Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр Исо ҳақ будани ҳокимияти Худоро тасдиқ кард

Чӣ тавр Исо ҳақ будани ҳокимияти Худоро тасдиқ кард

Чӣ тавр Исо ҳақ будани ҳокимияти Худоро тасдиқ кард

«Ӯро [Масеҳро] Худо пешниҳод кард, то ки дар Хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ» (РУМ. 3:25).

1, 2. а) Дар барои ҳолате, ки инсоният дар он қарор дорад, Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд? б) Кадом саволҳо дар ин мақола муҳокима хоҳанд шуд?

ИСЁНИ дар боғи Адан рӯйдодаро, ки дар борааш Китоби Муқаддас нақл мекунад, мо хуб медонем. Ҳамаи мо оқибатҳои гуноҳи Одамро эҳсос мекунем. Дар ин бора дар Румиён 5:12 навишта шудааст: «Ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд». Чӣ қадаре ки барои дуруст рафтор кардан кӯшиш накунем ҳам, мо хато мекунем ва аз ин рӯ ба бахшиши Худо ниёз дорем. Ҳатто Павлуси расул афсӯс мехӯрд: «Кори неке ки мехоҳам, намекунам, лекин кори баде ки намехоҳам, мекунам. Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам!» (Рум. 7:19, 24).

2 Азбаски ҳар инсон зотан шахси гунаҳкор аст, чунин саволҳои муҳим ба миён меоянд: Чӣ тавр Исои носирӣ бегуноҳ таваллуд шуда метавонист ва чаро ӯ таъмид гирифт? Чӣ тавр тарзи ҳаёти Исо ҳақ будани ҳокимияти Яҳуваро тасдиқ кард ва Ӯро ҷалол дод? Ва аз ҳама муҳимаш, ба туфайли марги Масеҳ чӣ имконпазир гашт?

Ҳақ будани ҳокимияти Худо зери шубҳа гузошта мешавад

3. Чӣ тавр Шайтон Ҳавворо фиреб дод?

3 Нахустволидонамон, Одаму Ҳавво, беақлона ҳокимияти Худоро рад карданд ва зери ҳокимияти «мори қадимӣ», «иблис ва шайтон», қарор доштанро беҳтар донистанд (Ваҳй 12:9). Биёед бубинем, ки чӣ тавр ин воқеа рӯй дод. Шайтон ҳақ будани тарзи ҳукмронии Яҳува Худоро зери шубҳа гузошт. Ӯ аз Ҳавво пурсид: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?». Ҳавво дар ҷавоб аҳкоми аниқи Худоро такрор карда, гуфт, ки танҳо ба як дарахти муайян расидан мумкин нест, зеро дар акси ҳол онҳо хоҳанд мурд. Он гоҳ Шайтон Худоро дар дурӯғгӯӣ айбдор кард: «Не, нахоҳед мурд»,— гуфт Иблис. Вай Ҳавворо бовар кунонданӣ буд, ки Худо аз онҳо як чизи хуберо пинҳон мекунад ва агар онҳо онро хӯранд, мисли Худо хоҳанд шуд ва озод хоҳанд гашт, яъне чӣ будани некиву бадиро худашон муайян хоҳанд кард (Ҳас. 3:1–5).

4. Чӣ тавр инсоният зери ҳокимияти Шайтон, ки он ба ҳокимияти Худо зид аст, қарор гирифт?

4 Дар асл, Шайтон бо он суханонаш гуфтанӣ буд, ки одамон хушбахттар мешаванд, агар роҳи мустақилият аз Худоро пеш гиранд. Одам ба ҷои он ки ҳокимияти одилонаи Худоро дастгирӣ кунад, ба гапи занаш гӯш кард ва ба ӯ пайравӣ намуда, аз меваи дарахти манъшуда хӯрд. Ҳамин тавр Одам мавқеи одилонаашро назди Худо гум кард ва моро зери азобу мушкилиҳои бо гуноҳу марг алоқаманд қарор дод. Ҳамзамон инсоният зери ҳокимияти Шайтон, «худои ин дунё», қарор гирифт; ин ҳокимият ба ҳокимияти Худо зид аст (2 Қӯр. 4:4; Рум. 7:14).

