Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мазлумеро, ки мададгор надорад, кӣ халос хоҳад кард?

Мазлумеро, ки мададгор надорад, кӣ халос хоҳад кард?

Мазлумеро, ки мададгор надорад, кӣ халос хоҳад кард?

«Худоё! Инсофи Худро ба подшоҳ деҳ ... Зеро мискинеро, ки истиғоса мебарад ва мазлумеро, ки мададгор надорад, халос хоҳад кард» (ЗАБ. 71:1, 12).

1. Аз суханони Довуд мо дар бораи марҳамату меҳрубонии Худо чӣ мефаҳмем?

ЧӢ ТАСАЛЛИБАХШАНД ин суханон! Онҳоро эҳтимол шоҳи Исроили қадим Довуд навиштааст. Чанд сол қабл аз навиштани ин суханон, ӯ бо Батшобаъ зино карда, сипас азоби виҷдонро эҳсос менамуд. Он вақт Довуд дар дуо аз Худо илтиҷо мекард: «Ҷиноятҳоямро аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ маҳв кун ... Хатоям доим пеши назари ман аст... Инак, ман дар гуноҳ офарида шудаам ва модарам дар хато ба ман ҳомила гардидааст» (Заб. 50:3–7). Аз рӯи марҳамату меҳрубониаш Яҳува ҳолатеро, ки бо гуноҳи меросгирифтаи мо алоқаманд аст, ба инобат мегирад.

2. Дар таронаи 71–уми Забур дар бораи чӣ сухан меравад?

2 Яҳува ҳолати ғамангези моро мефаҳмад. Аммо мувофиқи пешгӯӣ Подшоҳи тадҳиншудаи Худо «мискинеро, ки истиғоса мебарад ва мазлумеро, ки мададгор надорад, халос хоҳад кард. Ба бенаво ва мискин шафқат хоҳад кард ва ҷонҳои мискинонро наҷот хоҳад дод» (Заб. 71:12, 13). Онҳо чӣ тавр халос хоҳанд шуд? Таронаи 71–уми китоби Забур ба ин ҷавоб медиҳад. Ин тарона ба подшоҳии писари Довуд, Сулаймон, бахшида шудааст ва он ҳамчунин пешгӯӣ мекунад, ки чӣ тавр ҳукмронии Писари Худо, Исои Масеҳ, инсониятро аз азобу уқубат раҳо хоҳад кард.

Тимсоли ҳукмронии Масеҳ

3. Сулаймон чӣ хоҳиш кард ва Худо ба ӯ чӣ дод?

3 Баъди Сулаймонро вориси тахти худ таъин кардан Довуди солхӯрда ба ӯ дастуроти махсусе дод, ки Сулаймон содиқона мувофиқи он амал намуд (3 Подш. 1:32–35; 2:1–3). Чанде пас, Яҳува ба Сулаймон дар хоб зоҳир шуда, гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам». Сулаймон танҳо як чиз хоҳиш кард: «Ба бандаи Худ дили бохирад ато намо, то ки қавми Туро доварӣ кунам ва ба фарқи байни нек ва бад сарфаҳм равам». Худо дар ҷавоби хоҳиши фурӯтанонаи Сулаймон ба ӯ чизи хостааш ва ҳатто аз он ҳам зиёдро ато кард (3 Подш. 3:5, 9–13).

4. Маликаи Сабо дар бораи ҳукмронии Сулаймон чӣ гуфт?

4 Бо баракати Яҳува замони ҳукмронии Сулаймон яке аз давраҳои барҷастатарини сулҳу осоиштагӣ ва гулгулшукуфоӣ гашт, ки ба он ягон ҳокимият ноил нашуда буд (3 Подш. 4:25). Байни онҳое, ки ҳукмронии Сулаймонро бо чашми худ дидан мехостанд, маликаи Сабо буд. Ӯ ҳамроҳи дарбориёни зиёдаш назди Сулаймон омад. Малика ба вай гуфт: «Он сухане ки ман дар кишвари худ ... шунидаам, рост будааст ... Ва инак, нисфаш ба ман маълум нашуда будааст: ҳикмат ва ҷалоли ту аз овозае ки ман шунида будам, бештар аст» (3 Подш. 10:1, 6, 7). Аммо хиради бештарро Исо зоҳир кард. Ӯ барҳақ дар бораи худаш гуфта метавонист: «Инак, дар ин ҷо Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст» (Мат. 12:42).

