Ғалотиён 5:17, 18–ро бихонед.)

5. Шахсе, ки зери таъсири рӯҳулқудс қарор дорад, аз кадом корҳо худдорӣ мекунад?

5 Агар кас зери таъсири рӯҳулқудс қарор дошта бошад, ӯ мекӯшад, то аз корҳои ҷисм худдорӣ кунад. Ба онҳо чунин корҳо ба мисли «фисқ, зино, нопокӣ, фуҷур, бутпарастӣ, ҷодугарӣ, адоват, хархаша, ҳасад, хашм, ҷидол, ихтилофот, бидъатҳо, нафрат, қатлҳо, бадмастӣ, бетартибӣ» дохил мешаванд (Ғал. 5:19–21). Ба маъное, шахс гӯё «аъмоли ҷисмониро ба воситаи Рӯҳ» мекушад (Рум. 8:5, 13). Ин кӯмак мекунад, ки ӯ диққаташро ба чизҳои рӯҳонӣ равона карда, мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал намояд ва нагузорад, ки хоҳишҳои ҷисм вайро идора кунанд.

6. Бо мисоле нишон диҳед, ки барои зоҳир кардани самари рӯҳ чӣ лозим аст.

6 Зери таъсири рӯҳулқудс мо хусусиятҳои ба Худо писанд, хусусиятҳои «самари Рӯҳ»-ро зоҳир мекунем (Ғал. 5:22, 23). Вале мо мефаҳмем, ки барои ин худи мо низ бояд саъю кӯшиш кунем. Фарз мекунем, ки деҳқон заминро киштукор мекунад. Албатта барои рӯёнидани ҳосил нури офтоб ва об муҳиманд ва бе онҳо ӯ ҳеҷ гуна ҳосил гирифта наметавонад. Рӯҳулқудс мисли нури офтоб аст. Рӯҳулқудс ба мо барои зоҳир кардани самари рӯҳ муҳим мебошад. Лекин бе меҳнати пурмашаққати деҳқон замин ҳосиле намедиҳад (Мас. 10:4). Бале, аз он ки мо чӣ гуна «замин»–и дили худро «нигоҳубин» мекунем, миқдору сифати самаре, ки рӯҳулқудс дар мо ба вуҷуд меорад, вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд аз худ бипурсем: «Оё ман мегузорам, ки рӯҳулқудс дар ман самари худро ба вуҷуд орад ва ман ҳам барои ин аз тарафи худ кӯшиш мекунам?».

7. Чаро барои инкишоф додани самари рӯҳулқудс омӯзиш ва мулоҳиза ин қадар муҳиманд?

7 Барои рӯёнидани ҳосили хуб деҳқон ҳамчунин бояд тухмиҳои коштаашро об диҳад. Мо ҳам барои инкишоф додани самари рӯҳ ба оби ҳақиқат ниёз дорем, ки он дар Китоби Муқаддас мебошаду имрӯз тавассути ҷамъомади масеҳӣ дастрас аст (Иш. 55:1). Эҳтимол шумо ба бисёриҳо мефаҳмонед, ки Навиштаҳои Муқаддас зери таъсири рӯҳулқудс навишта шудаанд (2 Тим. 3:16). Ҳамчунин синфи ғуломи мӯътамад ва доно фаҳмиши лозимаи обҳои тозаи ҳақиқати Китоби Муқаддасро ба мо пешкаш мекунад (Мат. 24:45–47). Хуллас, барои он ки ба мо рӯҳулқудс таъсир кунад, мо бояд Каломи Худоро хонем ва дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза кунем. Ҳамин тавр, мо ба намунаи хуби пайғамбароне, ки маълумоти дар замонашон дастрасбударо бодиққат тафтиш ва тадқиқ мекарданд, пайравӣ мекунем. Ҷолиби диққат аст, ки ҳатто фариштагон ба ҳақиқатҳои рӯҳонӣ дар бораи Насли ваъдашуда ва ҷамъомади масеҳиёни тадҳиншуда таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир мекарданд. (1 Петрус 1:10–12-ро бихонед.)

Рӯҳулқудс чӣ гуна таъсир мекунад

8. Чаро аз Яҳува рӯҳулқудс пурсидан муҳим аст?

