Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аввал адолати Худоро биҷӯед

Аввал адолати Худоро биҷӯед

Аввал адолати Худоро биҷӯед

«Аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (МАТ. 6:33).

1, 2. Адолати Худо чист ва он бо чӣ алоқаманд аст?

КИТОБИ МУҚАДДАС мегӯяд, ки мо бояд «аввал Малакути Худо»-ро биҷӯем (Мат. 6:33). Имрӯз Шоҳидони Яҳува ин амри Исои Масеҳро, ки ҳангоми Мавъизаи Болоикӯҳиаш дода буд, хуб медонанд. Дар ҳар як ҷодаи ҳаёти худ мо мекӯшем нишон диҳем, ки он Салтанатро дӯст медорем ва ба он содиқ будан мехоҳем. Вале мо ҳамчунин бояд қисми дуюми он амрро дар ёд дошта бошем, яъне адолати Худоро биҷӯем. Адолати Худо чист ва аввал ҷустани он чӣ маъно дорад?

2 Калимаҳое, ки аз забони ибронӣ чун «адолат» тарҷума шудаанд, ҳамчунин метавонанд «росткорӣ» ва «боинсофӣ» тарҷума шаванд. Аз ин рӯ, адолати Худо — зоҳир намудани адлу инсоф мувофиқи меъёрҳову арзишҳои Худо мебошад. Чун Офаридгор, Яҳува ҳуқуқ дорад, ки меъёрҳои некиву бадиро муайян кунад ва муқаррар намояд, ки чӣ дуруст аст ва чӣ нодуруст (Ваҳй 4:11). Лекин адолати Худо маҷмӯи қонуну низомҳои бераҳму сахтгирона ва қоидаҳои беохир нест. Баръакс, он бо шахсияти Яҳува алоқаманд аст ва бо муҳаббат, хирад ва қуввати ӯ дар ҳамоҳангӣ амал мекунад. Адолати Худо ҳамчунин бо иродаву нияти Ӯ зич алоқаманд мебошад ва чизҳоеро дар бар мегирад, ки Худо аз шахсоне, ки ба Ӯ хизмат кардан мехоҳанд, интизор аст.

3. а) Аввал адолати Худоро ҷустан чӣ маъно дорад? б) Чаро мо меъёрҳои одилонаи Яҳуваро риоя мекунем?

3 Аввал адолати Худоро ҷустан чӣ маъно дорад? Кӯтоҳ карда гӯем, маънои он — иҷрои иродаи Худо бо мақсади ба даст овардани илтифоти Ӯ мебошад. Касоне, ки адолати Худоро меҷӯянд, саъю кӯшиш менамоянд, ки на аз рӯи меъёрҳои шахсӣ, балки аз рӯи арзишу меъёрҳои комили Худо зиндагӣ кунанд. (Румиён 12:2–ро бихонед.) Қисми муҳими чунин тарзи ҳаёт муносибати мо бо Яҳува мебошад. Мо ба қонунҳои Худо на аз тарси ҷазо итоат мекунем. Муҳаббат нисбати Худо моро бармеангезад, ки меъёрҳояшро риоя карда, илтифоти Ӯро ба даст орем ва меъёрҳои шахсии худро муқаррар накунем. Мо дарк менамоем, ки ин тавр рафтор кардан дуруст аст ва мо маҳз барои ин офарида шудаем. Мисли Исои Масеҳ, Подшоҳи Салтанати Худо, мо бояд адолатро дӯст дорем (Ибр. 1:8, 9).

4. Чаро адолати Худоро ҷустан ниҳоят муҳим аст?

4 Аввал адолати Яҳуваро ҷустан то чӣ андоза муҳим аст? Оиди чизи зерин фикр кунед: озмоиши аввалин дар боғи Адан бояд муайян мекард, ки оё Одаму Ҳавво ҳуқуқи Яҳуваро чун муқарраркунандаи меъёрҳо эътироф мекунанд ё не (Ҳас. 2:17; 3:5). Он ки Одаму Ҳавво ин ҳуқуқро эътироф накарданд, ба мо, насли онҳо, ранҷу азоб ва марг меорад (Рум. 5:12). Ҳамзамон дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Касе ки адолат ва марҳаматро риоят кунад, ҳаёт, адолат ва ҷалол меёбад» (Мас. 21:21). Бале, агар мо аввал адолати Худоро ҷӯем, мо бо Яҳува муносибатҳои наздик инкишоф дода метавонем, ки ин дар навбати худ моро сӯи наҷот мебарад (Рум. 3:23, 24).