5. а) Чӣ тавр Яҳува мувофиқи суханони гуфтааш амал кард? б) Ба насли Одаму Ҳавво Худо чӣ умеде бахшид?

5 Мувофиқи суханони гуфтааш Яҳува Одаму Ҳавворо ба марг маҳкум кард (Ҳас. 3:16–19). Аммо ин маънои онро надошт, ки нияти Худо амалӣ нагашт. Баръакс! Вақте ки Яҳува Одаму Ҳавворо маҳкум кард, Ӯ ба наслҳои ояндаи онҳо барои умед асоси мустаҳкаме дод. Худо гуфт, ки «насл»−е ба вуҷуд хоҳад овард. Пошнаи ин Наслро Шайтон хоҳад кӯфт, лекин Насли ваъдашуда аз ҷароҳати пошнаи пояш сиҳат хоҳад шуд ва сари Шайтонро «хоҳад кӯфт» (Ҳас. 3:15). Ин мавзӯъро суханони зерини Исои Масеҳ равшан мекунанд: «Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки аъмоли иблисро вайрон кунад» (1 Юҳ. 3:8). Вале чӣ тавр тарзи ҳаёт ва марги Исо одилона будани ҳокимияти Худоро тасдиқ карданд?

Маънои таъмиди Исо

6. Мо аз куҷо медонем, ки Исо аз Одам гуноҳро ба ирс набурда буд?

6 Дар калонсолӣ Исо бояд аз ҳар ҷиҳат ба Одам, ки дар аввал комил буд, баробар мешуд (Рум. 5:14; 1 Қӯр. 15:45). Ин маънои онро дошт, ки Исо бояд чун инсони комил таваллуд мешуд. Чӣ тавр ин имконпазир шуда метавонист? Фаришта Ҷабраил инро ба модари Исо, Марям, фаҳмонида, гуфт: «Рӯҳулқудс бар ту хоҳад омад ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя хоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида хоҳад шуд» (Луқ. 1:35). Дар давраи бачагии Исо Марям, аз афташ, ба вай баъзе чизҳои бо таваллуди ӯ алоқамандро нақл карда буд. Аз ин рӯ, боре, вақте ки модараш Марям ва падари ӯгаяш, Юсуф, Исоро дар маъбади Худо ёфтанд, писарбача аз онҳо пурсид: «Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?» (Луқ. 2:49). Аз афташ, Исо аз хурдӣ медонист, ки ӯ Писари Худо аст. Аз ин рӯ, барояш тасдиқ намудани он ки ҳокимияти Худо одилона аст, хеле муҳим буд.

7. Исо чун инсони комил дорои чӣ буд?

7 Исо ба чизҳои рӯҳонӣ шавқу рағбати зиёд дошт ва мунтазам ба вохӯриҳое, ки дар он Худоро ибодат мекарданд, мерафт. Азбаски Исо ақли комил дошт, ӯ ҳама чизеро, ки он ҷо мешунид ва аз Навиштаҳои Ибронӣ мехонд, эҳтимол хуб мефаҳмид ва аз худ мекард (Луқ. 4:16). Ӯ ҳамчунин ҷисми комил дошт, ки онро баҳри инсоният қурбон карда метавонист. Баъди таъмид гирифтанаш Исо дуо гуфта, шояд оиди суханони дар Забур 39:7−9 навишташуда, ки пешгӯӣ буданд, мулоҳиза менамуд (Луқ. 3:21; Ибриён 10:5–10-ро бихонед) *.

8. Чаро Яҳёи Таъмиддиҳанда Исоро аз таъмидгирӣ боздоштан мехост?

8 Яҳёи Таъмиддиҳанда дар аввал Исоро аз таъмидгирӣ боздоштан мехост. Чаро? — Зеро маънои таъмиддиҳии ӯ рамзи он буд, ки яҳудиёни таъмидгирифта аз гуноҳҳои бар зидди Шариат кардаашон тавба мекунанд. Азбаски Яҳё хеши наздики Исо буд, ӯ аз афташ медонист, ки Исо шахси одил аст ва аз ин рӯ ба тавбакунӣ ниёз надорад. Исо фаҳмонд, ки Ӯ бояд таъмид гирад. Исо гуфт: «Алҳол бигзор; зеро ки моро лозим аст ҳар навъ адолатро ин тавр ба ҷо оварем» (Мат. 3:15).