8 Танҳо омӯзиши Навиштаҳо ва мулоҳиза оиди онҳо кифоя нест. Мо бояд ҳамеша аз Яҳува кӯмак ва роҳнамоӣ пурсем. Ӯ «қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад» (Эфс. 3:20; Луқ. 11:13). Аммо шумо чӣ гуна ҷавоб хоҳед дод, агар касе бипурсад: «Барои чӣ ман бояд аз Худо рӯҳулқудс пурсиданро давом диҳам, охир Ӯ эҳтиёҷоти маро пеш аз он ки талаб кунам, аллакай медонад?» (Мат. 6:8). Пеш аз ҳама, бо он ки мо аз Яҳува рӯҳулқудс мепурсем, мо нишон медиҳем, ки ба Ӯ такя мекунем. Масалан, агар касе аз шумо кӯмак пурсад, шумо ҳар кори аз дастатон меомадаро мекунед, ақаллан ба хотири он ки ӯ аз шумо кӯмак пурсид ва бо ин ба шумо умедвор буданашро нишон дод. (Бо Масалҳо 3:27 муқоиса кунед.) Мисли ин, агар шумо аз Яҳува рӯҳулқудс пурсед Ӯ хурсанд мешавад ва онро ба шумо медиҳад (Мас. 15:8).

9. Чӣ тавр ташрифорӣ ба вохӯриҳои масеҳӣ кӯмак карда метавонад, ки зери таъсири рӯҳулқудси Худо қарор гирем?

9 Шумо хуб медонед, ки роҳи дигари зери таъсири рӯҳулқудси Худо қарор доштан — ин ба вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо ташриф овардан аст. Саъю кӯшиш барои ташрифорӣ ба вохӯриҳо ва бодиққат гӯш кардани барнома хеле муҳим аст. Ин ба мо барои фаҳмидани «умқҳои Худо», яъне хиради Худо, кӯмак мекунад (1 Қӯр. 2:10). Ҳамчунин дар вохӯриҳо мунтазам додани шарҳҳо муфид аст. Дар бораи вохӯриҳое, ки таи чор ҳафтаи охир ба онҳо ташриф оварда будед, фикр кунед. Чанд маротиба шумо барои шарҳ додан даст бардошта, бо ин роҳ имони худро зоҳир кардед? Оё мебинед, ки ба шумо дар ин ҷода беҳтар шудан лозим аст? Агар ҳа, пешакӣ муайян кунед, ки ҳафтаҳои минбаъда чӣ гуна амал хоҳед кард. Яҳува омодагии шуморо дар ин ҷода мебинад ва ба шумо рӯҳулқудсашро ато мекунад, то бо кӯмаки он шумо аз барномаи вохӯриҳо фоидаи бештаре гиред.

10. Кадом даъватро ба дигарон расонида, мо бар тибқи рӯҳ рафтор мекунем?

10 Бар тибқи рӯҳ рафтор кардан ҳамчунин маънои онро дорад, ки мо даъвати дар Ваҳй 22:17 навишташударо қабул мекунем. Ин даъват чунин садо медиҳад: «Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: “Биё!” Ва ҳар кӣ мешунавад, бигӯяд: “Биё!” Бигзор ташна биёяд, ва ҳар кӣ бихоҳад, оби ҳаётро муфт бигирад». Рӯҳ ё рӯҳулқудс, ки тавассути синфи тадҳиншудаи арӯс амал мекунад, даъвати бо оби ҳаёт алоқамандро ба дигарон мерасонад. Агар шумо ин даъватро қабул карда бошед, оё дар навбати худ азм намудед, ки онро ба дигарон расонед? Иштирок дар ин кори наҷотбахш дар ҳақиқат имтиёз аст!

11, 12. Рӯҳулқудс дар кори мавъиза чӣ нақше мебозад?

11 Ин кори муҳим имрӯз зери ҳидояти рӯҳулқудс иҷро шуда истодааст. Дар Китоби Муқаддас мо мехонем, ки чӣ тавр дар асри як тавассути рӯҳулқудс маҳалҳои нав барои мавъизаи миссионерон муайян мешуданд. Рӯҳулқудс Павлуси расул ва ҳамроҳони ӯро «нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза намоянд»; он ҳамчунин иҷозат надод, ки онҳо ба Битуния раванд. Мо аниқ намедонем, ки чӣ тавр рӯҳулқудс барои рафтан ба он ҷойҳо ба онҳо монеа шуд, лекин равшан аст, ки рӯҳулқудс Павлусро ба «киштзори васеи» Аврупо равона кард. Ӯ рӯъёе дид, ки дар он марди мақдунӣ бо зориву илтиҷо аз вай кӯмак мепурсид (Аъм. 16:6–10).