Дар назари худ одил будан хатарнок аст

5. Аз кадом хатар мо бояд эҳтиёт бошем?

5 Дар нома ба масеҳиёни Рум, Павлуси расул ба хатаре ишора намуд, ки ҳамаи онҳое, ки адолати Худоро меҷӯянд, бояд аз он эҳтиёт бошанд. Павлус дар бораи яҳудиён сухан ронда, гуфт: «Дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рӯи фаҳм. Зеро ки ба адолати Худо сарфаҳм нарафта, адолати худашонро барқарор карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба адолати Худо итоат накарданд» (Рум. 10:2, 3). Аз рӯи суханони Павлус он яҳудиён адолати Худоро намефаҳмиданд, зеро онҳо аз ҳад мекӯшиданд, ки одил будани худашонро нишон диҳанд *.

6. Аз кадом рӯҳия мо бояд худдорӣ кунем ва чаро?

6 Чӣ тавр ба ин дом афтиданамон мумкин аст? — Агар ба хизмати Худо чун ба мусобиқа нигарем ва худро бо дигарон муқоиса намоем. Чунин рӯҳия ба осонӣ метавонад моро ба он тела диҳад, ки ба қобилиятҳои худ аз ҳад худбоварона нигарем. Вале, дар асл, чунин худбовариамон нишонаи он мебуд, ки мо дар бораи адолати Яҳува фаромӯш кардаем (Ғал. 6:3, 4). Мо корҳои некро аз нияти дуруст — аз муҳаббат ба Яҳува мекунем. Ва ҳар гуна кӯшиши нишон додани одилии худ, нодуруст будани нияти моро нишон медиҳад. (Луқо 16:15–ро бихонед.)

7. Исо ба камбудии шахсоне, ки дар назари худ одил мебошанд, чӣ тавр ишора намуд?

7 Исо нисбати «касоне ки ба одил будани худ эътимод дошта, дигаронро хор медиданд», дар ташвиш буд. Ӯ ба худбоварии чунин одамон ишора карда, мисоли зерин овард: «Ду кас ба маъбад барои ибодат даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд. Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: “Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам: Ҳафтае ду карат рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, ушр медиҳам”. Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: “Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун”. Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи худ рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад» (Луқ. 18:9–14).

«Аз ҳад зиёд одил» будан хатарнок аст

8, 9. «Аз ҳад зиёд одил» будан чӣ маъно дорад ва ин рӯҳия ба чӣ оварда расонда метавонад?

8 Хатари дигаре, ки мо бояд аз он эҳтиёт шавем, дар Воиз 7:16 гуфта шудааст: «Аз ҳад зиёд одил набош, ва берун аз андоза рафтори хирадмандона накун: чаро худро ба ҳалокат бирасонӣ?». Нависандаи аз тарафи Худо илҳомбахшидашуда дар ояти 20 мефаҳмонад, ки чаро аз ин рӯҳия дурӣ бояд ҷуст: «Дар асл одами одиле дар рӯи замин нест, ки некӣ кунад ва хатое содир нанамояд». Шахсе ки «аз ҳад зиёд» одил мегардад, меъёрҳои худро муқаррар мекунад ва дигаронро бо онҳо доварӣ менамояд. Вале, ӯ намефаҳмад, ки бо ин рафтораш меъёрҳои худро аз меъёрҳои Худо боло мегузорад ва ҳамин тавр нишон медиҳад, ки дар назари Худо золим аст.