Ҳукмронии Сулаймони Бузургтар наҷот меорад

5. Таронаи 71–ум чиро ошкор мекунад ва дар он чӣ пешгӯӣ шудааст?

5 Биёед ҳоло таронаи 71–уми Забурро дида бароем ва бубинем, ки ҳукмронии Исои Масеҳ, Сулаймони Бузургтар, чӣ баракатҳо меорад. (Забур 71:1–4-ро бихонед.) Ин тарона ошкор мекунад, ки Яҳува ба салтанати бар дӯши Писараш — Исои Масеҳ, «Мири осоиштагӣ», гузошташуда чӣ гуна менигарад (Иш. 9:6, 7). Зери роҳнамоии Худо Сулаймони Бузургтар мискинонро «аз рӯи адолат додгарӣ хоҳад кард» ва «фарзандони камбағалро наҷот хоҳад дод». Ҳокимияти ӯ одилона хоҳад буд ва сулҳу осоиштагӣ хоҳад овард. Ҳангоми дар рӯи замин буданаш Исо нишон дод, ки дар вақти Ҳукмронии Ҳазорсолаи худ чӣ корҳоро ба амал хоҳад овард (Ваҳй 20:4).

6. Кадом корҳои Исо аз баракатҳои ояндаи Салтанати ӯ шаҳодат медоданд?

6 Ба баъзе корҳои Исои Масеҳ таваҷҷӯҳ мекунем. Онҳо нишон медиҳанд, ки ӯ дар оянда баҳри инсоният чӣ кор мекунад ва ҳамчунин чӣ тавр пешгӯиҳои дар таронаи 71–уми Забур навишташуда иҷро мешаванд. Ҳамдардие, ки Исо ба одамони ранҷур зоҳир мекард, моро хеле мутаассир месозад (Мат. 9:35, 36; 15:29–31). Масалан, боре марди махавие назди Исо омада, ӯро зорӣ кард: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Исо ҷавоб дод: «Мехоҳам, пок шав!» Ва он мард шифо ёфт (Марқ. 1:40–42). Дертар, Исо бевазанеро вохӯрд, ки писари ягонааш мурда буд. Дили Исо ба зан сӯхт ва ӯ назди ҷавон омада, гуфт: «Бархез». Ва ҷавон аз нав зинда шуд ва бархест! (Луқ. 7:11–15).

7, 8. Кадом мисолҳо нишон медиҳанд, ки Исо қудрати шифобахшанда дошт?

7 Яҳува ба Исо қудрати мӯъҷизакунӣ дод. Инро мисоли «як зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд», равшан нишон медиҳад. Ин зан «азоби бисёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф кард», вале аҳволаш торафт бадтар мешуд. Ӯ аҳкоми Шариатро оиди касоне, ки аз баданашон «ҷараёни хун» ҷорӣ мешуд, вайрон намуда, ба даруни издиҳом даромад ва ба Исо даст расонд (Ибд. 15:19, 25). Исо ҳис кард, ки қуввате аз ӯ рафт ва аз ин рӯ пурсид: «Кист, ки либоси Маро ламс кард?». Зан «тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва тамоми ҳақиқатро ба Ӯ гуфт». Исо фаҳмид, ки Яҳува ин занро шифо бахшид ва ба ӯ меҳрубонона гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош» (Марқ. 5:25–27, 30, 33, 34).

8 Қудрати худододе, ки Исо ба туфайли он беморонро шифо мебахшид, эҳтимол шоҳидони мӯъҷизаҳои ӯро сахт мутаассир мекард. Масалан, пеш аз гуфтани Мавъизаи машҳури Болоикӯҳиаш Исо одамонро шифо бахшид ва ин бешубҳа бисёриҳоро ба ваҷд овард (Луқ. 6:17–19). Вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда ду шогирдашро назди Исо фиристод, то Масеҳ будани ӯро аз забони худи ӯ шунавад, онҳо диданд, ки Исо «бисёр касонро аз касалиҳо ва дардҳо ва аз арвоҳи палид шифо» бахшид «ва кӯрони бисёрро бино» кард. Сипас Исо ба он ду нафар гуфт: «Биравед ва он чӣ дидед ва шунидед, ба Яҳё бигӯед: кӯрҳо мебинанд, шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон эҳё мешаванд, ба мискинон башорат дода мешавад» (Луқ. 7:19–22). Чӣ рӯҳбаландкунанда буданд эҳтимол ин суханон барои Яҳё!