9. Таъмиди Исо чӣ маъно дошт?

9 Азбаски Исо инсони комил буд, ӯ ба хулоса омада метавонист, ки вай чун Одам метавонад падари инсонияти комил гардад. Аммо Исо ҳаргиз дар бораи оянда ин хел фикр намекард, зеро иродаи Яҳува барояш чунин набуд. Худо Исоро ба замин барои он фиристод, ки ӯ Насли ваъдашуда ё Масеҳ гардад. Ин барои Исо маънои қурбон кардани ҳаёти комилашро дошт. (Ишаъё 53:5, 6, 12−ро бихонед.) Албатта, маънои таъмиди Исо аз маънои таъмиди мо фарқ мекард. Маънои таъмиди ӯ рамзи ба Худо бахшидани ҳаёташро надошт, чунки ӯ ба халқи Исроил, ки аллакай ба Худо бахшидашуда буд, тааллуқ дошт. Исо бо таъмид гирифтанаш худро барои иҷрои иродаи Худо пешкаш кард ва мувофиқи он чизе ки оиди Масеҳ дар Навиштаҳо пешгӯӣ шуда буд, амал намуд.

10. Иродаи Худо барои Масеҳ аз чӣ иборат буд ва Исо ба иҷро намудани он чӣ гуна менигарист?

10 Иродаи Яҳува барои Исо аз он иборат буд, ки хушхабари Салтанати Худоро мавъиза кунад, шогирд созад ва онҳоро барои дар оянда давом додани кори мавъиза тайёр намояд. Таъмиди Исо ҳамчунин маънои онро дошт, ки ӯ тайёр аст, ба таъқиботҳо ва марги пуразоб тоб орад, то ҳақ будани ҳокимияти Яҳува Худоро тасдиқ кунад. Азбаски Исо Падари осмониашро дар ҳақиқат дӯст медошт, барояш иҷро намудани иродаи Ӯ хурсандӣ мебахшид ва Исо чун қурбонӣ пешкаш намудани ҳаёти худро имтиёз меҳисобид (Юҳ. 14:31). Ҳамчунин барояш донистани он ки ӯ ҳаёти комили худро чун фидия ба Худо пешкаш карда метавонад, то ки моро аз ғуломии гуноҳу марг озод намояд, хурсандӣ мебахшид. Оё ба Худо он ки Исо худро барои иҷро намудани ин масъулиятҳои вазнин пешкаш кард, писанд буд? Албатта!

11. Яҳува чӣ тавр нишон дод, ки Исоро чун Масеҳи ваъдашуда қабул кард?

11 Ҳар чор нависандаи Инҷил шаҳодат доданд, ки ҳангоми аз дарёи Ӯрдун баромадани Исо Яҳува Худо ба ӯ илтифоташро аниқ зоҳир кард. «Ман Рӯҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон нозил шуда, бар Ӯ [Исо] қарор гирифт,— гуфт Яҳёи Таъмиддиҳанда.— Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ӯ Писари Худост» (Юҳ. 1:32–34). Ғайр аз ин, он вақт Яҳува хитоб намуд: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ, ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст» (Мат. 3:17; Марқ. 1:11; Луқ. 3:22).

То дами марг вафодор

12. Баъди таъмидаш Исо тӯли сеюним сол чӣ кор кард?

12 Исо сеюним соли ҳаёти минбаъдаашро пурра ба он сарф кард, ки ба мардум дар бораи Падараш ва одилона будани ҳокимияти Худо таълим диҳад. Исо дар тамоми Сарзамини ваъдашуда пиёда сафар карда, хаста мешуд, вале ба ӯ чизе халал намерасонд, ки дар бораи ҳақиқат пурра шаҳодат диҳад (Юҳ. 4:6, 34; 18:37). Исо ба одамон дар бораи Салтанати Худо мавъиза мекард. Ӯ бо он ки беморонро ба таври мӯъҷиза шифо мебахшид, одамони зиёдро сер мекард ва ҳатто мурдагонро эҳё менамуд, нишон медод, ки Салтанат барои инсоният дар оянда чӣ гуна корҳоро ба амал хоҳад овард (Мат. 11:4, 5).