9 «Аз ҳад зиёд одил» будан метавонад моро ҳатто ба он оварда расонад, ки мо ба тарзи рафтори Яҳува шубҳа мекардагӣ мешавем. Лекин мо бояд дар хотир дорем, ки агар одилона будани қарорҳои Яҳуваро зери шубҳа гузорем, мо дар асл меъёрҳои адолати худро аз меъёрҳои Яҳува боло мемонем. Ин ба он баробар аст, ки мо гӯё Яҳуваро ба «мурофиаи судӣ» даъват намуда, Ӯро аз рӯи меъёрҳои некиву бадии худамон муқарраркарда доварӣ мекунем. Вале ба муқаррар кардани меъёрҳои адолат танҳо Яҳува ҳуқуқ дорад, на мо! (Рум. 14:10).

10. Чӣ сабаб шуда метавонад, ки мо мисли Айюб Худоро доварӣ намоем?

10 Ҳеҷ кадоме аз мо намехоҳад, ки қасдан Худоро доварӣ кунад, вале табиати нокомили инсонӣ моро ба ин тела доданаш мумкин аст. Кай ин тавр шуда метавонад? — Вақте мо ҳолатеро мебинем, ки аз нуқтаи назари мо беадолатӣ аст ё вақте ки худамон ранҷу азоб мекашем. Ҳатто Айюби содиқ ба чунин хатогӣ роҳ дода буд. Дар аввал ӯ чун марди «беайб ва росткор ва худотарс» ва аз бадӣ дур тасвир шудааст (Айюб 1:1). Вале баъд ба сари Айюб як қатор мусибатҳо омаданд, ки ӯ инро беадолатӣ меҳисобид. Чунин фикрҳо Айюбро ба он барангехтанд, ки «худро бештар аз Худо одил» шуморад (Айюб 32:1, 2). Ба Айюб лозим буд, ки нуқтаи назарашро ислоҳ намояд. Тааҷҷубовар нест агар худи мо бо чунин ҳолат дучор шавем. Он гоҳ чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки тарзи фикрронии худро ислоҳ намоем?

Мо на ҳамеша тамоми ҷонибҳои масъаларо медонем

11, 12. а) Агар ягон беадолатиро ҳис кунем, мо бояд чиро дар хотир дорем? б) Чаро ба назари баъзеҳо шояд чунин намояд, ки дар масали Исо оиди коргарони токзор беадолатие ҷой дорад?

11 Якум чизе ки дар хотир бояд дошт, ин аст, ки мо на ҳамеша тамоми ҷонибҳои масъаларо медонем. Дар мавриди Айюб маҳз ҳамин тавр буд. Ӯ дар бораи ҷамъомади осмонии фариштагони Худо, ки он ҷо Шайтон вайро айбдор карда буд, намедонист (Айюб 1:7–12; 2:1–6). Айюб намефаҳмид, ки мусибатҳои ӯ дар асл аз тарафи Шайтон аст. Эҳтимол, ӯ ҳатто кӣ будани Шайтонро аниқ намедонист! Аз ин рӯ, вай нодуруст гумон кард, ки ранҷу азобҳои ӯ аз тарафи Худо мебошанд. Дар ҳақиқат, вақте ки мо ҳамаи ҷонибҳои масъаларо намедонем, ба осонӣ хулосаи нодуруст бароварданамон мумкин аст.

12 Барои инро хубтар фаҳмидан масали Исоро оиди коргарони токзор дида мебароем. (Матто 20:8–16-ро бихонед.) Ин ҷо Исо дар бораи соҳибхонае нақл мекунад, ки ба ҳамаи коргаронаш, новобаста аз он ки рӯзи дароз кор карданд ё ҳамагӣ як соат, як хел музд медиҳад. Шумо дар ин бора чӣ фикр мекунед? Оё ба назари шумо ин аз рӯи адолат аст? Шояд дарҳол дили шумо ба коргароне, ки рӯзи дароз дар гармии офтоб кор кардаанд, сӯзад. Албатта онҳо сазовор гаштанд, ки музди бештар гиранд! Агар ин тавр фикр кунем, шояд соҳибхона ба назар шахси бераҳму ноинсоф тобад. Ҳатто аз ҷавоби ӯ ба коргарони норозӣ сӯиистифода аз ҳокимият ба чашм расиданаш мумкин аст. Вале оё ҳамаи ҷонибҳои масъала ба мо маълуманд?

