Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр дуо гуфтан лозим?

Чӣ тавр дуо гуфтан лозим?

ВАҚТЕ гап дар бораи дуо меравад, дар бисёр динҳо диққатро асосан ба тарзи ҳаракати бадан, калимаҳо ва маросими динӣ равона мекунанд. Лекин Китоби Муқаддас дар ин бобат чиро таълим медиҳад?

Аз Китоби Муқаддас мо дар бораи тарзи дуо гуфтани ходимони бовафои Худо фаҳмида метавонем. Масалан, баъзеи онҳо вобаста ба вазъият дар таги дил ё бо овоз дуо мегуфтанд. Баъзеи дигарашон ба осмон нигоҳ карда ё ин ки зону зада дуо мегуфтанд. Ба ҷойи истифода бурдани сурат, тасбеҳ ё китобҳои дуо, онҳо самимона бо гапҳои худашон ба Худо муроҷиат менамуданд. Чаро Худо дуоҳои онҳоро гӯш мекард?

Чи хеле дар мақолаи гузашта зикр шуда буд, ходимони Худо танҳо ба Яҳува дуо мегуфтанд. Дар масъалаи дуо боз як чиз ҷолиби диққат аст. Дар бораи он аз 1 Юҳанно 5:14 фаҳмидан мумкин: «Дилпурии мо дар он аст, ки агар чизеро мувофиқи хости Худо пурсем, ӯ моро мешунавад». Бале, дуоҳои мо бояд мувофиқи хости Худо бошанд. Ин чӣ маъно дорад?

Барои мувофиқи хости Худо дуо гуфтан, иродаи ӯро донистан даркор. Барои иродаи Худоро фаҳмидан, Китоби Муқаддасро омӯхтан лозим. Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки то олими Китоби Муқаддас нагардӣ, Худо дуоятро гӯш намекунад? Не албатта! Худо мехоҳад мо иродаи ӯро фаҳмем, кӯшиш карда ба маънои он сарфаҳм равем ва аз рӯйи он амал намоем (Матто 7:21–23). Мо бояд мувофиқи дониши гирифтаамон дуо гӯем.

Вақте шахс мувофиқи хости Худо бо имон ва ба воситаи номи Исо дуо мегӯяд, Яҳува ба дуояш ҷавоб медиҳад.

Вақте донишамон дар бораи Яҳува ва хости ӯ зиёд мешавад, имонамон низ қавӣ мегардад. Имон бошад, як ҷониби муҳими дуо аст. Ҳазрати Исо гуфта буд: «Ҳар чиро, ки бо имон дар дуо хоҳиш кунед, ҳатман меёбед» (Матто 21:22). Имон маънои зудбовариро надорад. Баръакс, имон боварӣ ба чизест, ки ба чашм аён несту вале ба вуҷуд доштанаш далелҳои асосноке ҳастанд (Ибриён 11:1). Масалан, бисёр далелҳое, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки Яҳува Худои зинда аст. Ҳарчанд мо ӯро намебинем, ба ӯ таваккал карда метавонем ва дилпур ҳастем, ки Яҳува ба дуои имондорон гӯш медиҳад. Бояд гуфт, ки агар мо аз Яҳува бештар имон пурсем, ӯ бо ҷону дил хоҳиши моро ба ҷо меорад (Луқо 17:5; Яъқуб 1:17).

Дар хусуси чӣ тавр дуо гуфтан боз як чизи дигарро ба назар гирифтан муҳим аст. Ҳазрати Исо дар ин бора мегӯяд: «Ҳеҷ кас наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба воситаи ман» (Юҳанно 14:6). Аз ин оят бармеояд, ки мо танҳо тавассути Исо ба Падарамон, Яҳува, наздик шуда метавонем. Исо ба пайравонаш гуфт, ки ба воситаи номи ӯ ба Яҳува муроҷиат кунанд (Юҳанно 14:13; 15:16). Лекин ин маънои онро надорад, ки акнун мо бояд ба Исо дуо гӯем. Ба воситаи номи Исо дуо гуфта, мо эътироф мекунем, ки бе қурбонии ӯ ба Падари пок ва муқаддаси худ Яҳува наздик шуда наметавонистем.

Боре пайравони Исо аз ӯ хоҳиш карданд: «Эй Ҳазрат, дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ» (Луқо 11:1). Шогирдони Исо мехостанд фаҳманд, ки дар бораи чӣ дуо гӯянд.