Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст»

«Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст»

«Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст»

«Набояд роҳнамо хонда шавед, зеро ки Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст» (МАТ. 23:10).

1. Шоҳидони Яҳува киро Пешвои худ меҳисобанд ва чаро?

КАЛИСОҲОИ ҷаҳони масеҳият пешвоёни одамӣ доранд. Масалан, Папаи Рим сарвари калисоҳои католикӣ аст, ва калисоҳову динҳои дигар низ пешвоёну роҳбарони худро доранд. Шоҳидони Яҳува аз ҷумлаи одамон роҳбар надоранд. Онҳо шогирд ё пайрави ягон одам нестанд. Ин бо пешгӯие, ки Яҳува дар бораи Писараш гуфта буд, мувофиқат мекунад: «Инак, Ман Ӯро шоҳиде барои умматҳо, пешво ва ҳокими қабилаҳо гардонидаам» (Иш. 55:4). Ҷамъомади байналхалқии масеҳиёни тадҳиншуда ва ҳамроҳони онҳо, «гӯсфандони дигар», ғайр аз пешвои таъинкардаи Яҳува пешвои дигаре доштан намехоҳанд (Юҳ. 10:16). Онҳо бо суханони зерини Исо комилан розиянд: «Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст» (Мат. 23:10).

Пешвои рӯҳонии Исроил

2, 3. Писари Худо дар ҳаёти халқи Исроил чӣ нақши фаъоле мебозид?

2 Чанд садсола пеш, то барпо шудани ҷамъомади масеҳӣ, Яҳува бар халқи Исроил фариштаеро чун пешво таъин намуд. Баъди он ки Яҳува халқашро аз ғуломии Миср озод кард, ба онҳо гуфт: «Инак, Ман фариштае пешопеши ту мефиристам, то ки туро дар роҳ нигаҳбонӣ карда, ба маконе ки муҳайё намудаам, бирасонад. Аз вай эҳтиёт шав ва ба овозаш гӯш деҳ; ба вай мухолифат нанамо, зеро ки вай гуноҳи шуморо авф нахоҳад кард, чунки исми Ман андаруни вай аст» (Хур. 23:20, 21). Он фаришта, ки аз номи Яҳува амал мекард, аз афташ, Писари нахустзодаи Худо буд.

3 Маълум аст, ки пеш аз чун инсон таваллуд шуданаш Писари Худо Микоил ном дошт. Дар китоби Дониёл Микоил «малаки» халқи Исроил номида шудааст (Дон. 10:21). Яҳудои шогирд қайд мекунад, ки Микоил, хеле пеш аз замони Дониёл, аллакай дар ҳаёти халқи Исроил иштирок мекард. Баъди марги Мусо, Шайтон аз афташ хост ҷасади ӯро ба манфиати худ, эҳтимол барои ба бутпарастӣ барангехтани исроилиён, истифода барад. Микоил ба ин монеъ шуд. Яҳудо менависад: «Вақте ки фариштаи муқарраб Микоил бо иблис сухан ронда, дар бораи ҷасади Мусо баҳс мекард, ҷуръат накард, ки ҳукми мазамматкунандае ба забон ронад, балки гуфт: “Худованд туро ҷазо диҳад”» (Яҳд. 9). Баъдтар, пеш аз муҳосираи шаҳри Ериҳӯ, «пешвои лашкари Худованд» назди Еҳушаъ зоҳир шуда, ӯро дар дастгирии Худо эътимод бахшид. Аз афташ ин Микоил буд. (Еҳушаъ ибни Нун 5:13–15-ро бихонед.) Инчунин, вақте ки як деви пурқудрат ба фариштае, ки бояд ба Дониёл–пайғамбар хабари муҳимеро мерасонд, монеа шуд, сарвари фариштаҳо Микоил ба он фаришта кӯмак кард (Дон. 10:5–7, 12–14).

Пешвои пешгӯишуда меояд

4. Дар бораи омадани Масеҳ чӣ пешгӯие гуфта шуда буд?

4 Пеш аз воқеаи дар охири сархати боло гуфташуда, Яҳува фаришта Ҷабраилро назди Дониёл–пайғамбар фиристода буд, то дар бораи омадани «Масеҳи Раис» хабар диҳад (Дон. 9:21–25) *. Ва ин пешгӯӣ, айнан дар вақти таъиншуда, тирамоҳи соли 29-уми эраи мо, ҳангоми аз Яҳё таъмид гирифтани Исо иҷро шуд. Он вақт рӯҳулқудс бар Исо нозил шуд ва ӯ Тадҳиншуда, яъне Масеҳ гашт (Мат. 3:13–17; Юҳ. 1:29–34; Ғал. 4:4). Ҳамин тавр, ӯ бояд Пешвои бемислу монанд мешуд.