13. Ба масали Исо дар бораи коргарони токзор боз аз кадом нуқтаи назар нигаристан мумкин аст?

13 Биёед ин масалро аз дигар нуқтаи назар таҳлил кунем. Албатта соҳибхона аз масал мефаҳмид, ки ҳамаи ин мардон бояд оилаашонро хӯронанд. Дар замони Исо, коргарони дар саҳро коркарда дар охири ҳар рӯз музди меҳнати худро мегирифтанд. Ҳаёти аъзоёни оилаашон аз музди ҳаррӯзаи онҳо вобаста буд. Бо назардошти ин, дар бораи вазъияти онҳое фикр кунед, ки соҳибхона онҳоро дар охири рӯз ёфт ва аз ин рӯ, онҳо ҳамагӣ як соат кор карданд. Эҳтимол онҳо бо музде, ки танҳо барои як соат дода мешуд, оилаашонро хӯронда наметавонистанд; лекин онҳо ба кор кардан тайёр буданд ва рӯзи дароз интизор шуданд, ки касе онҳоро киро кунад (Мат. 20:1–7). Ин айби онҳо нест, ки онҳо имконияти рӯзи пурра кор карданро надоштанд. Чизе ишора намекунад, ки онҳо барқасд аз кор кардан саркашӣ карданд. Тасаввур кунед, ки шумо рӯзи дароз интизори кор ҳастед ва медонед, ки дигарон ба музди кори имрӯзаи шумо нигаронанд. Чӣ қадар хурсанд мешудед шумо аз ёфтани ягон кор ва чӣ шодии ногаҳоние мебуд бароятон гирифтани музде, ки барои хӯрондани оилаатон мерасид!

14. Аз масал оиди коргарони токзор мо чӣ дарсҳои муфид гирифта метавонем?

14 Акнун биёед ба рафтори соҳибхона аз нав баҳо диҳем. Ӯ ба ҳеҷ кас музди кам надод. Баръакс, ӯ бо ҳамаи коргарон чун бо шахсоне муносибат кард, ки ба гирифтани музде, ки барои ризқу рӯзии худашон ва оилаашон мерасид, ҳақ доштанд. Азбаски дар бозори мардикор коргар зиёд буд, соҳибхона метавонист аз вазъият истифода бурда, ба коргарон музди аз будаш камтар пешниҳод кунад. Лекин ӯ ин корро накард. Ҳамаи коргарони ӯ ба хонаҳояшон бо ҳамон қадар пул баргаштанд, ки барои хӯрондани оилаашон мерасид. Агар ин ҷузъиётҳои иловагиро ба назар гирем, нуқтаи назари мо нисбати соҳибхона метавонад дигар шавад. Дар рафтори ӯ меҳрубонӣ дида мешуд, на сӯиистифода аз ҳокимият. Мо аз ин чӣ омӯхта метавонем? Дида баромадани фақат як–ду ҷониби масъала моро ба хулосаи нодуруст оварданаш мумкин аст. Дар ҳақиқат, ин масали Исо ишора мекунад, ки адолати Худо бузург аст ва он танҳо бар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва хизмати шоистаи инсонӣ асос намеёбад.

Фаҳмиши мо метавонад нодуруст ё маҳдуд бошад

15. Чаро фаҳмиши мо оиди адолат нодуруст ё маҳдуд буда метавонад?

15 Дуюм омиле, ки ҳангоми дучор шудан бо вазъияти ба назарамон беадолат бояд дар хотир дорем ин аст: фаҳмиши мо нодуруст ё маҳдуд буда метавонад. Ташаккул ёфтани фаҳмиши нодуруст метавонад натиҷаи нокомилӣ, бадгумонӣ ё хусусиятҳои маданӣ бошад. Фаҳмиши мо инчунин аз ҳисоби он ки мо андешаҳои одамонро пай бурда наметавонем ва ниятҳои аслии дили онҳоро дида наметавонем, маҳдуд буда метавонад. Баръакси мо, ҳам Яҳува ва ҳам Исо чунин маҳдудият надоранд (Мас. 24:12; Мат. 9:4; Луқ. 5:22).