9. Мӯъҷизаҳои Исо тимсоли чӣ буданд?

9 Ҳарчанд Исо дар давоми хизмати заминиаш одамонро аз ранҷу азоб раҳоӣ мебахшид, ин танҳо муваққатӣ буд. Онҳое, ки шифо ёфтанд ё эҳё гаштанд, баъдтар вафот карданд. Лекин мӯъҷизаҳое, ки Исо дар рӯи замин ба амал овард, тимсоли наҷоти абадӣ буданд, ки инсоният аз он зери ҳокимияти Масеҳоӣ баҳра хоҳад бурд.

Тамоми рӯи замин ба Биҳишт табдил хоҳад ёфт!

10, 11. а) Баракатҳои Салтанат чӣ қадар давом меёбанд ва ҳукмронии Исо чӣ гуна хоҳад буд? б) Кӣ бо Масеҳ дар Биҳишт хоҳад буд ва ба кадом шарт ӯ абадӣ зиндагӣ карда метавонад?

10 Ҳаётеро, ки дар Биҳишти рӯи замин хоҳад буд, тасаввур кунед. (Забур 71:5–9-ро бихонед.) Парастандагони Худои ягонаи ҳақиқӣ дар Биҳишт то дами мавҷудияти офтобу моҳ, яъне то абад, зиндагӣ хоҳанд кард! Таровате, ки Подшоҳ Исои Масеҳ ба инсоният мебахшад, мисли таровати борон хоҳад буд, ки «бар алафзори даравшуда» борида, қатраҳои он «заминро сероб мекунанд».

11 Вақте ки шумо иҷрошавии суханони ин таронаро тасаввур мекунед, оё дилатон аз умеди дар биҳишти заминӣ ҷовидона зистан ба ҳаяҷон намеояд? Исо ба ҷинояткори дар паҳлӯяш мехчӯбшуда гуфт: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд» (Луқо 23:43, ТДН). Бешубҳа, ин суханони Исо ба дили ӯ сахт таъсир карданд. Дар давоми Ҳукмронии Ҳазорсолаи Исо он мард эҳё хоҳад шуд. Агар вай ҳукмронии Масеҳро эътироф намояд, ӯ метавонад хушбахтона ва бо саломатии комил дар рӯи замин абадӣ зиндагӣ кунад.

12. Дар давоми Ҳукмронии Ҳазорсолаи Масеҳ ба золимони эҳёшуда чӣ имконият дода мешавад?

12 Таҳти ҳукмронии Сулаймони Бузургтар, Исои Масеҳ, «одил нумӯ хоҳад кард», яъне сарсабзу хуррам зиндагӣ хоҳад намуд (Заб. 71:7). Дар он вақт Масеҳ чун ҳангоми дар замин буданаш муҳаббату ғамхории самимиашро ба таври фаровон зоҳир хоҳад кард. Дар дунёи нави Худо ваъдакарда, ҳатто ба «золимон»−и эҳёшуда имконият дода хоҳад шуд, то ҳаёти худро ба меъёрҳои Худо мувофиқ созанд ва зиндагӣ кунанд (Аъм. 24:15). Албатта, онҳоеро, ки мувофиқи талаботи Худо зистан намехоҳанд, Ӯ намегузорад, ки зиндагӣ карданро давом диҳанду оромиву осоиштагии дунёи навро вайрон кунанд.

13. Қаламрави Салтанат то чӣ андоза паҳн меёбад ва чаро оромиву осоиштагии он ҳеҷ гоҳ вайрон нахоҳад шуд?

13 Дар тамоми рӯи замин паҳн ёфтани мулки Сулаймони Бузургтарро суханони зерин нишон медиҳанд: «Қаламрави ӯ аз баҳр то баҳр хоҳад буд; ва аз дарё [-и Фурот] то ақсои замин. Пеши ӯ биёбоннишинон зону хоҳанд зад; ва душманони ӯ хокро хоҳанд лесид» (Заб. 71:8, 9). Бале, Исои Масеҳ бар тамоми замин ҳукмронӣ хоҳад кард (Зак. 9:9, 10). Онҳое, ки ҳукмронии ӯро эътироф менамоянд ва баракатҳои Салтанатро қадр мекунанд, «зону хоҳанд зад», яъне аз ихтиёри худ ба он итоат карданашонро нишон хоҳанд дод. Лекин гунаҳкорони тавбанакарда маҳв хоҳанд шуд, ҳатто агар онҳо «дар синни садсолагӣ» бошанд ҳам (Иш. 65:20). Онҳо «хокро хоҳанд лесид».