5. Дар тӯли хизмати заминиаш Масеҳ чӣ тавр чун Пешво амал мекард?

5 Аз оғози хизмати заминиаш Исо чун «Масеҳи Раис» амал мекард. Аллакай дар рӯзҳои аввал вай ба ҷамъ кардани шогирдон шурӯъ намуд ва мӯъҷизаи аввалинашро ба амал овард (Юҳ. 1:35–2:11). Исо дар саросари замини Исроил хушхабари Салтанатро мавъиза мекард ва шогирдонаш ӯро ҳамроҳӣ мекарданд (Луқ. 8:1). Исо ба онҳо мавъизакуниро ёд медод. Ӯ дар кори мавъиза ва таълимдиҳӣ сарвариро ба ӯҳда мегирифт ва дар ин намунаи хуби ибрат нишон дод (Луқ. 9:1–6). Имрӯз пирони масеҳӣ бояд аз ин ҷиҳат ба ӯ пайравӣ намоянд.

6. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки Чӯпон ва Пешво аст?

6 Боз аз ҷиҳати дигар Пешво будани Исоро дида мебароем. Ӯ худро ба чӯпони нек ташбеҳ дод. Дар шарқ чӯпонон одатан пешопеши рамаи худ мераванд. Вилям Томсон дар китобаш, ки онро ба Сарзамини ваъдашуда ва Китоби Муқаддас бахшидааст, менависад: «Чӯпон на танҳо барои нишон додани роҳ пешопеши рама меравад, балки ҳамчунин барои он ки қулай ва бехатар будани роҳро муайян кунад ... Вай бо чӯбдасташ рамаро ба чарогоҳи сералаф равона менамояд ва аз душманон муҳофизат мекунад» («The Land and the Book»). Исо Чӯпон ва Пешвои ҳақиқӣ буданашро бо суханони зерин нишон дод: «Ман чӯпони некам: чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад; Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд» (Юҳ. 10:11, 27). Ҳақ будани суханонашро Исо тасдиқ намуд ва баҳри гӯсфандонаш ҷонашро фидо кард, лекин Яҳува ӯро чун «Сарвар ва Наҷотдиҳанда» эҳё намуд (Аъм. 5:31; Ибр. 13:20).

Нозири ҷамъомади масеҳӣ

7. Исо бар ҷамъомади масеҳӣ чӣ тавр назорат мекунад?

7 Чанде пеш аз ба осмон рафтанаш Исои эҳёшуда ба шогирдонаш гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст» (Мат. 28:18). Яҳува ба Исо рӯҳулқудс дод, то ӯ шогирдонашро бо он дар ҳақиқати масеҳӣ устувор гардонад (Юҳ. 15:26). Исо ин рӯҳро гирифта, дар Пантикости соли 33−юми эраи мо ба масеҳиёни нахустин рехт (Аъм. 2:33). Ҳамин тавр ҷамъомади масеҳӣ барпо шуд. Яҳува бар ҷамъомадҳои дар рӯи заминбуда Писарашро Пешво таъин кард. (Эфсӯсиён 1:22; Кӯлассиён 1:13,18–ро бихонед *.) Исо бар ҷамъомади масеҳӣ тавассути рӯҳулқудси Яҳува роҳбарӣ мекунад ва ба ӯ фариштаҳо хизмат мекунанд, ки ӯ онҳоро аз рӯи диди худ истифода мебарад (1 Пет. 3:22).

8. Масеҳ дар асри як барои роҳбарӣ кардан бар шогирдонаш кадом сохторро дар рӯи замин истифода мебурд ва имрӯз киро истифода мебарад?

8 Ҳамчунин тавассути рӯҳулқудс, Масеҳ ба ҷамъомад одамонро чун «бахшоишҳо» додааст, ки баъзеи онҳо чун «шубон ва муаллим» хизмат мекунанд (Эфс. 4:8, 11). Павлуси расул нозирони масеҳиро даъват мекард: «Нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро ... бичаронед» (Аъм. 20:28). Вақте ки ҷамъомади масеҳӣ барпо шуд, ҳамаи нозирон мардони бо рӯҳ тадҳиншуда буданд. Он вақт расулон ва пирони ҷамъомади Ерусалим чун ҳайати роҳбарикунанда амал мекарданд. Масеҳ ба воситаи ин сохтор бар тамоми бародарони тадҳиншудааш, ки дар рӯи замин буданд, роҳбарӣ мекард (Ибр. 2:11; Аъм. 16:4, 5). Дар ин айёми охирзамон Масеҳ «бар тамоми дороии худ», яъне бар ҳама чизҳои бо Салтанат алоқаманд, «ғуломи мӯътамад ва доно» ва намояндаи он, Ҳайати Роҳбарикунандаро таъин намудааст, ки ин ҳайатро гурӯҳи масеҳиёни тадҳиншуда ташкил медиҳанд (Мат. 24:45–47). Тадҳиншудагон ва ҳамроҳони онҳо, гӯсфандони дигар, мефаҳманд, ки бо итоат ба Ҳайати Роҳбарикунандаи имрӯза онҳо дар асл ба Пешвои худ, Масеҳ, пайравӣ мекунанд.