13. Дар мавриди дуогӯӣ Исо чиро таълим медод?

13 Ба ҷои он ки барои таълимоту шифодиҳиаш худро сазовори ҷалол ҳисобад, Исо хоксорона тамоми шарафро ба Худо равона мекард ва бо ин ба мо намунаи хуби ибрат гузошт (Юҳ. 5:19; 11:41–44). Ҳамчунин Исо оиди чизҳои муҳиме, ки дар бораашон бояд дуо гӯем, таълим медод. Дар дуоҳоямон мо бояд дар бораи «муқаддас» гаштани номи Худо, Яҳува, дар бораи он ки ҳокимияти одилонаи Худо ҳукмронии шариронаи Шайтонро иваз кунад ва иродаи Ӯ, «чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд», дуо гӯем (Мат. 6:9, 10). Исо ҳамчунин ташвиқ менамуд, ки мувофиқи чунин дуоҳоямон амал карда, мо «аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро» биҷӯем (Мат. 6:33).

14. Чаро ба Исо қатъи назар аз комил буданаш иҷро кардани нақше, ки ӯ дар иҷрошавии нияти Худо дошт, осон набуд?

14 Чӣ қадаре ки соати марги Исо наздиктар мешуд, ӯ ҳамон қадар бештар эҳсос менамуд, ки чӣ масъулияти бузурге ба ӯҳда дорад. Иҷрошавии нияти Падараш ва обрӯву эътибори Ӯ аз он ки Исо ба беадолативу марги пуразоб тоб оварда метавонад ё не, вобаста буд. Панҷ рӯз пеш аз маргаш Исо бо суханони зерин дуо гуфт: «Алҳол ҷони Ман дар изтироб аст; чӣ бигӯям? Эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам». Баъди изҳор намудани ин эҳсосоти ба инсон хос Исо таваҷҷӯҳашро ба чизи муҳимтаре равона сохта, дуо гуфт: «Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ». Яҳува дарҳол дар ҷавоб гуфт: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол хоҳам дод» (Юҳ. 12:27, 28). Бале, Исо тайёр буд, ки ба озмоиши бузургтарини беайбӣ, ки ба он касе аз одамон то ба ҳол дучор нашуда буд, тоб орад. Он суханони Падари осмонӣ ба Исо, бешубҳа, эътимоди қавӣ бахшиданд, ки ӯ аз ӯҳдаи ҷалол додани исми Яҳува ва исбот намудани ҳаққонияти ҳокимияти Ӯ мебарояд. Ва ӯ ин корро карда тавонист!

Марги Исо чиро имконпазир сохт

15. Чаро чанде пеш аз маргаш Исо хитоб кард: «Иҷро шуд!»?

15 Ҳангоми дар сутуни шиканҷа овезон буданаш ва пеш аз баровардани нафаси охирин Исо гуфт: «Иҷро шуд!» (Юҳ. 19:30). Тӯли сеюним сол, аз таъмидгирӣ то маргаш, Исо бо кӯмаки Худо корҳои бузургро иҷро кард. Вақте ки Исо мурд, заминҷунбии сахт ба амал омад ва афсари румие, ки он ҷойро назорат мекард, гуфт: «Ба ростӣ Ӯ Писари Худо буд» (Мат. 27:54). Аз афташ, афсар бо чашмони худ дид, ки чӣ тавр Исоро барои худро Писари Худо номиданаш тамасхур карданд. Қатъи назар аз ҳамаи азобу уқубатҳо Исо беайбиашро нигоҳ дошт ва дурӯғгӯи ашаддӣ будани Шайтонро исбот намуд. Шайтон дар бораи ҳамаи касоне, ки ҳокимияти Худоро дастгирӣ мекунанд, гуфт: «Инсон барои наҷоти ҷони худ ҳозир аст ҳарчӣ дорад бидиҳад» (Айюб 2:4, ТТФ). Бо садоқатмандии худ Исо нишон дод, ки Одаму Ҳавво дар озмоиши бағоят сабук содиқ монда метавонистанд. Аз ҳама муҳимаш, бо ҳаёт ва марги худ Исо ҳақ будани ҳокимияти Яҳуваро тасдиқ кард. (Масалҳо 27:11–ро бихонед.) Оё ба туфайли марги Исо боз ягон чизи дигар имконпазир гашт? Бале!