Исо нисбати мо бо дилсӯзӣ ғамхорӣ мекунад

14, 15. Аз куҷо мо медонем, ки Исо эҳсосоти одамонро мефаҳмад ва «мазлумеро, ки мададгор надорад, халос хоҳад кард»?

14 Инсонияти гунаҳкор дар ҳолати ғамангез қарор дорад ва бениҳоят ба кӯмак мӯҳтоҷ аст. Лекин мо умед дорем. (Забур 71:12–14-ро бихонед.) Исо, Сулаймони Бузургтар, ба мо бо дилсӯзӣ муносибат мекунад, чунки нокомилии моро мефаҳмад. Ғайр аз ин, Исо барои адолат уқубат кашид ва Худо роҳ дод, ки ӯ ба душвориҳои пуразоб рӯ ба рӯ гардад. Вай чунон сахт ба изтироб омада буд, ки «арақи Ӯ мисли қатраҳои хун» бар замин мечакид! (Луқ. 22:44). Дертар, ҳангоми дар сутуни шиканҷа овезон буданаш, ӯ фарёд зада, гуфт: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?» (Мат. 27:45, 46). Қатъи назар аз ҳамаи ин азобу уқубат ва тамоми кӯшишҳои Шайтон, ки ӯро аз Яҳува дур кардан мехост, Исо ба Яҳува Худо содиқ монд.

15 Мо эътимод дошта метавонем, ки Исо дарду ранҷи моро мебинад ва «мискинеро, ки истиғоса мебарад ва мазлумеро, ки мададгор надорад, халос хоҳад кард». Мисли Падараш, Исо бо ғамхории муҳаббатомез «мискинонро мешунавад», «дилшикастагонро шифо мебахшад ва ҷароҳатҳои онҳоро мебандад» (Заб. 68:34; 146:3). Исо «ба мо дилсӯзӣ» карда метавонад, чунки ӯ «монанди мо, дар ҳама чиз озмуда» шудааст (Ибр. 4:15). Чӣ хуб аст донистани он ки Подшоҳ Исои Масеҳ ҳоло аз осмон ҳукмронӣ карда истодааст ва интизор аст, то азияткашонро раҳоӣ бахшад!

16. Чаро Сулаймон нисбати тобеонаш дилсӯзиву раҳмдилӣ зоҳир карда метавонист?

16 Азбаски Сулаймон подшоҳи хирадманду амиқбин буд, ӯ бешубҳа «ба бенаво ва мискин шафқат» мекард. Ғайр аз ин, ӯ худаш дар ҳаёт бо воқеаҳои нохушу ғамангез дучор шуда буд. Бародари вай Амнӯн хоҳараш Томорро таҷовуз кард, бародари дигараш Абшолӯм бошад, Амнӯнро барои ин ҷинояташ кушт (2 Подш. 13:1, 14, 28, 29). Абшолӯм тахти Довудро бо зӯрӣ гирифт, вале табаддулоти вай барор наёфт ва ӯ аз дасти Юоб кушта шуд (2 Подш. 15:10, 14; 18:9, 14). Баъдтар, бародари Сулаймон Адӯниё худашро подшоҳ карданӣ шуд. Агар ин ба ӯ муяссар мешуд, Сулаймонро бешубҳа марг интизор буд (3 Подш. 1:5). Сулаймон ранҷу азоби одамонро мефаҳмид ва инро дуое, ки ӯ ҳангоми кушодашавии ботантанаи маъбади Яҳува гуфта буд, нишон медиҳад. Дар ҳаққи тобеонаш подшоҳ дуо кард: «Ҳар яке аз онҳо мусибати худ ва дарди худро медонад ... [Худованд] биомӯрз ва ба ҳар кас, ки дили варо медонӣ, бар тибқи тамоми рафтораш подош деҳ» (2 Вақ. 6:29, 30).

17, 18. Баъзе ходимони Худо чӣ дарде эҳсос мекунанд ва барои дода нашудан ба ин эҳсосот чӣ ба онҳо кӯмак мекунад?