Масеҳ ба кори мавъиза оғоз мебахшад

9, 10. Барои паҳн шудани хушхабари Салтанат Масеҳ чӣ кор кард?

9 Аз худи аввал Исо ба фаъолияти умумиҷаҳонии мавъиза ва таълимдиҳӣ шахсан роҳбарӣ мекард. Ӯ тартиби муайянеро муқаррар кард, ки мувофиқи он хушхабари Салтанат бояд ба тамоми сокинони замин мавъиза карда шавад. Дар давоми хизмати худ ӯ ба расулонаш дастур дод: «Ба роҳи ғайрияҳудиён наравед ва ба шаҳри сомариён надароед; балки назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил биравед; ва чун меравед, мавъиза карда, гӯед, ки Малакути Осмон наздик аст» (Мат. 10:5–7). Шогирдон хушхабарро байни яҳудиён ва шахсони дини яҳудиро қабулкарда бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекарданд,— хусусан баъди Пантикости соли 33–юми эраи мо (Аъм. 2:4, 5, 10, 11; 5:42; 6:7).

10 Баъдтар, тавассути рӯҳулқудс Исо роҳбарӣ намуд, ки хушхабари Салтанат ба сомариён ва сипас ба дигар одамони ғайрияҳудӣ мавъиза карда шавад (Аъм. 8:5, 6, 14–17; 10:19–22, 44, 45). Бо мақсади ба халқҳои дигар расонидани хушхабар Исо Шоули тарсусиро шахсан барангехт, ки масеҳӣ шавад. Исо ба шогирдаш Ҳанониё дастур дод: «Бархез ва ба кӯчае ки Рост ном дорад, бирав ва Шоул ном тарсусиро дар хонаи Яҳудо суроғ кун ... Ту бояд биравӣ, зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ-Исроил эълон намояд» (Аъм. 9:3–6, 10, 11, 15). Ин мард Павлуси расул гашт (1 Тим. 2:7).

11. Чӣ тавр Масеҳ тавассути рӯҳулқудс доираи кори мавъизаро васеъ кард?

11 Вақте ки замони ба ғайрияҳудиён расонидани хушхабари Салтанат расид, рӯҳулқудс Павлусро ҳидоят кард, ки ба Осиёи Хурд ва сипас ба Аврупо чун миссионер сафар кунад. Луқо дар китоби Аъмол қайд мекунад: «Вақте ки онҳо [пайғамбарони масеҳӣ ва муаллимони ҷамъомади Антиёхияи арамӣ] ба ибодати Худованд ва рӯзадорӣ машғул буданд, Рӯҳулқудс гуфт: “Барнаббо ва Шоулро аз баҳри коре ки барояш онҳоро даъват намудаам, ба Ман ҷудо кунед”. Баъд аз рӯза гирифтан ва дуо гуфтан даст бар сари онҳо гузоштанд ва онҳоро равона карданд» (Аъм. 13:2, 3). Исо Шоули тарсусиро шахсан интихоб намуд, то ки ӯ «зарфи баргузидаи» вай бошад ва дар бораи номи Исо ба халқҳо шаҳодат диҳад. Пас гуфтан мумкин аст, ки ин марҳилаи нав дар кори шаҳодатдиҳӣ бо роҳбарии Масеҳ, Пешвои ҷамъомад сурат гирифт. Он ки Исо тавассути рӯҳулқудс ба кори мавъиза роҳбарӣ мекунад, дар давоми сафари дуюми миссионерии Павлус боз ҳам аёнтар гашт. Навиштаҳо мегӯянд, ки «Рӯҳ», яъне Исо тавассути рӯҳулқудс, Павлус ва ҳамсафарони ӯро ҳидоят кард, ки кай ва дар куҷо бояд мавъиза кунанд. Ва дар рӯъё ба онҳо гуфта шуд, ки ба Аврупо раванд. (Аъмол 16:6–10-ро бихонед.)

Исо бар ҷамъомади худ роҳбарӣ мекунад

12, 13. Чӣ тавр аз китоби Ваҳй бармеояд, ки Исо аз ҳар чизе ки дар ҳар ҷамъомад рӯй медиҳад, хуб бохабар аст?