16, 17. Чаро Яҳува нисбати зинокории Довуд ва Батшобаъ қонуни худро ба кор набурд?

16 Биёед мисоли бо Батшобаъ зино содир кардани Довудро дида бароем (2 Подш. 11:2–5). Мувофиқи қонуни Мусо онҳо сазовори марг буданд (Ибд. 20:10; Такр. Ш. 22:22). Ҳарчанд Яҳува онҳоро ҷазо дод, ӯ онҳоро аз рӯи қонуни худ доварӣ накард. Оё ин аз тарафи Яҳува беадолатӣ буд? Оё Ӯ нисбати Довуд рӯйбинӣ зоҳир намуда, меъёрҳои адолати Худро поймол кард? Баъзе хонандагони Китоби Муқаддас маҳз чунин фикр кардаанд.

17 Лекин қонун оиди зинокорӣ аз тарафи Яҳува ба доварони нокомил, ки дили инсонро дида наметавонистанд, дода шуда буд. Новобаста аз маҳдудияташон онҳо ба туфайли ин қонун ҳамеша як хел доварӣ карда метавонистанд. Лекин Яҳува дилҳоро мехонад (Ҳас. 18:25; 1 Вақ. 29:17). Аз ин рӯ, мо набояд интизор шавем, ки Яҳува худро бо қонуне, ки барои доварони нокомил тартиб дода буд, маҳдуд мекунад. Дар акси ҳол, оё ин ба он монанд намебуд, ки ба шахсе ки қобилияти комили дидан дорад, маҷбуран айнакеро мепӯшонанд, ки он барои чашми касони қобилияти диданашон заиф муқаррар шудааст. Яҳува метавонист дили Довуд ва Батшобаъро хонад ва пушаймонии самимии онҳоро бинад. Ин омилро ба назар гирифта, Ӯ онҳоро ба таври лозима — аз рӯи муҳаббат ва меҳрубонӣ доварӣ намуд.

Минбаъд низ адолати Яҳуваро биҷӯед

18, 19. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳеҷ гоҳ Яҳуваро аз рӯи меъёрҳои адолати инсонӣ доварӣ накунем?

18 Агар баъзан ҳангоми хондани Китоби Муқаддас ё дар вазъиятҳои ҳаёти шахсӣ ба назаратон чунин намояд, ки Яҳува ба беадолатие роҳ додааст, биёед Худоро аз рӯи меъёрҳои адолати инсонӣ доварӣ накунем. Дар хотир доред, ки мо на ҳамеша ҳамаи ҷонибҳои масъаларо медонем ва фаҳмиши мо нодуруст ё маҳдуд буда метавонад. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки «хашми одамизод адолати Худоро ба амал намеоварад» (Яъқ. 1:19, 20). Он гоҳ дили мо ҳеҷ вақт «аз Худованд гиламанд» нахоҳад шуд (Мас. 19:3).

19 Биёед мисли Исо ҳамеша эътироф кунем, ки танҳо Яҳува ҳуқуқ дорад меъёрҳои адолату некиро муқаррар намояд (Марқ. 10:17, 18). Биёед кӯшиш кунем, ки «дониши ростӣ» ё дониши пурраи меъёрҳои Ӯро ба даст орем (Рум. 10:2; 2 Тим. 3:7). Агар мо ҳамаи инро дар хотир дорем ва мувофиқи иродаи Яҳува зиндагӣ кунем, мо нишон медиҳем, ки аввал адолати Ӯро меҷӯем (Мат. 6:33).

[Эзоҳ]

^ сарх. 5 Мувофиқи ақидаи як олим, калимае, ки аз ибронӣ чун «барқарор» тарҷума шудааст, ҳамчунин маънои «бунёд кардани ҳайкал»-ро дошта метавонад. Дар асл он яҳудиён ба ҷои ҷалол додани Худо, ба шарафи худ ҳайкали рамзие бунёд мекарданд.

Оё дар хотир доред?

• Чаро адолати Яҳуваро ҷустан муҳим аст?

• Аз кадом ду хатар мо бояд худро эҳтиёт кунем?

• Чӣ тавр мо аввал адолати Худоро ҷуста метавонем?

[Саволҳо барои омӯзиш]