17 Дарду ранҷи мо метавонад натиҷаи таъсироти воқеаҳои гузашта бошад. Масалан, Mэри *, хоҳари масеҳии 30–сола, менависад: «Ман барои хушбахт будан сабабҳои зиёд дорам, аммо бисёр вақт гузаштаро ба хотир оварда, шарму ҳаё ва нафрат эҳсос менамоям. Ман сахт андӯҳгин мешавам ва гиря мекунам, гӯё ки ҳамаи воқеаҳо дина рӯй дода бошанд. Он хотираҳо дар сарам чунон нақш бастаанд, ки ман аз онҳо то ба ҳол худро гунаҳкору нокас эҳсос менамоям».

18 Ба бисёр ходимони Худо чунин эҳсосот шиносанд, вале чӣ ба онҳо кӯмак мекунад, то ба ин гуна эҳсосот дода нашаванд? «Маро дӯстони ҳақиқӣ ва бародарону хоҳарони рӯҳонӣ хушбахт мегардонанд,— мегӯяд Мэри.— Ҳамчунин ман мекӯшам, ки дар бораи ваъдаҳои нисбати оянда додаи Худо фикр кунам. Ман боварӣ дорам, ки истиғосаҳои ман ба шодиву тараннум табдил хоҳанд ёфт» (Заб. 125:5). Мо бояд ба Ҳокими аз тарафи Худо таъиншуда, Писари Ӯ, умед бандем. Дар бораи ӯ пешгӯӣ шудааст: «Ба бенаво ва мискин шафқат хоҳад кард ва ҷонҳои мискинонро наҷот хоҳад дод. Аз макр ва зулм ҷонҳои онҳоро раҳо хоҳад кард; ва хуни онҳо дар назари ӯ гаронбаҳо хоҳад буд» (Заб. 71:13, 14). Чӣ эътимоде мебахшанд ин суханон!

Дунёи нави фаровонӣ дар пеш аст

19, 20. а) Мувофиқи таронаи 71–уми Забур ҳукмронии Салтанат кадом душвориро бартараф хоҳад кард? б) Барои ҳукмронии Масеҳ пеш аз ҳама кӣ лоиқи ҳамду сано аст ва нисбати он чизе ки дар оянда ба амал меояд, шумо чӣ эҳсос мекунед?

19 Бори дигар ба худ тасаввур кунед, ки дар дунёи нави Худо одамони одилро чӣ ояндае интизор аст! Мувофиқи ваъдаи Худо зери ҳукмронии Сулаймони Бузургтар «ғалла дар замин то ба қуллаи кӯҳҳо фаровон хоҳад шуд» (Заб. 71:16). Азбаски ғалла одатан дар қуллаи кӯҳҳо намерӯяд, ин суханон нишон медиҳанд, ки замин то чӣ андоза ҳосилхез мегардад. Ҳосилхезии онро забурнавис ба ҳосилхезии «Лубнон» — сарзамине, ки дар замони ҳукмронии Сулаймон ҳосили бениҳоят фаровон меовард,— монанд мекунад. Танҳо тасаввур кунед, ки дигар ба ғизову хӯрокворӣ норасоӣ нахоҳад буд ва ҳеҷ кас гуруснагӣ нахоҳад кашид! Ҳамаи одамон аз базм бо «таомҳои равғанин» лаззат хоҳанд бурд (Иш. 25:6–8; 35:1, 2).

20 Барои ин баракатҳо ба кӣ бояд ҳамду сано гӯем? — Пеш аз ҳама, ба Подшоҳи Ҷовидонӣ ва Ҳокими Даҳр Яҳува Худо. Ҳамчунин ҳамаи мо хурсандона ба суханони хотимавии ин таронаи зебо ва дилгармкунанда ҳамроҳ мешавем: «Номи ӯ [Подшоҳ Исои Масеҳ] то абад хоҳад монд; то даме ки офтоб нурафшон аст, номи ӯ зикр хоҳад ёфт ва дар ӯ баракат хоҳанд хост; ҳамаи халқҳо ӯро мадҳ хоҳанд кард. Муборак аст Худованд Худо, Худои Исроил, ки танҳо Худаш корҳои аҷоиб мекунад. Ва исми ҷалоли Ӯ то абад муборак аст ва тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур хоҳад буд,— омин ва омин!» (Заб. 71:17–19).

[Эзоҳ]

^ сарх. 17 Ном иваз шудааст.

Шумо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

• Таронаи 71–уми Забур чиро пешгӯӣ мекунад?

• Сулаймони Бузургтар кист ва қаламрави ӯ то чӣ андоза паҳновар хоҳад буд?

• Иҷрошавии кадом пешгӯии таронаи 71–уми Забурро шумо бахусус интизоред?

[Саволҳо барои омӯзиш]