12 Имрӯз низ рӯҳулқудси Яҳува кори умумиҷаҳонии мавъизаро идора мекунад. Барои ин Яҳува рӯъёҳои ғайриоддиро истифода намебарад, лекин тавассути рӯҳулқудс масеҳиёни тадҳиншударо ҳидоят менамояд. Ҳамчунин рӯҳулқудс бародарону хоҳаронро бармеангезад, ки дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ ҳар кори аз дасташон меомадаро кунанд. Шумо, бешубҳа, дар ин кори муҳим иштирок мекунед. Оё метавонед аз иштирок дар ин кор хурсандии бештар гиред?

13. Чӣ тавр мо мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал карда метавонем? Бо мисоле нишон диҳед.

13 Шумо мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудс амал мекунед, агар маълумотеро, ки ба халқи Худо дода мешавад, истифода баред. Мисоли Миҳоко, як хоҳари ҷавонро аз Ҷопон дида мебароем. Вақте ки вай пешрав шуд, ӯ эҳсос мекард, ки барои кардани боздидҳо маҳораташ намерасад. Ҳамчунин ба назараш вай гӯё намедонист, ки чӣ тавр рағбати соҳибхонаро бедор кунад. Тахминан ҳамон вақт дар «Хидмат ба Салтанати Худо» барои кардани боздидҳои кӯтоҳ маслиҳатҳои амалӣ чоп шуданд. Ҳамчунин брошураи «Чӣ тавр дар ҳаёт қаноатмандӣ ба даст орем?» нашр шуд. Он хусусан барои хидмат дар Ҷопон муфид буд. Миҳоко маслиҳатҳоеро, ки доир ба истифодаи брошура, хусусан доир ба он ки чӣ тавр бо ёрии ин нашрия боздидҳои кӯтоҳ кардан мумкин аст, истифода бурд. Дере нагузашта ӯ бо чанде аз онҳое, ки пештар Китоби Муқаддасро омӯхтан намехостанд, омӯзиш сар кард. Миҳоко мегӯяд: «Ман бо чунон одамони бисёр омӯзиш мегузарондам, — замоне ҳатто бо 12 нафар, — ки маҷбур шудам аз баъзеҳо хоҳиш кунам, ки муддате интизор шаванд!». Дар ҳақиқат, вақте ки шумо бар тибқи рӯҳ рафтор карда, мувофиқи дастуроти ба ходимони Яҳува додашуда амал мекунед, шумо «ҳосили фаровон» ҷамъ хоҳед кард.

Ба рӯҳулқудси Худо такя кунед

14, 15. а) Чӣ тавр одамони нокомил мувофиқи ваъдаи ба Худо додаашон зиндагӣ карда метавонанд? б) Чӣ тавр шумо дӯстони беҳтарин пайдо карда метавонед?

14 Чун ходими таъиншуда шумо бояд супориши худро иҷро намоед (Рум. 10:14). Шояд шумо эҳсос кунед, ки барои иҷрои он қобилият ва лаёқататон намерасад. Лекин чун дар мавриди тадҳиншудагон лаёқатмандии шумо аз Худо аст. (2 Қӯринтиён 3:5–ро бихонед.) Агар шумо ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед ва ба рӯҳулқудси Худо такя намоед, шумо метавонед мувофиқи ваъдае, ки ҳангоми бахшидани ҳаёти худ ба Худо дода будед, зиндагӣ кунед.

15 Рост аст, ки ба мо, одамони нокомил, мувофиқи ваъдаи ба Яҳува, Худои комил, додаамон зиндагӣ кардан осон нест. Масалан, касоне, ки шумо бо онҳо замоне муошират мекардед, шояд аз роҳи интихобкардаи шумо ҳайрон шаванд ва дар «дар ҳаққи шумо бадгӯӣ» кунанд» (1 Пет. 4:4). Лекин фаромӯш накунед, ки шумо дӯстони нав пайдо кардед, ва аз ҳама муҳимаш шумо бо Яҳува ва Исои Масеҳ дӯст шудед. (Яъқуб 2:21–23-ро бихонед.) Ҳамчунин бо бародарону хоҳарони ҷамъомадатон, ки онҳо қисми бародарияти умумиҷаҳонианд, шинос шудан муҳим аст (1 Пет. 2:17; Мас. 17:17). Бо кӯмаки рӯҳулқудси Яҳува шумо дӯстоне пайдо хоҳед кард, ки онҳо ба шумо ҳамеша таъсири мусбат мерасонанд.

16. Чаро мо мисли Павлус аз заифиҳо «дилшод» шуда метавонем?