12 Исо бодиққат назорат мекард, ки дар ҷамъомади пайравони тадҳиншудааш дар асри яки эраи мо чӣ рӯй медод. Ӯ ҳолати рӯҳонии ҳар ҷамъомадро хуб медонист. Инро бобҳои 2 ва 3 китоби Ваҳй нишон медиҳанд. Он ҷо Исо ҳафт ҷамъомадеро, ки ҳамаашон дар Осиёи Хурд ҷойгир буданд, номбар мекунад (Ваҳй 1:11). Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки ӯ ҳолати рӯҳонии ҷамъомадҳои дигари онвақтаро низ бешубҳа хуб медонист. (Ваҳй 2:23–ро бихонед.)

13 Исо баъзеи он ҷамъомадҳоро таъриф кард, чунки онҳо истодагарӣ мекарданд, дар озмоишҳо садоқатмандӣ зоҳир менамуданд, ба каломаш вафодор буданд ва ба осият муқобилат мекарданд (Ваҳй 2:2, 9, 13, 19; 3:8). Ҳамзамон, ӯ баъзе ҷамъомадҳоро сахтгирона сарзаниш намуд, зеро муҳаббаташон ба ӯ сард гашта буд, онҳо ба бутпарастӣ ва зинокорӣ роҳ медоданд ва таълимоти сектаҳои гуногунро пайравӣ мекарданд (Ваҳй 2:4, 14, 15, 20; 3:15, 16). Чун нозири пурмеҳри рӯҳонӣ Исо ҳатто ба касони сахтгирона сарзаниш кардааш гуфт: «Ҳар киро Ман дӯст дорам, мазаммат мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас ғаюр бош ва тавба кун» (Ваҳй 3:19). Ҳарчанд Исо дар осмон буд, ӯ ҷамъомади пайравонашро дар рӯи замин тавассути рӯҳулқудс идора мекард. Дар охири номаи ба он ҷамъомадҳо навиштааш ӯ гуфт: «Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд» (Ваҳй 3:22).

14–16. а) Чӣ тавр Исо худро чун Пешвои ҷасури халқи Яҳува нишон дод? б) «Ҳаррӯза то охирзамон бо» шогирдонаш будани Исо чӣ натиҷа овард? в) Дар мақолаи навбатӣ чӣ муҳокима хоҳад шуд?

14 Чӣ тавре ки дидем, Микоил (Исо) фариштаи пурқудрат, Пешвои Исроил буд. Баъдтар, Исо худро чун Пешвои ҷасур ва Чӯпони пурмеҳри пайравони нахустинаш нишон дод. Дар давоми хизмати заминиаш ӯ бар кори мавъиза сарварӣ мекард. Ва баъд аз эҳёшавиаш ӯ бар паҳн шудани хушхабари Салтанат бодиққат назорат менамуд.

15 Бо мурури вақт Исо тавассути рӯҳулқудс бояд кори шаҳодатдиҳиро то ақсои замин васеъ мегардонд. Пеш аз ба осмон рафтанаш ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъм. 1:8; 1 Петрус 1:12–ро бихонед). Зери роҳбарии Масеҳ дар асри як шаҳодати бузурге дода шуд (Қӯл. 1:23).

16 Аммо худи Исо гуфта буд, ки ин кор то омадани анҷоми ин тартибот давом хоҳад ёфт. Ӯ ба пайравонаш супориш дод, ки мавъиза кунанд ва аз ҳамаи халқҳо шогирд созанд. Сипас Исо ба онҳо ваъда дод: «Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:19, 20). Аз соли 1914, аз замони подшоҳ шуданаш, Масеҳ беш аз пеш «бо» шогирдонаш мебошад ва чун Пешвои онҳо фаъолона амал мекунад. Фаъолияти пурҷӯшу хурӯше, ки ӯ аз соли 1914 инҷониб мебарад, дар мақолаи навбатӣ муҳокима хоҳад шуд.

[Эзоҳҳо]

^ сарх. 4 Нигаред ба китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», замимаи «Пешгӯиҳои Дониёл–пайғамбар дар бораи зоҳир шудани Масеҳ», саҳ. 197−199.

^ сарх. 7 Калимаи юноние, ки маънояш «ҷамъомад» аст, дар тарҷумаи тоҷикии Китоби Муқаддас чун «калисо» омадааст.

Саволҳо барои такрор

• Чӣ тавр Писари Худо худро чун Пешвои фаъоли халқи Исроил нишон дод?

• Масеҳ бар ҷамъомадҳои рӯи замин тавассути чӣ роҳбарӣ мекунад?

• Масеҳ чӣ тавр ба паҳншавии хушхабар роҳнамоӣ мекунад?

• Чӣ нишон медиҳад, ки Масеҳ аз ҳолати рӯҳонии ҳар ҷамъомад хуб бохабар аст?

[Саволҳо барои омӯзиш]