Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё Худо дуоҳои моро мешунавад ва ҷавоб медиҳад?

Оё Худо дуоҳои моро мешунавад ва ҷавоб медиҳад?

ИН САВОЛ воқеан ҳам шавқовар ва ҷолиб аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Яҳува дуоҳои моро мешунавад. Вале бояд гуфт, ки ба дуоҳои мо гӯш додан ё надодани Яҳува бештар ба худамон вобаста аст.

Исо дурӯягии роҳбарони динро, ки худро росткор вонамуд мекарданд, фош мекард. Ӯ мегуфт, ки ин гуна одамон «аллакай мукофоти худро ба пуррагӣ гирифтаанд», яъне онҳо диққати мардумро ба худ ҷалб кунанд ҳам, диққати Худоро, ки Шунавандаи дуоҳост, ҷалб намекунанд (Матто 6:5). Ба ин монанд, имрӯз низ бисёриҳо мувофиқи хости Худо неву ба табъи дили худ дуо мегӯянд. Азбаски онҳо принсипҳои Китоби Муқаддасро вайрон мекунанд, Худо дуоҳои онҳоро намешунавад.

Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин? Оё Худо ба дуоҳои шумо ҷавоб медиҳад? Худо новобаста ба нажод, миллат ва мақому мартабаи инсон ба дуоҳо ҷавоб медиҳад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст» (Корнома 10:34, 35). Оё шумо аз тарси Худо дуруст рафтор мекунед? Худотарсӣ ба шумо кумак мекунад, ки хости ӯро дар ҷойи аввал монед ва дилашро наранҷонед. Агар росткор бошед, шумо хоҳиши Худоро иҷро мекунед, на хости худ ё одамонро. Оё шумо дар ҳақиқат мехоҳед, ки Худо дуоҳоятонро шунавад? Аз ин ҷиҳат Китоби Муқаддас кумак карда метавонад *.

Бисёриҳо мехоҳанд, ки Худо ба дуоҳои онҳо муъҷизавор ҷавоб диҳад. Дар давраҳои қадим Худо дар ҳақиқат муъҷиза нишон дода, ба дуоҳои хизматгоронаш ҷавоб медод. Баъзан байни чунин муъҷизаҳо асрҳо мегузаштанд. Инчунин дар Китоби Муқаддас қайд мешавад, ки баъд аз марги расулон дигар муъҷиза нишон дода намешавад (1 Қӯринтиён 13:8–10). Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки Худо имрӯз ба дуоҳо ҷавоб намедиҳад? Не, албатта! Биёед бинем, ки чӣ тавр имрӯз Худо ба дуоҳо ҷавоб медиҳад.

Худо хирад медиҳад. Яҳува сарчашмаи хирад аст. Худо ба онҳое ки аз ӯ роҳнамоӣ пурсида, мувофиқи хосташ зиндагӣ кардан мехоҳанд, бо дасти кушод хирад мебахшад (Яъқуб 1:5).

Худо рӯҳи муқаддас медиҳад. Рӯҳи муқаддас ин қувваи Худо мебошад. Он бемислу монанд буда, кумак мекунад, ки ба озмоишҳо тоб орем ва дар дил оромӣ дошта бошем. Ҳамчунин бо ёрдами рӯҳи муқаддас мо метавонем хислатҳои зеборо инкишоф диҳем (Ғалотиён 5:22, 23). Ҳазрати Исо пайравонашро боварӣ бахшид, ки Худо ба ҳар касе, ки рӯҳи муқаддас мепурсад, онро саховатмандона медиҳад (Луқо 11:13).

Худо ба ҷӯяндагони худ дониш медиҳад (Корнома 17:26, 27). Дар саросари ҷаҳон бисёр одамон самимона ҳақиқатро меҷӯянд. Онҳо мехоҳанд дар бораи Худо дониш гиранд, бо номи ӯ шинос шаванд, нияташро нисбати замин ва одамизод донанд ва фаҳманд, ки чӣ тавр ба ӯ наздик шуда метавонанд (Яъқуб 4:8). Шоҳидони Яҳува чунин одамонро бисёр вохӯрда, ба саволҳояшон аз Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳанд.

Шумо низ бо ҳамин мақсад ин мақоларо мехонед? Оё шумо ҳам дар ҷустуҷӯи Худоед? Шояд ӯ ба воситаи ин мақола ба дуои шумо ҷавоб дода истодааст.

^ сарх. 5 Дар бораи чӣ тавр дуо гуфтан шумо метавонед аз боби 17-уми «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» бештар маълумот гиред. Он аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шудааст.