16 Ҳатто дар иҳотаи дӯстони ғамхори масеҳӣ ба шумо шояд ба мушкилиҳои ҳаёти ҳаррӯза тоб овардан душвор бошад. Аз сабаби мушкилиҳое, ки бо он мубориза мебаред, шояд шумо баъзан чӣ кор карданатонро надонед ва ҳаёт ба назаратон силсилаи беохири мушкилиҳо тобад. Маҳз дар чунин ҳолатҳо ба Яҳува муроҷиат карда, аз Ӯ рӯҳулқудс пурсидан лозим аст. «Дар ҳолати заъф боқувватам»,— навиштааст Павлуси расул. (2 Қӯринтиён 4:7–9; 12:10-ро бихонед.) Павлус медонист, ки ҳар чиро ки одам аз сабаби заифиаш карда натавонад, рӯҳулқудси Худо мекунад. Ҳамин тавр, ҳар гоҳе ки шумо худро заиф ва ба кӯмак мӯҳтоҷ эҳсос мекунед, нерӯи фаъоли Худо метавонад шуморо қувват бахшад. Павлус навишт: «Аз заъфҳо ... дилшодам». Дар ҳолати заифӣ ӯ таъсири рӯҳулқудси Худоро дар худ эҳсос мекард. Шумо ҳам инро эҳсос карда метавонед! (Рум. 15:13).

17. Чӣ тавр рӯҳулқудс метавонад шуморо ба самти дуруст равона кунад?

17 Барои он ки мувофиқи ваъдаи ба Худо додаамон зиндагӣ карда тавонем, мо ба рӯҳулқудси Худо ниёз дорем. Чӣ тавр он кӯмак мекунад, ки мо ба мақсади худ — ҷовидона ба Худо хидмат кардан расем? Тасаввур кунед, ки шумо дар заврақи бодбондор шино мекунед ва мақсади шумо сиҳату саломат ба манзил расидан аст. Барои ин шумо бояд самти вазиши бодеро, ки сӯи манзилатон мевазад, муайян кунед ва бодбонҳоятонро ба он равона намоед. Рӯҳулқудсро ба чунин боди мувофиқ монанд кардан мумкин аст. Ғайр аз ин, «бодҳои дигар», рӯҳ ё рӯҳияи ҷаҳони Шайтон, метавонанд ба шумо халал расонанд ва «заврақи» шуморо ба ҳар тараф ҳаво диҳанд (1 Қӯр. 2:12). Пас, вазифаи шумо ҳамин аст, ки самти вазиши боди мувофиқ, яъне рӯҳулқудсро муайян кунед ва ба он бодбонҳоятонро равона намоед. Тавассути Каломи Худо ва созмони Ӯ рӯҳулқудс шуморо ба самти дуруст равона мекунад.

18. Шумо ба кардани кадом кор азм намудед ва чаро?

18 Фарз мекунем, ки шумо бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддас меомӯзед ва ба шумо муоширати рӯҳонӣ бо онҳо маъқул аст, вале шумо то ба ҳол ҳаётатонро ба Худо набахшидед ва таъмид нагирифтед. Аз худ бипурсед: «Чӣ ба ман барои гузоштани ин қадамҳои муҳим халал мерасонад?». Агар шумо нақшеро, ки рӯҳулқудс имрӯз дар иҷрошавии иродаи Яҳува мебозад, фаҳмеду онро қадр кунед, барои гузоштани қадамҳое, ки дар дурустиашон боварӣ ҳосил кардед, чора андешед. Яҳува шуморо ба таври фаровон баракат хоҳад дод. Ӯ саховатмандона ба шумо рӯҳулқудс ато хоҳад кард. Агар шумо солҳои зиёд инҷониб чун ходими таъмидёфта хидмат кунед, пас шумо, бешубҳа, таъсири рӯҳулқудсро дар ҳаёти худ эҳсос кардед. Шумо худатон дидед ва ҳис кардед, ки чӣ тавр Худо бо рӯҳулқудсаш шуморо дастгирӣ мекунад. Ва Ӯ минбаъд низ чунин карда метавонад — ҳатто то абад. Аз ин рӯ, азм намоед, ки ҳамеша бар тибқи рӯҳ рафтор мекунед.

Оё шумо дар хотир доред?

• «Бар тибқи Рӯҳ рафтор» кардан чӣ маъно дорад?

• Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки «бар тибқи Рӯҳ рафтор» намоед?

• Чӣ тавр шумо мувофиқи ваъдае, ки ҳангоми бахшидани ҳаёти худ ба Худо дода будед, зиндагӣ карда метавонед?

[Саволҳо барои омӯзиш]