16, 17. а) Чаро он ходимони Яҳува, ки то ба замин омадани Масеҳ зиндагӣ мекарданд, дар назари Ӯ одил буда метавонистанд? б) Чӣ тавр Яҳува Писари худро барои садоқатмандиаш подош дод ва ҳоло Исои Масеҳ чӣ кор карда истодааст?

16 Бисёри ходимони Яҳува пеш аз ба замин омадани Исо зиндагӣ кардаанд. Онҳо дар назари Худо одил буданд ва аз ин рӯ ба эҳёшавӣ умед доштанд (Иш. 25:8; Дон. 12:13). Аммо дар кадом асоси қонунӣ Худои муқаддас, Яҳува, метавонист одамони гунаҳкорро ҳамин тавр баракат диҳад? Китоби Муқаддас мефаҳмонад: «Ӯро [Исои Масеҳро] Худо пешниҳод кард, то ки дар Хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ дар омурзиши гуноҳҳое ки пештар, дар замони пурсабрии Худо содир шудаанд, ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад» (Рум. 3:25, 26) *.

17 Яҳува Исоро эҳё кард ва ӯро сазовори мақоми баландтаре гардонд, назар ба он ки вай то ба замин омадаш дошт. Исо ҳоло офаридаи рӯҳии пурҷалол аст ва ба ӯ маргнопазирӣ ато шудааст (Ибр. 1:3). Чун Саркоҳин ва Подшоҳ Исои Масеҳ ба пайравонаш кӯмак мекунад, ки ҳақ будани ҳокимияти Худоро тасдиқ намоянд. Ва чӣ қадар миннатдорем мо ба Падари осмониамон, Яҳува, барои он ки Ӯ ҳамаи касонеро, ки ба Писараш пайравӣ намуда, содиқона ба Ӯ хидмат мекунанд ва ҳақ будани ҳокимияташро тасдиқ менамоянд, подош медиҳад! (Забур 33:4; Ибриён 11:6–ро бихонед.)

18. Дар мақолаи навбатӣ чӣ муҳокима мешавад?

18 Аз замонҳои Ҳобил ҳамаи инсонҳои содиқ аз муносибатҳои наздик бо Яҳува баҳравар буданд, зеро онҳо ба Насли ваъдашуда имон доштанд. Яҳува медонист, ки Писараш садоқатмандиашро ба таври пурра нигоҳ хоҳад дошт ва марги ӯ «гуноҳи ҷаҳонро» комилан рӯпӯш хоҳад кард (Юҳ. 1:29). Марги Исо ҳамчунин ба манфиати ҳамаи одамоне, ки ҳоло зиндагӣ мекунанд, хидмат менамояд (Рум. 3:26). Фидияи Масеҳ ба шумо чӣ гуна баракатҳоро имконпазир месозад? Ин дар мақолаи навбатӣ муҳокима мешавад.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 7 Павлус ин ҷо Забур 39:7−9-ро аз Септуагинта (тарҷумаи юнонии Навиштаҳои Ибронӣ) иқтибос меорад, ки он ҷо суханони «бадане барои Ман муҳайё намудӣ» ҳастанд. Ин ибора дар дастнависҳои қадимаи Навиштаҳои Ибронӣ вонамехӯрад.

^ сарх. 16 Нигаред ба нашри русии маҷаллаи мазкур, рубрикаи «Саволҳо аз хонандагон», саҳифаи 6, 7.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?

• Чӣ тавр ҳақ будани ҳокимияти Худо зери шубҳа гузошта шуд?

• Таъмиди Исо чӣ маъно дошт?

• Ба туфайли марги Исо чӣ имконпазир гашт?

[Саволҳо барои омӯзиш]